ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Понздах соли ваъдабозии Маскав

Алии Бозравй, бознашр аз «Вароруд»

Хануз 13 апрели соли 1994, дар холе ки вазъи сиёсии Точикистон дар холати нооромй карор дошт, дар Маскав Созишнома дар бораи анчоми сохтмони НБО-и Рогун дар рудхонаи Вахш байни Хукумати Точикистон ва Русия ба имзо расид.Тибки моддаи 4-и Созишномаи мазкур 50 фисади сахмия ба хукумати Русия вогузор карда мешуд ва тибки мукарроти моддаи 8-и Созишномаи мазкур дар холати тарафи сеюм ворид гардидан ба сохтмони НБО созишнома ба манфиати тарафхо тагйир дода мешавад.

Аммо амали ичрои ин Созишнома ба таври абад дар руи когаз бокй монд. Дар огози мохи октябри соли 2007 дар нишасти рохбарони кишвархои ИДМ дар Душанбе тарафи Русия изхор намуд, ки пакети сохтмони НБО-и Рогунро Хукумати Русия пурра ба даст гирифта, ихтиёрдории сахмияро аз 50 ба 75 боло хохад бурд. Ин хабар дар муддати кутох мавзуи рузи ВАО-и Русия дар он вакт гардид. Танхо аз ВАО-и Русия рузномаи «Комерсант» ин ахборро рад намуда, тайи як гузориш иттилоъ дод, ки хеч гуна мактуби расмй аз чониби Точикистон ба хукумати Русия ирсол нагардидааст.

Баъди анчоми нишасти рохбарони кишвархои ИДМ дар Душанбе сафири вакти Русия дар Точикистон Р. Абдулатипов ба очонсии nуws.кг cанаи 27.11.2007 иттилоъ дод, ки «Мо (Русия) мехохем сохтмони НБО-и Рогунро бисозем ва кисми сармоягузорй аз хисоби бучаи хукумати Русия сурат хохад гирифт».

Ин дар холе буд, ки намояндаи Русия дар анчоми нишасти Мачлиси 32-юми Шурои энергетикии ИДМ дар Душанбе санаи 12.10.2007 ба ОИ РИА «НОВОСТИ» иттилоъ дод, ки «Русия дар сохтмони НБО-и Рогун танхо дар доираи консорсиуми байналхалкй иштирок менамояд».

Тахлил ва хулосахои ВАО-и худи Русия собит сохт, ки дар доираи хукумати Русия сиёсати ягона дар киболи иштирок дар сохтмони НБО-и Рогун вучуд надорад.

Шурои амнияти Федератсияи Русия хануз мохи октябри соли 2006 барои рафъи мунокиша байни Точикистон ва ширкати «РусАЛ» чаласаи махсусеро ба таври фаврй баргузор гардонида буд ва ду варианти созишро ба дастгохи хукумати Русия пешниход кард.

Ин дар холе буд, ки тарафи Точикистон пеш аз баргузории чаласаи Шурои амнияти Федератсияи Русия доир ба казияи НБО Рогун ба таври расмй эълон намуд, ки тарафи Точикистон НБО Рогунро бидуни иштироки «РусАЛ» месозад.

Дар ин вакт хукумати Русия ба он асос овард, ки сохтмони нотамоми НБО Рогун моликияти мероси замони СССР хаст ва 50 фисад бояд ба Русия тааллук дошта бошад.Ин вокуниш дар рузномаи «Коммерсант»-и Русия садо дода бошад, аммо аз чониби ВАО-и Точикистон хеч акси садое ба миён наомада буд.

Бино ба иттилоъи «Коммерсант» аз санаи 2.11.2006 хукумати Русия карор дода буд, ки тавассути РАО ЕЭС барои лоихаи сохтмони НБО Рогун дар хачми 1 млрд. доллари амрикой маблаггузорй менамояд.

Ба гузашти як мох аз ин мавкеъи тарафи Русия дар санаи 4.12.2006 Д. Медведов президенти кунунии Русия, ки он вакт дар вазифаи чонишини аввали сарвазири хукумати Русия карор дошт, ошкоро ба ОИ ПРАЙМ- ТАСС иброз дошт, ки аз бучаи хукумати Русия чудо намудани маблаг барои сохтмони НБО Рогун максаднок нест. Аз ин мусохиба бармеояд, ки Д. Медведев хануз дар макоми чонишини сарвазири хукумати Русия карор доштанаш мавкеъи худро нисбати НБО Рогун ошкоро муайян карда буд, ки бо гузашти се сол аз ин вокуниш дар сафари расмиаш бо Тошканд ин равшантар гардид.

Д.Медведев хамчунин вакти дар макоми чонишини аввали сарвазири хукумати Русия карор доштанаш дар соли 2006 дар форуми ВАО-и миллии кишвархои ИДМ ва сохили Балтик ошкоро иброз дошта буд, ки сохтмони лоихаи НБО-и Рогун бояд тарики тичоратй сурат гирад, на тавассути маблаггузорй аз буча.

Аммо директори департаменти вазорати энергетикаи Русия Вячеслав Кравченко ба рузномаи «Коммерсант» иброз доштааст, ки барои тарафи Русия иштирок дар сохтмони НБО Рогун аз нигохи сиёсй ва иктисодй ахамияти махсусе дорад.

Ваъдабозию суханпардозии понздахсолаи сарварони воломакоми рус собит сохт, ки Маскав хеч талоши чиддие барои иштирок дар сохтмони НБО Рогунро надорад.

Барои идомаи хуккабозии худ Маскав дар мохи августи соли 2007 ноиби сарвазири хукумати Русия Сергей Наришкин ба сафари корй ба Душанбе омада буд, ки хадафи асосии сафар омода намудани хуччатнигории Маскав барои иштирок дар сохтмони НБО Рогун ва ин сафари намояндаи Русия чун солхои пешин руи когаз монд.

Сафири вакти Русия дар Точикистон Р.Абдулатипов дар мухлати сафирии худ дар Душанбе дар хар нишаст масъалаи иштироки Русияро дар сохтмони НБО Рогун ёдрас мешуд. Санаи 30.01.2007 мухтарам Р.Абдулатипов зимни як вохурй бо рузноманигорон таъкид намуд, ки ВАО-и Точикистон натичахои хамкории Русияву Точикистонро дар бобати сохтани НБО Рогун нодида мегиранд.

Аммо тахлилхо нишон доданд, ки дар як муддати кутох то замони беэътибор сохтани Созишнома аз тарафи хукумати ЧТ нисбати ширкати «РусАЛ» шахсони алохида ва баъзе аз ВАО-и кишвар саногуи ширкати «РусАЛ буданд ва сохиби бурсхо низ гардида буданд.

Когазбозии понздахсолаи Маскав ва русиёхии «Русал» барои мо сабак гардид, ки мушкили даруниро наметавон бо когазбозй хал намуд. Хамин буд, ки шуруъ аз соли 2007 маблаггузорй аз бучаи кишвар барои сохтмони НБО-и Рогун огоз гардид.

Тахлил нишон дод, ки тасвиби Созишнома ва дигар санадхо аз соли 1994 то соли 2007 барои сохтмони НБО Рогун хеч пешравие наовард.

Ин дар холест, чанд хафтае пеш Маскав ба Бишкек ваъда дод, ки барои сохтмони НБО «Камбарота-1» ба маблаги 2 млрд доллари амрикой сахм мегузорад.

Ин когазбозии понздахсолаи Маскав дар киболи сохтмони НБО Рогун чинохи хизби сотсиал-демократии Киргистонро ба ташвиш овардааст.

Бакит Бешимов, рохбари чинохи хизби сотсиал-демократии Киргистон дар парлумон ба радиои «Озодй» гуфтааст, ки Русия бо Точикистон чихати бунёди неругохи Рогун вориди гуфтугу буд, вале ин гуфтугу натичае надод. Оё саргузашти «Рогун» дар Киргизистон такрор нахохад шуд? Ин далели он аст, ки хатто бародарони киргиз аз 2 млрд. доллари ваъданамудаи хукумати Русия барои сохтмони НБО «Камбарота-1» дар холати нобоварй карор доранд.

Раиси Шурои Пажухишгохи демография, мухочират ва рушди минтакавии Русия Серафиле Макентев бо сомонаи «Росблат» иборз намудааст, ки Русия ба таври кофй сиёсати мустакили фаъолро дар Осиёи Миёна рорхандозй накардааст ва ин дар оянда метавонад барояш гарон тамом шавад.

Вакт нишон хохад дод, ки Русия дар Осиёи Марказй ба хусус, дар кишвархои Точикистону Киргизистон хамкориро дар сохаи энергетика чй гуна ба рох хохад гузошт. Аммо маълум аст, ки дигар ба ваъда ё когазбозй дуру дароз наметавон мавкеъи худро дар минтакае устувор кард.

Коршиносон дар он акидаанд, ки сафари Эмомалй Рахмон ба Аврупо ва дар охири мохи феврал ба Русия, ки бо даъвати Д. Медведев сурат мегирад, ба масъалаи сохтмони НБО Рогун хотима бахшад. Аммо хеч як вохуриро наметавон пешакй бахогузорй намуд. Вокунишхое, ки сомонахои интернетй ва ВАО-и Русия нисбати НБО Рогун ва муносибати Русияву Точикистон ба миён мояд, аксари онхо фармоишй буда, аз тарафи гурухи манфиатнок сурат мегирад.

Дар ин хол мебояд ба одитарин вокуниш Точикистон посух гуяд ва когазбозихои понздахсолаи Маскавро бо тахлили амик пешниходи чахониён гардонад.

Дар ин чо оиди русиёхихои «Русал» чизе нахохем гуфт, зеро он мавзуи алохида аст. Аммо тахлилгарони тарафи Маскавро мебояд аз Созишномаи соли 1994 ва дигар санадхо ва вохурихое то соли 2007 байни Русияву Точикистон ба миён омад ва то чое, ки ин масъала то Шурои амнияти Федератсияи Русия рафта расида буд, хулосабарорй намоянд, ки дар когазбозии понздахсола кй манфиатдор хаст?

Реклама

18.02.2009 - Posted by | Амният, Иқтисод, Навидҳо, Сиёсат, Тоҷикистон, Хабарҳои бурунмарзӣ

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: