ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

«Юсуф паёмбар»-роҳнамое ба суйи яктопарастй

Набиюллоҳи Суннатй

Ирон тавонист бо илми нируманди атомии хеш ва дигар соҳоти истеҳсолияш зеҳни оламро ба худ кашад, аммо ба андешаи ин чониб бо офаридани филмномаи «Юсуф-паёмбар» беҳтарин дастоварди худро руйи кор овардааст, ки дар қатори дигар дастёбиҳояш бидуни шак, ин силсилафилм меистад. Ахиран коргардони босалиқа ва хушзавқи Ирон Фарачуллоҳи Силаҳшур силсилафилми «Юсуф паёмбар»-ро таҳия ва коркард намуд, ки дар чаҳони кино ғулғулаи наве афканд. Агар Худованд дар Қуръони карим қиссаи ҳазрати Юсуф (а)-ро аҳсан-ул-қисас (накутарин қисса) номид, дар олами синамо бидуни тардид метавон силсилафилми «Юсуф паёмбар»-ро аҳсан-ус-синамо унвон кард.

Ин сатрҳо на ба хотири он аст, ки ин силсила (ба чойи сериал) барои камина сахт маъқул уфтода, балки ин иқрори нафароне низ ҳаст, ки дар санъатшиносй ҳамто надоранд.

Ҳамакнун ин филмнома на танҳо дар паҳнои Ирон, балки дар кулли чаҳони порсигуён шуҳрати вижа ба худ касб кардааст, ки тавассути шабакаи моҳвораии «Симои Қуръон»-и Ирон ҳама бо иштиёқи том ҳар қисми онро мунтазир мешаванд. Ин ҳам бошад ҳафтае як маротиба танҳо рузи якшанбе соати 22:45 (бо вақти Душанбе) метавон ҳар қисмати чадиди онро дид. Дар ҳоли ҳозир 36-умин қисмати силсилафилм баромадааст, ки интизор меравад то шаст қисмат ва ҳатто зиёд аз он тул кашад.

Суоле ба миён меояд, ки чаро ин филм таваччуҳи оламиёнро ба худ кашид? Ва чаро дигар силсилафилмҳои киносозони чаҳон ба якборагй натавонистанд мисли «Юсуф паёмбар» диққати ҳамаро ба худ чалб кунанд? Билъакс, дигар силсилафилмҳо дарҳол дилбазан мешаванду (гарчанд хотирмонтарин бошанд ҳам) ин силсила бошад, ҳар чй бештар аз пештар чолиб аст. Зеро ҳар қисмати он бе сиришку бардошти хуби тамошобин ба поён нахоҳад расид.

Мо ин чо ба таърифоти ин филмнома намепардозем, аммо се нуктаи муҳим аст, ки бояд пиромуни он паргори андеша ронем.

Аввал. Одоби илоҳй

Филм на он қиссаест, ки андешаи ягон инсони эчодкор онро тахайюлбофй кардааст. Балки ин қиссаест, муаллифи аслии он Худованд аст ва аз рузи ба вуқуъ пайвастани ин ҳодиса то ба имруз безавол асту хоҳад монд. Маҳз ин нукта аст, ки дар филмбардорй назокати беандоза ба кор бурда шудааст, ки ақл дар муаррифии он очиз ва қалам саршикаста хоҳад буд. Бо вучуд, коргардон ва таҳиягари ин силсилафилм Фарачуллоҳи Силаҳшур кушиши бисёр ба кор бурдааст, ки дар филм дарачаи олии одоби муоширатро нишон диҳад ва бешак муваффақ ҳам шудааст. Таҳиягарони дигари ин филмнома, ки дар се қисмат қиссаи Юсуф ва Зулайхоро қаблан ба навор гирифта буданд, (филмсозони Испониё) ин гуна дастовард ва муҳаббати тамошобинонро соҳиб нашуда буданд. Одоби муошират ба дарачае, ки дар ин филм талаққй шудааст, дар «Юсуф ва Зулайхо»-и филмсозони испониёгй ба чашм намерасид. Ба чуз ин, дар филмномаи «Юсуф паёмбар» маданияти баланди давлатдорй низ тавре офарида шудааст, ки воқеъиятро нишон медиҳад. Зеро аз таърихномаҳо бермеояд, ки Мисри қадим дар ҳақиқат ба кулминатсияи давлатдорй ва санъати меъморй даст ёфтааст, ки то ба ҳануз ягон кишваре ба он поя қарор надорад. Мисоли он санъати меъмории аҳром (пирамида)-ҳост. Айнан ин нуктаро дастандаркорони филми мазкур хеле хуб ба назар гирифтаанд, ки аз таърих ба хубй огаҳ будани эшонро нишон медиҳад.

Сониян. Назокати асл ва ҳақиқати маҳз

Сабаби дигари маҳбубияти ин силсилафилмро аксарият ба он муртабит медонанд, ки забони филм шевову равон ва ба забони аслии форсй ба навор гирифта шудааст. Дигар, нақшҳо ба дарачае қарор доранд, ки тамоми нақшофарони варзида ҳатто дар ҳузури ин филм сари зону заданд. Навҳаи Зулайхои танҳо дар қасраш намунаи барчастаи ин гуфтор аст.

Фалсафаи бештаре, ки диққати мардумро тобеъи худ сохта, ин аст, ки на танҳо мардум шефтаи маънй ва забони ин силсилафилм шудаанд, балки бештари мардум аз он, бе шак, омухтанд. Аксарият донистанд, ки дар дунё мешудааст, бо роҳи ахлоқи ҳамида ҳамаро мафтун ва алайҳи ҳама гуна бадиҳо пируз шуд. Илло, ба сари ҳеч як аз филмсоз то ба ҳануз назада, ки қиссаи қуръониро то ба ин рифъат метавон бардошт ва ба он обу ранги нав ва ба зеҳни мардум наздиктару яқинтареро офарид. Аммо аксар дар «Юсуф паёмбар» чой доштани муболиғаро тардид намекунанд, вале бояд донист, ки филм филм аст. Ва он наметавонад бе воситаҳои муассир руйи кор ояд. Итминон меварзам, ҳақоиқе, ки аз Қуръон гирифта шудааст, муболиғаҳои зебо ва заруриро руйпуш кардааст. Бе тардид ягон кас наметавонд алайҳи ин маънии дар филм буда, эътироз кунад.

Ахиран. Даъват ба роҳи ҳақ бидуни яроқ 

Дар чаҳон аслан кулли даъватҳо тавассути аслиҳа ва хунрезй анчом шуда. Аммо «Юсуф паёмбар» исбот кард, ки даъват ба роҳи ҳақ метавонад бидуни аслиҳаву яроқ ҳам сурат бигирад. Лаҳзаҳои зиндон ва имон овардани импиротури Миср Охилотун (пеш аз имон овардан Оминҳутиб) далели ин гуфтааст, ки дар Қуръон низ он омадааст. Аз аксарият тасдиқро шунидем, ки ба роҳи рост ҳидоят ёфтаанд, тарки бадгуйиву бадроҳагй ва бадаъмолй кардаанд. Сабаб пурсон шудем, ки гуфтанд, филми «Юсуф паёмбар» сабаб шудааст. Баъид нест, ки ин филмнома бо забонҳои урупой низ баргардон шуда, ба маърази тамошобинон он манотиқ низ манзур гардад. Он гаҳ бо боварй метавон гуфт, ки олами ғайриислом низ «Юсуф паёмбар»-ро бо завқи том пешвоз хоҳанд гирифт.

Ҳамтоям Нуъмони Рачаб меафзояд, ки дар Мастчоҳ хонае нест, ки силсилафилми «Юсуф паёмбар»-ро набинад. У итминон дорад, ки вақтҳои ахир муҳаббати байни мардум низ афзудааст. Сабаби онро у дар тамошои ин филм медонад.

Фитафуруше бо номи Искандар аз ноҳияи Исфара низ бо боварй мегуяд, ки сафи харидорони «Юсуф паёмбар» зиёд шуда, у хурсанд аз он аст, ки мардум ахиран ру ба фарҳанг овардаанд. Мегуяд, ки аз қисмате то қисмати дигар ҳама руза пурсон мешаванд, ки давомаш баромадааст ё не.

Ба чойи охирнавис. Офарин ба ТВ Баҳористон

ТВ Баҳористон, ки ба чуз шанбеву якшанбе ҳамаруза аз «Юсуф паёмбар» дар бахши шомгоҳии хеш намоиш медиҳад, бештари табақаи насли наврасу кудаконро низ ба роҳи муҳаббату яқин ва одоби олй фаро хондааст. Забони соддаву оммафаҳм ва зебои форсии филм ҳатто мушкиле барои фаҳмидани атфол эчод накардааст, ки кудакон низ дар рафтору гуфтори хеш тақлид ба «Юсуф паёмбар» бо ҳамдигар мубоҳиса мекунанд. Анқариб нависандаи камназир Муҳиддин Хочазод ба навиштани сенарияи Имоми Аъзам шуруъ карда, ки банда тавассути «Вароруд» аз пардаи аввали он огаҳй ёфтам. Ончо низ аз бузургиву шаҳомат ва ирфонияти Имоми Аъзам гуфтори зиёде меравад, ки дар дар саҳнаи филм руйи кор овардан аз манфиат холй нест. Зеро итминон дорам, ки бо руйи кор овардани филм мардум на танҳо аз шахсияти Имоми Аъзам, ҳатто дар роҳи ҳифозати забони модарии форсй қаҳрамониҳои Имом Аъзамро шоҳид хоҳанд шуд. Аммо як чизи муҳим ҳам ин аст, ки коргардонони филми точик дар барномарезии ин филм бо Фарачуллоҳи Силаҳшур ҳамкории зичро бояд ба роҳ монанд, аз нафъ холй нахоҳад буд. Ва дар соли бузургдошти Имоми Аъзам агрмуғоне бузург ва бемонанде хоҳад буд.

Реклама

02.03.2009 - Posted by | Тоҷикистон, Фарҳанг, Хабарҳои бурунмарзӣ

8 комментариев »

  1. Примитивтарин филме, ки ман дар умри сарам дидам. О мардум! охир ба пушти тирезаатон як нигох кунед, ки кадом аср аст!

    «Фитафуруше бо номи Искандар аз ноҳияи Исфара низ бо боварй мегуяд, ки сафи харидорони «Юсуф паёмбар» зиёд шуда, у хурсанд аз он аст, ки мардум ахиран ру ба фарҳанг овардаанд. Мегуяд, ки аз қисмате то қисмати дигар ҳама руза пурсон мешаванд, ки давомаш баромадааст ё не. »

    Ин филм ба фарханг чй муносибат дорад?

    комментарий от Исфандиёр | 07.03.2009

  2. Исфандиёр рост мегуяд.
    Рости гап, ба ин миллат чй бехтар аст: тамошои варсокихонихои Эмомалй Рахмон аз телевизион ва ё тамошои сериали пучи Юсуф-пайгамбар? Ё хар ду? Ва ё…?

    комментарий от Сафар | 11.03.2009

  3. Шумо бадбахто чи медонед лаззати тамошои ин филмро. Аз он филмхое ки дар ичрои хунармандони америкои ичро мекунанд ки саросар фахшу фохишаги мебошанд, ин хуб нест ки одоби исломиро меомузанд.
    Вой бар холи шумо мусалмони ба забон хастеду халос.

    комментарий от Анис-Хордараи Боло | 02.04.2009

  4. аз хондани ду эроди боло хеле шарм медорам ва афсус мехурам ки то хол чунин ашхоси бемаърифат ва асолатбохта дар чамъияти мо зиёданд. барои дарки аслии ин шедевр дар олами филмхои фархангиву рухони бояд дили поку беолоиш дошт. рости, барои худ ман ин филмро поксози занги калбхои муъминон мешуморам ва шукру сипос аз Парвардгори оламиён мекунам, ки чунин коргардонро ба мисли Фарачуллохи Силахшур офаридааст.

    комментарий от Эронвич | 08.04.2009

  5. Ман хам бо Анис ва Эронвич розиям.
    Ва, агар номи дуи шумо Исфандиёр ва Сафар намебуд, шояд чизеро дарк мекардед. Мутаасифона, шумо баринхо бисёранд ва дар вазифахои баланд кор мекунанд, аммо … аммо оддитарин одоби муоширатро бо мардуми одди намедонанд. Ин сериол пеш аз хама барои шумохост то биомузед ….

    комментарий от 66 | 20.04.2009

  6. Навиштахои бародарони мухтарам Исфандиёр ва Сафарро хонда дар таъчуб афтодам ва як чиз ба ёдам омад ки, мехохам бинависам. Филми «Юсуф Паёмбар»-ро на танхо Форсизабонон тамошо мекунанд, балки гайри Форсизабонон хам бесаброна хар як серияи навашро интизори мекашанд, харчанде ки забони Форсиро намефахманд, лекин медонанд ки, муалифи ин филм Куръони Худост. «ДАР ЯК МАСЧИДИ ЧОМЕАИ ЯК ШАХРИ РОССИЯ БО ХОХИШИ САДХО БАРОДАРОНИ МУСАЛМОНИ ГАЙРИ ФОРСИЗАБОН, КИ ТОТОРХОВУ ТУРКХОВУ КАВКАЗХО МЕБОШАНД, ВАКТО КИ СЕРИЯИ НАВ ФИЛМИ «ЮСУФ ПАЁМБАР» БАРОМАД, ФИЛМРО ПАЙДО НАМУДА АЗ ЯК БАРОДАРИ ТОЧИК ХОХИШ МЕКНАНД, КИ ФИЛМРО ТАРЧУМА КУНАД. ТАРЧУМАИ ФИЛМ ХАНГОМИ ТАМОШОИ DVD ва ТАЛВИЗУН СУРАТ МЕГИРАД. ХАРЯК СУХАНЕ КИ, ДАР ТАЛВИЗУН ГУФТА МЕШАВАД, ДАРХОЛ АЗ ТАРАФИ БАРОДАРИ ТОЧИК БАЗАБОНИ РУССИ ТАРЧУМА ШУДА БА ГУШИ ТАМОШОБИНОН МЕРАСАД». Вакто ки, ин филмро якчоя бо ахлу оила тамошо мекунем, фарзандони кучаки мо ки, имруз дар мактаби миёнаи Русси мехонанд, кушиш мекунанд ки. бо забони Форси сухан бигуянд. Рости вакто ки, мебини кудаки 5 солае ки, дар Руссия тавалуд шудааст аз тамошои филми «Юсуф Паёмбар» халоват мебарад читур мо халоват набарем!

    комментарий от Patriot | 29.04.2009

  7. Шодам ,мухокимаи ин асари ахлокиро дар шабака огоз кардаед.Ман донишчуи курси чахорум хастам ва гумон мекунам,ки аз тамошои ин филм бехтарин лаззати маънавие пайдо карда будам дар давоми ин солхо.Хазорон ахсан ба бародарони ирон ,ки барои мо ин асарро офаридаанд.Ин асар мухаббати маро ба исломи ноб боз кавитар гардонид.Аммо аз он бародароне,ки холо ин лаззатро намедонанд,гила намекунем.Аз хама мухимаш забони асар хеле ба забони имрузаи точикони дехот наздик ва фасех буд.Ман орзу дорам ки ин фильмро бо забони инглиси дубл гардонам ,иншооллох! Ин филм мисли Куръони карим дилхои мардуми чахонро тасхири маънави хохад кард.

    комментарий от Касым | 05.07.2009

  8. Салом барои ахли вахм. Ин филм то хол дар дилхои мардум сахт чо дошта орзуи онро доштанд ки то 45-серия не балки то 1000 серия давом кунад зеро ончо якто парасти, сабру токат, идораи хукумат, мубориза зидди нохакки, дустию рафокат, Илму хунар, ва гайраро мушохида метавн кард. ва он Будпарастоне ки моли мардумро ба дуруг мехурданд мисли баъзе аз мулохои мо хастанд ки Исломи покро сипар карда мардумро ба гумрохи меандозанд. Вассалом…

    комментарий от Муьмин | 05.01.2010


Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: