ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Тошканд ғами набераҳояшро мехурад

Фаридуни Алй, баргирифта аз нашрияи «Вароруд»

Баъди сафари бобарори Эмомалй Раҳмон дар кишварҳои Аврупо, ахиран Ислом Каримов-президенти Узбекистон дар лаҳзае, ки дар шаҳри Тошканд нишасти кишварҳои узви Шурои муштараки энергетикии Осиёи Марказй кори худро оғоз карда буд, дар чаласаи солонаи хукумати ЧУ, ки дар санаи 13 феврал баргузор гардид, руирост иброз дошт, ки «ҳамсояҳоямон мехоҳанд ба Покистону Афғонистон неруи арзони барқ бифурушанд, аммо сухан аз сарнавишти наслҳои оянда меравад. Агар Узбакистон беоб монад, ба чашми фарзандон ва набераҳоямон чй гуна нигоҳ хоҳем кард? Ин қаламрави мост ва  онро тарк карданй нестем».

Ин дар ҳоле буд тамоми шабакаҳои телевизионй ва матбуоти Узбекистон ин суханони Президент Ислом Каримов ва гузориши чаласаи ҳукуматиро ба мардуми Узбекистон ба тариқи фаврй ва такрор ба такрор расониданд. Мардуми Узбекистон вокуниши президенти худро чй гуна қабул хоҳанд кард, инро вақт нишон хоҳад дод, аммо ба қавли коршиноси сиёсй Аҳлиддини Салим акнун мақомоти Тошканд на танҳо дар умури сиёсати беруниаш, балки дар сиёсати дохилии кишвар низ барои мардумаш сохтмони неругоҳҳоро дар Точикистон сабабгори беобии сартосарии кишвари Узбекистон медонад. Яъне мавқеъи Ислом Каримов ва суханронии у дар чаласаи ҳукуматии кишвараш то чое мардуми худогоҳи точику узбекро нигарон мекунад.

Ислом Каримов ҳануз дар нишасти СҲШ (ШОС) дар моҳи августи соли 2007 дар Бишкек ба сохтмони неругоҳҳои барқй аз тарафи Точикистон ангезаи сиёсие дода, иброз намуд, ки сохтмони неругоҳҳои барқй дар Точикистон бе розигии Узбекистон барои амнияти экологй ва агросаноатии кишвараш хатари калон эчод менамояд. Ва тақозои онро кард, ки барои таъмини амнияти минбаъдаи экологии Узбекистон ҳангоми сохтмони неругоҳҳо дар Точикистон пеш аз ҳама манфиатҳои Узбекистон ва хулосаи аудитҳо, инчунин созмонҳои байналмиллалиро бояд гирифт.

Бо истинод аз родиёи «Озодй» дар чаласаи ҳукуматй Ислом Каримов гуфтааст, ки «Қирғистон ва Точикистон аз як масъалаи оддй саркашй мекунанд. Таклифи асосии Узбекистон аз он иборат аст, ки агар дар Амударё Роғун сохтанй бошед, ё он чо дар Сирдарё Қамбаротаро созед. Мо ҳам омодаем иштирок ва ҳиссаи худро созем».

 «Масъалаи оддй»-и Тошканд, албатта, ин бо хости худ руи кор овардани лоиҳаҳои сохтмони неругоҳҳо маҳз дар Точикистон мебошад, ки ин ҳолат ба манфиати Точикистон нахоҳад буд. Дар ҳоле ки тарҳи сохтмони неругоҳи Роғун дар замони Шуравй бо иштироки мутахассисони узбек руи кор оварда шуда буд. Ислом Каримов низ дар курсии баланди мақоми давлатй дар Узбекистон дар ҳамон вақт қарор дошт ва мухолифате баён накарда буд. Чаро имруз сохтмони неругоҳҳоро дар Точикистон барои Узбекистон як ҳодисаи фалокатовар медонаду ба он ангезаи сиёсй мебахшад?

Ба нигоҳи таҳлилгари минтақаи Осиёи Марказй Аркадий Дубнов, ки дар сомонаи «Ватан»-и Туркманистон иброз доштааст, Тошканд намехоҳад дар оянда Точикистон ҳамчун лидери содиркунандаи барқ дар минтақаи Осиёи Марказй мавқеъ пайдо кунад.

Ислом Каримов дар нишасти Бишкек дар моҳи августи соли 2007 ва дигар нишастҳо ва сафарҳояш ба кишварҳои дигар мавқеъашро дар қиболи сохтмони неругоҳҳои барқй дар Точикистон ба он асос мекунад, ки тарафи Точикистон дар сохтмони неругоҳҳои барқй созишномаҳои байналмилалй, аз чумла «Конвенсияи истифодаи киштиронй дар дарёҳои байналхалқй», «Конвенсияи истифодаи неруи обии барқй ба давлатҳои дигар», «Конвенсияи истифодаи ғайрикиштиронй дар дарёҳои байналхалқй»-ро риоя намекунад.

Таҳлилҳо ва сиёсати чанд соли охири Тошканд дар қиболи сиёсати энергетикии Точикистон собит сохт, ки тарафи Тошканд ба мақсади манфиатҳои сиёсии худ истилоҳи «рудхонаҳои фаромарзй»-ро васеъ суистифода менамояд.

Таҳлилгари узбек Андрей Саидов тавассути сомонаи «Тазар» ҳануз дар моҳи окябри соли гузашта бо номи «Норов ( вазири умури хоричаи Узбекистон) намехоҳад оби Сарезро нушад» маводи таҳлилие пешниҳод намуд, ки дар он мавқеъи шадиди роҳбари идораи сиёсати хоричии Узбекистонро нисбати сиёсати энергетикии Точикистон чонибдорй намуд.

Вазири умури хоричии Узбекистон Владимир Норов аз минбари СММ садо баланд кард, ки «сохтмони неругоҳҳои барқй аз тарафи Точикистон ба амнияти экологй ва агросаноатии Узбекистон хатари бузург эчод менамояд. Бояд тарафи Точикистон манфиатҳои Узбекистон ва хулосаи созмонҳои байналхалқиро оид ба сохтмони неругоҳҳои барқй сарфи назар накунад».

Президенти Точикистон Эмомалй Раҳмон дар сессияи 63-юмини Ассамблеяи Генералии СММ аз сарони кишварҳои дунё даъват намуд, ки намояндагони хешро ба форуми байналхалқй оид ба масоили об, ки соли 2010 дар Душанбе баргузор мегардад, фиристанд.

Баргузории ин форум дар Душанбе ба чомеаи чаҳонй ошкор мекунад, ки сиёсати Тошканд дар қиболи Точикистон вобаста ба сиёсати энергетикй ин ба зарари на танҳо Узбекистон, балки кишварҳои Осиёи Марказй хоҳад буд.

Таҳлилгарон ва коршиносон бар он ақидаанд, ки Тошканд сиёсати нодурустеро пеш гирифтааст ва танҳо манфиатҳои худро ҳимоя намуда, манфиатҳои кишварҳои ҳамсуди худро сарфи назар менамояд, ин сиёсати худкомагии Тошканд мушкилоти обиро ба тобишҳои сиёсии минтақа оварда мерасонад. Ангезаҳои сиёсии Тошканд дар асоси рудхонаҳои фаромарзй ба Иттиҳоди Аврупо низ доман паҳн намуд. Пийер Морел фиристодаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказй зимни гуфтугуи телефонй ба родиои «Озодй» гуфтааст: Иттиҳоди Аврупо тачрибаи кофй дорад, ки барои Узбекистон ва Точикистон бо назардошти манофеъи ҳар яки онҳо, роҳҳои қобили қабул пешниҳод намояд.

Аммо коршинос Йос Бунстра аз маркази таҳлилии Мушоҳидаи равобити Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Миёна мегуяд: Иттиҳоди Аврупо он таъсиреро ба минтақа надорад, ки Русия дорад, «Нақши Русия дар ин чо ҳалкунандатар аст, ҳарду- ҳам Тошканд ва ҳам Душанбе ба он хоҳанд нигарист, ки Медведев чй тасмим хоҳад гирифт».

Чониби Маскав чй мавқеъеро интихоб менамояд, инро аз як тараф вохурии Медведев ва Эмомалй Раҳмон, ки дар нимаи охири моҳи феврали соли чорй дар Маскав дар назар дошта шудааст, ошкор хоҳад кард.

Сафири Ирон дар Точикистон Алиасғари Шеърдуст рузи 10 феврали соли равон дар нишасти ба муносибати 30-солагии Инқилоби исломии Ирон дар чамъи хабарнигорон эълом кард, ки «Истифода аз манобеъи об ҳаққи Точикистон аст ва кишвараш (Ирон) барои расидан ба ин ҳадаф аз Точикистон ҳимоят хоҳад кард».

Тошканд ғами наслҳои ояндаи худро мехурад ва халқи узбекро аз таҳдиди беобй огоҳ месозад, вале чаро ғами ҳамсояашро намехурад ва дар интиқоли транзитии неруи барқ аз Туркманистон ба Точикистон монеъа эчод менамояд. Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта интиқоли газро ба Точикистон ба андозаи 50 фисад коҳиш дод.

Ҳамин тавр, Точикистон ҳам ғами наслҳои ояндаи худро мехурад ва бо сохтани силсилаи неругоҳҳои барқй на танҳо мушкилоти энергетикии худро, балки минтақаро ҳал хоҳад кард. Пас чаро Тошканди расмй ба ин ҳолат ба чашми ҳасад менигарад?

Дар асоси созишномаи дучониба Туркманистон шуруъ аз соли 2007 тариқи транзитй аз қаламрави Узбекистон ба Точикистон дар давраи зимистон ҳамасола бояд дар ҳачми 1,2 миллиард кВт/соат неруи барқ интиқол диҳад. Маълум аст, ки тарафи Узбекистон ба баҳонаҳои «садамаи техникй» интиқоли барқи транзитиро аз қаламраваш барои Точикистон дар даҳаи охири моҳи декабри соли гузашта қатъ намуда буд.

Сомонаи туркмании «Ватан» бо такя ба ахбори Корпоратсияи барқи «Қувват»-и Туркманситон овардааст, ки Точикистон дар радифи Афғонистону Ирон ва Туркиё чорумин кишварест, ки аз Туркманистон неруи барқ мегирад, тарафи Туркманистон дар содироти неруи барқ ба чониби Точикистон ягон шарти иловагй нагузоштаст, танҳо Тошканд ҳаст, ки ба хотири ангезаҳои сиёсй ба интиқоли транзитии неруи барқ аз қаламраваш ба Точикистон монеъа бунёд мекунад.

Вақте ки Тошканд даъвои рудхонаҳои фаромарзй мекунад, оё пеши худ суоле накардааст, ки Точикистон дар ягон ҳолат ба транзити интиқоли об монеъ шудааст?

Тошканд қазияи рудхонаҳои фаромарзиро ба сиёсати калон бурда расониданист, аммо вақте сухан дар бораи конвенсияҳои байналхалқй меравад, оё ягон маротиба барои мустаҳкамкунии соҳилҳои рудхонаи Зарафшон ё Сир маблағгузорй кардааст? Ин ҳолати воқеъии кор чаро дар минбарҳои байналмиллалй арзёбй намешаванд?

Руирост бояд гуфт, ки тасмими Тошканд ноодилона аст ва он танҳо ҳасаде барои лидерии Точикистон оянда дар сиёсати энергетикии минтақа мебошаду бас.

Гуфтаи Ислом Каримов дар чаласаи ҳукумати кишвараш дар қиболи рудхонаҳои фаромарзй ва неругоҳҳои Точикистон, ки гуё ба мардуми кишвараш таҳдиди беобиро меоранд, равшан намуд, ки сиёсати пешгирифтаи у нисбати кишвари ҳамсоя чй гуна будааст.

Мо танҳо аз намояндагони ВАО-и Узбекистони дуст ва коршиносони минтақаи Осиёи Марказй хоҳиш менамоем, ки суханронии Ислом Каримовро дар чаласаи ҳукуматиаш тобиши дигари сиёсй надиҳанд ва ду миллати дусту қаринро ба нигаронй наоваранд, зеро халқи точик дар масири таърих чуи оберо барои миллати дигаре набастааст ва ин амал ҳам барои халқи точик бегона аст.

Реклама

02.03.2009 - Posted by | Амният, Навидҳо, Сиёсат, Тоҷикистон, Хабарҳои бурунмарзӣ

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: