ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Қаҳрамонй: Чарроҳй дар бебарқй

Назокати Иброҳим, Наргиси Ислом

Саломатиро гавҳари бебаҳо мегўянд, аммо дар ин айёми бебарқиву фасли сармо то кадом андоза ин гуфтаҳо асос доранд. Аксарияти беморон бо сабаби сарду торик будани ҳучраи беморй ба хонаҳои хеш табобат мегиранд. Ҳарчанд хонаҳо бебарқу сард бошад ҳам, ба ҳар ҳол шароити гармкунй вучуд дорад. Аммо дар беморхонаи ноҳивии №2 ноҳияи Бобочон Ғафурови чамоати Ёва шароит чй гуна аст?

 Ба гуфти чонишини сардухтур оид ба корҳои муоличавй Зиёда Салимова ба беморхонаи мазкур ҳамагй 4 соат барқ дода мешавад. Инчунин ду генаратори ширкатҳои «Билайн» ва «Вавилон» гузошта шуда, барқ дар вақтҳои муайян дода мешавад. Беморхона дорои 8 шўъба буда, дар як рўз то 20 нафар бемор мурочиат мекунанд. Аммо аксарияти беморон пеш аз табобат гирифтан аз шароити беморхона пурсон мешаванд.

-Мувофиқи нақшаи мавсими зимистонгузаронй мо омадагй гирифтаем ва беморхона бо маводи сўзишворй таъмин гардидааст. Ҳамчунин дар ҳар ҳучраи беморй буғориҳо гузошта шуда, тирезаҳои ҳучра салафанпўш гардидаанд.

Вақте ки бо чароғакҳои батарегин чарроҳи кардани духтуронро пурсон шудем «ин ҳама гуфтаҳо асос надоранд-, мегуяд мавсуф.

 Аммо бино ба гуфтаи М. Раҳимбоев мудири шўъбаи эҳё дар ин зимн мегуяд:

-Дар ҳучраҳои беморон гузоштани бухориҳо ба талаботи санитарй-гигиенй мутобиқат намекунанд. Бо вучуди ин беморон мачбуранд, ки дар ҳучраҳои беморй бухории бобой гузоранд. Барқ нест, мо наметавонем беморонро қабул карда саривақт ёрй расонем. Аз ин лиҳоз аксарияти беморон ба беморхонаи вилоятй фиристода мешаванд. Бемори таъчилй борои чарроҳй омад ва мачбур гардидем, ки бо чароғи батарегин чарроҳй намоем. Хушбахтона чарроҳй бо муваффақият ба анчом расид. Бемор сиҳат шуд. Набудани барқ моро ба ташвиш овардааст.

Ба ҳамаи ин мушкилиҳо нигоҳ накарда, табибон кушиш карда истодаанд, ба беморон кумак расонанд. Бо вучуди набудани барқ онҳо тавонистанд, ба бемор саривақт кумак расонанд. Ин қаҳрамонист, набудани барқ барои табибон баҳона нашудааст. Ҳарчанд онҳо имконият надошта бошад ҳам, кушиш карданд, ки ба бемор ёрй расонанд. онҳо вазифаи чонии хешро сарбаландона ичро кардаанд.

Шуъбаи таваллуди беморхона дар ҳолати безараркунй қарор дорад. Мувофиқи нақшаи беморхонаи ноҳия ҳар сол дар вақтҳои муайян гузаронида мешавад. Дар ин дам таваллудкунандагон ба беморхонаи вилоятй фиристода мешаванд. Бино ба гуфти сармомодояи беморхонаи ноҳиявии №2 –и чамоати Ёва, Шафоат Бобочонова, шуъбаи таваллуд ҳамаи корҳои безаркуниро ба анчом расонидааст.

-Баъд аз муоинаи кормандони маркази давлатии санитарии эпидемиологй ба фаъолият оғоз мекунад, мегуяд Ш.Бобочонова.

Аз ҳолати беморон дидан намудем. Дар як ҳар ҳучра 7 нафар бемор табобат мегиранд ва печкаи ангиштй гузошта шудааст. Ба гуфти онҳо шароит дар беморхона назар ба хонаҳои сарду бебарқ андаке хубтар аст.

Зане, ки сокини ҳамин маҳал, ба аёдатй бемор омада буд, чунин гуфт: -Ҳамсарам дар ин беморхона табобат мегиранд, агар барқро ба беморхонаҳо медоданд хеле хуб мешуд. Печкаҳо низ гарм мекунанду лекин буй доранд. Ман низ худам беморам, аммо намехоҳам, ки ҳоли ҳозир табобат гирам. Беморхона бо барқ таъмин гардад, камтар ҳаво гарм шавад, баъдан табобат мегирам.

Ин барқ кай доимй мешуда бошаду беморон бе ягон ташвиш табобат гирифта саломатии хешро барқарор мекарданд. Бо вучуди ин набуди барқ духтуронро дилсард накардааст. Ҳама ба умеди онанд, ки рузе мерасаду аз ин мушкилот раҳо меёбанд.

Реклама

02.03.2009 - Posted by | Иқтисод, Навидҳо, Сиёсат, Тоҷикистон

1 комментарий »

  1. Ин халки кахрамонатон 16 сол боз Эмомали Рахмонро токат карда нишастааст. Акаллан пик намегуянд.

    комментарий от Исфандиёр | 07.03.2009


Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: