ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Миш-миш Таймс

Набиюллоҳи Суннатй. Истинод ба родиёи «Озодй»

150 МУСОФИР ДАР АҒБА ВА СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНЙ

Беш аз 150 одам бар асари масдуд шудани роҳ тайи 10 руз дар нимароҳ дар наздикии нақби «Истиқлол» музтар мондаанд.

Онҳо мехостанд тавассути шоҳроҳи Душанбе – Хучанд ба хонаҳои худ дар навоҳии вилояти Суғд баргарданд. Ин мусофирони дар нимароҳ монда аз тариқи телефон ба радиои Озодй гуфтанд, ки ин ҳама вақт масъулини вазорати роҳ ва кумитаи умури изтирории кишвар ба мушкили онҳо расидагй накардаанд.

Аммо онҳо дар суҳбати телефонй бояд мегуфтанд, ки масъулин танҳо масъул ҳастанду халос. Бояд мегуфтанд, ки масъулин бо барфу борон маслиҳат намекунанд. Бояд мегуфтанд, ки масъулин дар «тармафарой»-и кисаҳояшон сахт муғриқ ҳастанд. Ва ҳеч нашудааст, ки онҳо на фақат худи минтақаи роҳи «Истиқлол»-ро дидаанд, балки онҳо ҳатто бо саворагии троллейбусу тангемҳо аз роҳҳои дохилишаҳрй низ бехабаранд. Бояд мегуфтанд, аммо афсус, ки нагуфтанд  

 

РУЗИ ИДИ ПАДАРОН?

Раисчумҳури Точикистон бо судури як қарор 8 мартро Рузи модар эълон кард. 8 март аз замони Шуравй дар Точикистон ҳамчун рузи байнулмилалии озодии занон тачлил мешуд, вале Эмомалй Раҳмон дар паёми табрикиаш он идро чашни маснуъие номидааст, ки ба гуфтаи у, “ ба мардуми мо иртиботи миллй надорад.”

Дар ин росто интизор меравад, ки бояд рузи падаронро низ қайд кунем. Зеро рузи 23 феврал, ки мероси аҳди шуравй аст, наметавонад падарони точикро чун иди бузургу арчгузорй бошад. Аз ин ру, чандсад ҳазор падарони точик интизори онанд, ки кай фармони дигаре дар бораи иди расмии падарон судур мешуда бошад. Ба ҳар сурат падарони азиз, сабур бошед, шайтон ноумед, рузе мерасад, ки шумо низ иди расмии худро дар руйхати тақвим, ки қариб ҳар руз иде аст, дар қатори иди харбузаву дигару дигар хоҳед дид.

 

ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД  ДУСТИИ ҲАВОИРО БА РОҲ МОНДАНД

Точикистон ва Узбекистон барои эҳёи хатти парвози ҳавопаймо миёни Душанбе ва Тошканд мувофиқат ҳосил кардаанд. Ин созиш ахиран дар як гуфтушуниди намояндагони ширкатҳои «Точикэйр»-и Точикистон ва «Ҳаво йуллари»-и Узбекистон дар шаҳри Тошканд ҳосил шудааст. Бино ба иттилои ширкати давлатии «Точикэйр», парвози ҳавопаймоҳо дар ин масир дар моҳи марти соли чорй оғоз хоҳад шуд.

Бобои пире мегуфт, ки мо ҳар лаҳза Худоро шукр мекунем, ки чаноби Каримов ҳамин осмонҳоя симбандиву минакорй накард. Агар ягон технологияе вучуд медошт, ҳатман роҳҳои ҳавой низ симхорбандй мешуданд. Ба ҳар сурат ин дустии ҳавоии точикону узбекон муқаддимаи қаҳришикании солҳои ахир аст. Шояд рузе расад, ки ин ду миллат аз осмон фуруд омада, дар руйи замин ҳам бо ҳамдигар дасти дустй дароз кунанд

 

АЧОИБОТ: ТАЪЛИМИ ДИН ВА МАНЪИ ҲИЧОБ ДАР МАКОТИБ

Вазорати маорифи Точикистон барномаи таълими таърихи Ислом ва фиқҳи ҳанафй дар макотиби миёнаро руйи даст мегирад. Чалолиддин Амиров, як масъули вазорати маориф, гуфт, кумисюни вижае дар ҳоли ҳозир ба таҳияи барномаи тадриси ахлоқи исломй дар макотиб машғул аст ва ин барнома аз соли нави таҳсил мавриди ичро қарор хоҳад гирифт: “Президент дастур доданд, ки хонандагони мо ҳам аз фиқҳи исломй ва ахлоқи неки исломй огоҳ бошанд».

Аммо Президенти кишвар ҳеч гоҳ дастуре надодаст, ки хонандагони сару либоси миллипуш аз чониби вазорати маориф аз дарсгоҳ берун карда шавад. Ҳеч гоҳ нагуфтааст, ки аз гуши духтарон ҳалқаҳои тиллой канда партофта шавад. Лекин он гуна, ки дар макотиби кишвар дарсҳои ҳанафй ба роҳ монда мешавад ва талабагон аз чавҳари ислом бархурдор шуда, аз пештар бештар майл ба сару либоси милливу исломй меоранд, вазорати маориф чй чора меандешида бошад? Чаноби вазир бояд дар ин чода чанд чораҳои зарурй биандешанд.

 

ФАРЗАНДАФУРУШЙ БА ПАДАРБИЗНЕС МЕБАРАД

Як сокини вилояти Суғд ҳангоми фуруши фарзанди хурдсолаш аз чониби кормандони интизомй мавриди боздошт қарор гирифт.

Бино бар гуфтаи бахши хабарии идораи умури дохилаи вилояти Суғд, кормандони интизомй сокини ноҳияи Истаравшан Абдусалом Норматовро ҳангоми фурухтани фарзанди нуҳсолааш Алишер ба Комилбой Баротов ном як сокини ноҳияи Бобочон Ғафуров ба 3 000 доллари ИМА дастгир кардаанд.

Агар зиндагии шоҳонаи мо ҳамин гуна рафтан гирад, шаке нест, ки на фақат волидон фарзандонашонро, балки фарзандон падару модарони худро хоҳанд фурухт, ки бетардид ба як бизнеси сердаромадтарин маҳсуб хоҳад шуд. Агар нархи як фарзанд фаразан 3000 доллар бошад, нархи падарон то 100 000 доллари ИМА бояд бошад. Минбаъд ба чойи фарзандфурушй, ки на он қадар даромади хуб дорад, бояд падарфуруширо тачруба карда бинем. Агар фоида ба даст ояд, таваккал аз Худо гуфта аз кризиси чаҳонй хоҳем баромад. Чй гуфтед, чанобон, иқтисоддонҳо?!

Реклама

11.03.2009 - Posted by | Навидҳо, Тоҷикистон

1 комментарий »

  1. Пас зинда бод Эмомалй Рахмон! Ура-а-а!!!!
    Зиндахо, аз ин ба баъд хам дар интихоботхо ба у ва хизбу хукумати вай овоз дихед.

    комментарий от Сафар | 11.03.2009


Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: