ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Муъчиза: 15 дақиқа барқ дар рузи бонувон

Набиюллоҳи Суннатй

Қиссаи дарозу шарҳи кутоҳ

Дар бисёре аз навоҳии шимоли Точикистон, ки пас аз қадами мубораки соли нави 2009 умуман барқро надида буданд, яку якбора муъчиза ба вуқуъ пайваст. Бале, бале, муъчизаи ҳаштумини олам. Рузи 8 март, ки ба вақти маҳаллй, умуман муайян набуд, дар деҳоти вилоят якбора барқ омад. «Калидчаҳои барқ»-и хонаҳои навоҳй, ки анқариб се моҳ умуман ангуштро надида буду ба таври ҳамешагй дар ҳолати «фурузон» қарор дошт, «лаппй» гирон шуд.

Кампирҳои 90-сола, ки қариб 70 сол барқро дида буданду дар ин солҳои камбарқиву бебарқй барқи фаровонро ҳатто фаромуш кардаанд, дасташонро ба гиребонашон бурда, «ё тавба, ин чй муъчиза» гуён қариб шодикаф шуданд.

Кудакон пиромуни модарашон арғушт рафтанд, ба чони кормандони барқ дар масочид дуоҳои хайр синаи осмонро дарида суйи Қозиюлҳочот шитофт. Аз афт дар осмон ҳатто «таможникҳо» ҳам набудаанд, ки дуоҳо бе «растаможка» ба пеши Худо рафтанд. Телевизору магнитофонҳо, ки кайҳо қариб ба нафақа баромада буданд, дубора ба кор шуруъ карданд. Ахиран мардум бовар карданд, ки «Барқи точик» метавонад мардумро бо барқ таъмин кунад. Бовар карданд, ки барқи акои туркманро узбек-ако барои тронзит ичозат доданд. Аммо хонандаи азиз, мо ҳам хондани ин хурсандномаҳоро бароят тул намекашонем. Давоми ин гуфторро тоқат карда хон.

Расо 15-ум дақиқаи барқи деринтизор тамоми хурсандиҳо ба хок яксон шуд. Хандаҳои шифткану вассабуси хонаҳо ба қолин ҳампарта шуд. Дасти дуоҳо бе омин кардан якбор поён фуромаданд. Очаҳои кампираки 90-сола ба сари зонуяшон «чарсй» зада, «ҳе мурад, ҳамин ҳам свет шуд-мй?» гуфтанд. Кудакон «оббо» овоз бароварданду муйсафедони маҳалла сари чаҳл ба чойи як каф ду каф нос кашиданд. Ба ҳафт пушти «светкушҳо» «раҳмат»-и чаппа мисли борон борид. Алъамон, муъчиза поён ёфт.

Муъчизаи осмонй бо таъбири заминй

Хонандаи азиз, мабодо, ин кори Барқи Точик, ба вижа Шабакаҳои барқии вилояти Суғдро вожгуна таъбир накунанд. Агар аз 15 дақиқа барқ изофа мешуд, шояд беморхонаи «кардиология» садҳо ҳазор тан бистарй мешуданд. Чй бовар намекунед? Охир, худатон дидед, ки ҳама қариб аз хурсандй шодикаф шуданд. Худо накунад, агар барқро рузи дароз интиқол мекарданд, рузи иди бонувон ба мотам табдил меёфт. Яъне чй тавр? Аз хурсандй нафарони мубталои бемориҳои дил, шояд, ки ба таппиши дилашон «остановка» меомад. Илова бар ин, бештари шаҳрвандони дигар, ки касалии дил надоштанд, дар натичаи якбора хурсанд шудан, шояд мубталои ин беморй гарданд. Аз ин хотир кормандони барқи вилоят дар чода қаҳрамонй нишон доданд. Онҳо чони ҳазорҳо танро аз марги диагнозаш «шодикаф» начот доданд. Вагарна, бештари дилкасалҳо бо ин дунё дар сари марзаҳо бе «калимаарза» дар натичаи хурсандй дорулфаноро алвидоъ мегуфтанд. Браво, офарин, ҳуштакҳои бардавоми шуравиёна!!!

Рекорди нестандарчаҳон

Ана ин рекорди кормандони барқро кардиологҳои бузурги чаҳон шунида, дар ҳайрат шудаанд. Ба ҳамдигар ҳатто гуфтааанд, ки агар кормандони барқ табобати дилро бо ин қадар балоғат донанд, пас бармеояд, ки дилшиносони точик фариштаҳои исавиҳушанд. Гумон накунед, ки 15 дақиқа барқ муъчиза буд. Муъчиза он буд, ки кормандони барқҳои маҳаллй кардиологҳои чаҳонро дар ҳайрат гузоштанд. Онҳоро бешак бо унвони «Табиби хизматнишондода», «Дилшиноси беҳамто» бояд қадр кард. Аз ин ру, дар чаласаи ғайринавбатии лаби ҳавзи маҳаллаҳои деҳот чунин қарор бо овози баланд қироат карда шуд, ки як чумлаи охирони онро бароятон пешакаш месозем: «Бешак, дар қатори ҳафт муъчизаи чаҳонй ин амалкарди кормандони барқ муъчизаи ҳаштум ҳисоб карда шавад». Боқй ҳама бо як овоз дастгирй карданд: «Шавад!»

Реклама

11.03.2009 - Posted by | Навидҳо, Тоҷикистон

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: