ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Тянши + КвесНЕТ = ЛЮБОВЬ?

Набиюллоҳи Суннатй (ин матлаб дар ҳафтавори «Вароруд» низ интишор ёфтаст)

Агар дар ҳузури сиёсати кишвар Ҳизбуттаҳрир ва равияи Салафй номақбул аст, бидуни тардид метавон сари андешае қарор гирифт, ки равияҳои тичорати ширкатҳое бо номи Тянши ва КвесНЕТ «Ҳизбуттаҳрир ва Салафияи иқтисодй»-анд. Ин аст, ки коршиносони масоили иқтисодй ин ду тичорати шабакавиро чун инҳирофгаро унвон мекунанд. Агар анқариб мақомоти танобкаши кишвар алайҳи ин гуна тичоратҳои шабакавии интернетиро маҳкум ва алайҳи ин гуна тичорат тафтишот оғоз кард, нишонаи он нест, ки аз майдони бозори Точикистон фаъолияти Тянши ва КвесНЕТ билкулл дафъ шудааст ё мешавад. Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, аксари ашхоси фаъоли чунин тичоратҳо худи нафарони мансабдоранд, ки ба дунболаи хеш чанд тани дигарро ба тичорати шабакавй мутааллиқ сохтаанд.

Наргис ном донишчуйе мегуяд:

Рўзе дар чустучўи як корхона будам. Аз роҳгузаре номи он корхонаро пурсон гардидам. Ў дар чавоб ба ман дигар корхонаро нишон дод.

Вақте вориди он чо гардидам, 4-5 нафар машғули шунидани лексия буданд. Як нафар дар тахта ким-чиҳо кашида, ба нишастагон мефаҳмонд. Ман бо ҳайрат ба онҳо менигаристаму ба суханони онҳо диққат медодам. Он шахс маро низ ба нишастан таклиф карда, сухан оғоз кард, аммо ман рад кардам. Аз гуфтаи мавсуф бармеояд, ки у аъзои фаъоли тичорати Тянши будааст. Аз ин хотир маро бо суолҳои саргарангкунанда боздошт: Шумо пул кор кардан мехоҳед, саломатиатонро барқарор кардан мехоҳед?  Мо ба шумо имконият фароҳам меорем. Кори душвор нест, лекин дуруст кор кунед, соҳиби маблағи зиёд мегардед. 

Пайдост, ки донишчуён низ аз баҳри таҳсил баромада дар андешаи соҳиб шудан ба маблағи бедарди миён ҳастанд.

-Суханони ў чунон дар майнаам чарх мезаданд, ки хобам ҳатто намебурд. Лекин набудани маблағ монеа эчод мекард, — илова мекунад Наргис.

Аз ҳама ачиб дар баъзе факултаҳо тарвичу тарғиби тичорати шабакавии QuesNet рў ба тараққист. Аввал маблағи зиёд медиҳед, бар ивази маблағ соати тиллой, биодиск, медалён ва ғайра маҳсулоте, ки ин ширкат пешбарй менамояд, мехаред. Бархе аз аъзоёни он чунин мегўяд: «ман хобам намебурд, сарам дард мекард вақте ки биодискро харидам, ором хоб мекардагй шудам» «агар худат аъзо шуда аз пасат боз одам аъзо намой, ба давлатҳои дигар ба сафар меравй ва боз маблағ ҳам мегирй».

Тянши дар таксй

Рузе озими зодгоҳ будам, ҳамроҳонам дар таксй як зани солхурда ва як чавонзани дигар бо қазои тақдир ҳамроҳ ба самти Исфара равон шудем. Баъд аз каме одобу расми маъмулии точикона оромии даруни таксй шикаст ва зани солхурда ба гап даромад. Ману ронандаро аз даромадамон пурсон шуд. Аз чойи корамон низ суол кард. Вақто, ки даромади моро фаҳмид, бо писханде «ҳамин ҳам даромад шуд?», «ҳайфи меҳнат»-гуён моро ба таври худаш маломат мекард. (Номи он зан барои муаллиф маҳфуз аст). Сабаби пичингу маломаташро чуё шудем. Ҳувайдо шуд, ки ин ду зан яке аз фаъолони ширкати Тянши будаанд. Аз даромаду моҳонаи ҳангуфти ширкат лоф заданд. Ману ронандаро ба аъзогй талқин карданд. Гапашон воқеият дошт, ки барои имрузии Точикистон барои ҳар як нафар ҳадди ақалл 500 доллар иктифо аст. Ронанда-марди солхурдаи аз афт хеле тачрубадор менамуд, як бора суръати сабукравашро дар хамгашти даромади Исфара, ки паҳнои зиёди беобе ҳаст, суст кард ва тадричанд дар паҳлуи роҳ истод. Ронанда дасташро суйи паҳнои беоб ишора карда гуфт:

-Хоҳар, агар ҳамаи Точикистон мисли шумо аъзои Тянши шаванду даромади муфти 500-600 доллар ёбанд, кй ин заминҳоро обёрй мекунаду кй ин дашти валангорро обод? Ана ин тяншии ниёкону бобоии мост. Инро бояд обод кард.

Воқеан, ронанда дуруст мегуфт. Агар чавонони имрузй ба пули бедарди миён одат кунанд, кй меҳнат мекунад? Кишварро кй обод мекунад.

Сеҳр ва суолҳои посухгуна

Агар ин сеҳре набошад, аз муҳтарамоне, ки фаъолон ва ё ба қавле «ситорадорон»-и ин тичоратанд, пурсиданиям, ки чаро аввалин матлаби чалби муштариёни нав тавасути дармону дору сурат мегирад ва сониян бошад, ба чои доруву дармон яку якбора муштариён ба чамъ кардани аъзоҳои нав шуруъ мекунанд? Чаро ба ин гуна ширкати ба гуфте табобатй аъзо шудан аз 300 доллари ИМА болоро дар бар мегирад? Бидуни тардид, агар аз рости ин ширкат аъзоҳаққияшро аз 2000 доллар боло мегуфт, дар он сурат итминон меварзидем, ки воқеан тичорат ва роҳи таботатии хубест. Ин ки фаразан, шумо аъзо шудеду аъзоҳаққй сесаду чанд доллар пардохт кардед, аввалин коре мекунед, пайдо кардани аъзоҳои нав. Чаро якбора аз баҳри доруфурушй баромада, аъзоҳои навро мекобед? Посух ҳам оддист. Шуморо ҳамон гуна, ки нафари маълуме сари кор овард, шумо ҳам мисли у аъзои навро биёваред. Зеро нафаре, ки шуморо оварда буд, у қаблан мисли шумо 300 доллар падохт карда буд ва барои пайдо кардани маблағи аз даст додааш, чонашро коҳонида ин тарафу он тараф медавад, то замоне, ки шуморо ба «гап ғалтонад» рузу шабҳо садҳо маротиба зангатон зада буд. Акнун ин касалй ба шумо сироят кардааст. Чунки шумо ваъдаи болохонадори «аъзо шавй ҳар моҳ 500-600 доллар маош мегирй» ва ину они дигари бисёрро шунида будед. ҳамзамон ҳамаи аъзошудагон ҳамин гуна ваъдаро шунида буданд. Дору ва дармонбахшй комилан қариб, ки аз ёди шумо мебарояд. Шабу руз дар фикри онед, ки боз киро аъзо карда метавонед. Чунки шумо низ мисли дигар нафарони пеш аз шумо омада, аз аъзоёни минбаъдае, ки ба кор чалб мекунед, бояд фоизи муайян гиред. Ва аз он фоизи муайян, ки дар натичаи «ситорадорй» ба вуқуъ меояд, шумо ҳамон ваъдаи нули зоғии 500-600 доллар маошро соҳиб мешавед. Шак нест, ки афроди зиёде аз Тянши фоида бардоштаанд. Аммо агар меҳнатро тяншичиён дар чамъ кардани аъзо донанд, бетардид дар тасаввур гуем, ки ҳафт милён аҳолии Точикистон аъзои ин ширкат ва ё Квес-Нет шуд, тасаввур кунед, ки ҳама чун мубаллиғони салафиву таҳрир куча ба куча хоҳем гашт, то аъзо зиёд шаваду даромади мо беш. Коршиносон ояндаи иқтисодиёт ва ҳатто маърифати кишварро бо чунин таблиғот хатарзо унвон мекунанд. Таҳлилгарон мегуянд, маҳз истифодаи усули мухталифи таъсиррасонии равонй (руҳй) боиси он шудааст, ки аъзоёни тичорати мухталифи шабакавй дар Точикистон тайи чанд соли ахир ба маротиб боло равад.

Шикасти ояндаи тичорати шабакавй?

Як тан аъзои Тянши, ки нахост ному насабаш зикр шавад, бар он аст, ки Тянши барои дустии халқҳо сабаби бемисл ва барои рушди иқтисодии кишвар роҳест беназир.

— Ширкати байналхалқии Тянши, ки бо зиёда аз 198 давлати дунё ҳамкорй дорад  ва пойгоҳҳои истеҳсолияш дар кишварҳои мухталифи чаҳон  фаолият доранд, яке аз бонуфузтарин ва пазируфтатарин  корпоратсияҳое мебошад, ки бо роҳи тичорати шабакавй дар ҳама гушаву канори дунё маъруф аст. Мақсаду мароми ин ширкат солимгардониву сарватманд кардани кулли чомеаи башарист. Ман ҳамчун як тан аз дистрибютори ҳамин ширкат фаолият мебарам ва чандин борест, ки аз ин ширкат маош мегирам. Кори он саҳлесту осон ва дуруст аст. Мувофиқи  қавонини ҳар кишваре ва ҳар миллате новобаста аз нажоду миллият, чинсу сатҳи маърифат метавонад, аъзои ин ширкат гашта, сатҳи иқтисодй ва ҳатто ичтимоии худро беҳбуд бахшад. Ин ширкат инчунин чун як созмонест, ки мардуми мухталифу гуногунмазҳабу дигаркешро бо ҳам мепайвандад ва як навь дустии мутақобиларо бунёд мекунад.

Коршиноси чавон Абдуазими Абдуваҳҳоб ба ояндаи Квес-Нет ва дигар ширкатҳои тичорати шабакавй хушбин нест. У мегуяд:

— Барои даъват намудани ман ба Квест-Нет чандин нафар кушиш карданд, ҳар яке далел пеш меоварданд, ки аз ин ширкат бурдҳое ба даст овардаанд. Маро ба он бовар мекунонданд, ки метавонй аз ин роҳ сарватманд бошй ва ғайраву ҳоказо. Як иқтисоддон гуфта буд, ки билохира ин ширкат дар натичаи васеъ шудани муштариёнаш ру ба шикаст меорад. Ин чунин агар ба таърихи ин ширкатҳо бингарем, бештар дар кишварҳое ривоч кардаанд, ки ҳамранги Точикистон ҳастанд ва фақр ҳукмфармост. Нисбат ба ин ширкатҳо хушбиние надорам, зеро чандин нафарро медонам, ки маблағҳояшонро то ҳол ба даст наовардаанд.

Ҳамтоям Далери Ғуфрон, хабарнигори Азия-Плюс баррасии хатарзо ё муфид будани ин гуна тичоратҳоро ба масъулини давлатй ҳавола мекунад.

— Фикр мекунам, ки инчо масъала хеле нозук ба назар мерасад. Агар мо сари тичорати Квес-Нет андеша намоем, пас бархе аз мақомоти дахлдор, аз чумла масъулини гумрук изҳор дошта буданд, ки ин тичорат аҳром (пирамида)-ро мемонад, ки мисли қазияи машҳури муҳра (бо Чамшед Сиёев) дар ниҳоят мардумро ба бало гирифтор хоҳад кард. Аммо мушаххасан чи гуна эҳтимолияти хатар аст, касе то кунин шарҳу тавзеҳ надодааст. Аз чониби дигар, ба ман маълум аст, ки чанде аз донишчуён бо машғул шудан ба ин тичорат соҳиби ризқу рузй мешаванд. Ин хуб аст. Мо қариб, ки саноат надорем. То ин ки эшон аз ночорй банохост ба як чиноят даст зананд, дар ҳоли ҳозир ин тичорат як воситае шудааст, ки чавонон саргарми он мешаванд. Ба назари ман ин он қадар тичорати пойдор ва барои аксари кулли чомеа манфиатоваре нест. Барои мисол, тавассути он моле фурухта мешавад, ки ман дар зиндагиям ба он эҳтиёче надорам.   

Бигзор масъулин муаяйн намоянд, балки муваззафанд ҳушдор диҳанд, ки дарвоқеъ ин намуди тичоратҳо дар кулл манфиатоваранд ё хатарзо.

Догма ва ё сеҳршудагон

Аксарияти равоншиносон ва тозаандешон устувор ба ақидае ҳастанд, ки тичорати ширкатҳои шабакавй аслан аз таъсири руҳй маншаъ мегирад, ки инсони гирифтори ин «гипноз» минбаъд ҳатто дар сурати зарар диданаш аз ин ширкат ба касе шикоят карда наметавонад. Формулаи ин гуна тичоратҳо ба таври секунча сохта шудааст, ки танҳо афроди болй манфиати ҳангуфт мебинанду халос. Яъне, фоида аз қишри поёнии ширкат, ки дар натичаи пардохти аъзоҳаққй ба даст меояд. Бисёр нафароне ҳастанд, ки дар ин тичорат ноком шудаанд, аммо онро чун догма ва ё сеҳршудае ба касе ифшо намекунанд.

Бигзор гуфтем, ки шумо ба дарачаи чунин маош мегирифтагон расидед, аммо аз кадом ҳисоб? Аз ҳисоби шояд, нафаре, ки гул асту гаранг аст ва наметавонад мисли шумо нафари дигарро ба аъзогй чалб кунад, аз ҳисоби ҳамин гуна афрод? Бигзор шумо ба авчи камолоти ин тичорату ширкат расидед, аммо нафарони қишри поёние, ки аз ҳисоби онон шумо фоида ба даст меоваред, фикр накардед, ки эшон «худкардаро даво нест, вовайлои пинҳонй»-гуён ба касе лому мим намекафонанд ва ҳатто ба шумо, ки уро ба ин кор чалб намудаед, чизе гуфта наметавонанд.

Реклама

11.03.2009 - Posted by | Амният, Иқтисод, Тоҷикистон

9 комментариев »

  1. Ман ба акидаи коршинос Абдуазими Абдувахоб ки гуфтааст Тянши бештар дар кишварҳое ривоч кардааст, ки ҳамранги Точикистон ҳастанд ва фақр ҳукмфармост сад дар сад интикод мекунам. Магар Амрикову Испания, Чопону Франсия кишвархом факиранд, ки Тянши дар ончо фаол хаст? Ва ин иддао хатоеаст кабир.
    Fгар мо саводи чи гуна пеш бурдани ин корро надошта бошем,албатта коре карда наметравонем ва ба шикасту завол омада мерасем.Аммо профессоре ки вориди ин тичорати шабакави мешавад ва хануз саводи ин корро надорад у мисле синфи 1 аст.
    Ман медонам ки Квеснет бо усули ё аз руи шемаи Пирамид кор мекунад аммо Тянши ин тур нист.

    комментарий от Фирдавси Аъзам | 11.03.2009

  2. Хонандаи азиз, худ казоват фармо, магар аз дуздиву кучагарди, аз руссияравию мардикори (зери мушту лагади скинхедхо будан),ин кор хуб нест? Магар хама ин корро карда метавонанд? на албатта на!!!! ин кор танхои барои он шахсоне хаст, ки медонанд, ки метавонанд.Ва ин хеч рабте ба хизбу масхаб надорад ва аслан ба амнияти Точикистони миллат хеч таьсири баде намерасонад.Дра холе ки аз руи конун дар Точикистон амал мекунад, чи чои шаккю тардид аст?

    комментарий от Фирдавси Аъзам | 11.03.2009

  3. Панири бепул тархо дар мушкапак аст.

    комментарий от Сафар | 14.03.2009

  4. маро ери кунед барои хондани навигарихои интернет

    комментарий от Хайдар Махмадов | 14.04.2009

  5. как я должен зарегистрировать

    комментарий от Хайдар Махмадов | 14.04.2009

  6. ширкати куест-нет яке аз бехтарин ширкатест ки ба мардум пул дод ва хохиш мекунам бесаводона харф назанед шуморо механдан

    комментарий от Хайдар Махмадов | 14.04.2009

  7. Дусти азиз, агар ханданд, моро механданд, шуморо чи гам. Он чи ки гуфтем, танхо фикри мо буд. Ва ин мазмуни он нест, ки фикри мо хатман фикри чомеъа бошад.
    Ва он чи Шумо низ ин чо гуфтед, хакки шумост. Мо хама гуна фикрро хамчун фикр эътироф мекунем. Гарчанд мугойир ва мукобили андешаи мо бошад.
    Аз он ки ба сафхаи мо сар задед, шодем.
    Бо эхтиром Н.С

    комментарий от tojikona | 15.04.2009

  8. ширкати куест-нет яке аз бехтарин ширкатест ки аз мардум хама пулхояшро кашида гирифт ин хел фиреб то хол ягон ширкат натавониста буд хохиш мекунам босаводона боаклона фикр кунед то дар доми онхо наафтед биеед ин 500 долларо дар сахмияхои неругохи рогун сарф кунем мо хам фоида набинем фрзандомон албатта фоида мебинанд чаро хукумат чашм мепешад ман хайрон?????

    комментарий от мухаммад | 09.12.2009

  9. Harruz dar televizoru radioho INTERNET KOMPYUTERKUNONI naboshad baroy chist? Shirkati KUEST NET in yak tijorat ast dar hamay biznes korro az uhdaash nabaromadi KORI Bad ast? Dar bozri KORVON 70% -y furushandaho az BONKHO gharzdor hastand khonahoyashonro dar yak puli nochiz furukhta istodaand. Charo inro bad namegued?

    комментарий от Khurshed | 20.06.2011


Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: