ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Ирон, Точикистон, Афғонистон: Ин се кишвар, се кишварак нест

Набиюллоҳи Суннатй

Наврузи се минтакаи як империйи бузург

Наврузи се минтакаи як империёи бузург

Соли нави Ачам, ки иди расмии мусалмонон нест ва аз тачлили он мамолики исломй низ чилавгарй намекунанд, нишонаи олии хубию покй ва иди сафову эҳёи табиат – Иди Навруз аст. Аз давраи Чамшеду Каюмарс ва чадду обои Ачам то ба имруз гирифтани сархатти тақвими табиат, ки марбут ба ориёҳост, олами Аврупо ва боқй кишварҳо ғайриачам низ дар феҳрастсозии улуми табиат, чуғрофиё ва растанишиносиву тибби қадими мо-насли Ачам самимона ҳасад мебаранд. Ин буд, ки тачаммуъи хубиҳову бартариҳо, озодагиву озодманишии қавми Ориёи бузурги Ачам бо Навруз дар ойинаи чаҳон тасаллут ёфтааст.

 

 

Ба вижа се паҳнои як кишвари бузурги Форс, ки аз Точикистону Ирону Афғонистон иборат аст, бо ойинадорй ба ҳамдигар дар чашни Навруз, ки бо ҳамгиройии фарҳангу дину русуму ойини якрангу моно метавонанд исбот кунанд, ки ин се кишвар се кишварак нест. Балки як империёи бузурги фарҳангсолору сулҳовар ва пешгоми Форс аст. Илло дигар ҳеч унвоне ба чуз ин ба Иттиҳоди кишварҳои Форсй натавонистам, ки биёбам. Аз ин ру баъзе ағёру душманони дустнамо фикр накунанд, ки мо танҳостем. Навруз, забони воҳид, расму ойини қадимаи якранга, диндории мубин ва чойгиршавии чуғрофии мо санаду далели шикастнопазир, алайҳи он гуфторҳоест, ки гуё мо се кишвари комилан мутафовитем.

Назаре барои омузиши Навруз ва ойини идонаи ин миллати бузурги алъон бо чабри табари таърих се қисмат шуда, касро ба андеша водор мекунад, воқеъан чаро се кишвар? Барои хонандаи азиз, дар чашни Навруз ба гуфти муаллимони макотиби миёна «вазифаи хонагй» медиҳам, ки пеши худ харитаи чаҳон бигиранд. Ва хатти мармузе пиромуни Точикистон, Ирон, Афғонистон ва дигар минтақаҳое, миллати форс доранд, бикашанд. Ба таҳқиқ хоҳанд дид, ачаб як империёи бузурге, ки бо захираҳои обиву куҳиву дигар дастовардаш аксари кишварҳои «ман» мегуфтаро сари зону хоҳад нишонд.

Алъон ки чашни Навруз аст, мо иктифо мекунем ба назаре аз наврузии ин се кишвар. Ва ин шояд як исботаке бошад, дар қиболи он ки мо на се кишваракем.

Навруз дар Афғонистон

Ба гуфти ҳамтоям Муҳаммад Афзали Муҳаммад аз Афғонистон Навруз дар Афғонистон дар Афғонистон низ мисли дигар паҳнои бузурги ориёиҳо ҳазорон сол ин чониб бо шаҳомат ва арчгузории вижа чашн гирифта мешавад. Маъмулан аз аввали моҳи ҳамал (фарвардин), ба вижа 21 март тачлили Иди Навруз дар сарзамини Афғонистон чун ҳарсола иди хоси миллй унвонгузорй шуда, одамони зиёд ба кучаву хиёбон дар тан либоси идона мебароянд. Хусусиятҳои хоси ид дар Афғонистон аз инҳо иборат аст:

Хонатакконй

Ду ҳафта пеш аз Навруз хонаҳоро рангулй карда, тамоми лавозимоти хонаро берун мекашанд ва ба қавле метакконанд, тозаву озода менамоянд, ки аллакай нишонаи омадани соли нав аст.

Ирсоли кортҳои табрикотй

Дар тайи солҳои ахир бо вусъати технология мардум ҳамдигарро бо ирсоли кортҳои табрикотй, нашри табрикнома дар рузномаву родиё ва телевизионҳо, паёмҳои (SMS)-и телефонй ва ҳадди аққал бо занги телефонй табрик мекунанд.

Аёдати наздикон

Тули як ҳафта танҳо маросими аёдати ақорибу пайвандон сурат мегирад, ки дар баъзе маҳал то 12-ум рузи Навруз тул мекашад.

Мусофирати наврузй

Шояд ин гуна анъана дар дигар манотиқ кам бошад, аммо дар Мазори Шариф хеле зиёд ба чашм мерасад. Аз ҳар гушаву канори Афғонистон меҳмонон ба зиёрати мазори ҳазрати Алй (чаҳорумин халифаи Ислом) то ба ҳудуди ним милён нафар меоянд. Тахмин даҳ руз қабл аз вуруди Навруз, омадани меҳмонон ба Мазори шариф шуруъ шуда, ба тадрич омадани меҳмонон дар шабу рузи Навруз шиддат мегирад, ки тамоми ҳутелу меҳмонсароҳои шаҳр аз меҳмон пур мешавад.

Ғизоҳои наврузй

Ғизои шаби наврузй барои тамоми мардуми Афғонистон маъулан аз сабзипалав, сабзичалав иборат аст, ки паҳлуи он қурмаи гушт, кабудй ва ҳафтмева таҳия мегардад.

Оинҳои маъмули наврузй

Ниҳолшинонй, баргузории бузкашиву шутурчангу хурусчангу кабкчанг, найзабозиву тухмчанг, чормағзбозй, шубадабозй ва ғайра бозиҳои варзишии имрузй баргузор мегардад.

Оби ҳафтмева

Хонумҳо оби ҳафтмеваро дар шаби Навруз тайёр мекунанд, ки ба дохили як ё якчанд зарф меваҳои хушк, мисли писта, бодом, санчид, кишмиш, олуи хушк, шакар, зардолуқоқ ва мағзи зардолу ва ғайраро дар оби чуш тар карда, аз он шарбат тайёр мекунанд. Онро ҳатман дар паҳлуи дасторхони наврузй гузошта, истеъмол мекунанд. Аз ин оби ҳафтмева ба ҳамсояҳо низ ҳатман ҳадя мекунанд.

Наврузи Ирон

Ризо Шаъбонй дар пажуҳишаш, ки бо унвони «Одоб ва русуми Навруз» гирд овардааст, айнан чун иди наврузии Афғонистону Точикистон монову ҳамранг будани чашну ойинҳоро таъкид мекунад. У бар он ақида аст, ки Навруз марзу бумҳои ичборан бастаи миёни кишварҳои порсиро мешиканад. Навруз сарҳад намешиносад, Навруз як амонати муътабар аз ниёкони мо буда, аз давраҳои Чамшеду Каюмарс ба мо чун мерос армуғон расида ва ба насли оянда талқину омузиши он вочиботи айнист.

Инак, чанд русуме, ки дар Наврузи Ирон ба назар мерасад:

Маросими чаҳоршанбесурй ва оташафрузй

Дар ин руз чун анъана арчгузории мардум ба оташ нишонаи он аст, ки гармиву илтифот ва зиёд шудани муҳаббати байни башар аст. Маъмулан дар ин руз дар паҳнои Озарбойчони Ирон ва бисёре аз шаҳрҳояш мардум оташ меафрузанд. Зеро ирониҳо аз азал нурро мазҳаре аз фуруғи эзади медонистанд.

Балогардонй

Бо кузаи куҳна шикастану исфанд дуд кардан, шустани дасту руй дар оби қалиёву даббоғхона, тухмшиканиву шоландозиро аз қабили аъмоле медонанд, ки дар иди Навруз бо ин васила балоҳоро дур мекунанд. Аз қадимулайём ин анъана то ба ҳануз зинда аст.

Бахткушой ва фолгирй

Дар Ирон хонавода асосу моя ва пояи зиндагист. Духтариони дамибахтро дар Навруз бо усулҳои мухталифи наврузй фолгирй мекунанд, ки дар соли нав бахтёр бошад. Фолбиниро дар устурлобу кафбинй, оби косаву дигар ашё муайян мекунанд. Ба вижа  дар Навруз ин анъана чун русуми идона ҳатман дар аксари нуқоти Ирон пазируфта мешавад.

Оши мурод ва қошуқзанй

Нишонаи соли фаровониро ирониён дар тақсими ош медонанд, ки занони иронй дар Иди Навруз ба сар табақи калони ош ва дар даст қошуқ ба дари  ҳамсояҳо мераванд. Бе он ки номи ҳамсояро гирифта чеғ зананд, бо қошуқ ба табақ мезананд, ки соҳибхона дарҳол мефаҳмад ва косаеро ба дар мебарорад ва насибаи худро аз ош мегирад. Яъне оши мурод дар Навруз нишона ва умеди соли фаровонист.

Чашни мардгирон

Дар Навруз панч рузест, ки мардон хоҳишу таманнои занони хешро мешунаванд, инро мардгирон мегуянд. Ва ҳар чй умеди анчомношудаест, ба хотири хоҳиши занҳояшон онро ба ичро мерасонанд. Дар «Фарҳанги Анчуманоро» бо нақл аз Муртазо ҳунарй омадааст, ки «чашнест, ки панч руз занон бар мардон мусаллат бошанд ва ҳар чй эшон хоҳанд, мардон гиранд ва шавҳарон маҳкуми эшонанд».

Хонандаи азиз, бо тафовутҳо, ки аммо ағлаб монанди расму русуми ягонаи порсиҳост, шояд дар гуфторҳои болой пай бурдай. Мо дар бобати анъаноти Точикистон нагуфтем. Зеро хонандаи закй бо он ошносту ҳадафи моро, ки пайгирй кардани анънаҳои наздику якхелаи ин се кишвари як империёи бузург аст, шояд пайхас кардааст. Пас имруз, ки тақдир имконияти тачлилу истифода ва сурури Наврузро, ки аз мо нагирифтааст, бояд шукрона кунем, баҳри иттиҳоду ҳамбастагй ва дустии човидона саъйи беминнат варзем.

PS: Муаллиф аз ҳампешаи азиз Муҳаммад Афзали Муҳаммад (Афғонистон) ва  аз муаллифи пажуҳишгари «Одоб ва русуми Навруз» устод Ризо Шаъбонй барои истифодаи афкори эшон ва иртиботу кумак барои омодаи ин саҳифа сипосгузор аст.

Реклама

17.03.2009 - Posted by | Тоҷикистон, Фарҳанг, Хабарҳои бурунмарзӣ

6 комментариев »

  1. Navruz vokean jashni ruhu jashni jismu jashni kulubi toza ast.Va meboyad ki onro bo shukuhu shahomati vijae tajlil namud.

    комментарий от Фирдавси Аъзам | 18.03.2009

  2. Salom ba barodari azizam oghoi nabiullohi sunnati
    Mekhostam yak imail ba shumo bizanam va navruzi piruzu bahori dilafuz ro ba shumo farrukhbod biguyam vale bo dar omadan ba viblogi shumo va didani in pusti navruzi fursatro ghanimat meshumoram va dar haminjo idi navruz ro ba shumo tabrik arz mekunam . navishtori khubaton niz besyor baroyam sudmand uftod .
    Baroi ashnoiii bish az peshi shumovu khonandagoni garonsangi in viblog co’ate pesh az tahvili coli nav ba sathi shahri khudam ya’ne sori ( markazi ustoni mozandaron ) raftam va akchoi az tabu tobi nawruzi giriftam . albatta ba dalili nazdilii lahzai tahvili sol , bozorho to andozae , khalvat shuda budand .
    Aksi avval marbut ba yak ruz pesh az navruz ast .
    Dustdori shumo va hamai tojikon , Muhammad husein.








    комментарий от محمدحسینmohammad hosein | 20.03.2009

  3. Salom ba barodari azizam oghoi nabiullohi sunnati
    Mekhostam yak imail ba shumo bizanam va navruzi piruzu bahori dilafuz ro ba shumo farrukhbod biguyam vale bo dar omadan ba viblogi shumo va didani in pusti navruzi fursatro ghanimat meshumoram va dar haminjo idi navruz ro ba shumo tabrik arz mekunam . navishtori khubaton niz besyor baroyam sudmand uftod .
    Baroi ashnoiii bish az peshi shumovu khonandagoni garonsangi in viblog co’ate pesh az tahvili coli nav ba sathi shahri khudam ya’ne sori ( markazi ustoni mozandaron ) raftam va akchoi az tabu tobi nawruzi giriftam . albatta ba dalili nazdilii lahzai tahvili sol , bozorho to andozae , khalvat shuda budand .
    Aksi avval marbut ba yak ruz pesh az navruz ast .
    Dustdori shumo va hamai tojikon , Muhammad husein.








    комментарий от mohammad hosein | 21.03.2009

  4. Salom ba barodari azizam oghoi nabiullohi sunnati
    Mekhostam yak imail ba shumo bizanam va navruzi piruzu bahori dilafuz ro ba shumo farrukhbod biguyam vale bo dar omadan ba viblogi shumo va didani in pusti navruzi fursatro ghanimat meshumoram va dar haminjo idi navruz ro ba shumo tabrik arz mekunam . navishtori khubaton niz besyor baroyam sudmand uftod .
    Baroi ashnoiii bish az peshi shumovu khonandagoni garonsangi in viblog co’ate pesh az tahvili coli nav ba sathi shahri khudam ya’ne sori ( markazi ustoni mozandaron ) raftam va akchoi az tabu tobi nawruzi giriftam . albatta ba dalili nazdilii lahzai tahvili sol , bozorho to andozae , khalvat shuda budand .
    Aksi avval marbut ba yak ruz pesh az navruz ast .
    Dustdori shumo va hamai tojikon , Muhammad husein.

    комментарий от محمدحسینmohammad hosein | 24.03.2009

  5. barodar nabiyulloh , nishonii aksho ro ba imaili shumo , firistodam .

    комментарий от محمدحسینmohammad hosein | 24.03.2009

  6. ziro vorid kardani nishonii aksho dar ghismati » nazarot » mumkin nabud

    комментарий от محمدحسینmohammad hosein | 24.03.2009


Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: