ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Миш-миш ТАЙМС

Бадмастии сафир ва ҳайронии БДА-и точик

Рузи шанбеи гузашта мошини сафири фавқулода ва мухтори Қазоқистон дар Точикистон Абутолиб Аҳмадов дар бархурди сарироҳии чанд мошин ширкат доштааст. Сабабгори бархурд сафир будааст, ки шахсан дар ҳолати мастй ронандагии мошинро бар уҳда дошт.

«Жаль что» чаноби вазир намояндаи Чопон набудаанд. Вагарна баъди як чанд сонияи садама бо вазифаи сафирй хайрбод мегуфтанд. Агар ҳамаи сафирони мустақари Душанбе чунин бадмастй кунанд, вой бар ҳоли БДА-и Точикистон. Сафиронро пртокол карда нашавад, чарима умуман ситонда нашавад. Пора-мора гирифта нашавад. Ба ҳар сурат кормандони БДА тоқат кунетон. Бузургон аз тоқат бузург шудаанд.

Вазирҳои Точикистон кай истеъфо медиҳанд?

Вазири умури дохилаи Беларус Уладзимир Навумав истеъфо дод. Навумав ба далели вазъи сиҳҳаташ ба истеъфо рафтааст. Навумав ба бераҳмона саркуб кардани тазоҳуроти эътирозии мухолифини режими худкомаи Лукашенка айбдор карда мешуд.

Ҳай, ачаб, вазири беақл будааст, чаноби Навумав. Корро аз вазирони Точикистон ёд бояд гирифт. Онҳо ҳатто пас аз марг низ хоҳиши рафтан аз вазифа надоранд. Ана ин хел патриоту ватандустиро аз вазирони точик бояд ёд гирифт. Наход дар ҳамин шабу рузи кризис вазиронамон моро тарк гуянд Не, не, вазирони точик одамигарй доранд. Мисли вазири белорусия ноодам нестанд. Офаринашон!

Коммунистони точик пируз мешаванд

Бино бар натоичи ниҳоии шумориши оро, ҳизби ҳокими коммунисти Молдова дар интихоботи чадиди парлумони ин кишвар низ бо касби 49,9 дарсади оро баранда шудааст. Се ҳизби мухолифин дар мачмуъ ҳудуди 35 дарсад раъйи мувофиқи мардумро ба даст оварданд.

Аксари аъзои ҲХДТ, ки собиқ коммунистонанд, тавонистанд, ки бо дигар кардани чомаҳояшон аз коммунистони Молдова пештар пируз шуданд. Дар мо муҳим нест, ки ҳатман аъзои ҳизби коммунист бошиву баъд ғалаба кунй. Агар дидй, ки нашуд, дарҳол ба ҲХДТ гузашта, пируз мешавем. Ана акнун, кор дигар хел чомаро ба тан мекунад. Коммунистони хомуши аз бародарони молдовагияшон ибрат гирифта, худо хоҳад соли 2100-ум пирузиро ба даст хоҳанд овард. Ин бе шакку тардид. Илтимос мекунем, ба коммунистони точик дар соли 2100-ум овоз диҳед.

«Зарнисор» зарро нисору, корат барор!

“Мо аз ягон чиз наметарсем. Се рузи дигари муҳлатро мунтазирем. Агар ба додамон расиданд, хуб. Агар не, гирдиҳамой ва гуруснанишинй мекунем. Фақат як илтимос, ки халқ кист ё чист, ба ин суол посух диҳанд”. Бо ҳамин даъво даҳҳо точиру масъулони бозори “Зарнисор” бори дигар ҳамоиш карда ва аз мақомот ҳифз шудани ин бозорро тақозо намуданд. Ин дар ҳолест, ки тибқи ҳукми додгоҳ барои тахриби бозори “Зарнисор” рузҳои кам боқй мондааст. Раҳматулло Зойиров, раиси ҳизби сотсиал-демократи Точикистон, дар як нишасти матбуотй гуфт, ки ин ҳизб ва дигар созмонҳои ичтимой, ҳамчунин соҳибкорону точирон, ба нишони эътироз ба ин ноадолатиҳо гирдиҳамоии эътирозиеро дар бозори «Зарнисор»-и Душанбешаҳр баргузор хоҳанд кард.

Ба иттилоъи митингкунандагон и марбут ба масъалаи «Зарнисор» мерасонем, ки то зарро нисор накунед, садҳо ҳамоишу нишасту хорафти матбуотй ба Шумо кумак намекунад. Дар Точикистон «гапи мард як то», «Зарнигор» баста мешавад гуфтанд, «значить» баста мешавад. «Так что», каллая гаранг накарда, аз баҳри митингу питинг бароед, дустони «Зарнисор»-иям.

SOS: ҳукумат дар ғами қиёмат

Тибқи баъзе хабарҳо, баъд аз тасвиби қонуни озодии вичдон ва иттиҳодияҳои динй ичрои бархе талаботи он нигарониҳоро бештар кардааст. Тибқи муқаррароти қонуни нав, ба чуз масчид дар дигар чой чун намозгоҳ истифода бурдан, номумкин аст.

Намозгузорони муҳтарам, фардо дар пешгоҳи Худо чаро намоз нахондй гуянд, забони шумоён дароз аст. Баҳона тайёр: ҳукумат намонд, ки дар саҳро (агар колхозчй бошед), дар кабинети корй (агар чойи коратон аз масчид дур бошад) ва ғайра намозхонй манъ аст, мегуеду монд. Чонатон халос! ҳамин ҳам ҳочати овозаву дарвоза шуд-мй? Тозаям «паника» кардетон-да, бародарон. Шарм намедоред, ин ҳукумати мо ғами фардо рузи қимати шумоёнро хурда истодааст.

Айнй қаҳр карду ба Қирғизистон рафт

Иттиҳодияи чамъиятии точикони Қирғизистон тасмим гирифт, ки дар хиёбони ба номи устод Айнй, воқеъ дар шаҳри Бишкек, лавҳаи ёдгорй гузорад. Равшанбек Собиров, раиси ин созмони чамъиятй, гуфт, масъалаи сохтани чунин лавҳаи ёдгорй мавриди баҳси аъзои раёсати Иттиҳодияи точикон қарор гирифта буд.

Бародарони точики Бухорову Самарқанд, ки ҳамзодгоҳи устод Айниянд, ҳатто монеъ шуда натавонистанд, ки номи Айнй дар кучаҳояшон истад. Аз ин хотир Айнй аз Узбекистон қаҳр карда ба Қирғизистон рафт. Бори дигар ба бародарони точики Самарқанду Бухоро мерасонем, ки «Худозада бошу арвоҳзада набош», шумоён ҳамин хел сустэмонй кардан гиред, арвоҳи бобои Айнй ба тарзу усули «Кунг-Фу» ё «Дзюдо» шуморо мезанад. Аз он руз Худо нигоҳ дорад.

Истинод ба родиёи «Озодй»

Реклама

08.04.2009 - Posted by | Навидҳо, Сиёсат, Тоҷикистон, Хабарҳои бурунмарзӣ

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: