ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Соли ҳанафй ва қонуни зиддидинй?

Набиюллоҳи Суннатй

Муноқиша ва ё баҳси сиёсй

Баъди ба тасвиб расидан ва ҳамзамон баъди қабули қонуни озодии вичдон ва иттиҳодияҳои динй аксари қишри чомеъа норозигоии хешро дар ашколи мухталиф баён карда истоданд. Ҳамзамон бархе онро чавобгӯ ба арзишҳои демократй меноманд, аммо бархи дигар билъакси ин ҳолро дар бандҳои ин қонун мебинанд.

Яке аз узвҳои фаъоли ҲНИТ Мирзоқул Ҳочиматов ин қонуни навро дар соли ҳанафй қонуни зиддидинй унвон мекунад ва итминон дорад, ки ба ягон арзишҳои демократй чавобгӯ нест.

-Итминон дорам, ки ҳуқуқи шаҳрвандони Точикистон поймол шудааст, ки хилофи санадҳову меъёрҳои байналхалқист. Моро барои таъсиси иттиҳодияву чамъиятҳои динй ва ташкилотҳои динй маҳрум сохтан, маънии томи ғайридемократй буданро дорад. Дар қонуни нав, ки хондани намоз ба чуз масчид дар дигар чойҳо мамнуъ шуморида мешавад, хилофи арзишҳои исломиву демократии мост.

Намоз дар вақташ фарз аст ва ҳар чо хондан гуноҳ нест

Аммо Саидмурод Фаттоев, мушовири президент оид ба рушди ичтимой ва робита бо чомеа чонибдорй аз қонуни навро карда, идда дорад, ки қонуни нав ба меъёр чавобгӯст ва ин матлабро қаблан шарҳ додааст, ки аз забони чаноби Мирзоқул Ҳочиматов меоварем:

-Корхона чойи кор аст, на чойи намозхонй. Барои чй шумо қонунро вайрон карда, дар ончо намоз хонаданй ҳастед?

-Наъузу биллоҳ, дар идомаи сухан мегӯяд, Мирзоқул Ҳочиматов, — вақти намоз, ки фаро расид, он дар вақташ фарз аст. Чаноби мушовир дар корхонаву идораҳо намоз гузориданро қонуншиканй шарҳ дода истодаанд.

Дар қонунҳои чория кишвар, аз чумла дар Сарқонун озодии баёну вичдон ва диндорй кафолат дода шудааст. Аксари коршиносон қонуни навро на танҳо хилофи Конститутсия, балки меъёрҳои байнулмилал талаққй мекунанд.

Муллоаббос Рачабзода, узви раёсати ҲНИТ дар вилояти Суғд низ аз банди қонун, ки танҳо намоз дар масочид ҳаст, шадидан нигарон аст.

-Барои мисол намозҳои ид тибқи оини Ислом дар саҳро низ гузаронидан мумкин, ки инро қонуни нав қонуншиканй унвон мекунад. Пас ин банди қонун на танҳо хилофи Сарқонун, балки қонуни қуръонист, ки аксари фисади қишри чомеаи мо мусалмон ҳасту ба Қуръон бузургдоштро қоил аст ва нафароне, ки қонунро эчод ва дар таҳияи он ширкат кардаанд, фарзанди мусулмонҳоеанд, ки чадду обои эшон ба Қуръон арч гузоштаанд. Чаро ин бисёре аз муқаддасотеро, ки Исломи азиз пеш мегузорад ва он ба ягон пешрафти кишвар зарару халале надорад, дар қонун нодида гирифтаанд?

Дин аз давлат чудост ва ё ҳарду акнун якто шуд?

Моҳинисо Ҳорисова узви ҲСТ дар ҳайрат аст, ки дар қонун чудо будани дин аз давлат оварда шудааст, аммо чаро мудохила ба кори дин?

-Дар моддаи 8-уми Сарқонуни ЧТ омадааст, ки ташкилотҳои динй аз давлат чудост. Яъне ин мазмуни он аст, ки дин набояд ба умури давлат дахолат кунад ва на давлат ба дин. Оё ин қонуни нав маҳдудкунии моддаи 8-и Сарқонун нест? Лекин имрӯз мақомоти ваколатдоре чадиде, ки таъсис дода шуд, ба корҳои созмону чамъиятҳои динй ба таври бояду шояд дахолат мекунад, ки хилофи моддаи 8-ми Сарқонун аст.  Минбаъд бидуни ризоияти ин мақомоти чадид созмону ташкилот ва чамъиятҳои динй бемалол нафас гирифта наметавонанд ва дар қабули оинномаҳояшон мушкилоти нав низ пеш меояд. Ҳатто варақаҳои таблиғотии худро интишор карда наметавонанд. Таълимоти дин, ки аҳамияти зиёд дар ҳаёти инсон ҳаст, тибқи қонуни нав минбаъд таълимот низ то синни 18 солагй бояд бо ризоияти волидон ва ё нафароне, ки волидони фарзандро қонунан иваз мекунанд, ба роҳ монда мешавад. Ин фочиа аст.

Аз порлумон ҳеч чизро мунтазир набошем?

Ҳамзамон хонум Ҳорисова меъёрҳое, ки барои танзими кори чамъияту созмонҳои динй эчод кардаанд, ба ҳайси фишор ва ё сенсор унвон мекунад. Инчунин таъкид медорад, ки аз ин порлумоне, ки дорем, ҳеч чизро интизор шудан мумкин нест, чунки аксари онҳо аъзои як ҳизбанд, илова медорад мавсуф.

Ин дар ҳолест, ки Мирзошоҳрух Асрорй вазири фарҳанги кишвар дар сомонаи Амит Ховар билъакси гуфтаи хонум Ҳорисоваро аз қонун иқтибос меорад:

— Тибқи ин қонун дар Чумҳурии Точикистон озодии вичдон ва озодии пайравй ба дин кафолат дода мешавад; монеъшавй ба амалй гардонидани ҳуқуқ ба озодии вичдон ва озодии пайравй ба дин боиси чавобгарй мегардад. Бандҳои алоҳидаи ин модда даъват ба ҳар гуна бартариҳо ва маҳдудиятҳо дар муносибат ба дин ва эътиқод, барангехтани ҳар гуна кинаву адоват ва низои динй, таҳқири ҳиссиёти динй ва атеистии шаҳрвандон, айбдор кардани шахс барои диндорй ё бединй ва ё тарки дин, дахолати иттиҳодияҳои диниро ба ҳаёти шахсии инсон ва шаҳрванд дар масъалаҳои вобаста ба озодии вичдон ва озодии пайравй ба дин, дар ҳуччатҳои расмй қайд намудани муносибати шаҳрванд ба динро манъ кардаанд.

Аз гуфтаи ҳар ду бармеояд, ки ҳатто ин қонун дар дохили худ ихтилоф доштааст.

Аллакай дер шуд!?

Аммо ба назари Дилбар Самадова, раиси ҲСДТ дар вилояти Суғд ин масъалаи басо нозук аст ва чунин вокунишҳо наметавонд, ки қонунро лағв созад.

— Имрӯз вокуниш кардан тавассути як ду расона наметавонад, ки ниёзи огоҳии мардум дар бобати ҳар банди қонуни нав дар бораи динро бароварда созад. Аксари қишри чомеъа ҳанӯз аз ин қонун бехабар аст. Ҳар як банди ин қонун аз камбудй орй нест, аммо мутаассифона қабул шуд. Аслан вокуниш қабл аз пешниҳоди лоиҳаи қонун бояд ба таври чиддй ва қотеъ сурат мегирифт. Фикр мекунам, ки сустй ва заъфи ҳизбҳо ва чамъиятҳои сиёсй сабаб шуд, ки кор аллакай аз кор гузашт.

Хонум Самадова дар ин бобат аз фаъолияти ҲНИТ низ ба сустй ёд кард ва ҳамзамон таъкид дошт, ки дар баробари қудрату тавоноии ҲНИТ, ки як ҳизби характери динй дошта аст ва пеши чунин корро гирифта натавонист, мояи афсӯс ҳисобид.

Қабул шудани чунин қонун, ки сарҳади таълимоти диниро маҳдуд кардааст, ба он оварда мерасонад, ки омӯзиши пинҳонии таълимоти динй сурат мегирад ва шомил шудани чавонон ба ҳизбу равияҳои дигари инҳрофгарову ихтилофандоз сабаб мешавад. Бад-ин пешгӯйй Илҳом Ёқубй, як тан аз узви раёсати бахши хучандии ҲНИТ бо ин ақида устувор аст, ки оқибати надоматборро ба дунбол дорад.

-Вақте президенти Русия Медведев дар бобати сохтани НБО Роғун дахолат кард ва бо ишорае чониби ӯзбекистонро гирифт, ҳукумати Точикистон нота равон кардаву эътироз баён намуда тавонист. Пас чаро дар бобати диндории мардум, фарҳангпарастии мазҳабии мардум ва озодии вичдони халқ ягон эътироз карда наметавонд. Агар НБО Роғун чароғонии зисти мардум бошад, пас дин чароғонии имону қалби мардум аст. Инро бояд муқаддамтар ва муқаддастар донист.

Илҳом Ёқубй ҳамчунин ин амали порлумон ва ҳукумати кишварро муште ба сари миллат номид.

Андар ин ҳоле, ки аҳзоби сиёсии кулли кишвар садои эътирозй баланд мекунад, вазири фарҳанги чумҳурй Мирзошоҳрух Асрорй ин амалро сарвақтй ва мувофиқи меъёр меҳисобад. ӯ вокунишҳое, ки аз чониби ҳизбу созмонҳо сурат мегирад, аз ноогоҳии эшон медонад. Вазир дар сайти Амит Ховар гуфтааст, ки:

-Имрўзҳо нашрияеро пайдо кардан душвор аст, ки дар ягон шумораи он мавзўи динй матраҳ нагашта бошад. Шигифтовар он аст, ки ба ин масъала қариб ҳама яку якбора мутаваччеҳ гаштанд — чй кормандону мутахассисони касбҳои мухталифи дар бисёр мавридҳо аз соҳаи диншиносй тамоман дур ва чй шахсони ҳаваскору тасодуфй; дониставу надониста, сари ин мавзўъ суханҳо гуфтаанд, андешаҳо баён кардаанд, огоҳонаву ноогоҳона дар ин бора менависанд, ба ин масъала дахл мекунанд.

Қонуни чадид лағв мешавад ё…?

Аксарият итминон доранд, ки амалкарди ҳукумат дар бобати озодии вичдону имон ба ҳадди ниҳоии фишор аст, ки оқибатҳои некро ба дунбол нахоҳад дошт.

Тавре Дилбар Самадова гуфт, кор аллакай аз кор гузашт. Пас роҳи ҳалли бидуни хушунатомезиву ифротгароиро чуст.

Дар ин маврид назари ҳукумат низ дар бобати ҳалли ин масъала ва ё лағви баъзе аз бандҳои қонуни нав, ки алайҳи озодии имондорй нигаронида шудааст, тадбири мушаххас бояд биандешад.

Реклама

08.04.2009 - Posted by | Амният, Сиёсат, Тоҷикистон

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: