ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Дуздй дар Ғафуров, Рудакй шоҳид

Набиюллоҳи Суннатй

Коррупсия то чое дар чамъияти мо реша давонидааст, ки на танҳо ришвахориву азхуднамоии маблағҳои давлативу чамъиятиву шахсй дар риштаҳои истеҳсоливу саноатй дида мешавад, мутаассифона, дар бахши фарҳангй низ ин зуҳуроти номатлуб-коррупсия вақтҳои охир ба чашм мерасад.

Аслан чойи ачобат ҳам нест, ки бо баҳонаи сохтмони нимпайкараи Рудакй дар ноҳияи Б.Ғафуров маблағи бучаро аз худ намуда бошанд. Зеро корбурди маболиғе, ки барои баргузор намудани чашнвораву чорабиниҳои сершумори фарҳангй ва дигар пайкараву нимпайкараҳои кишвар, ки аз хазинаи давлат чудо карда мешавад, мушикофона таҳқиқ гардад, эҳтимол, мавриди бештари дуздй ва азхуд намудани маблағҳои бузург шояд руйи кор ояд.

Истинод ба родиёи «Озодй» Додситони Хучандшаҳр нисбати 3 раиси ширкатҳои сохтмонй бо иттиҳоми 

аз худ намудани маблағи буча, ки барои бунёди нимпайкараи Рудакй —

асосгузори адабиёти классики форсу точик дар ноҳия Б.Ғафуров пешбинй шуда буд (ҳудуди 10 ҳазор сомонй — 3 ҳазор $), парванда боз кардааст.

Бино ба маълумоти идораи умури дохилаи Суғд, раисони 3 ширкати хурди сохтмонй : «Сохтмони деҳот», «Манфиати тичоратй» ва «Ванг Пат» — и ноҳияи Бобочон Ғафуров аз чониби додситонй барои аз худ намудани маблағи буча айбдор маҳсуб мешаванд.

Додситонй нисбати раҳбарони ширкатҳои мазкур, ки аз эшон айни ҳол ном бурда намешавад, мутобиқи банди қаллобии Асноди чиноии Точикистон иттиҳом эълон кардааст.

Аммо оё метавон бовар кард, ки ин хабар танҳо дар худи ноҳияи мазкур дар «блакада» мемонад? Хабар хабар аст ва суръати он аз шамол низ тезтар аст. Вақте ин шоеъот беруни кишвар мунташир шуд, ба фарҳангсолории мо чй хоҳанд гуфт?

Абдулқодири Челонй, як тан коршиноси чавон бар он аст, ки агар муомилот бо фарҳанги ғании ниёкон дар ҳоли ҳозир чунин бошад, аз дигар қишрҳои чомеъа гилае нест.

— Тасаввур кунед, кишварҳои дасткушоди хайрхоҳе, ки барои рушди фарҳанги мо гранту маблағҳо чудо мекунанд, дар сурати донистани ин хабар ва чунин тавофуқ магар дар оянда барои нумуъи фарҳанги мо дасти кумак дароз мекунанд? Не, албатта! Алъон, ки мо кишвари фақрзада ҳастему ниёз ба кумаки башардустонаи мамолики пурқудрат дорем, чунин амал бо нимпайкараи Рудакй метавонад латмае барои рушди минбаъдаи фарҳанги мо шавад.

Нимпайкараи Рудакй дар чаҳорбоғи шаҳраки Ғафуров дар соли гузашта зимни истиқбол аз 1150-солагии бунёдгузори адабиёти точик бояд гузошта мешуд. Вале ба гуфтаи Манзура Раҳимова – корманди бахши идеологии ҳукумати ноҳияи Бобочон Ғафуров, ки ба родиёи Озодй гуфтааст, нимпайкара як сол дер, дар ибтидои соли равон дар чаҳорбоғи шаҳр қомат рост кард. Ба гуфтаи вай, ин ягона пайкараи сардафтари адабиёти точик дар ин маҳал мебошад.

Аксари коршиносон бар ин назаранд, ки дуздии маблағи нимпайкараи Рудакй нишони таъсири фасодзадагй на танҳо ба иқтисоди Точикистон аст, балки зарбаест ба маънавиёти кишвар. Фасод  то чое авч гирифта, ки агар мо имруз ба фарҳанг чунин муносибат кунем, бешак фардоиён аз мо сабақ хоҳанд гирифт ва ҳафт пушти моро «раҳматуллоҳи алайҳ» нахоҳанд гуфт.

Ба гуфтаи бахши меъмории ҳукумати Суғд, гузоштани нимпайкараи Рудакй дар шаҳраки Ғафуров дар соли гузаштаи 2008 чун яке аз нишонаҳои арчгузорй ба Одамушшуаро тарҳрезй шуда буд. То замони тачлили  1150-солагии Рудакй  дар чанд шаҳру навоҳии Суғд, аз чумла Хучанду Панчакент пайкараву нимпайкараҳои у  қомат афрохта буд.

Бузургтарин ёдгории чашнй — мачмаъаи  Рудакй  бо пайкараи барқади шоир бар болои пояи мармарй дар канори ҳукумати Суғд бо сарфи 3.5 миллион сомонй дар 2 гектар замини маркази Хучанд  бунёд гаштааст .

Додситонии Хучанд дар ҳоли ҳозир  таҳқиқи парвандаи бо роҳҳои ғайриқонунй аз худ намудани маблағи нимпайкараи Рудакиро пеш мебарад.

Пас метавон ба шак уфтод, ки на танҳо маблағҳои Рудакй, балки дигар пайкараи шоирони классику бузургони миллат низ оё дуруст ва шаффоф сарф мешаванд?

Реклама

14.04.2009 - Posted by | Иқтисод, Сиёсат, Тоҷикистон, Фарҳанг

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: