ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Миш-Миш ТАЙМС №3

Набиюллоҳи Суннатй

Вазир кори М.Аҳмадовро чазир мекунад?

Тафтиши қазияи куштори Олег Захарченко, фармондеҳи пешини неруҳои таъиноти вижаи Вазорати умури дохилаи Точикистон мучаддадан шуруъ шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар пайи сафари президент Эмомалй Раҳмон дар моҳи октябри соли гузашта ба навоҳии водии Рашт ва дидору мулоқотҳояш аз чумла бо сарҳанг Мирзохуча Аҳмадов, у мавриди бахшиши шифоҳии сардори давлат қарор гирифта буд.

Инак, кори чаноби М.Аҳмадов аз чониби вазири умури дохила чазир шуд. Афви шифоҳй бо парвандаи чадид рост наомад. Тавре мегуянд гапи куча бо гапи бозор муқобил баромад. Тоқат кунед бачам, зиндагй ҳамин. Дигар хел шуданаш ҳам мумкин не. Баъзе қарорҳо қонунро писанд намекунанд, хайр як бор авфи шифоҳиро ҳам парванда фуругузор кунад, ҳеч гап набудагист.

Ширкатҳои мобилй, нархро паст кунед, вагарна…

Рузи 10-уми апрел аз дарёи Душанбе ду часади дасту даҳонбастаро пайдо кардаанд. Хабаргузориҳои маҳаллй, аз чумла, хабаргузории расмии «Ховар» бо такя ба мақомоти интизомии Точикистон навиштаанд, пас аз шиносоии ҳуввияти часадҳо, маълум шудааст, ки яке Насиба Алидодоваи 28-сола, корманди ширкати «Вавилон-М» мебошад.

Инак, ҳучум ба ширкатҳои мобилй ин тавр шуруъ шуд. Агар тарифҳоро паст карда, нархҳои «исходящий»-ро 0 сент накунанд, фардо даҳону дасташон бастагй дар дарё ёфт мешаванд. Э не, аз даҳонат шамол барад, чй мегуйй? Ин тамоман дигар мавзуъ-ку.

-Миш-миш гуфта ҳама гапро навистан мегиред-мй Ришханд-тағо?

-Охир кор худаш ба ҳамин рост омад-ку бачем.

ҲНИТ чй хоб дид?

Ширкаткунандагони ҳамоиши баргузоркардаи Ҳизби наҳзати исломии Точикистон дар Душанбе, қонуни нави дини Точикистонро муғойир ба Қонуни асосии кишвар, бархе аз қонунҳои дохилй ва асноду созишномаҳои зиёди байнулмилалй унвон карданд. Ин ҳамоиш бо ҳадафи тавзеҳоти бандҳои қонуни Точикистон дар бораи озодии вичдон ва иттиҳодияҳои динй аз суи муаллифони қонун доир шуда буд, вале дар ҳамоиш ҳеч кадоме аз намояндагони парлумон, вазорати фарҳанг ва ҳукумати кишвар ҳозир нашуданд.

Хобатонро ба об гуед. Намояндагони порлумон магар дигар кор надоранд, дар ҳар гуна нишасту пишаст омада иштирок кунанд. Хестед, ки хобатон. Боз ин дафъа ҲНИТ чй хоб дид, ки порлумонро айбдор мекунад. О ин парлумони чонончони мо ҳа гуфта, ба нишасту ҳамоишҳо иштирок кунад, зиёфата кй мехураду кори давлата кй мекунад?

Об дар кузаву мо ташналабон…

Намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар чараёни сафарашон ба Душанбе бо вазири корҳои хоричии Точикистон ҳамроҳхон Зарифй мулоқот анчом дода, масоили марбут ба ҳамкориҳои Точикистон ва Иттиҳоди Аврупоро баррасй карданд. Дар ин мулоқот масоили меҳварй вазъи Афғонистон, кумакҳои Иттиҳоди Аврупо дар чилавгирй аз таъсири амиқи буҳрони чаҳонии иқтисод ба Точикистон ва ширкати ИА дар ҳалли мушкилоти об дар Осиёи Марказй буд.

Об аз мо, хок аз мо, куҳ аз мо, ачиб ки дигарон омада масъаларо ҳаллу фасл мекунанд. Охир, чаноби Зарифй, ба меҳмонҳо нагуфтед, ки бе ин ҳам мо бебарқ шишта обро ба ҳамсояҳо медиҳем. Ман мисоли оддй се агрегати НБО Қайроққумро баст, ба узбек-ако об додем нагуфтед-ми? Ана «доказать»-и гуфтаи болост, ки об аз мову хучаин дигарон.

Ҳимматзода ва ангури порлумон

Муҳаммадшариф Ҳимматзода вакилии худ дар Мачлиси намояндагонро бозпас гирифт. Муҳаммадшариф Ҳимматзода вакили ҲНИТ дар Мачлиси намояндагон 14-уми апрел, бо пешниҳоди як ариза ба порлумон аз намояндагии худ дар Мачлиси намояндагон даст кашид.

Бародарон, мебахшетону, шумо як зарбулмасали русиро медонед «Меньше народ, больше кислород»? Намедонед? Аввал ба ин зарбулмасали гаронмояи бародари кабирамон диққат диҳед, он гоҳ хулоса бароред. Хайр, як то вакил рафтааст, рафтаст. Шояд «ангур аз ангур бигирад ранг» баъди ин ҳамаи вакилон раванд. Ачаб не.

Реклама

14.04.2009 - Posted by | Иқтисод, Навидҳо, Сиёсат, Тоҷикистон, Хабарҳои бурунмарзӣ

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: