ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Қонуни нопухта ва ё вакилони ғайрикасбй?

Набиюллоҳи Суннатй

Нишонаҳои порлумони солими мо

Нишонаҳои порлумони солими мо

Дар шумораи гузашта аз бобати қонуни чадид ҳарф зада будем. Инак, сари масчид қарор хоҳем гирифт ва дар пешонии дари ҳар масчид навиштачотеро дар тахтачаи сабз  (дар баъзе макон хоксорона бо коғази компутарнавис) хоҳем хонд: «Дар ин масчид танҳо бо равияи мазҳаби Имоми Аъзам намоз гузорида мешавад». Ва ин матлаб ҳам бо ҳарфи зебои форсй ва ҳам бо хатти сириллик мусаббит аст, ки аксари хонандагони азиз инро дидаанд.

 

Бо ин талош метавон ифтихор кард, ки мақому манзалати эълом доштани Соли ҳанафй ва арчгузорй нисбат ба ин мазҳаби поку раҳнамо ахиран дар масири чомеъа жарф фуру хоҳад рафт. Аммо…

Қонуни чадиде, ки озодии вичдон ва иттиҳодияҳои диниро танзим мекунад, оё бо ин тахтача рост меояд? Қонуни нав намозгоҳро танҳо мfсчид унвон мекунад. Аммо ин тахтачаи сабз ба бародарони мусулмони мазоҳиби шофиъиву моликй, ҳанбаливу бародарони исмоиливу шиъаҳо вуруди масчидро манъ мекунад. Оё аз тарафи Шурои уламои дин, муфтиёти кишвар ва ахиран порлумони Точикистон ҳангоми ба тасвиб расидани қарори навин, ки ба чуз ҳанафиҳо намозгузории дигар мазоҳибро дар масочиди қаламрави Точикистон манъ мекунад, дигар чанбаҳо ба назар гирифта шудааст?

Иқрор бояд кард, ки бисёр кишварҳои пешрафтаи исломй метавонанд ба мо кумак намоянд. Чй дар пружаҳои бузургу чй дар чодаи ҳамкориҳои судманди дучонибаву бисёрчониба. Мисоли одии он аз чониби Чумҳурии исломи Ирон сохта шудани нақби «Истиқлол» аст. Ва агар пружаи бузургҳачми НБО Роғунро ин кишвар дар оянда руйи даст бигирад, боз дунболаи ҳамкориҳои Точикистону Ирон хоҳад буд, ки инро ояндаҳои дур ё наздик нишон хоҳад дод.masjid-1

Тасаввур кунед, баъзе мамолики исломй мазҳабҳои ҳанбаливу моликй ва шофиъй ё шиъа доранд. Дар сурати омадани делегатсияи чунин кишвари исломии дигармазҳаб ба Точикистон мо аз эшон пазирой мекунем. Аммо чун вақти намози панчвақта шуд, онҳо магар ба масчидҳои мо ҳуқуқи даромадан надоранд?

Бигзор гуфтем, ки надароянд, то ин қарори булъачаби дарвозаи масчидҳо риоят шавад. Пас онҳо дар кучо намоз гузоранд? Хона надоранд, намоз бихонанд, дар ҳутелу чойхона ибодатро ба чой биёваранд? Агар ҳа, қонуни чадиди озодии вичдон ва танзими иттиҳодияҳои динй инро комилан манъ ва тачовузи қонун унвон мекунад. Зеро намозгоҳ танҳо хонаву масчид, илло дигар ҳеч чой! Пас илоче бояд чуст ва ё ҳамин гуна нодида бояд гирифт?

Ба порлумон дархости журналистона қабул мешавад ё на, намедонам. Аммо вазифаи касбии худ медонам, дархост намоям, ки ин қонун ҳануз нопухта ба маърази чомеъа пешниҳод гардид. Бояд арзишҳои волои соли ҳанафй ва стратегияи исломиро ба назар гирифта, баъдан аз руйи салоҳдид қонун бояд қабул мешуд. Мутаассифона, тавре коршиносон мефармоянд, дар порлумони мо ҳануз вакилони касбй кам андар кам вучуд доранд, ки ниёзи интихобкунандагони худро комилан бароварда гардонанд.

Умед дорем, ки ҳануз кишвари мо мисли чавони 18-солаест, ки  дар ҳоли тачруба омухтан аст. Иншооллоҳ ояндаи дурахшон дар пеш. Аммо бо ин ҳама он чй гуфтанист, бояд гуем.

Реклама

14.04.2009 - Posted by | Сиёсат, Тоҷикистон

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: