ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

ПИРИ РАСТОХЕЗ РАФТ

Чура Юсуфй

Тоҳири Абдуҷаббор, пири Растохези Точикистон
Тоҳири Абдуҷаббор, пири Растохези Точикистон

Тоҳири Абдучаббор 21 апрели соли равон пас аз бемории тулонии саратони мағз дар зодгоҳаш- деҳаи Ашти ноҳияи Ашт чон ба чонофарин таслим кард ва ҳамон чо ба оғуши хок супурда шуд.

 

Муҳри марг ба даҳоне пахш гардид, ки садову салои озодй дармедод, вақте ҳамагон домани империяи кабири шуравии парокандашавандаро раҳо кардан намехостанд. Миқрози ачал таноби умри инсонеро бурид, ки озодиву баробарии мардумро мехост, ҳатто мардумеро, ки як бурда нони бардагиро аз талоши озодагй авлотар медонистанд. Мурғи сиёҳи мамот дар косахонаи саре лона гузошт, ки моломоли андешаву афкори бикр буд, то роҳу пайроҳаҳои тозаи рушди миллату давлати моро нишон бидиҳад. Теғи бебоки фано дастеро чудо кард, ки барои миллати мо нахустин маншури истиқлол навишта буд ва Растохези У аввалин гуле дар баҳори озодии давлати навини точикон маҳсуб мешуд.

Тоҳири Абдучаббор яке аз чеҳраҳои барчастаи чунбиши миллии озодихоҳии точикон буд, ки 14 сентябри соли 1989 бо номи созмони мардумии Растохез таъсис ёфт. Дар интихоботи парлумонии феврали соли 1990 дар рақобати сахт бо номзади ҳизби ҳукмрони коммунист пируз гардид ва депутати Шурои Олии Точикистон интихоб шуд. Чун бо дасисаҳои кутоҳандешони дохилй ва найранги маккорони хоричй ҳаракати истиқлолталабии точикон ба хоку хун кашонда шуд, Тоҳири Абдучаббор муддате дар Эрон паноҳанда гардид. Баъдан ба Қирғизистон омад ва то соли 2005 ба ҳайси мудири кафедраи Донишгоҳи байналхалқии Бишкек ифои вазифа кард.

Меҳри Ватан, хоҳиши аз наздик ба Ватану мардуми он хидмат кардан уро боз ба Точикистони азиз оварданд. Ду соли охири умраш дотсенти кафедраи иқтисодиёти Донишкадаи фановариҳои инноватсионии Точикистон буд. 

Худованд хонаи охираташро пурнур гардонад ва ба аҳли хонавода ва наздикону пайвандонаш сабри чамил диҳад.

Бо ин рубой номае ба руҳи устод Тоҳири Абдучаббор мефиристам:

Ту, эй Зардушти миллат, шод бошй,

Абад аз ранчу дард озод бошй,

Дар ин манзил ҳама зилзилаҳо буд,

Ба зери манзили обод бошй!

Реклама

23.04.2009 - Posted by | Навидҳо, Сиёсат, Тоҷикистон

1 комментарий »

  1. Афсус сад афсус ки, чунин марди бузурги миллат аз байни мо рафту давлати имрузаи Точикистон аз у хеч истифода набурд. Ин як хатоии бузурги давлатдорни мо буд. Дар аввоили солхои 90 вакто ки, устод Тохири Абдучабборо дар чаласахо дар талвизун медидам, фахр мекардам ки, дарТочикистон чунин Бузургвори Механпараст дорем. Мо кай доно мешуда бошем, ки ДУСТРО аз душман фарк кунем??????????????????????????Мо кай ба кадри бузургворонамон мерасида бошем?????????????????????????????????????Ин ду савол кариб 20 сол мешавад ки, маро азоб медиханд ва бепосуханд! РУХАТ ШОДУ ОХИРАТАТ ОБОД БОД, УСТОД ТОХИРИ АБДУЧАББОР!

    комментарий от Patriot | 23.04.2009


Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: