ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Гуфтугуе бо Мустафо Замонй, бозигари нақши “Юсуфи паёмбар”

Бознашр аз пойгоҳи хабарии “Косидак

Инак, сериёли бисёр зебову начиби «Юсуф паёмбар» низ хатм ёфт. Хамагон бо ашкхои шашкатору дарёфти махзи ишки илохй онро бо иштиёки том тамошо карданд. Тасмим гирифтем, ки чизе дар ин бобат бинвисем. Аммо бехтар аз сухбати худи бозигари накши асосии Юсуф-окои Мустафо Замонй, ки бо нашрияи «Косидак» анчом додааст, чизи маргубтаре наёфтем. Инак, харчанд аз ин сухбат вакти зиёде гузаштааст, ба хонандагони арчманд, ин мусохабаро бидуни тахрир пешакаш менамоем.


Мустафо Замонй

Мустафо Замонй

Мустафо Замонй аз чумлаи бозигаронест, ки тавониста дар аввалин кори ҳунарии худ бо ифои нақши аслй дар мачмуаи “Юсуфи паёмбар (а)” таваччуҳи мухотабонро ба худ чалб кунад. Албатта ин бозигари чавон дар ин муддат иртиботи зиёде бо расонаҳо надошта ва тарчеҳ дода то ин нақши у бидуни ҳеч гуна пешдоварй мавриди қазоват қарор гирад. Тайи фурсате, ки бароямон муҳайё шуд, бо у гуфтугу доштаем, ки ҳосили онро мехонед:

Чаноби Замонй, ба назар мерасад чандон тамоюле ба анчоми гуфтугу надоред.

Росташ муддати зиёде аст ман мусоҳиба накардаам…

Хуб, ин ки нуктаи хубе нест, ки бо расонаҳо иртибот надоред?

На ин ки мусоҳиба накунам, балки интихоби нашрия бароям бисёр муҳим аст, зеро дидаам дар бархе мусоҳибаҳо дахлу тасарруф сурат мегирад ва бархе ҳарфҳо иваз мешаванд.

Бо ин авсоф, пас аҳли мусоҳиба ҳастед?

Бале, ман як мусоҳибаи муфассал бо нашрияи “Равиш” анчом додам ва акси хоссе ҳам барои руи он омода кардем ва бисёре ҳарфҳоро дар он чо задаам, ки дигар ниёзе нест такрор шаванд.

Чаро дар сериал ин қадр чеҳраатонро иваз кардаанд?

Назари коргардон ин буд. Вақте ба ман гуфтанд интихоб шудам, тасаввур кардам ба хотири ранги чашмҳоям маро қабул карданд, дар ҳоле ки коргардон тести грими манро бо линзи қаҳвай писандида буд, мую чашмҳоямро тира кардаанд то ба чеҳраам маъсумият бибахшанд.

Шумо чанд сол доред ва аҳли кучоед?

24 сол дорам ва аҳли Фаридунканор ҳастам.

Барои интихоби бозигари нақши Юсуф ҳар руз ахбори мухталифе мунташир мешуд, ёдатон ҳаст аз байни чанд кандидо барои ин нақш интихоб шудед?

Иттилоъ доштам барои нақши Юсуф тест мегиранд. Ҳатто як бор аз пеши дафтари ин пружа рад шудам, аммо нарафтам тест бидиҳам. Ҳафтаи баъд яке аз дустонам акси маро ба оқои Салаҳшур нишон дода буд ва бо у 7 урдубиҳишти соли 83 аввалин тестро додам, ва 3 руз баъд ду то аз секонсҳои мачмуаро аз ман тест гирифтанд, ки баъдҳо фаҳмидам сахттарин секонсҳо будааст. Пас аз як моҳ тести грим додам, баъд бо ман қарордод бастанд, бо ин шарт, ки агар кондидои беҳтаре пайдо шуд, бо назари коргардон ман канор биравам. То он чо ки иттилоъ дорам, аз ҳудуди 3 ҳазор нафар тест гирифтанд, ва замоне ки манро интихоб карданд, гуфтанд танҳо кондидое ҳастй, ки руи он иттифоқи назар доранд. Аз таърихи ақди қарордод яъне тирмоҳи 83 то шуруи филмбардорй дар авоили баҳманмоҳи ҳамон сол, шароити бисёр сахте доштам.

Бархе авомили аслии кор саъй дар интихоби яке аз бозигарони ҳирфай доштанд, ҳатто муддате дунболи як бозигари хоричй гаштанд, вале ҳамаи мо медонем, ки тачрубаи сохти филми “Масоиби Масеҳ” тавассути Мил Гисун собит кард ифогари нақши паёмбар бояд як бозигари ношинохта бошад; одаме, ки руи у зеҳнияти хоссе вучуд надорад.

Ба ҳар ҳол, аз он чо ки бозигарй барои ман он қадр аҳамият надошт, ки ба хотири он аз ҳама чиз бигзарам, бо ҳамаи инҳо канор омадам. Ман ба мафҳуми воқей, ошиқи бозигарй ва шуҳрат набудам. Ба ҳар ҳол, ё бозй мекардам ё намекардам. Бо чаласоте, ки гузоштанд ва ҳимоятҳои оқои Салаҳшур, рафтам чилави дурбин, пас аз як ҳафта ҳам бозигари собити ин нақш шудам.

Аз назари худатон ҳам беҳтарин гузина будед?

Ман ҳисс мекунам ин нақш ба касе ниёз дорад, ки бидуни таваччуҳ ба дурбину авомили пушти саҳна ҳарф бизанад, ки ин кори сахте аст. Онҳое, ки ҳирфай ҳастанд, нохудогоҳ мачбуранд ба ин чизҳо таваччуҳ кунанд. Саҳнаҳое буд, ки эҳсос мекардам фақат бояд бо дилам ҳарф бизанам. Хеле чоҳо ман аслан ба дурбин фикр намекардам, нақшро бозй намекардам ва фақат худам будам. Ҳисс мекунам барои ин кор ниёз ба он дорем, ки дарунамонро қавй карда бошем, ва ман ин корро пештар анчом дода будам, шояд ба хотири навъи зиндагие, ки Худованд бароям рақам задааст. Албатта ба назари ман як бозигари ҳирфай наметавонад ин нақшро барои мардум ироа кунад. Ман барои мардум бозй мекунам. Усулан нақши паёмбарро бояд барои мардум бозй кард.

Дастмуздатон чй қадр буд?

(бо ханда): Ин масоилро наметавонам бигуям… Вале рақами зиёде набуд.

Кор бо оқои Салаҳшур чи гуна буд, ҳозиред ду бора бо у кор кунед?

Ман ҳатман дар аввалин фурсат нисбат ба эшон адои дайн мекунам. Оқои Салаҳшур тарчеҳ медод кор бар асоси диди эшон пеш биравад, на бозигар.

Чанд бор филмномаро хондаед?

Ҳудуди 13 бор.

Дар ин замина мутолеаи динй ҳам доштед?

Мутолеаи динии зиёде надоштам, аммо китобҳои мухталифе хондам, аз чумла худи Қуръон. Аз тарафе, филмнома бар асоси шароит навишта мешавад, на воқеият. Байни он чи дар филмнома ҳаст ва он чи мумкин аст бо мутолеаи амиқ ба даст биёяд, гоҳ дугонагй вучуд дорад, ки иваз карданаш сахт аст. Воқеият гоҳ боварпазир нест, мисли воқеияти ру гардондани Юсуф (а) аз зеботарин зани Миср, бояд онро ба зеҳни мардуми чомеа наздик кард; ба мардуме, ки дорои табиат ва ғаризаи инсонй ҳастанд. Ман саъй кардам филмномаи навишташударо ба худам биқабулонам.

Пеш аз шуруи филмбардорй чй қадр тамрин доштед?

Дар муддати 6 моҳ қабл аз филмбардорй, ду нафар муаллими бозигарй ва як мураббии саворкорй ба сурати хусусй доштам. Оқои Довуди Донишвар яке аз устодони бозигариям буд, ки ман ошной бо теории синаморо мадюни у ҳастам. Шамшербозиро ҳам бо худи коргардон тамрин кардем.

Аввалин саҳнае, ки бозй кардед, кадом буд?

Аввалин саҳнаи дохилй зиндон буд, ки хабаре барои ман меоваранд мабнй бар ин ки Зулайхо дастур дода шуморо шиканча кунанд. Ин аввалин плане буд, ки бозй кардам.

Дар ин муддат бо авомил мушкиле надоштаед?

Баъзеҳо буданд, ки ал-он нестанд ва хеле дилашон намехост, ки ман ин нақшро бозй кунам. Онҳо ағлаб синамой буданд. Албатта ман авоил одами хушке будам. Фикр мекардам агар равобитам беш аз як салому алейк бошад, мумкин аст ин тасаввур пеш биёяд, ки ба хотири гирифтани нақш ҳозирам ахлоқамро зери по бигузорам, ва ин мучиби нороҳатии хелеҳо шуда буд. Аммо ал-он ба ҳамаи онҳо эҳтиром мегузорам.

Бозигари нақши кудакии Юсуф ҳам бо шумо нисбати хешовандй дорад? У чи гуна интихоб шуд?

Бале, писараммаи ман аст. Пас аз ҳудуди 2 сол ҳамдигарро дар як мачлиси арусй дидем ва ман ҳисс кардам он маъсумияте, ки инҳо дунболаш ҳастанд, дар чеҳраи у ҳаст. Ҳамон чо чанд то диалог ба у додам, ки хеле хуб чавоб дод ва гуфт: Бозигари аввали устони Мозандарон будааст. Бад-ин тартиб, уро муаррифй кардам ва бо тесте, ки аз у гирифтанд, зарфи 3 руз чилави дурбин рафт.

Пеш аз ин кор, машғули чй коре будед?

Дар риштаи мудирияти санъатии Донишгоҳи ғайри интифой таҳсил мекардам ва ҳисобдори як ширкати кучак будам.

Тачрубаи синамой ҳам доштед?

На, фақат чанд бор дар театрҳои мадраса ва Донишгоҳ бозй карда будам.

Пешниҳоди дигаре дар заминаи бозигарй надоштед?

Қабл аз Юсуф, се то кори синамой ба ман пешниҳод шуд, ки ҳар се тичорй буданд. Шояд ҳам бадам намеомад бозй кунам, аммо рузи охир, бозигари дигареро интихоб карданд. Ҳатто як бор барои бастани қарордод рафта будам, гуфтанд: Мо бо фалонй қарордод бастаем, дар ҳоле ки ба ман қавл дода буданд. Хеле азият шудам, ҳатто ба чуръат метавонам бигуям, аз тирмоҳи 83, ки қарордоди аввалияро барои нақши Юсуф (а) бастам то мавқее, ки чилави дурбин рафтам, сахттарин рузҳои зиндагии ман буд.

Воқеан дилам мехоҳад ба онҳое, ки дар олами синамо чойгоҳи болое пайдо кардаанд бигуям: Агар бихоҳанд расми дунёро ба номи ҳақ баҳам бирезанд, аз ҳамон чо ки ҳастанд замин мехуранд. Ман бо ҳамаи сахтиҳо аз касе гиламанд нестам, ва ҳозир набудам ба хотири пазируфтани ин нақш, по руи усули ахлоқй дар зиндагиям бигузорам.

Баъд аз Юсуф дилатон мехоҳад чй нақшеро бозй кунед?

Дуст дорам нақши яке аз абармардони бузурги эронй бо тафаккуроти эрониро бозй кунам.

Реклама

02.05.2009 - Posted by | Навидҳо, Тоҷикистон, Фарҳанг

5 комментариев »

  1. Фачтарин филме, ки дар хаётам дидам.

    комментарий от Мунаввар | 19.05.2009

  2. Мехохам бидонам ки бехтарин филме ки шумо нигох кардед чи бошад…

    комментарий от Зафар | 10.09.2009

  3. Бехтарин филм дар олами СИНАМО аст! Мунаввар аз маъони дур модааст.

    комментарий от ZIYO | 25.09.2009

  4. Фильм ба ман хеле ва хеле маъкул шуд. Ролхое, ки актерон бози карданд, чунон самимианд, махсусан роле ки,худи шумо — Мустафа бози кардед. Ман гуфта метавонам,ки дар умрам якумин маротиба аз дидани филм халоват бурдам. Серияхои онхоро от нисфи шаб бо майлу завки том тамошо мекардам. Фильм ба ман хамин чунон таъсироти бузурге бахшид, ки эхсос мекунам, ки шумо дар барам хастед ва суханхои шумо, калимахое, ки талаффуз мекардед, дар гушхоям садо медиханд, махсусан — харакат мекунем, хеч ниезе нест, сипосгузорам ва г.

    комментарий от Шахноза | 27.09.2009

  5. хушхолам ки ин филми Юсуфи Паёмбаро карданд ки аз нигохи филм тамоми вучудам халоват мебурд ва аз чашмонам ашк меомад ба Худо ки тамоми муъминхои руи замин хушхол шуданд ва он нафаронеки ин филмро фачтарин мегуянд онон аз мехру мухабати Худо хелохам дуранд Худованд хамаи муъмину мусулмононро хефз кунад,,,,,,,,,,,,

    комментарий от Сухайли | 16.02.2010


Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: