ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

ПРЕЗИДЕНТРО ЧАРИМА МЕКУНАНД?


Фернандо Луго, итоаткори конун

Фернандо Луго, итоаткори конун


Дарачахои хушомаду чоплучй моро пеш мебаранад?

16 май соли 2009. Президенти чумхурии Парагвай Фернандо Лугоро кормандони бозрасии давлатии автомобилии ин кишвар ба чурми аз мухлат гузаштани хуччати ронандагиаш чарима кард. Чарима аз руйи кавонин чорияи давлати Парагвай ба андозаи 104 доллари ИМА баста шуд. Сарпулиси рохи Парагвай Эдуардо Петта хангоми гузаронидани як рейди махсус тасодуфан сабукрави президентро манъ кард. У дар сухбат ба хабарнигрон гуфтааст:

«Фернандо Луго вакте маро ба ин вазифа таъин кард, хамон руз таъкид карда буд, ки ман ба ягон кас аз руйи ошнобози муомилат накунам, хатто худашро гуфта буд, ки дар холати конунвайронкунияш дастгир ва чазо бидихам. Ман ба ин гуфтаи президент содикам ва то ба имруз ба ягон кас аз руйи вазифаву мансабаш муносибат накардаам».

Президент хам дар сурати боздошт шудани сабукраваш бе мамониъат сар пеши конунхои чорияи Парагвай намуда, ба санади пулиси рох имзояшро барои коидавайронкуни гузоштааст. Дар ин бора иттилоъ медихад  www.aгtonews.ru.

Президенти чумхурии Точикистон садхо бор аз масъулину рахбарони хукумати кишвар ва руасои шахру навохи таъкидан хохиш кард, ки сурату портретхо ва гуфтахояшро аз сари кучахо бикананд. Борхо ишорат карда буд, ки аз иктибоси гуфтахои паёмаш раисони шахру навохи суиистифода накунанд. Аммо ягон масъулин ба ин фармони шифохии президент сар хам накарданд. Баръакс ба хотири шахспарастиву шахссияттарошй ва худро дар хузури президент хуб нишон додан, шиору овезахои кучахо руз то руз бештар гашт. Хар чое, ки тасодуфан сарвари кишвар бо хар раису вазир аксе гирифта бошад, хамонро дар утокхои кориву шохроххо бештар насб карданд. Маънии насби акси худу президент ба чи маъни ишорат мекунад? Ба хотири «ман бо президент нафари наздикам»? Ва ё бо ин васила дур сохтани дасти конун ва назорати макомоти танобкаш хангоми тачовузи конунхои кишвар?

Ку садокат ба таъкиду ишорахои билофосилаи президент?

Банда хатто шохиди онам, ки соли 2007 дар арафаи Навруз дар мулокот бо зиёиёни кишвар раисчумхур махз хамин нуктаро таъкидан гуфта буд, ки аксхояшро аз кучахо кананд, гуфтахояшро ин кадар дар хар кучо овезаву шиор насозанд. Аз он руз то ба имруз расо ду солу ду мох гузашт. Ягон масъули хукумати шахру навохи барои амали гаштани ин гуфтаи аввалчехраи Точикистон икдоме накард. Баръакс хушомаду пешомад ба авчи аълояш расид. Кор то чое омад, ки президент фармони махсус содир кард, то аксхое, ки хамрохаш гирифтаанду овезаи кучахост, баркананд. То фармон содир нашуд, масъулони мо гоме пеш нагузоштанд.

Инак, дар симову садо боз барои худнамои гузоришу тахлилхо сар мешавад, фалону бехмадон аксхо канда партофта шуд. Дар ин холат хам мо аз хушомадгуйи даст намекашем.

Ку чуръат ва садокате, ки сарпулиси рохи Парагвай доштаро акалл як рохбари воломакоми мо медошт! Тардид дорам, агар кормандони БДА-и мо ягон мошини хатто раиси вилоёту навохи он су истад, раиси чамоъатро манъ карда, тафтиши хуччатхояшро карда бошад. Хамин минвол монои кормандони БДА дигар масъулини шахру навохи низ бояд, ки минбаъд садокати худро нисбат ба гуфтахои президент нишон диханд. Худо накунад, ки дар хар кори майда- чуйда президентро мачбур насозанд, ки фармоне содир кунад.

 Набиюллохи Суннатй

Реклама

19.05.2009 - Posted by | Навидҳо, Сиёсат, Тоҷикистон, Хабарҳои бурунмарзӣ

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: