ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Оғози чанги забонии Русия ва Точикистон

Фурсате даррасида, ки бояд бидонем, оё ин забоне, ки дар даҳони мост, аз мо аст ё не? Агар «ҳа», ихтиёри гуйиш низ ба мо ҳаст ва ё хочагонаш дигаронанд?

Бо хабаргузории очонсии иттилоотии Интерфакс Алексей Островский – раиси кумитаи умури кишварҳои муштаракулманофеъ дар Думаи Давлатй навиштааст, ки дар чавоб ба ин иқдоми ҳукумати Точикистон, Русия дар оянда водор хоҳад шуд, пазируфтани коргаронеро маҳдуд намояд, ки забони русиро намедонанд, ки зоҳиран ишорае ба муҳочирони точик аст. Метавон инро чанги забонии Русияву Точикистон унвон кард.

Ба гуфти коршиносон, ба қабули тарҳи қонуни нави забон Русия то ба ҳануз агар дахолат мекунад, пас ба дурустй, ки мустақилият ва соҳибихтиёрии давлати Точикистонро зери суол мебарад.

Чаноби Алексей Осторовский, ки қабули чунин қонунро иштибоҳи чиддии президенти кишвар Эмомалй Раҳмон мехонад, магар ба андеша нарафт, ки аллакай режими сусиёлистй аз байн рафтааст ва Точикистон кишвари мустақил аст. Ва ин кишвари мустақил ҳар тасмиме мегирад, вобаста ба салоҳдиди худаш аст. Пас, чаро тасмими мо дар доираи хоҳиши Русия ва ё якчанд кишваре дигар бояд ба ҳам ояд?

Ба андешаи сиёсатмадорон агар ин аз як тараф истодагарй ва соҳибихтиёрии Точикистонро нишон диҳад, аз як суйи дигар, чунин иқдоми Точикистон латмае ба пешрафти кори муҳочирон мешавад, ки аллакай ишораи номаълуми «ба кур ҳам асо»-ро дар Думаи Русия заданд.

Бо он ки чониби Точикистон вокуниш-ҳои зиёде дар ин самт пахш намуд, зоҳиран ба назар мерасад, ки ҳануз Думаи Русия аз вокунишҳо қонеъ нест. Суоли матраҳ ин аст, ки чаро бояд қонеъ бишавад? Оё мо «филиал»-и Русия ҳастем, ки ҳар пешомади кори худро вобаста ба қонеъ ё норизогии Русия ҳал бикунем?

Тардиде нест, агар бародари кабирамон қасд бикунад ва муҳочирони точикро гирифтори мушкилот созад, аммо бояд оини ҳамкориро набояд фаромуш сохт, ки баъзе тарҳҳои ҳарбии Русия дар Точикистон аст. Пас, чаро дар Дума Островский ва чандин островскийҳои дигар ҳадди ақалл ин нуктаи муҳими стротежию ҳарбиро як су гузошта, аробаи хушку холиро гирифта метозанд? Эшон ҳатто интизордори он буданд, ки дар сафари расмии Медведев ба Душанбе ин матлаб яке аз бахшҳои муҳими  гуфтугуйи тарафҳо хоҳад буд. Аммо тавре мушоҳида нишон дод, дар ин мавзуъ умуман суҳбате ба вуқуъ напайваста ва сари тасмими Точикистон дар бобати қабули тарҳи нави қонуни забон ҳич мубоҳисаву мучодалае ба миён наомада. Аз ин нукта бармеояд, ки аввалчеҳраи кишвари Русия Медведев аз иқдоми Точикистон ҳарфе руйи забон наовард ва кордор нашуд. Пас метавон хулоса намуд, ки ин ҳама овозаву дарвоза ва аз пашша филсозиҳо танҳо дар дасти як ду тан аз афроди Думаи Русия будааст. Агар не, ба таври бояду шояд Медведев сари ин нуктаи муҳим гуфторе пеш меовард. Магар ҳамин тавр нест?

Реклама

06.08.2009 - Posted by | Иқтисод, Сиёсат, Тоҷикистон, Хабарҳои бурунмарзӣ

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: