ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Муҳочират кризиси шавҳарро ба бор меорад

Назокати Иброҳим, Наргиси Ислом

Муҳочират манфиати иқтисодй дорад, аммо зарбаи муҳлики зиёдшавии фоҳишагй ва бева мондани занҳо мегардад. Ин тадричан ба КРИЗИСИ шавҳар оварда мерасонад. Бе падарии фарзандонро кй посух мегуяд?

Ба гуфти мудири хонаи ақди никоҳи шаҳри Хучанд Мағфират Тоҳирова муҳочират, ин яке аз сабабҳои вайроншавии оила мебошад.

«Аксарияти мардон ба Русия ба кор мераванд ва дар ҳамон чо оила барпо мекунанд. Ва аз оилаи худ руй метобанд. Бехабар аз он, ки дар хона бо чашми чор фарзанду ҳамсар роҳи онҳоро интизор аст».

Ба мардон муд гардидааст, ки  барои дарёфти қути лоямут оилаву фарзандонро партофта, ба кишвари Русия мераванду бо баробари дидани шаҳри зебову мутараққй, худро озод ҳис карда зану фарзандро фаромуш мекунанд.

Имруз бисёр оилаҳоро дучор гардидан мумкин, ки бори гарони зиндагй ба души занҳо афтодааст. Магар ин аз руи инсоф аст? Охир кудак ҳам мехоҳад, ки бо меҳри падар ба воя бирасад, у чй гуноҳ дорад?

Набудани чои кор дар мамлакат бисёр нафаронро ба ташвиш гузошта, боиси вайронии оила гардидааст. Албатта, на ҳамаи муҳочирон фарзанду ҳамсарро аз гушаи хотир фаромуш мекунанд. Аммо ҳастанд нафароне, ки на танҳо зану фарзанд, балки аз баҳри падару модар низ гузаштаанд.

Бо ин маънй ба шумо як воқеаро нақл мекунем, ки ҳаёти аксарияти занҳои точик чунин аст.

Мафтуна тули ҳафт сол аст, ки роҳи шавҳарро интизор.  У соҳиби се фарзанд буда, калониаш дар синфи якум мехонад. Ҳар бор фарзандонаш аз у мепурсанд: «Модарчон падарам дар кучо?» бо шунидани чунин суол дарду алами Мафтуна боз дучанд мешавад. Лекин бо умед ба фарзандаш мегуяд: «рузҳои наздик меояд»

-Шумо доимо ҳамин хел мегуед, он руз кай меомада бошад,- мегуфт фарзанди калонй.

Аммо, афсус, ки аз шавҳараш на хат ҳасту на хабар. Баъзе дустону наздикон мегуянд, ки шавҳараш дар он чо зани рус гирифтааст. Мафтуна кушиш мекунад, ки ба ин гуфтаҳо бовар накунад.

Мафтуна мехост чанд соле бошад шавҳарашро дар хонааш интизор шавад, аммо хушдоманаш уро бадном нишон дода, аз хонааш меронад ва ба набераҳояш мегуяд: «кай падаратон ояд, шумоёнро ҳатман ба хона боз меорад». У ҳамроҳи се фарзанд дар пайраҳаи зиндагй ҳайрону саргардон мондааст. Намедонад, ки ба кучо равад.

Ба худ мегуяд:

-Кй маро дилбардорй мекунад. Э кош, волидонам  дар қайди ҳаёт мебуданд. Ман ба кучо меравам, ба назди додарам? У маро чй хел қабул мекарда бошад? Эҳ зиндагй…

Мафтунаҳои зиёди дигар дар зиндагии мо кам нестанд. Занҳое, ки дар чорсуи ҳаёт ҳайрон мондаанд.

Муҳочирй яке аз сабабҳои хонавайронии оилаҳои миёнасол гардида бошад. Барои вайроншавии оилаҳои чавон чй сабаб мешуда бошад? Ба ин суол  мудири хонаи ақди никоҳи шаҳри Хучанд М. Тоҳирова чунин посух гуфт:

-Сараввал чавононро мо бояд ба зиндагй, ҳаёт омода созем, баъдан худи калонсолон низ асабаб мешаванд, онҳо бояд аз руи хоҳиши худ ҳамсари ҳаётй интихоб кунанд, то ин ки умрбод бо якдигар хушбахтона зиндагй кунанд.

Яке з роҳҳои пешгирй намудани хонавайроншавй ин имзо кардани аҳдномаи никоҳ мебошад. Аммо аксари вақт ин амал ичро намегардад. Баъди он ки, аз якдигар чудо мешаванд аз ҳама ҳуқуқҳои худ маҳрум мегарданд. -Ман ҳамчун мутахассиси ин соҳа хоҳиш мекардам, ки, — мегуяд хому Тоҳирова,- аҳдномаи ақди никоҳ қонунй гардад ва ичрои он аз тарафи навхонадорон ҳатмй шавад.

Зимнан хому Тоҳирова меафзояд:

-Шариати ислом мефармояд, ки ҳангоми никоҳ бастан маҳри зан, ки аз як хонаву саҳни ҳавлиаш иборат аст, аз чониби шавҳар қатъан риоя карда шавад. Агар ин гуна амалро ҳам аз чиҳати динй ва ҳам ҳуқуқй ичро намоянд як андоза оиларо пойдор нигоҳ медорад. Ҳар кас рузҳои бад ва некро аз сар мегузаронад, бинобарин хуб мешуд ғами фардоро имруз хурем.

Хонандаи азиз шумо новобаста аз зиндагй, ҳаргиз ба хатогй роҳ надиҳед, ҳамсару фарзанди худро дар чорсуи зиндагй нагузоред, зеро инсон дар ҳаёт дучори пастиву баландй, шириниву талхй мегардад. Мо боварй дорем, ки шумо бо ақлу заковати худ пастиро бо баландй ҳамвор карда шириниро бо талхй омехта, ҳаёти худро хуш мегузаронед.

Реклама

12.08.2009 - Posted by | Амният, Иқтисод, Сиёсат, Тоҷикистон

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: