ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

20 соли забон ва тачовузи забони забони миллй

Ҳар боре, ки бархе аз барномаҳои телевизион ва родиёро шунавем, беихтиёр ба хотир таъбири «Забони точикиро пос дорем…» меояд. То кадом андоза забони точикиро поку беолоиш нигоҳ медорем? Оё забони точикй забони форам, хушоҳанг, зебо, гуворо боқй мемонад? Дар ҳоле, ки имруз аксарияти мардум аз ВАО (манзур телевизиону родиё ва рузномаҳо) сухан меомузанд.

Новобаста аз фишори чандинкаратаи ачнабиён забони точикй завол наёфта, баръакс асолати таърихии хешро нигоҳ доштааст. Маҳз тавассути ҳамин забон халқи точик ҳастии хешро ҳифз намуд. Беҳуда забонро ҳастии миллат нагуфтаанд. Забон нишонаи вучуд доштани давлат мебошад. Бузургон дар васфи забон бисёр суханҳои боло гуфтаанд. Президенти кишвар низ чандин маротиба дар суханрониаш дар бораи гиромидоштй забони точикй ибрози ақида намудааст.

Нақши расонаҳои азбори омма дар тарғиби забони точикй хеле бузург аст, хусусан телевизион ва родиё. Аксарияти мардум ба тамошои телевизион ва шунидани родиё машғуланду аз онҳо сухан меомузанд. Агар пай бурда бошед, кудакони хурдсол нибати мураббй ё омузгор бештар аз телевизион ва родиё сухан омухта, тақлид мекунанд. Пас дар ин маврид ВАО (ба вижа родиёву телевизион)оина буданаш лозим аст, ки поку беолоиш ва муназзаҳ будани забони точикиро нишон дода тавонад.

Забони точикй дар баробари забонҳои дигар зеботарин, форамтарин ба ҳисоб меравад. Афсус, ки баъзе мучриёни барномаҳои родиё ва телевизиони мо наметавонанд зебоии забони мо ва форамии онро ифода намоянд.

Ин дафъа барномаи родиёи «Тироз+», «Шоми Суғд» мавриди таҳлил қарор хоҳад гирифт. Худо накунад, ки ҳамкасбони мо бори дуввум нишон гирифтани барномаҳои хешро тавассути ҳафтавори мо ихлол дар кори хеш ва ё қасосу ғараз унвону талаққй накунанд. Аз кулли ҳамкасбону ҳамқаламон пузиш мехоҳем, бо он ки сари ин кор, яъне таҳлили кучаке баҳри дафъи ғалатҳо ва қойидавайронкуниҳо паргори андеша меронем. Тавре даргузашта низ гуфтем, ҳадаф тозаву пок ва беолоиш нигаҳ доштани забони миллист. Ва умед дорем, ки мо ҳамдигарро бидуни ғараз татҳир мекунем, то ойинаи ростнамои чомеъа бошем. Инак:

Барномаи «Шоми Суғд», сана 4-август.

Соат 19:09 ровии барнома: «Сурудро истиқбол гирифтем», «Сурудро бо як чаҳон орзуҳо истиқболаш мегирем…» дар як лаҳзаи қироати смс шаш маротиба ибораи «истиқболаш мегирем»-ро такрор кард.

Дар Фарҳанги забони точикй калимаи «истиқбол» қабул кардан, пешвоз гирифтан омадааст. Аслан пешвоз дар гуйиши мардуми точик ба маънои нафареро пешвоз ва ё истиқбол гирифтан меояд. ҳарчанд дар классикони мо пешвози бахт, истиқболи гарми меҳр, истиқбол аз тасмими коре ва ғайра омадааст, аммо пешвоз ва ё истиқбол гирифтани суруд, он қадар ба зеҳн маънои томи интишор ва пахш гардидани сурудеро дар мавч инъикос намесозад. Бараъкс,  басо қабоҳатбор ва сангин ба гуш мерасад.  Зоҳиран ба назар мерасад, ки ровии барномаи «Шоми Суғд» ба ин калима одат кардаааст ва гуё худ ҳатто фарқ намекунад, ин қадар зиёд ин калимаро истифода мебарад. Шояд дар як ду бор истифода бурдани ин таъбир ҳусни суханро нашиканад, аммо батакрор гуфтани он бешак гуши шунавандагони барномаро мехарошад.

Барномаи номбурдаро то соати 22:00 гуш кардем, нотиқ 40 маротиба ибораи «истиқболаш мегирем»-ро ба забон овард. Хушбахтона бошад ё мутассифона дар нисфи барнома хоб ғалаба карду то охир онро шунида натавонистем. Агар идомаи барномаро то ба охир мешунидем, мумкин, ки шумораи боло меафзуд. Аммо…

Дар фарҳанги забони точикй ки муродифот хеле зиёданд, аммо бо шунидани ин барнома гумон мекунед, ки ғайр аз ин ибора дигар иборае дар фарҳанги забони точикй вучуд надорад.

Соат 19:40 «…..қабули донишчуён ба донишгоҳ…» Ачиб, чй хел довталабони хушбахт ҳоло ба донишгоҳ қабул нагардида, аллакай унвони донишчуиро гирифтаанд. Дарвоқеъ, эшон ҳануз довталабонанд, на донишчуй. Ин як андоза айби мучрии барнома нест. То чое маълум аст, ин ибораро дар телевизионҳои марказй низ батакрор мегуянд, ки шояд зеҳни  баранда ба он одат кардааст. Аммо муҳаррири барнома магар пеш аз пахши хабари барандаро таҳрир намекунад?  Ва ҳамасола ҳангоми қабули довталабон тавассути барномаҳои хабарй бештар ин ибораи ғалат бештар ба гуш мерасад.

Соат 19:48 «… Он суруде, ки дархост менамоед амалй мегардад…». Чй амалй мегардад? Амалй гаштан агар дар васфи орзу мебуд, чи қадар дилчаспу зебо мебаромад. Аммо ки суруд дар танҳой наметавонад амалй гардад. Ровй чй гуфта истодааст? Боз ҳамон муҳаррири барнома, чаро инони барандагонро намекашад? Гуши шунавандаро аз ҳарфҳои пучу подарҳаво пур кардан гуноҳи андак нест. Агар барандаи барнома ҳангоми баёни андешае ва пур кардани фазои холии барномааш ҳарфе барои гуфтан наёфт, чй магар ҳар калимоти ба даҳон рост омадаро гуфтан шояд? Андарин ҳол гуши бечораи шунаванаи родиё магар гунаҳкор аст?

Бо ин ҳама, идома медиҳем:

Соат 20:05 «…Яъне, ки чунин омадааст, яъне, ки умуман…». Гуйиши мубҳаму печ дар печ, бисёр калимаҳо такрор ба такрор аз чониби аксарияти ровиёни родиёи мазкур такрор карда мешавад. Аз ростй, андар ин чода метавон дар тарзи гуйиш барномаҳои фароғатии родиёи «Садои Душанбе», «Точикистон»-ро сутуд. Зеро эшон дар фазои холигии барномаашон ҳарафашон гум намешавад, мисли родиёҳои маҳаллй суханҳои пучу подарҳаворо камтар истифода мебаранд.

Дар мавриди калимаи «албатта» дар таҳлили пешин низ гуфта гузашта будем, аммо боз ҳамон такрорҳои пайиҳами бемаврид.

Сана 5-август, соат 19:10

«…албатта ин суруд садо медиҳад, албатта…». Дар як чумла 2 ё 3 маротиба такрор намудани калимаи «албатта».

Суханшиносон дар мавриди тозагии забон ва беғалат истифода намудани калимаҳо фикру ақидаашонро баён кардаанд, аммо имруз боз ҳамон ғалатҳоро такрор ба такрор мешунавему мехонем. Агар чунин ҳолат давом кардан гирад забон ва беолоишии он аз байн рафтанаш мумкин аст.

Боз ровй мегуяд:

«Ҳамрози мо бошед истиқбол бигиред ин таронаро бо орзуву ниятҳои нек, ҳамрози мо бошед… Истиқбол бигиред, суруд аз Мансур садо медиҳад…пеш аз ҳама, ҳамааш дар пеш».

Гуянда чй гуфтан мехоҳад? Маълум аст, ки боз фазои холиро бо ҳарфҳои пучу ҳавой пур кардааст. Дигар ҳеч чиз.

Сана 6- август. соат 21:35

«…Ҳамаш дар пеш, ҳамаш дар пеш ва гумон дорам  як шоир мегуяд…..

…Умуман меҳру вафогиро дур насозед, ҳар лаҳза меҳру муҳаббат умуман бо якдигар бо орзуву бо ниятҳо бо ёру рафиқ бо пайвандон ёру дустон умр ба сар баред, умуман бо авлоду ачдод…»

Боз «ҳамааш дар пеш». Чумлаҳои по дар ҳаво дар он на хабар, на мубтадо буданаш маълум аст. Магар инро шоир гуфтааст? Агар шоире гуфтааст, пас ку номи он  шоири гумном?  Ҳарчанд ин ҳарфи обшустаро ҳатто чаллашоиру нимчашоире намегуяд. Бад аст, вақте ҳарфи ҳавоии худамонро аз номи шоире ё нафари дигаре мегуем.

Боз мешунавем:

«…тақдим месозем баъд аз дақиқаҳои наздику сонияҳо, ҳамрози мо бошед… Суруд писанди шумо мешавад соатҳову сонияҳое, ки истиқбол мегиред…»

Соат 22:13 …Гумон дорам ҳамаи шумо бо мо ҳастед ва истиқбол мегиред, истиқбол мегиред сурудҳое, ки писанди шумо аст… смс-и навбати омадааст ба унвони барномаи мо бо орзуҳову ниятҳои нек…»

Мутассифона ва боз сад афсус! Муҳарири барнома ба кучо менигарад? Агар саҳвем аз ровй рафт, магар муҳарирру дастандаркорони дигар баҳри дафъи ғалатҳо ва иштибоҳҳои санъати сухан байни худ муҳокима намекунанд? Ба назар мерасад, ки аз муҳокима ҳеч буйе ба истишмом намерасад.

Соат 21:17 «Дар ҳақиқат бахши тичоратии рекламаро истиқбол бигирифтед»

Соат 22:45 «Барномаро истиқбол мегирем»

Шояд аз саросемагй ё пахши мустақим будани барнома нотиқ чунин сухан мегуяд. Аммо бояд донист, ки ба қабул шудани Қонуни забон 20 соли пурра шуд. Шарм агар тули 20 сол (соли андак не) мо ҳануз ба ин поя ҳарф гуем. Ба ҳар ҳол ин навиштаҳои мо қатрае аз дарё буд.

Манзур аз овардани гуфтори ровиён паст задани барномаи родиё нест. Тавре ишора рафт, танҳо мехоҳем, ки суханронии ровиён зебову беғалат бошад.

Реклама

12.08.2009 - Posted by | Тоҷикистон, Фарҳанг

1 комментарий »

  1. dust e hamqom! ba dorud!
    cheshm e chap yek qaside ye ja’rist — boghz e man mesl e zakhm e to kar’ist
    be ruzam o montazer e gozar o nazaret!

    комментарий от reza vahhab | 19.08.2009


Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: