ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

«Обро мо гузаронидем, вазифадорон буриданд»

Парвинахони ФАХРИДДИН

Аз тарафи Президенти Точикистон соли 2005-2015 даҳсолаи «Об манбаи ҳаёт» эълон шуд. Ин маънои онро дорад, ки Точикистон ҳамчун як кишвари серобтарин метавонад ва ҳадди аққал кушиш мекунад, як вачаб мазореаш хушкидаву беоб намонад. Аммо дар микраноҳияи 31-ум хонаи 28 «а», ки қаблан чандин бех дарахтони сояафкан шинонида буданд, инак аз беобй 2 сол инчониб хушк ва нобуд шуда истодаанд. Шаке нест, ки минбад низ чунин «счетчик»-шинонй авч гирад, ягон вачаби кучаҳои шаҳр аз серобй маҳрум монда, сурати биёбонеро ба худ мегирад.
Пас аз ба истифода додани «Маркази хизматрасонй» воқеъ дар микраноҳияи 31-ум хонаи 28 «а», коргарони «Хазинаи ёрй ба кудакони маъюб ва ятим» бо қувваю маблағҳои худ дар атрофи роҳрав ниҳолҳо шинонида, барои бо об таъмин кардани он аз қубури заводи «Пепси» бо қубурҳои пластмасй об оварданд. Ҳол он ки ин заминҳои ба муассисаи «Зеленстрой» таалуқ доранд. Аммо корхонаи воҳиди давлатии «Хучандобуканал» омада, ин қубурро бурида рафтанд ва гуфтанд, ки ба он ҳисобкунак шинонидан зарур — мегуяд Саидчон Бобоев сарвари хазинаи мазкур.
Зимини суҳбат аён гардид, ки кормандони Хазина ба хотири ободонй ин заминҳои бедолу дарахтро бо меҳнати худ, аз ҳисоби худ ободу сабз карда будаанд. Ба суоли он ки чаро масъулин ин гуна амалро раво диданд, Саидчон Бобоев бар он назар аст, ки:
-Ин заминҳои идораи «Зеленстрой» аст. Пас чаро обченкунакро мо шинонем?

Ба лунчи чумакҳо ҳисобкунак, ба лунчи инсоф чй?
Пас бармеояд, ки мочарои оби ин минтақа аз пушти ҳисобкунаки обист. Мавсуф иддао дорад, ки ҳисобкунакро масъулини «Хучандобуканал» ва ё «Зеленстрой» бояд ба зимма гиранд. Аммо тавре зоҳиран ҳам маълум аст, аз замоне, ки қубурҳоро буридааанд, хеле вақт сипарй шудаасту ҳануз ҳисобкунаки обиро насб накардаанд. Ин аст, ки дарахтону мазореъ ба хушк шудану зард шудан оғоз гардидаанд.
Аз руйи гуфтаи коршиносон Точикистоне, ки даъвои 60 фисад дорои хазинаи обиро мекунад, чаро ба раъияташ обро мефурушад? Ба ин суол масъулини «Хучандобуканал» ва масъулини шаҳрдорй боре дар нишасти матбуотй гуфта буданд, ки гуё харочоти техникиро бо ин маблағ бояд пардохт кунанд. Суоле ба миён меуфтад, ки дар Туркманистон маводи сухти газ комилан ройгон аст. Ҳарчанд, ки нархи газ аз об ба маротиб боло шудааст. Магар эшон харочоти техникй надоранд? Мешудааст-ку он чй неъмати худодои як кишвар аст, ба халқаш ройгон бидиҳад.
Бо ин гуфта мо хоҳони он нестем, ки обро комилан ройгон бидиҳанд. Аммо ба лунчи чумакҳои хона насб кардани ҳисобкунаки чинисохт маънии онро дорад, ки пул дорй, об дорй, пул надорй чор тарафат қибла.
Агар ба лунчи чумакҳои оби сари роҳу дарахтон ҳисобкунак насб кунем, маблағи он аз кучо бояд пардохт шавад? Магар ин боз маънии он нест, ки бо ин амал бигзор хиёбонҳои канораи шаҳр комилан зарду хазон шаванд?
Инак, ба гуфти кормандони хазина бо «туфайли» муносибати барқасдонаи корхонаи «Хучандобуканал» ва идораи «Зеленстрой» дарахтон хушк шуданд. Баъид нест, ки дар фасли зимистон одамони назди ин хона онҳоро барои ҳезум бурида раванд. Дар ҳақиқат дар назди ин бино гузарем, дили одам ба дарахтони хушкида месузад. Оё як дарахтро калон кардан осон аст?

«Тирози чаҳон» гуфт, аммо чора ку?
Раиси «Хазинаи ёрй ба кудакони маъюб ва ятим» Саидчон Бобоев бар он назар аст, ки эшон гуё ин масъаларо боре дар рузномаи «Тирози чаҳон» бардоштаанд. Аммо ҳануз самарае ё посухи масъулине нест.
— Пас аз чоп шудани мавод дар рузномаи «Тирози чаҳон», обро мегузаронем, гуфта ваъда доданд, аммо зиёда аз ду моҳ гузашт, лекин аз тарафи « Хучандобуканал» ва Комбинати ободоникунии (Зеленстрой)- и шаҳри Хучанд ягон чораи амалй дида нашуд.
Метавон бо осонй мушоҳида кард, ки дар назди бинои «Хазинаи ёрй ба кудакони маъюб» чораҳо андешида нашудааст ва имруз боқимонда дарахтон дар арафаи нобудшавй қарор доранд.
Саидчон Бобоев зимни суҳбат бо эҳсосот мегуяд, ки:
-Мутахассисони Комбинати ободкуни (Зеленстрой) гуфтанд ин ҳар ҳафта бо мошинаи обкашон об медиҳанд. Онҳо оё шарм намедоранд, ки гапи дуруғ мегуянд? Бо чашми кас хокро мепушанд, агар бечора дарахтон забон медоштанд, ба забони ҳол мегуфтанд ва маломат мекарданд.
Марде, ки симояш посбони Хазинаи мазкур буд, ин нуктаро тасдиқ мекунад.
-Ҳама ин чо будагон гувоҳй медиҳанд, ки солу моҳҳо дарахтон обро надидаанд ва 50 фисади дарахтон аз беобй хушк шудаанд. Кунун боқимонда дарахтҳо хушк шуда истодааст. Кадом мошинаи обкашон? Мо ин солу моҳҳо ин хел мошинро дар назди маҳаллаи 31-ум надидаем.

Раиси Хучандшаҳр ба ин масъала нуқтаи таммат мегузорад
Аз руйи гуфтаи С.Бобоев бармеояд, ки баъди дарчи мақола эшон ба мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хучанд, шахсан ба шаҳрдор Содиқчон Мирхолиқов мурочиат кардаанд.
-Пас аз ду ҳафтаи чоп шудани мавод ягон хел ҳаракат аз тарафи «Хучандобуканал» ва «Зеленстрой» нашуд, — мегуяд С.Бобоев, — ман ба раиси шаҳри Хучанд С.Мирхолиқов мурочиат намудам. Раис маро ба хушй пазируфтанд ва ваъда доданд, ки рузҳои наздик ин масъала ҳалли худро хоҳад ёфт.
Аммо тавре С.Бобоев мегуяд, то ба ҳануз «на об ҳасту на ҳайдар».
-Ман обро ба хонаи худам нагузаронидаам ва гузарониданй ҳам нестам, — раиси Хазина мегуяд, — барои ободони гирду атрофи роҳрав, ки чои чамъиятй мебошаду пиронсолону кудакон дар таги дарахти соя омада даму истироҳат мегиранд. Шояд пагоҳ низ ба ҳаво ҳам пул диҳем? Агар рафтору муносибат ҳамин аст, пас аз 2-3 сол ҳама чойҳо бо хушкиву чулу биёбон табдил хоҳад шуд.
Кулли кормандони Хазина мегуянд, ки об барои хонаи эшон не, барои ободонии роҳрав зарур ки чои чамъиятй мебошад, зарур аст.

Аз идора:
Ҳайъати эчодии «ЧР» бо дарчи ин матлаб бо тамоми масъулият иброз медорад, ки ин мақола бидуни овардани фикри чониби дигар руйи кор омадааст. Аз ин ру, бо арчгузорй ба Фармони Президенти кишвар таҳти №622 аз 7 феврали соли 2009, ки посухи масъулини давлатй вочиб аст, аз шаҳрдорй, кормандони «Хучандобуканал» ва дигар масъулину соҳибмансабон хоҳиш дорем, ки посухи расмии хешро ба идораи ҳафтанома ирсол доранд.

Реклама

02.09.2009 - Posted by | Иқтисод, Сиёсат, Тоҷикистон, Фарҳанг

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: