ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Ашки Сирдарё дар фироқи моҳиҳои гумшуда

Набиюллоҳи Суннатй
Хучанд зеботарин, аммо серпашшатарин шаҳри чахон

Аз болои купрук ба Сирдарё назар мекунаму пайхас мекунам, ки Сирдарё оҳиста гиря мекунад, ашк мерезад. Охир сирдарё сир дорад –ку. Дар фироқи моҳиҳо-фарзандони гумшудааш мегиряд. Аз дарё на буйи софу зулолй, балки буйи бади серун меояд. Дар ду тараф сайёдон-моҳигирон дар як даст шасту дар дасти дигар шишаи пиво. Вақте шишаи пиво холй шуд, даруни дарё ҳаво медиҳанд. Аз дарё буйи ғализи ахлоту палидй меояд. Ман ашки дарёро эҳсос мекунам.

Сирдарё, ки дар шимоли Точикистон воқеъ аст, яке аз калонтарин ва пуробтарин дарёҳои Осиёи Миёна аст. Ин дарё аз қатрокуҳи Тяншан ба Точикистон чорй шуда, марзи Конибодом, шаҳри Хучанд, навоҳии Спитамену Чаббор Расулов ва дигар манотиқи фарорудиро шодоб мегардонад. Тибқи суҳбати пирони рузгордида 50 сол қабл оби дарё башиддат бисёртар буду ҳамзамон сарду ширин буд.
Бобои Миразим Холиқови 76-сола, сокини шаҳри Хучанд нақл мекунад, ки давраи чавониҳои у Сирдарё пуроб буду моҳиҳои зиёд дошт. Аммо у имруз таассуф мехурад, ки моҳигирон зиёд шудаанду моҳиҳо кам.
Сабаби нобудшавии моҳиро аксаритя дар вайрон шудани таркиби об медонанд. Тавре профессор, доктори илмҳои чуғрофй, муаллифи зиёда аз 15 номгуйи китобҳои илмии иқлимшиносиву чуғрофй ва нигорандаи зиёда аз 3000 мақолаҳои илмй Саттор Худойбердиев мегуяд, ба даруни Сирдарё тамоми қубурҳои калони канализатсионй рехта мешаванд, ки адади ин гуна қубурҳо то 100 адад мерасидааст.
-Маҳз ҳамин канализатсияҳои шаҳр ва якчанд корхонаҳои саноатй боис шудаанд, ки имруз зиёда аз 65 намуд моҳиҳои ин дарё комилан несту нобуд шудаанд,-мегуяд профессор Саттор Худойбердиев. –Ин аст, ки ин гуна моҳиҳо дар дигар баҳру дарёҳои дунё вучуд надоранд. Ҳар як моҳй хоси баҳр ё дарёи арзи вучуд кардааш ҳаст. Агар аз дарё ё баҳре ягон намуди моҳие нест шавад, пас ба таҳқиқ дар дигар чой ҳам комилан нест мешавад, таъкид медорад профессор.
Аз руйи гуфтаи профессор ва чанд тан пирони рузгордида қаблан оби Сирдарё бидуни он ки такшину филтр карда шавад, қобили истифода ва нушидан буд. Ҳамзамон об хеле сарду чонбахш будааст. Аммо кунун об гарм асту ифлос ва онро дар обанборҳо такшин, филтр ва хлор мекунанд. Баъдан тавассути қубурҳо ба хонаҳои баландошёна шаҳр мефиристанд. Бо вучуди ин об маззае надораду ҳануз мардум аз таъми нохуши он шикоят доранд.
Баъди ин андешаҳо се соат вақти худро масрафи назорату мушоҳидаи Сирдарё кардам. Гиряи кас меояд. Ду тарафи дарё ахлоттудаву партовҳо, сагу гурбаҳои мурда, соҳилҳои дарё чарогоҳи гову гусфандон аст. Ду тарафи дарё пур аз ресторонҳову чойхонаҳост, ки эшон низ партови худро беибо ба дарё фуру мепошанд.
Хучанд шояд дар чаҳон аз ҳама шаҳри зебо ва аз ҳама шаҳри серпашшатарин бошад. Ин нуктаро профессор Худойбердиев низ чонибдорй мекунад. Сабаби серпашшагии Хучандшаҳрро у аз буйи баду ифлосии об, гарм будани ҳарорати он ва ахлоттудаҳои атрофи Сирдарё медонад.
-Пашшаҳо аслан чои ифлосро дуст медоранд. Хосатан обҳои ғализ маконҳои аслии зиёдшавии пашшаҳост, -мегуяд зимнан профессор Худойбердиев.
Поёноби Сирдарё кишвари Узбакистон аст. Об то расидан ба марзи Узбакистон аз ин ҳам ифлостару бадтар мешавад. Шаке нест, ки бо Сирдарё дар Узбакистон низ айнан мисли мо муносибат хоҳанд кард, ки ифлосии об боз садчанди дигар мешавад. Аз Узбакистон мегузарад, ба кишварҳои дигар мерезад. То рафт оби дарё ҳам рангу ҳам мазаашро аз даст медиҳад ва аз ифлосй аз пештар бештар мегардад. Ахиран ба баҳр чорй мешавад, ки ин об не, балки заҳри қаттоли таппа тайёр аст. Оби заҳролуду марговар боиси талаф ёфтану несту нобуд шудани боз ҳазорҳо намуди чонварҳои дигари баҳрй ва растаниҳои зерибаҳрй мешавад.
Табиат чузъи мост ва мо узви чудонопазири табиатем. То рафт ҳайвонҳои табиат аз ифлосии инсоният ба коми нестй мераванд. Тардиду баҳсе нест, ки агар муносибати мо бо табиат ва об, ки манбаъи ҳаёт чунин аст, ояндагони мо ба фикрам баъди сари мо баъди садсолаҳо танҳо як-ду намуди ҳайвонҳои хокиву як-ду намуд моҳиву як-ду намуди дигар парандаҳоро мебинанду бас. Дигар намуди ҳайвонҳоро танҳо аз Китоби сурх хоҳанд дид.
Зеро мо имруз инсоф надорем. Тараҳҳуме ба табиат намекунем.

Реклама

02.09.2009 - Posted by | Амният, Сиёсат, Тоҷикистон, Фарҳанг

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: