ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Девонаҳо озодй мехоҳанд

Шаҳлои Начмиддин, Душанбе, барои «Чароғи рузгор»

Имрўз дар чойҳои чамъиятй нафаронеро дучор шудан мумкин аст, ки рўҳан беморанду зиндагии солимро дарк карда наметавонанд.
Аз кор ба хона бармегаштам. Дар микроафтобус чавони либосҳояш даридаву пойҳояш луч менишаст. Ў баланд-баланд суруд мехонду ба ҳамроҳаш зани кўдаки ширхора доштагй нигариста гапҳои беъманй мегуфт.
Атрофиён хостанд уро мачбурй аз микроафтобус фароранд. Вай якбора аз дастони модар тифлро чанг зада гирифта гурехтанй шуд. Бо зурй аз дасташ тифлро мусофирон гирифтанду аз дар берунаш карданд. Модар аз тарсу ҳарос мегиристу ҳеч ба худ омада наметавонист.
Ин воқеаи мудҳиш то имрўз аз пеши назарам дурр намешавад. Дар ҳақиқат, имрўз дар кўчаву хиёбонҳои пойтахт нафарони аз ақл бегонаву рўҳан беморро зуд-зуд вохурдан мумкин аст. Ҳатто боз бемороне ҳастанд, ки ақли солим надоранду барои атрофиёну кўдакон хатарнок мебошанд. Бахусус кўдакону наврасонро мебояд аз чунин носолимақлон дурр нигаҳ дошт. Баъзан одамони солимақл ҳам чиноятҳое содир менамоянд, ки ба ақли инсон рост намеояд. Пас вой бар ҳоли нафарони бемору камақл.
Мутаасифона, баъзеҳо чунин нафарони беморро мавриди масхараву истеҳзо қарор медиҳанд, ки аз руйи ақлу фаросат, маданияту одамгарй ва мусулмонй нест.
Масалан, рузи чашнгирии Ваҳдати миллй дар боғи марказии шаҳр шоҳиди манзараи ғамангезе гардидам, ки ҳатто ба тасвир оварданаш дили касро ба ларза меорад.
Се-чор нафар чавонписарони 17-19 сола духтараки аз ақл бегонагаштаро гирд карда пул медоданд. Ва хоҳиш менамуданд, ки бешармона ҳаракатҳои ночо карда бирақсад. Он лахза дигар одамон низ ба тамошои онҳо ҳамроҳ шуда ба рақси духтараки бемори ноқисулақл бо завқ нигох мекарданд.
Худоё, ин чй шармандагист. Мардуми солимфикр ба як бандаи модарзоди бо нусқ тавлилёфта менигаристанду ҳатто касе эҳсос намекард, ки ў ҳам фарзанди инсон аст. Уро сарнавишт чунин ноқисулақл офаридааст. Охир ў ҳайвоне нест, ки тамошояш карда аз ҳаракатҳояш завқ баранд. Миқдори беморони аз ақл бегона баъди 20 сол дар миқёси чаҳон ду маротиба меафзояд.
Хуллас, сари ин масъала бояд чора биандешид. Зеро дар кўчаву бозорҳо , хиёбонҳо оворагардони хурдакак, бомжҳои дипломдор , наврасони душвортарбия рўз ба рўз зиёд гардида олами чиноиро боз ҳам бештар «ғанй» мегардонанд.

Реклама

02.09.2009 - Posted by | Тоҷикистон, Фарҳанг

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: