ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Исфарамарз нотинч аст! Чоркуҳ куҳ надорад!

Набиюллоҳи Суннатй, баргирифта аз «Фараж»
«Где кончается асфальт, там и начинается Таджикистан»
Қиссаи «қирғизга салом бердим…»
Ба таваччуҳи Мачлиси намояндагони Мачлиси Миллии Мачлиси олии Чумҳурии Точикистон.
Ба назар чунин мерасад, ки ҳукумати Точикистону Қирғизистон гуиё мушкилоти манотиқи наздисарҳадии табааи хештанро нодида мегиранд. Инро метавон дар мисоли сарҳади Исфараи Точикистон ва Ботканди Қирғизистон мушоҳида кард, ки шуруъ аз соли 1989 то ин чониб баҳси обу замин ва куҳ идома дорад. Рушан аст, ки масъалаи манотиқи баҳсй бидуни сари як мизи музокирот нишастани сарони ду кишвар бо занозаниву муноқиша ва каландчанги мардуми оддии ҳамсоясарҳадҳо ҳалли худро намеёбад. Бар замми ин вакили мардумй дар порлумони кишвар аз ҳавзаи Исфарамарз муҳтарам Муҳаммадшариф Исломаддинов, ки дар арафаи интихобот тамоми маҳаллоти Исфараро охурча карда буданд, пас аз ба даст овардани раъйи мардум, «сарату равғанат»-гуён як бор ҳам омада аз ҳоли мардум напурсидаанд. ҳатто дар ду зимистони ахир, ки мушкилбортарин бебарқй буд, боре ҳам нашуда, ки вакили муҳтарам аз ҳоли интихобкунандагони хеш хабар гирифта бошанд. Болои сухта намакоб, дар барномаи пешазинтихоботии вакили муҳтарам Исломаддинов айнан ҳалли масъалаи марзҳои баҳсии Исафра-Ботканд буд ва дар арафаи интихобот вагон-вагон ваъда шуда буд, ки ба ҳалли ин қазияҳо дар сатҳҳои болои ҳукумат масъалагузорй менамоянд. Аммо…
Аслан, ки пиромуни ин мочарои дилбазани 20 сола чизе наменавиштам. Аммо ҳафтае пеш дар марзи Чоркуҳи Точикистону Ботканди Қирғизистон шоҳиди гуфтае шудам, ки аламам афзуд. Ошкоро чониби ҳамсоякишвар ба руям бо ҳачв гуфтанд, ки «Где кончается асфальт, там и начинается Таджикистан». «Дустон»-и қирғиз хеле хандиданд. Аввал аламам кард, баъдан ба қавле гиребони худро буйидам, ки эшон рост мегуянд. Тасмим гирифтам чизе менависам.
Аз мост, ки бар мост
Дуввумин деҳаи калонтарини кишвар-Чоркуҳ дорои дастикам 35 ҳазор аҳолист ва дар шафати қаторкуҳи Туркистон қарор дорад. Баҳси замину об ва марзи куҳ умуман дар ин мавзеъ муайян нест. Зеро на қирғизҳо метавонанд дар ин нуқта даъвои соҳибмарзиро кунанд, ва на точикон. Аммо вақтҳои ахир, чунин шуда, ки қирғизҳои замоне кучманчй куҳу замин ва оби Точикистонро аз они худ кардаанд.
Раиси хочагии деҳқонй Неъматбой Олимов бар он назар аст, ки ин марзу бум аслан аз они точикон буд ва имруз аз «лутфу меҳрубонй»-и гузаштагонамон безамину беобу куҳ мондаем.
-Замоне ин сарзаминро гузаштагони мо ба чупонҳои муздури худ, ки қирғизҳои кучманчй буданд, дар ивази қолину гусфанд бахшида буданд. Ва он маънои онро надошт, ки ин сарзамин ба эшон билкулл гузашта бошад. Ҳамин гуна шартнома низ вучуд дошт, ки истифодаи ин куҳу марз то соли 2001 будааст. Аммо аз шартнома 8 соли расо гузашту чониби Точикистон ба лаб муҳри хамушй аст. Табиист, ки чониби Қирғизистон низ дар ин бора умуман ҳарфе задан намехоҳад. Ва аммо алорағми сиёсати сулҳпешаи мо, ки ҳамсояозорй нест, ниҳодҳои қудратии Қирғизистон аз ин лаҳза истифода бурда, дар ҳар чанд моҳ як ду бор ба сари мардуми точик, ба вижа кишоварзони сарзамини мо бо истифода аз тиру туфанг намегузоранд, ки кишоварзон ба заминҳояшон об монанд.
Метавон гуфт, ки онҳо дар паҳнои Исфарамарз обро соҳибй кардан мехоҳанд. Аз мачмаъаи лоиҳае, ки СММ дастгирй намудааст ва дар минтақаи Хочаи Аълои деҳаи Чоркуҳ сари обро дарвозабандй карда истодаанд, табаъаи Чоркуҳ ва макони зисти фарорудиро нигарон кардааст. Зеро, баъди анчомёбии ин мачмаъи обтақсимкунй на чониби Точикистон, балки қирғизҳо дар сари тақсими оби Точикистон баргузида мешаванд, ки ояндаи хеле ҳассосу буйи муноқишаи ду миллати ҳамчаворро ба дунбол хоҳад дошт.
-Бар замми баҳси об, ки солҳост роҳи ҳалли худро наёфтааст, масъалаи норушан будани сарҳад дар минтақаи Ботканд ва паҳнои Исфара ба ташвиш овардааст,-мегуяд зимни суҳбат Валичон Назиров раиси хочагии деҳқонии «Ворух»-и чамоати Ворухи ноҳияи Исфара.
Валичон Назиров мегуяд:
— Минтақаи «Бедак»-и Ворух, ки қаблан тули асрҳо замини меросй ва ниёгонии точикон буд, имруз худсариҳои ниҳоди ҳарбиву сарҳадии Қирғизистон намегузоранд, ки мо дар ин замин бемалол кишту обёрй намоем. Ҳарбиёни чониби Қирғизистон бо таҳдиди силоҳ кишоварзони моро намегузоранд, ки дар мавсими кишт ба корҳои деҳқонии худ пардозанд.
Аслан аз руйи харитабандй минтақаи Бедаки Ворух ва нуқтаи «Чуйи Назир»-и Чоркуҳ аз они Точикистон аст. Пас чаро ниҳодҳои сарҳадй ва ҳукумати Точикистон аз ҳарими марзҳои худ дифоъ намекунанд? Чаро имруз дар ҳоли буҳрон, ки мардум дар таҳлукаи пайдои тиккаи нон ҳастанд, чониби Точикистон ба мардуми мушкилпечидаи Исфарамарз аз паси панча менигарад?
— Моро ба заминҳое, ки бо дастони худамон сабзу хуррам кардаем, имруз мақомоти сарҳадии Қирғизистон умуман намегузорад, ки кишту кор кунем,-мегуяд Неъматбой Олимов раиси КИХД «Чоркуҳ»-и деҳаи Чоркуҳ.-Вақте, ки мочаро ба дарачаи олй расид, тамоми ниҳодҳои ҳарбии Қирғизистон омад, аммо аз чониби Точикистон дараке набуд. Ман намегуям ва намехоҳам, ки ҳамсоякишвар точику қирғиз гиребони ҳамдигар бигиранд. Аз руйи инсоф бояд ки дастандаркорони Точикистон меомаданд, сари музокира менишастанд. Аммо наомаданд.
Исфара нотинч аст, боз нотинчтар мешавад?
Аз руйи гуфтаи шоҳидони ҳол бармеояд, ки санаи 13 марти соли чорй ҳангоми равон кардани оби дарё ба заминҳои ташналаби Чоркуҳ сарҳадбонони қирғиз бо истифодаи силоҳ таҳдид кардаанд, ки точикон аз ин нуқта бояд дур шаванд. (ин гуна ҳодиса ҳар моҳ ду се борй сурат мегирад) Ин ҳадсро низ раиси хочагй Неъматбой Олимов тасдиқ мекунад, ки дар муқобили силоҳбадастони Қирғизистон деҳқонон ноилоч мондаанд ва лочарам аз он нуқта берун шудаанд.
Санаи 29 апрели соли гузашта, ки намояндаи чониби Қирғизистон дар мавзеъи Сиёҳкуҳи деҳаи Чоркуҳ бо намояндаи Точикистон бо иштироки шаҳрдорхонум Муҳиба Ёқубова баргузор шуда буд, ин масъала гуиё як навъ ҳалли худро ёфт. Аммо тавре маълум шуд, боз мисли ҳамойишҳои пешин беҳосил.
Аз болотари деҳаи Чоркуҳ канали калони «Дустй» мегузарад, ки авохири солҳои 50-уми асри гузашта чумҳурии Қирғизистон бо ичозати Точикистон ин каналро кофта буд. Дар сохтмони ин канал саҳми Исфарамарзиён низ кам нест, ки вилояти Ботканди Қирғизистон аз он шодоб мегардад. Дар шартномаи ҳамон вақта ишора шуда буд, ки аз ин канал на фақат қирғизҳо, балки точикон бидуни мамониат истифода хоҳанд бурд.
Муаррих Абдуманнон Рауфов бар он назар аст, дар паҳнои Исфарамарзу ноҳияи Конибодом ҳудуди 70 ҳазор ҳектор ба чониби Қирғизистон гуаштааст.
— Дар харитаҳои солҳои 1925, ки дар архив мавчуд аст, ин қаторкуҳе ки мебинед (у қаторокуҳи қисми чанубии Чоркуҳро ишораи ангушт мекунад) ҳамчун марзи Точикистон ишора шудааст. Имруз дастикам 70 ҳазор га заминҳои мо ба чониби Қирғизистон гузаштааст.
-Об аз они мост ва чаро мо ҳаққу ҳуқуқ надорем, ки аз оби худамон истифода барем?-суолгуна посух медиҳад раиси хочагии «Чоркуҳ» Неъматбой Олимов.
-Дар ҳоле, ки моро намегузоранд, ки дар заминҳои худамон киштукор кунем, эшон ба ин заминҳо омада, дарахтшинонй мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки эшон бидуни ризоияти Точикистон мехоҳанд марзи худро муайян кунанд.
Бар замми ин дар болотари деҳаи Чоркуҳ дар шафати канали калони «Дустй» шоҳроҳи байналмиллалии қирғизҳо бо ичозаи Точикистон ба қариби ба истифода дода шуд, ки гуё баъди ин хатти марзи Қирғизистон бошад. Ҳарбиёни чониби Қирғизистон худсарона омада сокинони деҳаи чоркуҳро бо истифода аз силоҳу аслиҳаи ҳарбй метарсонанд ва намегузоранд, ки точикон қадами худро монанд. Аслан ин роҳ ва болотар аз он то ба доманаи куҳ аз они Точикистон аст,-мегуяд яке аз сокинони деҳа, ки худро Шавқат муаррифй кард.
Ин аст, ки дар болои Сиёҳкуҳи Чоркуҳ ва Бедаки Ворух марзбонони қирғиз ҳамеша дар каминанд. Вақто як точик мегузарад, ҳатман уро ба мучозот мекашанд. Борҳо рамаву бачаҳо ва такя баъзе қавлҳо ҳатто кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ШКД-2 шаҳри Исфараро низ соли гузашта ба гаравгон гирифта будаанд.
Об аз кучо меояд?
Суоле ба миён меуфтад, ки оби дарёи шухоби Исфара аз кучо меояд ва соҳиби аслии он кист? Ҳатто харитаи оддии чуғрофй низ ба хонандаи клосси як метавонад нишон бидаҳад, ки саргаҳи оби ин дарё аз пиряхҳои куҳи Зарафшон маншаъ мегирад. Пас он чорй шуда, аз қабати куҳҳо ба деҳаи Ворух ва баъдан ба Чоркуҳ ва нуқтаҳои фарорудиро бо оби нушокй ва объёрии заминҳо таъмин месозад. Пас метавон хулоса кард, ки ин об бидуни баҳс аз они Точикистон аст. Ҳол он ки болотар аз деҳкадаи Хочаи Аълои чамоати Чоркуҳ тавре дар қисмати аввали гуфтор овардем, обтақсимкунии нави азиме қомат барафрохта истодааст, ки соҳибаш чониби Қирғизистон аст. Пас чаро дар ин бобат чониби Точикистон муҳри сукут ба лаб мезанад. Об аз мосту соҳибаш киёнанд. Ин қадар дар тули таърих лутфу меҳрубониҳо кардем, маҳз ҳамин сукуту меҳрубонии мост, ҳатто оби худамонро бемалол нушида наметавонем,-бо исрор мегуяд Валичон Назиров раиси хочагии деҳқонии «Ворух»-и деҳаи Ворух.
Дар ин нуқтаи обтақсимкунй қирғизҳои аксарияти обро ба канали «Дустй» мебанданд ва он қариб, ки қатрае насиби точикон намегардад. Заминҳои ташналаби доманакуҳи Туркистон, ки мутааллиқ ба Чоркуҳ ҳаст, манзараи раҳмоваре дорад. Чаро вазорати мелиоратсия ва захираҳои обии Точикистон ба ин манзара аз пушти панчара менигарад? То ба кай мардуми точик аз оби меросии худ бебаҳра мемонад?
Қатори Чоркуҳу Ворух аз они кист ё 32 780 ҳектор замини Исфара кучо шуд?
Муаррих Абдуманнон Раупов мегуяд:
Дар вақти салтанатронии Шуравй, ки ҳама чиз «бародарона» буд. Аз ҳама иштибоҳи чиддй ҳам он вақт сурат гирифта буд, ки умед дорем, ҳукумати Точикистон дар ҳалли он нақши муҳим хоҳад бозид. Тавре аз харитаи соли 1926 созмон дода шуда бармеояд, тасдиқкунандаи он аст, ки ин қаторкуҳ ба точикон тааллуқ дорад. Соли 1956 бошад дар асоси як муоҳада ин қаторкуҳ ба истифодаи муваққатй, ки баъзеҳо онро ба соли 2001 мегуянд, ба чониби Қирғизистон дода шудааст. Дар асоси он хатогиҳо имруз чамъулчамъ 32 780 ҳектор замини Исфарамарз ба Қирғизистон беасос гузаштааст. Ба дунболаи он иштибоҳ имруз қазияи об низ норушан аст, ки ҳалли фавриро дар сатҳи ҳукумати ду кишвар тақозо мекунад.
Стой, буду стрелять!!!
-Агар намоз фарз ва як рукни муҳими мусалмонист, талош барои сарзамини ачдодй ҳам фарз аст, вагарна насли ояндаи мо гиребони арвоҳи моро хоҳад гирифт ва моро ҳеч гоҳ нахоҳад бахшид, — зимни суҳбат иброз медорад Неъматбой Олимов.
-Аз ин ру мо чаҳду талош дорем, то ҳукумати Точикистон ба хулосаи амиқ ояд, — иловатан мегуяд Валичон Назиров. Аз замини худамон мондем, аз куҳи бобоиамон низ, ақалл оби худамонро бемалол нушем,-бо умед иброз медорад мавсуф.
Бар замми ин роҳсозони чиной, ки аз чониби Қирғизистон фармоиши сохтани роҳро гирифтаанд, дар доманаи куҳ заводи асфалтбарорй созмон додаанд, ки корро як андоза чигилтар кардааст.
-Чойи заводи асфалтбарории чиноиҳо аслан марзи Точикистон аст. Магар аз руйи инсоф ҳаст, ки селроҳаро вайрон карда ба замини кишти точикон равона мекунанд, дар натичаи ҳар як бориш ба замини мо ҳудуди 50 ҳазор тонна шағалу санг меояд, ки аз руйи фарҳанги ҳамсоядорй нест, — иброз медоранд тачаммуъи зиёди кормандони хочагии деҳқонии «Чоркуҳ»-и ноҳияи Исфара.
Воқеан, бо талаботи касбият муаллифи ин ангораҳо ба заводи асфалтбарории қирғизҳо рафтам. Аммо кормандони мақомоти сарҳадии Қирғизистон нагузоштанд, ки чун журналист аз мавзеъи баҳсбарангез комилан дидан кунем. Ҳатто аз мусоҳиба сарпечй намуданд ва бо мили силоҳи оташфишон таҳдид карданд, ки аз ин марз дур шавам. «Стой буду стрелять», ин буд хитобаи афсари қирғизе, ки ба ҳамсояааш бо алфози қабеҳ мурочиат мекунад.
Ин дар ҳолест, шаҳрвандони Қирғизистон бидун мамониат дар марзи Чоркуҳу Исфара, Шуробу Кулқанд ва дигар манотиқ гаштугузор менамоянд. Эшонро ягон кас намепурсад. Аммо чаро дар бадали меҳрубониҳои мо мақомоти ҳамсоякишвар чунин муносибатро раво мебинад? Шояд аз касолати худамон бошад? Боз ин шурбо мерезад ба сари порлумони чононамон. Чаро коре намекунанд? Ба ким-кадом носу сигору масчид халта-халта қонуну қарор қабул мекунанду ин манзараро бо як комиссияи махсуси вакилон омада намебинанд?
Пурсишҳои бепосух ба чойи охирсухан
Оё раванди виза вучуд дорад, ки точикон наметавонанд ба Қирғизистон бираванд? Чаро мақомоти Точикистон тавре ки дар Қирғизистон шаҳрвандонаш ҳимоя мешаванд, чунин коргузориро пеша намекунад? Оё ин нуқтаи баҳсй дар охир бо сулҳ фаҳмонида мешавад, ки кучо аз они кист? Оё андешаву назари халқ дар бобати баҳсу чидол ягон бор аз чониби ҳукумати Точикистон шунида шуд? Агар «ҳа» чаро аз пайи ислоҳи таърихие, ки бобоёни шуравиамон карданд, намешавем? «То ба кай об дар кузаву мо ташналабон мегардем» «гимн»-и 280 ҳектор заминҳои ташналаби Воруху Чоркуҳу Сурх ва деҳаи Наймани ноҳияи Исфара мегардад? Тавре қирғизҳо ишора карданд, тамоми роҳҳои марзии Қирғизистон асфалтпуш шудааст ва ин мазмуни онро дорад, ки гуё ҳар чое, ки асфалт надорад, Точикистон аст. Воқеан, роҳҳои Исфарамарз раҳми сагро меорад. Хар роҳ гардад, полонаш канда шуда меафтад.
Фармони 622-и Президент ичро мешавад?
Дар бобати кушодани ин муаммо ва посух чустан ба ин пурсишҳо ба мақомоти Точикистон барор мехоҳем. Ҳамзамон бо арчгузорй ба фармони Раисчумҳур таҳти №622 аз 7 феврал, ки вокуниши дастандаркорону соҳибмансабон вочиб аст, аз вакилони мардумй, ба вижа вакил дар порлумони кишвар муҳтарам М.Исломаддинов интизор ҳастем.

Реклама

02.09.2009 - Posted by | Амният, Иқтисод, Сиёсат, Тоҷикистон, Хабарҳои бурунмарзӣ

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: