ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Точикистони бесохиб

Шоҳини Равшан баргирифта аз торнамои Бахти миллат
Ҷасади сокини 36-солаи ноҳияи Панҷакент, Хайрулло Суюсов, ки пас аз тақрибан як моҳи ҷароҳат аз тири марзбонони узбак ахиран ҳалок шуд, аз Самарқанд ба Панҷакент интиқол шуд. Феълан, ҷасад дар дасти мутахассисон барои ташхиси тиббӣ мебошад.
Суюсов Хайрулло, сокини 36-солаи деҳи Шӯрчаи ноҳияи Панҷакент рӯзи 22-юми июл талош кардааст, берун аз гузаргоҳи марзӣ дар минтақаи Ургути вилояти Самарқанд марзро ғайриқонунӣ гузарад, вале марзбонони Ӯзбакистон ба сӯи вай тир холӣ кардаанд. Хайрулло бо захми тир ба бемористоне дар Самарқанд интиқол дода шудааст.
Хешовандони Хайрулло гуфтаанд, Хайрулло ба он сӯйи марз ба хотири хариди трактор равона будааст.
Ӯзбакистон ба ҷониби Тоҷикистон дар ин бора хабар надодааст, бо вуҷуди ин ки дар ин бора миёни ҳар ду ҷониб тавофуқоти зарурӣ вуҷуд дорад.
Се рӯзи пеш Хайрулло аз захми тир ҷон додааст ва имрӯз дар бораи ин ҳодиса ҷониби Ӯзбакистон ба хешовандони марҳум хабар додааст, то ҷасади ӯро бигиранд.
Бубинед, чавоне бо максади неки харидани тракторе он су мерафтааст то бо он як порча замини зодгохашро обод карда, ризке ба даст оварад, нобуд карда шудаст. Ана, сарнавишти яке аз чавонони Точик. Лек, аз ин хам вахшаттару хайвонигари дар он аст, ки чониби Точикистон ягон вокуниш, эътироз ё химояти хукуку манфиатхо вобаста ба ин казияи шархванди худ нишон надодааст! Яъне, мувофики хабархо, касе аз ягон вазорати хорича ё дохила, мачлиси оли ё дастгохи раисчумхур, хукумати махалли ё созмоне ба ин ходисаи мудхиши милли эътиборе надодааст.
Хайрон… Фахмидан намешавад. Акли солим ё заррае аз хиссиёти механдусти дар ягон каси масъулиятдор дар Точикистон мондааст ё на? Точикистон худ сохиб, сардор дорад ё на?
Ба назарам, охиста-охиста дар дохили марзи худамон хам агар мову шумо, яъне мардуми одди, шахрвандони оддиро душманони хоричи ба куштан дароянд хам касе аз ин хукумат барои дифои мо садое хам баланд нахохад кард. Шояд барои он ки онхо худро хукумати мардуми намешуморанд, балки хукумати нафсу шиками худ. Дуруст, агар Точикистон сардору сарвар медошт то ин дарача Точикон дар дохилу хоричи кишвар бесохибу беобру намегаштанд. Аз “ваша раша”-шу сартарошидахои ру-сияхо то поймоли хукуки Точикон дар Самарканду Бухорову худуди имруза Афгонистон.
Мардум, холо ба химояти худ омода бошед. Афсус, хонаи мо сардору сохиб надорад имрузхо, вале иншооллох, рузе солору сардори хакики миллиеро интихоб намоем, ки хар як шархванди моро баробар химоят ва хидоят хохад кард.

Реклама

07.09.2009 - Posted by | Амният, Навидҳо, Сиёсат, Тоҷикистон

1 комментарий »

  1. Хооо Шумо як бор ба ягон макомот дар ин бора мурочиат кунед, дар бало мемонед! Мегун, айби худаш, чун гайриконуни сархадубури кардаст. Ин вокеа дар Зафаробод бисёр рух медихад. Як бор хатто боевикхои мо як чанд боевикхои узбакоро капида буданд. Вииии, дар назди сархад киёмат шуда буд. Узбако куввахошонро ба сархад партофтанд. Дигар омаду рафт бо Узбакистон катъ шуд. Мо ки сузишвориву нурихои минералиамонро аз узбако бо нархи арзонакак мегирифтем, аз хамонаш хам мондем 😦

    Шумо медонед, як боевики мо дар вакти чанги Махмуди Худозада хоки Узбакистонро запт карда буд? Боевики мо тахти таъсири нашъа «синаашро сипар» карда ба болои БТР нишасту ба блокпости узбако хучум кард (бандити тап-па тайёр :))

    Хуллас территорияи Платина-и Бекободро запт кард. Ба хоки Точикистон даровард.

    Имруз хамин боевик дар махбас аст. Медалхояшро хам кашида гирифтанд. (хато накунам 10-12 сол додиянаша)……

    комментарий от Бахтиёр | 23.11.2009


Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: