ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Истиқбол аз Истиқлол

Набиюллоҳи Суннатй
Истиқлоли рӯйизабонй ҳаст, аммо истиқлоли фикрй ку?

Ин сарлавҳаро шояд хонандаи азиз замоне дар як навиштаам, ки дар нашрияи «Ҳақиқати Ленинибод» (алъон «Ҳақиқати Суғд») хонда бошанд. Ва шояд анқариб тариқи телевизиони «Шабакаи аввал» низ таҳти ин унвон барномаеро дида бошанд.
Дар он навиштаи қаблиаму дар ин барномаи телевизионй мундаричаҳо як хела буданд. Сар то по болидан аз нишоту шукуҳи Иди Истиқлолият буд. Инак чомаи дигаре мехоҳам дар ин навишта бипушонам. Мазмун ин нест, ки инак, ба чойи болидан шикваву гилоя мекунам.
Аммо дар истиқлоли 18-умини кишвари азизам ман мехоҳам балоғатро бубинам. Ин синни 18 солагй барои инсоният синни булуғу камол аст, мехоҳам ин гуна камолотро дар миллату давлати хеш бубинам. Мо кишвари минбаъд тозабунёд нестем. Замоне мегуфтем, ки Точикистон тозабунёд асту инак дар арафаи қадмаҳои чиддй мондан қарор дорад. Он рузҳо гузашт. Кишварҳои тозабунёд бигзор Абхозу дигар давлатҳое, ки се чор сол қабл истиқлолияти худро ба даст оварданд (ва он ҳам бошад нисбиву мутааллиқи як империяи дигар) худро тозабунёд хонанд. Мо куҳанбунёдем. Аз Авасто то ба имруз даҳасраҳо гузаштааст. Давлатдориву дудмонии сулолаи точикон қадима буду мемонад. Боз мегуям, мо тозабунёд нестем.
Суоли матраҳ ин аст, ки чаро мо худро тозабунёд мехонем? Чаро тариқи родиё ва симову рузномаҳо ин гуна садо бештар ба гуш мерасад, ки мо кишваре навем? Посух ҳам саҳл аст. Ин беҳтарин бечоранолй ва худфиребист. Мо худро бо ин ҳарф фиреб додан мехоҳем, ки агар дастоварде надорем, агар аз истеҳсолот фарсахҳо дурем, агар кунун замони сар боло карданамон аст, ин ҳама аз тозабунёдиамон мебошад. Ва гуё тадричан мо пеш хоҳем рафт. Ин ҳама фиреби маҳз ва бардуруғ таскин додани худ аст. Илло дигар ҳеч чиз. Агар ру ба истеҳсолот биёварем, чй қадамҳоест, ки мо бояд онро паси сар кунем? Ба ин пурсиш ҳам хонандаи синфи як бо чашми пушида чавоб хоҳад гуфт, ки 93 фисади Точикистон куҳ аст. Хонандаи азиз, боре ба комиссияҳои қабули довталабон ба даргоҳи ягон донишгоҳ рафтай? Рафтай! Дидану мушоҳида осон аст, ки аксари довталабон хоҳон ва талабгори дохил шудан ба донишгоҳҳои риштаи ҳуқуқшиносй, гумрук, дипломатия, милисионерй ва соҳоти иқтисодианд. Магар бо милисаву ҳуқуқшинос 93 фисад куҳи кишварро метавон коркард намуду аз ганчинаҳои нестандарчаҳони куҳҳо маҳсулотеро ба мардум ва ба бозори чаҳон пешкаш намуд? Ҳаргиз на!
Ба назар чунин мерасад, ки ба ҳар як чинояткор даҳтогй ҳуқуқшинос рост меояд. Суоле боз майнаро гич мекунад, ки чаро ҳама талабгори курсии ҳуқуқшиносианд? Эй мардуми азиз, эй падарону модарони гиромиқадр, оё шумо медонед, ки фарзанди шумо ба донишгоҳҳои ҳуқуқшиносй қабул мешавад ва баъид нест, ки иншооллоҳ хатм ҳам мекунад, аммо фикри он кардаед, ки 93 фисади куҳистони моро чиноиҳову олмониҳо ва русҳо бояд коркард намоянд? То ба кай саҳмияҳои маҳсулоти куҳии мо 75 дарсад аз они кишвари дигаре мешаваду мо 25 фисадро соҳибй мекунем? Ба ин пурсишҳо бо чашми пушида метавон посух дод, ки фарзанди шумо ҳуқуқшинос аст, на физику технику кимёгару куҳшиносу сангшинос! Мо агар дар мулки сангистонем (таъбири устод Лоиқ) пас ба мо милисаҳои зиёди дипломдори бекору руй ба Русиё овардаву ҳуқуқшиносҳои дипломдори кор кофта наёфтаву боз ба мулки ҳичрат дасти ниёз бардошта, кумаке наметавонанд кунанд. Боз ва боз барои мо физику техник, кимёгару куҳшиносу сангшинос мисли обу ҳаво зарур аст, ки дигар роҳи аз вартаи буҳрон раҳиданро надорем.
То ба кай барои мо чиноиҳо роҳ сохта медиҳанду мо дандон кофта тамошо карда мешинем? То ба кай олмониҳо аз куҳҳои мо гачу оҳаку хишту садҳо элементи нодири кимёвиу дигару дигар маҳсулот месозанду мо худфиребй мекунем, ки мо соҳиби 93 фисад куҳему кишвари тозабунёдем? Валлоҳ, ки то замоне мо худ куҳшинос намешавем, мо соҳиби ин куҳ нестем. Агар ин гуна куҳ дар дигар мамолик мебуд, кайҳо аз вартаи буҳрон мераҳиду яке аз бойтарин кишвар дар арсаи даҳр мегардид. Ин ки мо ҳамакнун бо кадрҳои вагон-вагону қатор-қатор ҳуқуқшинос наметавонем, ба қавли бобои пирам куҳро талқон кунем.
Ҳукумати кишвар, вазорати маориф, порлумони дупалатагии Точикистон ва нафарони масъули фишангдории давлати куҳанбунёд (бори дигар, на тозабунёд!)-и моро зарур аст, ки дар фикри бештар чалби довталабони мувофиқи кишвари куҳистониямон, на кишвари ҳуқуқшиносиямон бошанд. Ба вижа вазорати маорифро заруру вочибу лозим аст, ки шуруъ аз соли 2010 комилан қабули довталабони риштаи ҳуқуқшиносиро қатъ кунад. Ҳамзамон бахшҳои иқтисодиро то ба ҳадде коҳиш диҳад, ки тули 18 сол мутахассисони ҳуқуқиву иқтисодиву дипломатие, ки мо аз донишгоҳҳоямон баровардем, бемуҳобот ва бемуболиға ба 50 сол басандаву кофист. Дигар барои мо афроди истеҳсолгару хазинаҳои фикрии қобилиятнок зарур аст. Вагарна 18 сол не, 180 соли дигар мо ҳамин гуна ниёзманди дигар мамолик боқй хоҳем монд. Бори дигар, ҳукумати кишварро зарур аст, ки ҳадди аққал 40 сол аз қабули донишчуён ба риштаҳои ҳуқуқшиносиву дипломативу гумрукиву сиёсатшиносй даст бикашад. Кофй аст ба мо ин кадрҳое, ки тули 18 соли истиқлолият парваридем.
Ҳаммеҳанони азиз, бо ин ҳама, шуморо ба Рузи истиқлолият аз самими дил табрику таҳният мегуям ва хоҳони онам, ки истиқлолият аз ҳама беш дар фикри шумо буруз кунад. Ба ҳамаи шумо истиқлолияти фикрй таманно дорам.

Реклама

08.09.2009 - Posted by | Иқтисод, Сиёсат, Тоҷикистон

1 комментарий »

  1. Rosti, dar Tojikiston Istikloliyat mavjud hast,ammo tanho dar rui kogazu dar rui zaboni kormandoni makomoti boloi.Amo dar asl , ya’;ne dar zindagii mukarrarii odamoni in kishvar istiloiyati zindagoni nist.Chi guna mo heshro sohibistikol nomem, dar hole ki hazoron nafari dur az zanu farzandu vatan dar horij az kishvar zeri chatri zulmu shikanjavu tuhmat umr ba sar mebarad?, chi guna mo heshro sohibistiklol nomem, chun dar Tojikiston hifzi amniyati ozukavori nist, va hanuz az bunbasti komunikatsioni raho nayofta? chi guna heshro sohibistiklol nomem, dar hole, ki nonu obu barku hatto libosi mo az kishvari beruna meoyad va mo yak nav’ dahonbozu dastnigaru mute’i ajnabiem.Mo dar tanhoi hechem, hech.
    Khudo kunad, ki sabohi shukufoivu tarakkiyot dar hama sohoti kishvar tulu’ namoyad va mardum bitavonand hudro sohibistiklol nomand.
    Bo umedi subhi rushani Tojikisotni khurshedi!

    комментарий от Firdavs | 10.09.2009


Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: