ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Мӯъҷизаи ахирзамон, ояти Қуръон дар бадани кӯдак

Оят дар бадани кудак

Оят дар бадани кудак

Падидаҳои Ояти Қуръон дар бадани кӯдак Дар Доғистон дар минтақае маъруф ба Кизляри Октубари Сурх (Красно-Октябрьском) кӯдаке бо номи Алӣ ба дунё омад, ки дар бадани ҳар рӯзи душанбе ва ҷумъа гуфтаҳои Худованд аз Қуръони беназир падид меояд. Алӣ ҳамакнун нӯҳмоҳа буда, мӯҷиби ба ислом гаравидани волидонаш ва аксари шоҳидони ҳол шудааст.
Аз рӯйи гуфтаи модари Алӣ Мадина Ёқубова ҳар шаби якшанбе ба душанбе ва панҷшанбе ба ҷумъа ҳарорати бадани кӯдак то ба 40 дараҷа гармӣ расида, кӯдак бетоқат мешудааст ва то ба рӯз гиряю наҷво мебаровардааст. То замоне, ки дар баданаш оятҳои Қуръон падид наояд, кӯдак аз гиря боз намемондааст. Аввалан дар бадани кӯдак нақшҳои кабудчатобу сархчаранги баланд пайдо шуда, исми «Аллоҳ» ва баъдан оятҳои Каломуллоҳ куллан падид ва ба ҳадди воқеан хонданӣ намудор мешудааст.
Аз ҳама аҷиб он аст, ки ҳар дафъаи баланд шудани ҳарорати бадани Алии нӯҳмоҳа оятҳои нав ба нав аз Қуръон дар бадан пайдо мешудаанд, ки то ба як рӯз нишонаи он дар дарозрӯяи пойу тахтапушт ва шикаму гардан ва ҳатто баъзан ар рӯйҳояш бармало хонда мешудааст.
Тавре имом хатиби масҷиди маҳаллаи эшон яке аз навиштаҳоро тарҷума мекунад, чунин маънӣ бармеояд: «Худованд саннъои кулли кавну макон аст». Аз рӯйи гуфтаи имом хатиб Худованд қаблан хабар додааст, ки замона дар сурати ба қиёмат наздик шудан дар бадани инсон оятҳои Қуръон пайдо мешавад. Ва имом низ бар он аст, ки ин яке аз мӯъҷизаҳои наздик будани қиёмат аст.
Аз рӯйи гуфтаи падари Алӣ аввалҳо танҳо калимаи «Аллоҳ» «Муҳаммад» ва боқӣ дигар ному сифатҳои Худованд намудор мешуд. Аммо баъдан ба тадриҷ вақте кӯдак бузургтар шуд, оятҳои комил пайи ҳам мисли навори тилвизиюн намудор мешудагӣ гаштанд.
Аз ҳама гӯшаву канори Доғистон таҷаммӯъи зиёди мардум ба зиёрати Алии нӯҳмоҳа мераванд. Рамазони гузаштаи ҳамин сол кӯдак ҳамаро боз бештар ба таҳайюр гузошт. Бадани ӯ 30 рӯзи расо пур аз ояти Қуръон буд, ки қаблан танҳо рӯзҳои душанбеву одина пайдо мешуд. Кӯдак аз субҳ то шом мисли бузургсолон рӯза гирифта, танҳо ҳангоми ифтор руҷӯъ ба синаи модар мекард.
Аз рӯйи гуфтаи шоҳидон ҳангоми милоди Алӣ духтурон гуфта будаанд, ки гӯё кӯдак бо сактаи дили модарзод ба дунё омадаасту беш аз як моҳ умр нахоҳад дид. Аммо солимии кӯдак волидони ҷавонро водор сохт, ки бори дигар ба ташхисгоҳ муроҷиат кунанд. Дар ташхисгоҳ тасдиқ карданд, ки Алӣ куллан солиму бардам аст ва ҳеҷ ҷойи баданаш ниёз ба муолиҷа надорад.

Реклама

15.10.2009 - Posted by | Навидҳо, Хабарҳои бурунмарзӣ

3 комментария »

  1. khudovand mekhoha ba roi banda gonash khudro isbot kunad chun u bandagonash ro az modar beshta dus dorad…… .

    комментарий от tokha | 01.12.2009

  2. Салом Чаноби Оли ма донишчуи якуми литси 47 Нохия Сино ма чаноби Оли ба шумо дуо медихам ки Худо нигах бонатон бошад ва чихеле ки мо медонем ки шумо барои мо мардуми Точик хизматхои бузург кардаистодаен мо аз шумо як чахон минадорем.Чанноби Оли ба аз Шумо хоиш дорам ки як бор бо шумо во хурам илтимос Чаноби Оли !!!

    комментарий от Umed | 29.12.2009

  3. Салом ба ахли ки мактуби мара мехонанд.Ман хонандаи синфи 10 уми литсеи 47 нохия Сино ман аз шумо хоиш дорам ки манда кумаки худатонро расонен илтимос мекунам.Ман дар оила як нафар падар аз мо чудо ва модарам бошам маро аз хона сур кардак.Ман аз Шумо хоиш дорам ки ба ман кумак кунем илтимос анна номреои тели ма 907-35-31-36 хозир дар дасти модарам мебошад . Илтимос кумак кунед !!!

    комментарий от Umed | 29.12.2009


Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: