ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Шоҳзода ҳофизаи узбак магар нобино буд, ки :«Нағз мебинам» мегӯяд?

Ҳофизаи узбак Шаҳзода

Ҳофизаи узбак Шаҳзода

Санаи 20 октябр, тахминан соати 19:00 буд, радио «Тироз»-ро гирон намудам. Оббо боз ҳамон суруд? Худ ба худ мегуфтам. шояд дар ҳайрат монда бошед, ки банда кадом сурудро дар назар дорам. Ба фикрам он сурудро ҳама аз бисёр шунидан аз ёд кардааанд, хусусан, хурдсолону наврасону ҷавонон ва шояд калонсолон низ ин сурудро баробари ҳофиза замзама мекунанд.
Ин ҳолро аз пайваста дархост кардани мухлисони радиои номбурда пай бурдан мумкин аст. «Кадом суруд будааст» гӯён дилтанг нашавед. Ҳамон суруди ҳофизаи ҷавон Шоҳзода! Гӯё як навъ маҳз тавассути суруди «Нағз мебинам»мухлисони зиёд пайдо кардааст. Суруд аз ҷиҳати маъниву мазмун хароб буда, аз такрори мисраҳои бемантиқ иборат аст, аммо дар муддати кӯтоҳ шӯҳрат ёфтааст, ки ин аз сатҳи паст будани шеърфаҳмиву мусиқашиносии хосу ом дарак медиҳад.
Нағз мебинам, нағз мебинам,
Кай медонӣ зори ман.
Нағз мебинам, нағз мебинам,
Биё бо ман ёри ман.
Мехри (!) ту ёрам гирдам гардад,
Макун маро дилхун, дилхун.
Аз ман гир ҷонам ранҷу дардат,
Макун маро дилхун, дилхун
Калимаи «мехр» ба шакле, ки ҳофиза мехонад ҳамин гуна овардем. Зеро маълум аст, ки Шоҳзода ҳарфи «ҳ»-ро талаффуз карда наметавонистааст. Ё талаффуз карду ба гӯши мо чунин расид? Дар ин суруд қариб 40 маротиба ибораи «Нағз мебинам» такрор шудааст.
Нағз мебинам, нағз мебинам…..
Ҳамагӣ суруд аз чор мисраъ иборат буда, танҳо бо такрор намудани сатрҳои дар боло номбурда бо охир мерасад. Бармегардем сари маънии ибораи «Нағз мебинам». Дар истилоҳшиносиву фарҳангҳо ба маънии хуб дидан меояд, ки инро ба истилоҳи русӣ «хорошо вижу» мегӯянд. Яъне нафаре, ки солиёни ё якчанд муддати дароз кӯру нобино аст. Вақте ӯро табобат мекунанд, мегӯяд «Нағз мебинам». Ё худ чашми хирае, ки дуруст намебинаду баъди табобат шифо меёбад, ҳамин гуна таъбири «нағз мебинам»-ро истифода мебаранд.
Аммо худ маълум аст, ки дар ин суруд ҳофиза пиромуни муҳаббат ҳарф рӯйи забон оварданист. Гӯё ба таври худи ҳофиза сухан дар бораи дӯст доштан, изҳори меҳру муҳаббат ба нафари дӯстдошта меравад. Дар хазинаи адабиёти мо шеърҳои баландмазмун хеле зиёданд. Шоирони мо майна об карда, шабу рӯз нахуфта, аз маҳтобшаб истифода бурда, нури чашмро рабуда, шеърҳои зиёд эҷод карда аз худ нишона монда рафтанд. Аммо мо ҳамаи он шеърҳоро як тараф гузошта, калимаҳои по дар ҳаворо бо ҳам часпонида, истифодаи калимаи лаҳҷави шеърҳои нав ба нав эҷод мекунем.
Агар манзури Шоҳзода «Дӯстат дорам» ё «дӯст медорам» бошад, пас ӯ магар таваҷҷӯҳ накард, ки дар фонди адабиёти тоҷик истилоҳи монанд хеле зиёд аст. Аз ҷумла «Бе ту наметавонам», «Бе ту мемирам» ва амсоли ибораҳо, ки бозгӯйи маънии «дӯстат дорам» дар забони форсӣ басо зиёду аз ростӣ ҳамагӣ дилчаспу ҷозибанд. Аммо мо дар ягон ҷой вонахрӯдем, ки нафаре аз намояндаи адабиёти тоҷик изҳори муҳаббатро «Нағз мебинам» гуфта бошад. «Нағз дидан» ба ҷоий «дӯст доштан» дар лаҳҷавӣ бештар вомехӯрад, ки ҷойи баҳс нест. Аммо онро ба шакли тарона пешкаши мардум кардан, оқилона ба назар намерасад. Бар замми ин ки ба ин таъбир як-ду гуфтори ночаспони дигарро иҷборан часпонида ҳамчун суруд нишон додан боз ҳам паст будани завқи шеърфаҳмии худи ҳофиза ва масъулини родиёҳое, ки тариқи мавҷи эшон ин суруд садо медиҳад, бармало аст.
Вақте ки дар атрофии ягон суруд сӯҳбат мешавад, мардум онро ҷиддӣ қабул намекунанд, хусусан дар бозорҳо сурудҳое ба гӯш мерасанд, ки ба маънии томашон суруд нестанд.
Шаҳзода аслан ҳофизаи писандидаи ҳам Узбакистон ва ҳам Тоҷикистон мебошад, сурудҳои узбакии ӯ баландмазмун сароида шудаанд. Ин ҳофиза дар кишвари мо низ, ба вижа қишри узбакзабонҳо мухлисони зиёд пайдо кардааст. Пайваста сурудҳояшро дархост мекунанд. Аммо табақаи тоҷики Тоҷикистон аз чӣ аст, ки ба ин суруди фач рӯй овардаанд? Боз ҳам посух оддист. Аз мавҷҳое, ки ин суруд садо медиҳад, масъулини ин родиёву телевизионҳо ба мазмун диққат намедиҳанд. Ва «ҳар чӣ пеш омад, хуш омад»-гӯён пахш кардан мегиранд.
Рӯзе нест, ки ин сурудро нашунида бошам. Кӯдакони хурдсол низ ба ҳофиза тақлид карда, ин сурудро аз ёд кардаанд. онҳо майнаи тозаю холии хешро бо суханҳои пучу нолозим пур кардаанд, ки бар зарарашон аст. Аммо инро дар ин синну сол эҳсос намекунанд.
Дар мо сафи Шаҳзода баринҳо хеле зиёданд, натанҳо сарояндаи узбакзабон, балки бархе аз ҳофизони навбаромади тоҷик ҳам бо сурудҳои орӣ аз мазмунро офарида, дар муддати кӯтоҳ худро «ситора» мешуморанд. Аз сарояндаи узбакзабон гила мекунем, ки суруди тоҷикиро ғалат мехонад, ғалат кардани сарояндагони дигар милал дар забони тоҷикӣ мумкин аст, зеро миллаташ узбак аст. Аммо аз ҳоли сарояндагони худ бехабарем. Чаро аз ашъори баландмазмун шоирон истифода намебарем? Мо дорои фарҳанги бой ва лафзи дарии зебо дорем, аммо эҳтироми онро ба ҷо намеорем. Забони адабии тоҷикиро имрӯз танҳо дар китобҳо ва суханронии профессорону академикон ва бархе аз муассисаҳо дида мешавад. Забони адаби ба кӯчаги табдил ёфта истодааст.
Бегонапарастему…
Мардуми мо бегонапарастанд, гарчанде, чиптаҳои консерти сарояндаҳои узбакзабон нархи гарон дошта бошанд, ҳам харидорӣ мекунанд. Масалан дар консерти Озодбек Назарбеков, ки моҳи сентябри соли равон баргузор гардид, чунон мардуми зиёд ҷамъ омада буданд, ки ҳатто ҷои сӯзанзанӣ набуд. Аммо ба консерти сарояндаи тоҷик гумон аст, ки мардуми зиёд ҷамъ омада барои дастрас кардани чипта часпу талош кунанд? Нархи чиптаи консерти Юлдуз Усмонова бошад, ки рӯзҳои наздик баргузор мегардад, ки нархи он 200 сомониро ташкил медиҳад ин нархгузориро шунида ҳуш аз сарам парид, оё чиптаҳои сарояндаҳои мо низ дар узбакистон чунин арзиш дошта бошанд? Аҳсант ба сарояндае, ки мухлисони зиёд дораду барои дастрас намудани чиптаи консерташ кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад.
Дар бозору дар дохили нақлиёт суруди узбакиро мешунавему бо баробари шунидани он лаззат мебарем. Ба маънии он сурудҳо бархе сарфаҳм мераванду бархеи дигар умуман намефаҳманд, ба қавли худашон танҳо мусиқии он сурудҳо писанд асту халос.
Ба холае, ки дар назди «Маркази ҷавонон» омада мепурсам:
-Чиптаҳо ҳанӯз 200 сомонӣ?
ӯ аз ин пеш омада пурсидани маро пай бурда мегӯяд:
-Ҳа, шумо чиро интизор? Рӯз то рӯз нархи чипта гарон мешавад-ку, арзон не.
Гапи ӯ ҷон дошт. Баъдан фаҳмидем, ки нархи чиптаҳо то рафт гаронтару кисадарронтар мешудаанд.
Хонандаи азиз, кӣ мардакворӣ мегӯяд, ки кадом ҳофизи Тоҷикистон нарзи чиптааш 200 сомонӣ аст? Агар мо дар тақлиди сурудҳои фач минбаъд сурудҳои «Нағз мебинам»-у «Гул баромад аз замин»-ро хонем, бовар дорам, ки ҳатто нархи чиптаи ҳофизони ба 2 сомонӣ мефарояд.

Реклама

22.10.2009 - Posted by | Тоҷикистон, Фарҳанг

10 комментариев »

  1. Ahsan ba kalamkashi daleru shujo va yak shashsiyati buzurgi sukhan janobi Nabiyullohi Sunnati. Rosti dard astu sakht ast chun sohibdile yo yak nafar hushyordile vakte mebinad, ki millatash bo chashmi kuru gushi karru zaboni lol dar vodie kadam menihand.Vokean sakht ast baroi kalamkashe, ki dar joddai kalamkashivu bozguii dardhoi mardum sabohro ba shom mekashad va taloshho baroi hushyorkunii mardum mekunad.Imruz dar hakikat mardumi tojik begonaboz ast, az khudiho duri mejuyad va ba begonaho mepayvandad.Kosh in mardum az khudii khesh duri mejust to ba on chi ki hast ast, hast meshud. Alas, ki hama khobemu kuremu karronemu lolem….

    комментарий от Firdavsi Azam | 24.10.2009

  2. Дуруд ва сипос ба дилошно ва дилбедору дусти дилдор Фирдавс.
    Аз ин ихлоси Шумо сар дар гиребони хичолат фуру бурдам ва аз он ки миллат дар варатаи халокати худбезорист, ашки чашмамро дар гунаи хеш сари зону биншондам.
    Хакикат дорад, ки мо худбезору бегонапарастем. Пас чи бояд кард эй аквоми Шарк?

    комментарий от tojikona | 26.10.2009

  3. Дуруд ва суруд бар дусти мушфику бедордили ман Набиюллох Суннати!
    Вокеан сахт дар ин замона зистан ва бо чунин одамон умр ба сар бурдан.Мо он кадар аз хеш дур афтодаем, ки хешро хатто тавба-тавба номи хешро намедонам.Ин хама холи ва шоки аз бегонапарастии мост.
    Тавфик рафик бод
    Фирдавс

    комментарий от Фирдавс | 26.10.2009

  4. Ин бегоначуийву худситезиву бегонапарасти инак нав шуруъ шуда. Холо ин хеч гап не. худ шохид хохед буд. ки мардуми мо хатто точик будани худро фаромуш мекунанд. Дуо мекунем. ки Худованд он рузро дар панохи исмати хеш нигох дорад.

    комментарий от tojikona | 29.10.2009

  5. Саломи ман низ барои хамаи азизони ин торнигор ба вижжа Набиюллох Суннати арзони бод! Ва мужда барои онхое, ки аз матни сурудахои фачу лачи хонандахои точик ба дод омадаанд. Торнигоре бо унвони http://www.mahbubt.wordpress.com пешниходи Шумо мешавад, ки аз вокеияти ШОУ-БИЗи имрузи точик харф мегуяд. Боки Худованд ёри Шумо бод!

    комментарий от Чавони хуб | 12.11.2009

  6. Саломи ман низ барои хамаи азизони ин торнигор ба вижжа Набиюллох Суннати арзони бод! Ва мужда барои онхое, ки аз матни сурудахои фачу лачи хонандахои точик ба дод омадаанд. Торнигоре бо унвони http://www.mahbubtj.wordpress.com пешниходи Шумо мешавад, ки аз вокеияти ШОУ-БИЗи имрузи точик харф мегуяд. Боки Худованд ёри Шумо бод!

    комментарий от Чавони хуб | 12.11.2009

  7. Дуруд дусти гаронкадр, Махбуб.TJ.
    Аз ин ибтикори Шумо банда ба хуши истикбол мекунам ва вокеан торнигори кашангу хондание созмон додаед. Офаринатон. Зинда бошед ва муваффакият дар ин чодае, ки хеле ва хеле сангин аст.
    Бо иродат Н.Суннати

    комментарий от tojikona | 17.11.2009

  8. Коментарияхо-реклама :)))

    Ассалому алейкум. Канд занед. Хамин дардаки дили худама гуфтед-дия!!!

    «Зори ман» ❗

    Як руз ман хам дар маршрутка нишаста ба суи Чкалов мерафтам. Ин хонум ба хамин шеърхониаш даромад. 🙄 Дар рафи аз ман пеш ду нафар занхои точик менишастанду нагзакак гуш меандохтанд ба хамин шеър. Ана баъд, ки «зори ман» гуфт, яктоаш «Э мууууур бетутурук, ба хамин шеърат» гуфт. 😯
    Аввал хайрон шудам,баъд дарк кардам, ки чи мегуфтааст
    🙂 😀
    Порнографияи таппа тайёр 😳

    комментарий от Бахтиёр | 23.11.2009

  9. 😕 Бахтиёри гироми, хамин нимта рекламача кардем, даррав эрод гирифтед-да…

    комментарий от MAHBUB-TJ | 10.12.2009

  10. Эъ, бародар, вай сайти махбуби точикон ниёз ба реклама хам надорад.

    комментарий от Бахтиёр | 20.12.2009


Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: