ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Бозор Собир-бозори ормон

Ин матлаб дар нашрияи «Нигоҳ» низ интишор ёфтааст
Бозгашт ба мавзӯъ
Механдаму бо хандаи худ гирёнам,
Мегиряму бо гиряи худ хандонам.
Боронзада офтобро мемонам,
Боронзада офтоби намборонам.
(Бозор Собир)
Ҳар боре аз устод Бозор Собир меандешам, як зарбулмасали арабӣ ёдам меояд: «Ҳар гаҳе арбобони давлатӣ рўйи ниёз ба аҳли қаламу фарҳанг меоранд, бешак, он кишвар рушдкардатарин мамлакатест дар рўйи замин. Агар ин амал вожгуна аст, вой, бар ҳоли он миллату давлат».
Нўшбоди талх
71 сол қабл, айнан ҳамин рўз шоири номвару фарҳехтаи тоҷик, шоиртарин шоири тоҷик — Бозор Собир тифли ҳанўз милоднаёфта буд. Он лаҳза ў рўзи пагоҳро-яъне 20-уми ноябрро мунтазир буду то ба рўзи милодаш ҳамагӣ як рўз боқӣ монда буд. Он лаҳза ў намедонист, ки пас аз 71 сол зодрўзашро на дар Файзобод, на дар Душанбе, балки дар ғурбат пешвоз хоҳад гирифт. Он лаҳза ў, ҳатто, дарк намекард, ки замоне шоири маъруф мешаваду паси панҷара менишинад ва аз он ҷо рост сўйи Русияву Ирон ва баъдтар он суйи уқёнус зист ихтиёр мекунад. Ў намедонист, ки намедонист. Намедонист, ки замоне, яъне имрўз дар Тоҷикистон зодрўзи шоири машҳуртаринро ҷашн намегиранд.
Соли қабл, танҳо, ба муносибати 70-солагии Бозор Собир ўро дар ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» табрик карда, порае аз осораш пешкаши хонандагон гардид. Ин ҳам дар ҳоле ки нашрияҳои мустақили Точикистон дар як соли ахир бахшида ба 70-солагии Бозор Собир …. матолиби зиёде ба нашр расонида, аз мақомоти Тоҷик¬истон дархост карданд, ки аз зодрўзи Ў ба таври расмӣ таҷлил карда шавад. Тавре аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ин шабу рўзи соли гузашта иброз доштанд, Ҳукумати Точикистон ҳеҷ барномаеро ҷиҳати таҷлили 70-солагии Бозор Собир дар даст надоштааст. Навишта ва мусоҳибаи ахири Бозор Собир дар нашрияи мустақили «Нигоҳ» аксари қишри рўшанфикри ҷомеаро, ба қавле, «рўйтурш» сохт. Ў Тоҷикистони кунуниро — Ватан наномид. Ў, ба қавли худи Ў, танҳо, Тоҷикистони Советиро — Ватан меҳисобад. Аксари коршиносон бар онанд, ки маҳз ҳамин гуфтаи Бозор боис шуд, ки Ўро, билкул, мақомоти Тоҷикистон шумтар дид. Ва гўё шонсе, ки барои таҷлилаш дар Тоҷикистон дошт, аз даст дод.
Аммо бо вуҷуд, Бозор дар он сўйи уқёнус 70- солагиашро ҷашн гирифт. Шояд, ба соғар пури оби дидаи талх рехт ба ёди Тоҷикистон, то охирин қатра нўшбод кард. Ҳарчанд мегўяд, Ў Тоҷикистони кунуниро намепазирад, аммо дили Ў ҳар лаҳза бо ёди Ватан метапад. Аз навиштааш пайдост, Ў инро ба гардан гирифтан намехоҳад, аммо ҳувайдост, ки маҳз чаро ба нашрияи Тоҷикистон менависад. Не, не, Бозор аз мо буд, аз мо хоҳад монд. Чӣ гуна мешавад, ки мо аз Ў «отказ» кунем? Бо он ҳама девонагиҳои зебояш Бозор ва ашъору шахсияти Ў зебост. Бо он ҳама парадоксҳояш Бозор аст. Арзишмандтарин ва камарзиштарин Бозори мост.
ИНТ — бесадотарин бинои Тоҷикистон
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар ҷашни ҳафтодумин солгарди устод Бозор ваъда карда буд, ки ҷашни 70-солагии устодро моҳи март, яъне баъди чаҳор моҳ, дар Иди Нав¬рўзи меҳргон истиқбол мегиранд. Ҳарчанд ин амал ханда¬овар ҳам буд, ки 70-солагии Бозор Собир дар қариб 71- солагиаш истиқбол мешавад. Аммо бо вуҷуди ин, маро масаррат пахш кард, биное, ки ин қадар хомўштарин бинои кишвар аст, садо баланд кардааст. Дар бобати 70-солагии устодро дар қариб 71-солагиаш ҷашн гирифтанд, ё не, дил мехоҳад чизе нагўяд. Танҳо ин алам то ба ҳанўз, як сол аст, ки дилро дар қабзааш мефишурад:
Дардо ва аҷабо, дар синни 71-солагӣ мо баъд 70-солагии Бозорро таҷлил мегирем.
Бозоре, ки чормисрагиаш дар санги мазори шоиртарин шоири шеъри нав — Нодири Нодирпур аст, Бозоре, ки ҳар мисрааш ҳалқаи гўши ошиқон аст, Бозоре, ки садояш имрўз колои ормон шудаасту гўши шунавое нест, мо хоҳем ва нахоҳем, ҳамчун БОЗОР хоҳад монд. Шоиртарин шоири тоҷик! Бовар дорам, ягон ошиқе ё ватандўсте ёфт намешавад, ки аз эҷодиёти устод, ҳадди ақал, ягон чорбаргае надонад. Ягон бедиле ёфт намешавад, ки ба ёри дилбурдааш ягон мисраи Бозор Собирро ҳадя накарда бошад. Бо он ки аксарият ихлосгаштагон (агар чунин гуфтан раво бошад) ме¬гўянд, ки шоир набояд ба сиёсат даст занаду чеҳраи сиёсӣ шавад. Гўё Бозор иштибоҳе кардааст, ки замоне дар минбарҳои баланди майдоне ҳарфи пурҳарорат гуфта бошад. Ин ва бисёр фарзияҳо бо он ки ҳақанд ё ноҳақ, чеҳраи Бозорро аз шаҷараи шеъри тоҷик рўфта наметавонанд. Зеро Ў, аллакай, Бозори шеъри тоҷик аст. Ягона колофурўши ҳалоли тоҷик дар шеъри оламгир боқӣ мондааст.
Мурдапарвару зиндабезорем мо, Лоиқ мурду азиз шуд…
Чеҳраи Лоиқро, инак, миёни дуди танбокуяш (таъбири худи Лоиқ) мебинам. Замоне Лоиқ зинда буду миёни хиёбонҳои пойтахт қадам мезад, миёни шоирони тоҷик ҳузур дошт, миёни шеъри тоҷик — шеъри зинда буд, ҳаққо, ки қадраш надонистем. Аксарият дар дами нафас¬ҳои вопасинаш аз ў мегурехтанд. Дар ҷаласоти баландмақом ҷойи баландаш намедодем. Марг ўро аз мо гирифт. Анна, инак, сар шуд, дар макотибу мадорис Лоиқхониву кўчаву хиёбон¬ҳо ба номи Лоиқ мондан, номҳои баъзе деҳоту, ҳатто, марокизи фарҳангиҳо ба номи Лоиқ шуданд. Оё шумо замони зинда будани Лоиқ ягон кўчаву мактабро бо номи ў дида будед? Ҳаргиз! Куллиёташро дар шакли зебое, ки имрўз ҳаст (воқеан, амали ҷавонмардонае буд, ки аз ҷониби собиқ раиси вилояти Суғд, Қосим Қосимов шакли пурраи осори Лоиқ рўйи чопро дид, аммо он ҳам баъди маргаш, бо ин ҳама аҳсант!), қаблан, ҳатто, худи Лоиқ орзу мекард, ки куллиёташ ҳангоми зинда буданаш дастраси хонандагону алоқамандонаш бошад. Аммо набуд.
Кунун, ки Бозор Собир зинда аст, бо ҳазор таассуф, пеши назарам фонӣ будани дунё ва аз маҳаки марг милод ёфтани ин дунёи дурўзаро мебинам. Аз гуфтани он ки рўзе Бозор Собир низ моро тарк мегўяд ва ба ҷаҳони охират мепайвандад, вуҷудамро ларза мегирад. Аммо ин амри талх ва бадеҳист, ки ҳамаи мо рўзе мемирем. Устоди шеъри имрўз — Бозор Собир низ.
Бо ин ҳама
Ба дил гуфтам, ки Ҳоқонӣ дареғогўйи ман бошад,
Дареғо, худ шудам, охир, дареғогўйи Ҳоқонӣ.
Дунё бевафост, намехоҳам, ки Ў соли оянда бимирад. Дил намехоҳад. Аммо бо ҳаёт машварат нашояд. Бо ҳазор дард хоҳам гуфт …Ва аминам, ки Ў рўзе моро тарк мегўяд. Итминон дорам, ки пас аз марги Ў, мо, ҳатман, барояш, ҳатто, дар наш¬рияҳои расмӣ низ марсияҳо ме¬гўйем. Ҳатман, дар фироқаш зор-зор, талх гиря хоҳем кард. Барояш пайкараву нимпайкара хоҳем сохт. Кўчаҳои моро пас аз марги Ў, номи Ў оро хоҳад дод. Он вақт ба ҷаҳон боз шиор хоҳем зад, ки Бозор Собир — шоири номвари тоҷик! Аламо! Ҳайфо, ки бидуни узру шарм…
Ў имрўз 71-солагии худро дар мулки ғарибӣ истиқбол мегирад, ҳеҷ маҳал маънои онро надорад, ки Бозор Собир 71 соли дигар умр мебинад. Дареғо, ки ўро низ рўзе чун Лоиқ ёд хоҳем кард. Китобу осорашро хоҳу нохоҳ баъди 20, 30, 40 ё …. соли дигар ба таври куллиёте ба интишор медиҳем. Чӣ кунем, ки мо ҳамин гуна халқи зиндабезору мурдапарварем. Итминон дорам, ки, ҳатман, он рўз низ номи кўчаву хиёбонҳо ба ҷойи Федин (нафаре, ки боиси рехтани ҳазор¬ҳо хуни тоҷик шудааст, ин Федин аст ва дунёи булъаҷабро бинед, ки номи ў зеби кўчаҳои мост)-у Маяковскийу Опланчук ва садҳои дигар, ки як зарраи хидмати устод Бозорро накардаанду қаҳрамонҳои моянд, номҳои хиёбонҳоямон ба номи эшон аст, бешакку тардид, рўзе бо номи Бозор Собир хоҳад шуд. Итминон дорам ва кафолат медиҳам, ки чунин мешавад. Агар имрўз нашуд, пас, пагоҳ ё пагоҳи дигар, ҳатман, хоҳад шуд.
Феълан, ки Бозор бо мосту бе мост…
Хонандаи азиз, сари матлаб ишорае ба сукутзадаву бесадотарин биноро ба унвони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хондед. Бо арзи пўзиш аз устодоне, ки имрўз дар ин бино кор мекунанд, мерасонам, воқеан, ин бино хомўштарин ва беғулғулатарин макон шудааст. Замоне устод Мирзо Турсунзодаву Боқӣ Раҳимзода ва даҳҳо тани дигар ин ҷо кор мекарданд, ҳатто, Шўрои Вазирон аз ин бино меҳаросид. Тамоми нозу ишваи ИНТ қобили таваҷҷўҳи ҳукумати вақт буд. Имрўз, ки он матонат аз даст рафтааст, ин биноро чӣ гўем? Макони оши ҳарифона? Агар худи Бозор ба Ватан баргаштан нахоҳад ва ҳам хоҳаду ҷойе надошта бошад, ин бино, қаблан, метавонист бо дасти дарози муқтадири худ ўро ба Ватан биёварад ва соҳиби макону ватан кунад. Аммо имрўз, ҳайҳот…НАМЕТАВОНАД! Аммо, агар хоҳад… Кош, ин хоҳиш дар ин бино имрўз будӣ.Эй, кош!
Бо доктор Камолиддин Боқирӣ аз кишвари дўсту бародари Ирон, ки ду сол қабл меҳмони мо буд, пиромуни эҷодиёти Бозор Собир сўҳбат кардем. Бисёр ў афсўс хўрд, ки Бозор аз Ирон рафт. Тавре ба ҳама маълум аст, баъди ҷанги шаҳрвандӣ устод Бозор як муддат то соли 1995 дар Ирон зист дошт.
-Бисёр мутаассифам, ки Бозор аз мо рафт,- бо афсўс баён дошт доктор Боқирӣ. –Хеле мехостам, ки ў (яъне Бозор Собир) муқими ҳамешагии Ирон бошад,- бо як ҳолати риққатовару сари хам илова намуд оқои Камолиддин.
Бубинед, ки ироние намехостааст, Бозор аз Ирон рафта бошад. Аммо мо, тоҷикон, ки ҳаммилату ҳамватани Бозорем, ягон бор чунин афсўс хўрдем? Шояд, баъзе табли шодӣ ҳам зада бошанд, ки Ў бебозгашт аз Ватан рафт. Ба ин нукта тардиде надорам.
Ин ҷо ман барои устод Бозор тақриз ва зиндагиномае нигоштанӣ нестам. Шеъри «Забони модарӣ»-и Ў бас буд, ки дигар мисрае эҷод накунад. Ва Ў ҳамин гуна озод, маъруфтар аз маъруфҳо хоҳад буду монд.
Зинда бошӣ, Устод, шод бошу дер зӣ!

Реклама

20.11.2009 - Posted by | Тоҷикистон, Фарҳанг

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: