ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

инТИХОбод ТИХО буду ТИХО мемонад, аммо…

Набиюллоҳи Суннатӣ

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ

ҲНИТ дар раъсияти Муҳиддин Кабирӣ натиҷаи интихоботро намепазираду даст аз Шӯрои ҷамъиятӣ кашинданист. ҲДТ бо сарварии бародари Бозор Собир-Масъуд Собиров низ ҳамақидаи наҳзатиёнанд ва эшон аз Шӯрои ҷамъиятӣ дур рафтаниянд. ҲСДТ бо пешвояш собиқ мушовири президент Раҳматуллоҳ Зойиров дар садади натиҷаи интихоботро таҳрим эълон кардан қарор дорад.
Аммо ин чӣ натиҷа хоҳад дод? Оё мешавад, ки аз Шӯрои ҷамъиятӣ амри хуруҷ карду масъаларо ба коми дил дид? Оё мешавад, ки бо ин амалкард ҳукуматро водор намуд, ки натиҷаи интихоботро таҷдиди назар кунад? Бигзор ин пурсишҳо бепосух монад, аммо амри яқин аст, ки аз Шӯрои ҷамъиятӣ берун рафтан роҳи ҳал нест.
Ҳар яке аробаро дар танҳоӣ кашидан мехоҳад
Масъуд Собиров раиси ҲДТ

Масъуд Собиров раиси ҲДТ


Масъуд Собиров иддао дорад, ки баргаҳоро азнавшуморӣ кунанд. Кӣ замонат медиҳад, ки ҳукумат ба ин амал ризо мешавад? Ҳеҷ кас! Раҳматулло Зойиров натиҷаи интихоботро маъа аъзои комиссиюн ба суди олӣ доданист. Аммо оё суди олӣ, ки як шохаи ҳукумате, ки сар то по аксари аъзои он узви ҲХДТ аст, алайҳи худ коре метавонад анҷом бидиҳад? Ҳол он ки дар Тоҷикистон аз мустақилияти судӣ бӯе ба машом намерасад. Раёсати ҲНИТ бо интишори хабари гирдиҳамоӣ андак таваҷҷӯҳи оммаро ба худ кашида тавонист. Ҳамчунин аз Шӯрои ҷамъиятӣ берун омаданро сараввал ҲНИТ ихтиёр кард. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки чунин натиҷагириҳо қишри мухолифи ҳукуматро метавонад ба ҳадафашон бирасонад?
Бо сад фисад «гарантия» метавонам гӯям, ки интихобот ҳеҷ гоҳ таҷдиди назар намешавад. Зеро ҳанӯз аҳзоб фарҳанги рақобатро намедонанд. На ҳукумат ва на аҳзобе, ки худро мухолифи ҳукумат медонанд.
Интихобот варианти нав мехоҳад
Раҳматулло Зойиров раиси ҲСДТ

Раҳматулло Зойиров раиси ҲСДТ

Дар ин росто як фикре ба назар мерасад, ки интихобот аз сар хато буд. Тоҷикистон дар интихобот такя ба мамолики дигаре кардааст, ки дар онҳо демократияи воқеӣ рушд кардааст. Аммо дар мо ҳанӯз демократи танҳо дар гуфтору коғазҳост, на дар амал. Мо тавре интихоботро ба роҳ мемондем, ки сабки тоҷикона бояд бошад, ки дигар кишварҳо аз мо омӯзанд, на мо дар тақлиди эшон. Чун расм шуда, ки аксари қонунҳои мо то ба ҳанӯз аз русӣ тарҷумаву нусхабардорӣ мешаванд ва ба он куртаву эзори тоҷикӣ пӯшонида, қонуни миллӣ эътирофаш мекунанд. Сабки интихобот низ ҳамин гуна қиссаро ба ёд меорад.
Шояд дер кардам, ки пешниҳоди худро ба ҳукумат ироа бидорам. Бо он ки медонам фикри як журналистро ҳукумат оё эътироф мекунад ва ё …дар ҳоли гумон аст. Чун рӯзноманигор ҳарчанд дер бошад ҳам, пешниҳодамро рӯи коғаз меорам.
Ин ки таги ғурфаҳо рафт овоз доданро ба мо ғарбиён омӯхтанд, шаке нест. Аммо бо тамоми масъулият мегӯям, ки ин ниёзи тоҷиконаи моро ба демократияи тоҷикона бароварда карда наметавонад. Чӣ бояд кард. Дар Тоҷикистон, ки ҳашт ҳизб ҳаст, бояд пеш аз интихобот дар ҳар ҳавзаи интихобтӣ дар ҳар ғурфа (хонаи алоҳида бошад беҳтар) бигзор ҳашт қуттӣ гузошта шавад. Дар ҳар қуттӣ нишонӣ ва номи ҳизб бо ҳарфи калон мусаббит гардад, ки ҳар нафари интихобкунанда бемалол дар асари пириаш ҳам онро дида тавонад. Ва ҳар ҳизбе, ки интихобкунанда ба он моил аст, бигзор баргаашро даруни он партояд. Баргаҳо низ бояд таҷдиди назар шаванд. Баргаҳо бигзор аз суол иборат бошад. Барои мисол баргаи вакили МН МО бошад, суоли «Шумо ба кӣ овоз медиҳед?» Бигзор нафари мунтахабе, ки мехоҳад номашро нависад ва ба қуттии ҳамон ҳизб партояд. Барои ин нозирони холис аз ҳама аҳзоб ва ташкилотҳои байналмилалӣ бояд ҳузур дошта бошанд, ки ҳангоми ҳисоби баргаҳо мисли имрӯз кашмакашҳои беохир сурат нагирад.
Дар ин ҳол метавон натиҷаи одилонаи интихобро дар ҳама гуна интихобот ба даст овард. Бовар дорам, ки ин гуна вариант дар ҳеҷ давлате ҳанӯз таҷруба нашудааст. Дар сурати натиҷаи хуб доданаш итминони комил дорам, ки дигар мамолик аз ин таҷруба хоҳанд андӯхт.
Ҳанӯз, ки дар пеш интихоботи президентӣ истодааст, бояд ин таҷрубаро ба кор бурд, то норизогии аҳзоб рӯйи кор наояд.

Реклама

04.03.2010 - Posted by | Амният, Навидҳо, Сиёсат, Тоҷикистон, Фарҳанг

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: