ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Парандаҳои қафасӣ баъд аз Фурӯғ

Набиюллоҳи Суннатӣ

Адибаи Азиз, идомаи шеърҳои Фурӯғ

Адибаи Азиз, идомаи шеърҳои Фурӯғ

Шоирони замони шӯравии тоҷик аз бузургманишии иттифоқи нависандагон менозиданду баъди интишори ҳар як китобашон бо ҳаққи қаламҳои ҳангуфт сарфароз ва ҳамзамон соле як маротиба ба осоишгоҳҳо (санатория)-и беҳтарин олам ба фароғат фиристода мешуданд.
Хушо ба ҳолашон, ки бахти эшон буланду толеъашон бегазанд будааст. Мо наслҳои навини даргоҳи ҚАЛАМ ба ин чиз ҳасодат намеварзем. Зеро бо он ки аз ҳеҷ гуна ғамхориву хонаву бӯстонсароҳо, ки қаблан адибони тоҷик аз ҷониби давлат сарфароз мешуданд, моён куллан ҳазорҳову милюнҳо килумтер дурем, ҳанӯз бо пешонии шӯру толеъи сарсони шоирону нависандагони ҷавон аз нигориш дурӣ наҷустаем.
Замоне хуб ба ёд дорам, аксари устодони суханро устод Мирзо Турсунзодаву Боқӣ Раҳимзода ба қавле хеле «эрка» карда буданду таҳти ҳимояти эшон соҳиби ҷову мақом ва хонаҳо гардиданд. Ку, имрӯз устодон Турсунзодаву Раҳимзода, ки ин гурӯҳи бебаладро роҳбаладӣ намоянд? Ку ғамхории пешин, ки бечора шоирону нависандагони ҷавони бехонаву дар соҳиби макону манозил шаванд. Ҳайҳот, ки ин суолҳо танҳо чун пурсишҳои бепосух ба таври ҳамешагӣ боқӣ хоҳанд монд. Афсӯс…
Дар ҷойе хонда будам, ки:
«Ҳар давлату ҳукумате, ки ниёз ба аҳли фарҳанг овардааст, ба таҳқиқ донед, ки он кишвар ва он ҳукумат пешрафтатарин дар ақсои олам аст. Агар ин ҳолро вожгуна дидед, вой бар ҳоли он давлату аҳли фарҳанги он».
Имрӯз ин ҳикматро боз ин ҷо менависаму ба худ меандешам, ки кай ҳукумати мо рӯйи ниёз ба аҳли фарҳанг меорад. Дар ҳоле, ки садҳо қаламкашону соҳибони истеъдоди худодод дар хонаҳо иҷоранишинӣ доранд. Садҳо шоирони ҷавон, ки билҳақ ба пояи устодӣ аксаршон расидаанд, сарсону саргардон дар мулки Русия ба корҳои сангину тоқатшикан машғуланд. Ин гиларо як сӯ мегузорам. Мегузарам ба асли матлаби ин нигориш.
Адибаи Азиз, шоираи навпардоз, навроҳ, навҷӯ, навофару навовар. Мо ҳар ду хеле ошноии хуб дорем. Ин ҷо на ба хотири он ки Адиба яке ез ошноҳои наздиктаринам аст, сухан меронам. Балки бояд бо ихлос қоил бояд шуд, ки ӯ воқеан «Баъд аз Фурӯғ» аст. Навиштаҳояш бӯйи ашъори Фурӯғ мекунанд. Шояд илҳоми ӯ идомаи илҳомҳои ба итмомнорасидаи Фурӯғи Фаррухзод бошанд? Аҷабеву шаке нест.
Имрӯз дар торнигористони тоҷикону порсигӯёни ҷаҳон торнамои наве бо исми «Паррандаҳои қафасӣ», ки муаллифи он Адибаи Азиз аст, пешкаши ҳаводорон шудааст. Веблоги шоира Адибаи Азиз зери ин линк қобили дарёфт аст:
http://fourugh.blogspot.com/
Азизон сар бизанед, бо Фурӯғи тоҷик бипайвандед. Дар ин рӯзҳои баҳорӣ ба ташнагони каломи ноб пешкаш мешавад. Бо умеди он ки ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша ғамхори наслҳои нави соҳиби истеъдод бошад, хотимаи ин гуфторро бо чаҳорпораи худи Адиба ҳусни хатм мебахшем:
Болу пар машкан дар ин зиндони ғам,
Нотавонбине гар овардат ба чанг,
Пар кушо, то осмонҳои Худо,
Зиндагиро зинда кун бо ному нанг!

Реклама

04.03.2010 - Posted by | Навидҳо, Сиёсат, Тоҷикистон, Фарҳанг

1 комментарий »

  1. Salam dooste aziz.
    Man webloget ra didam.
    affarin
    man karam tarrahiye sayt va host va domain ast.agar mikhahi man mitoonam anjam bedam.
    +98.9384078739
    getpanel@gmail.com
    info@getpanel.com
    Fathollahi

    комментарий от Fathollahi | 10.03.2010


Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: