ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Модарони бебарқ дар шарқ

Набиюллоҳи Суннатӣ
Таҷлили иди модарон

Иди модари тоҷик бидуни барқ

Иди модари тоҷик бидуни барқ

бидуни ширкати рафиқ Барқ
Модарону хоҳарон тӯли 18 сол бори аввал аст, ки иди бонувонро бидуни барқ пешвоз мегиранд. Инро аксар мусоҳибон ба қадрношиносии кормандони соҳаи барқ нисбати модарон унвон мекунанд.

Барқ барои модар ҳайф аст?
Ин сол иди бонувон дар Тоҷикистон ба Иди модарон табдил ёфт, ки табааи сар то сари кишвар бо шукӯҳу шаҳомат пешвоз гирифтанд. Ҳаво низ чун дили модарон офтобӣ буду аммо… Барқ чун ҳар рӯз дар аксари навоҳӣ хомӯш шуд. Модарону хоҳарон интизор доштанд, ки дар рӯзи идашон чун идҳои соли нави масеҳиву идайни исломӣ (иди рамазон ва азҳо) барқ дода мешавад. Аммо ҳайҳот, умеди бонувон чун дуди сигор барбод шуд. Барқ субҳ соати 8:50 ва дар баъзе манотиқ 9:30 қатъ гардид ва чун рӯзҳои дигар соати 17:00 бегоҳ боз интиқол шуда он ҳам боз соати 21:00 хомӯш гашт.
Мусоҳибам аз ноҳияи Конибодом Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад низ таъкид медорад, ки дар ноҳияи эшон субҳ соати 8:30 барқро қатъ кардаанд. Салим ном мусоҳибам низ аз ноҳияи Ҷаббор Расулов ин амали кормандони соҳаи барқро худписандӣ ва қадрношиносӣ унвон кард.
Суоле ба миён меояд, ки ин ибтикори (яъне хомӯш кардани барқ) ҳукумат буд ва ё худкории (ба таври автоматӣ ва ё рефлексӣ) кормандони Ширкати Барқи тоҷик буд? Пайдост, ки шояд дар ин зимн ҳукумат чизе нагуфта бошад. Ба таҳқиқ метавон натиҷа кард, ки ин пешхезии Барқи тоҷик ва кормандони он дар навоҳист.
Рӯшан аст, ки баъди парокан кардани хабари «Роғунро месозем» дар Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта ба маротиб зиёдтар ва ҳатто беҳтар ба мардум қувваи барқ дода шуд. Аммо соҳибназарон бар онанд, ки вақте ҳукумат итминон ҳосил кард, ки мардум бо қувваи хеш Роғунро месозад, бидуни мамониат барқро интиқол дод. Аммо дид, ки дар моҳи феврал нисбат ба моҳи январи соли ҷорӣ харидани саҳмияҳо то ҳадде суст шуд, дарҳол ҷилави аспи барқро қафотар кашид.
Соҳибназарон то кадом ҳадд дуруст гуфтанд, суоли вақт ва посухи натиҷаи кор аст. Аммо маълум аст, ки нисбат ба сардиҳои фасли дай вақтҳои ахир интиқоли қувваи барқ ба маротиб дар деҳоту навоҳӣ кам шудааст. Чун таҷрубаи солҳои ахир исбот мекунад, ки нисбат ба ҳавои сарди зимистон бо фаро расидани баҳор ва ба таври тадриҷӣ барқ бештар мешуд. Лекин имсол бархӯрд ва интизориҳои мардум то рафт вожгуна омада истодааст: яъне интиқоли барқ то рафт камтар шуда.
Бо ин ҳама, дил мехоҳад, ки ҳадди аққал дар Рӯзи Модарон барқ ба таври бояду шояд дода мешуд. Маълум аст, ки модари деҳотии тоҷик ба ид сару коре қариб, ки надорад. Аммо барои ӯ ид воқеан он аст, ки БАРҚ медиҳанд ва «кипятильник»-у бухориҳои барқияш ба кор медарояду шиму костюми шавҳару писаронашро шуста уту мезанад. Аммо ин ид модари тоҷик на шусту на уту зад. Дам гирифтан ва канор рафтанаш ин ид (яъне рӯзи бебарқӣ) аз шустану уту задан худ шояд ИД бошад? Инро намедонам, аммо… Барқи тоҷик натавонист, ки модарону хоҳаронро ба ин ид табрик гӯяд. Яъне нахост, агар мехост, агар…. кош…

Барқ ҳам ид аст
Маҳбуби Ганҷалӣ ин амали Ширкати Барқи тоҷикро дар навоҳӣ ниҳояти беэҳтиромӣ унвон мекунад.
— Бемасъулиятӣ ва эҳтиром нагузоштан ба Модар, ман чунин мешуморам, -мегӯяд мавсуф зимни сӯҳбат.
Журналист ва коршинос Ҷӯра Юсуфӣ муҳаббати масъулини барқро ба модарон рӯйизабонӣ мехонад:
-Дар деҳа бонувон интизор буданд, ки чун дар рӯзи интихобот барқ мешавад, вале… маълум мешавад, ки муҳаббати масъулон нисбати бузургдошти модар забонӣ будааст.
Воқеан, вақте раъйи мардум ба ҳукумат, ки роҳандози асосии ширкати Барқи тоҷик аст, дар рӯзи интихобот зарур буд ва аз ин рӯ барқ бидуни мамониат шаборӯзӣ интиқол ёфт. Ин ки интихобот гузашт, дар ҷашни Модарон «сарату равғанат»-гӯён ҳеҷ табрикоти барқборе ба занони Тоҷикистон эҳдо нагардид.
Фарҳоди Милод, коршиноси дигари сиёсӣ даруни қавсайн бебарқиро «тӯҳфаи Барқи Тоҷик» меномад:
-Ин тӯҳфае аз тӯҳфаҳои «Барқи тоҷик» ба модарони тоҷик тайи 18 соли ахир аст. Аммо омаду рафти барқ аз касе ё чизе вобаста нест. Сохтори барқрасонӣ мушкил дорад. То он танзим нашавад, Рӯзи Модар ҳам аз он истисно нест.
Фирдавси Аъзам, журналисти ҷавон ва дорандаи якчанд веблогҳои сиёсӣ ин амали Барқи Тоҷикро хиёнат меҳисобад.
-Дар рӯзи модарон хомӯш шудани барқ на танҳо беэҳтиромӣ, балки ҳатто метавон хиёнат унвон кард. Соҳибкурсиҳоро кӣ ба дунё овард?,-суолгуна идома медиҳад Ф.Аъзам, — ва худ дар посух мегӯяд:- Албатта модар. Аммо ин ки дар баъзе марокизи шаҳрҳо барқ доимӣ буду занони шаҳри имкони гаштугузор ва ба таври дилхоҳ таҷлил кардани идро доранд, мутаассифона баъзе занон ва хусусан занони деҳоте ҳастанд, ки умуман ягон имкони кӯча баромадан надоранд. Шояд василаи дилхушии онон тамошои барномаҳои телевизионӣ буд, ки он ҳақро ҳам Барқи Тоҷик аз эшон маҳрум кард.

Чанд литр хуни модар барои миллат сарф шудааст?
Як таҷрубаи оддӣ: Модар тибқи сунану фарзиятҳои шариат ва тибқи дастури тибби муосир кӯдакашро бояд аз пистонаш ду сол шир бидиҳад. Тасаввур кунед, ки модар дар як шаборӯз ба ҳисоби миёна даҳ маротиба шир медиҳад, ки ҳар як бор шир доданаш ба ҳисоби миёна 100 грамм шир аст. Яъне як шабона рӯз 1 литр шир ба кӯдак медиҳад. (ин ҳадди ақалл аст). Агар як сол 365 рӯз бошад, тӯли ду сол модар ба кӯдакаш 730 литр шир додааст, ки ҳама қатраи шираш аз хуни ӯ таровидааст. Агар модари тоҷик чор кӯдак таваллуд карда бошад, пас ин рақамро ба чор зарб мезанем, ки 2 тоннаву 920 литр шир –яъне хуни модари тоҷикро каллаи пластмассини хитой (калкулятор) нишон медиҳад.
Ин таҷруба хеле хандаовар ва аҷиб ҳам менамояд. Аммо сидқан назар кунем, воқеан ҳама хуни ӯст, ки барои ояндаи Миллату Ватан онро дареғ надоштааст. Ин дард аст. Аммо имрӯз барои модар 10-20 киловатт барқро дареғ медоранд, ки ҷойи ВОЙ аст.
Пас чӣ гуна метавон ба ба он табрикномаҳое бовар кард, ки модарро қиблагоҳ меноманд? Ақл оҷиз аст, барои имон овардан ба чунин тарикномаҳои осмонхарош.

Реклама

09.03.2010 - Posted by | Иқтисод, Навидҳо, Сиёсат, Тоҷикистон

1 комментарий »

  1. Salam dooste aziz.
    Man webloget ra didam.
    affarin
    man karam tarrahiye sayt va host va domain ast.agar mikhahi man mitoonam anjam bedam.
    +98.9384078739
    getpanel@gmail.com
    info@getpanel.com
    Fathollahi

    комментарий от Fathollahi | 10.03.2010


Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: