ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Нашрияҳои ғайридавлатӣ фарзандони ӯгаянд?

Набиюллоҳи Суннатӣ
Иди матбуот-нимбарқу бебарқ

Симои рӯзномаҳои тоҷикӣ

Симои рӯзномаҳои тоҷикӣ

11 март дар қасри ба номи Лоиқ Шералӣ (қаблан Маркази ҷавонон)-и Хуҷандшаҳр бахшида ба Рӯзи матбуот маросими оддии ҷамъомад баргузор гардид. Бо он ки Рӯзи матбуот аст, кормандони телевизиону родиёи ҳукуматӣ бо тӯҳфаҳои хотиравии ҳукуматӣ бархӯрдор шуда, ҳамзамон нашрияҳои ҳукуматӣ низ бо ифтихорномаву тӯҳфаҳо ва саҳмияҳо сарфароз гардиданд. Пас месазад, ки Рӯзи матуботи тоҷик неву ба қавли устод Салими Айюбзод Рӯзи журналистикаи тоҷик ном бубарем.
Ба ҷуз ин, ба назар чунин мерасад, ки Иди матбуот танҳо аз они нашрияҳои давлатист. Дар ҷамъомад як чизи оддиро пайхас кардан хеле осон буд, ки нашрияҳои мустақил ба сони фарзандони ӯгай ҳастанд. Чун тӯҳфаҳои хотирмон қариб 90 дар сад ба журналистони давлатӣ супурда шуд. Аммо бо тамоми масъулият мегузорам, ки мо миёни журналистони ҳукумативу ғайриҳукуматӣ фарқ намегузорем. Чун мо бо ҳам хеле ҳамдостону ҳамкори хубем. Аксари журналистонро мешиносам, ки қаблан дар нашрияҳои давлатӣ кор кардаанду феълан дар ҳафтаномаҳои ғайриҳукуматӣ ифои вазифа менамоянд. Ё журналистони ғайриҳукуматиеро мешиносам, ки алъон дар нашрияҳои давлатӣ кор мекунанд. Ин худ як ҳамбастагӣ аст. Лекин…
Ҳукуматиён намебоист, ки байни журналистони давлативу ғайридавлатӣ фарқ мегузоштанд. Гап дар сари як тӯҳфача не, гап дар сари қадршиносист. Ҳамин журналистони ғайридавлатиянд, ки бо мақолаҳои тезу тунд ва интиқоди шадидашон дар ҳузури кишварҳои абарқудрати демократӣ Тоҷикистонро чун кишвари демократгаро намоиш медиҳанд. Ҳамин журналистони ғайридавлатиянд, ки бо гирифтани гранту пешниҳоди маводҳои ҷолиб таваҷҷӯҳи хориҷиёнро барои сармоягузории ин ё он иншоот бармеангезанд. Пас кудоме боқадртар аст? Бигзор ба ин пурсиш виждони ҳар як хонанда посух бидиҳад.
Як чизи дигар: Кормандони соҳаи барқ низ чун Рӯзи бонувон кормандони матбуотро дар Рӯзи матбуот «табрик» гуфтанд ва «армуғон»-и хубе эҳдо фармуданд. Қисмати расмии маросими иди матбуот дар Қасри ба номи Лоиқ Шералӣ ба итмом расиду муҷрии барнома эълон дошт, ки бахши фарҳангии таҷлили Иди матбуот оғоз меёбад. Рақсу суруд сар шуду барқ ба охир расид. Яъне барқ ба қавли деҳотиён «ҷон канда, ҷон канда» мурд. Ин буд АРМУҒОНИ кормандони соҳаи барқ ба журналистон!

Реклама

11.03.2010 - Posted by | Навидҳо, Сиёсат, Тоҷикистон

1 комментарий »

  1. Вокеан чунин сурат гирифтани корро чашмдошт набудам.Эхсос, на галат гуфтам, балки бо ду чашми сар шохид будам,ки чи гуна хукуматихо, (алабтта он гуна ,ки дусти азизам чаноби Суннати фармуда аст,мо тафрика намендозем) нисбати гайрихукуматихо ба истилох «муносибат» мекунанд.дар чамомад,ки банда низ ширкат доштам, интизор доштам,ки бо бахонаи иди матбуот рузноманигорони вокеатнигору хакикатнигори моро тухфаборон мекунанд,аммо афсус,ки дилам дар ин умеду чашмдошт иштибох карда будааст.Ба хар хол ин чамьомад бори дигар исбот намуд,ки хукуматихо аслан худ моиланд тафрека андозанд.

    комментарий от Firdavsi A'zam | 11.03.2010


Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: