ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Садоқат кист муҳим нест, садоқат чист муҳим аст

Набиюллоҳи Суннатӣ
17-уми моҳи морс, чаҳоршанбе. Дар кутуби таърих дар ин рӯз аммо солҳои мухталиф ҳазорон духтарон таҷовузу ҳазорон шаҳрҳо вайрон гардидаанду ҳазорон ҷавонони ба ору номус аз дами теғи аҷнабиён гузаштаанд. Аммо айнан дар ҳамин рӯз ва он ҳам солҳои гуногун садҳо шаҳрҳо бунёд ёфтаву садҳо олимону чеҳраҳои ворастаи дунё милод ёфтаанд. Дар Википедия низ рӯйхати ҳазорон нафар аст, ки дар ин рӯз арзи ҳастӣ намудаанд.

Милоди Садоқат

Милоди Садоқат


Инак, ҳамин рӯз, чаҳоршанбе, 17 морси соли 2010 Садоқат милод ёфт. Гумон накунед, ки исми занона ва ё мардона аст. Ин унвони як торнамои рӯшангару зиёест, ки ҳамин рӯз, инак қудумашро ба остонаи торнигористон олам гузошта.
Дӯсти хубам ва ҳамтои ҳампоям Фирдавси Аъзам, яке аз соҳибвеблогони саршиноси шимоли Тоҷикистон субҳ ин линкро бароям ирсол дошт, то сар бизанам.
Сар задам, воқеан муборак аст. Аммо маълум нест, ки муаллиф кист. Бо ин ки аз пеш муддаии он будам, «Мангар, ки кӣ мегӯяд, бингар, ки чӣ мегӯяд». Ин шиори умрбодии ман аст. Аслан пинҳон доштани чеҳраи аслии муаллифи ин торнигор дар Тоҷикистон шояд аз бекафолат будани амнияти аз баъзе соҳибқаламон аст. Аммо рӯшан аст, ки муаллиф худро ошкор карданӣ нест. Бароям ин муҳим нест. Муҳим он аст, ки МЕНАВИСАД.
Дар гузашта журналистикаи тоҷик имзои мустаор ном вижагии ҳақнависӣ дошт. Инак, замона бархӯрди дигар гирифтаасту пешрафти текнулужӣ низ тадриҷан рӯй ба рушд аст. Аз ин хотир, аз баъзе муаллифонро замона ва рафти амнияти эшон мунҷар ба пинҳон доштани номи эшон кардааст, ки инак дар баъзе торнамоҳо мебинем.
Дӯстони азиз, ба САДОҚАТ сар бизанед, муборак аст.

Реклама

16.03.2010 - Posted by | Амният, Навидҳо, Сиёсат, Тоҷикистон

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: