ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Сутуне шикаст, ислоҳнопазир

Набиюллоҳи Суннатӣ
Ин субҳ хестаму ба пешайвони хонаам баромадам. Ҳаво гирифтаву нолаву наҷвои фазои баҳорӣ ба гӯш мерасид. Чун ҳар субҳгоҳон ин бомдод ягон нишоте дар чеҳраи осмон наёфтам. Дилам лағзид андак. Ба худ гуфтам, ки ҳаворо чӣ шуда, ки ин қадр андӯҳзада метобад. Пас аз соате як дӯсти исфарагиам занг заду…

Яке аз охирин мусоҳибаи Муҳаммадширифи Ҳимматзода бо хабарнигори родиёи Озодӣ Каюмарси Ато

Яке аз охирин мусоҳибаи Муҳаммадширифи Ҳимматзода бо хабарнигори родиёи Озодӣ Каюмарси Ато

Худоё! Боз як сутуни миллат дори бақоро ба дори фано тарҷеҳ дод. Устоди фақиди исломшинос ва муаллифи китоби безаволи «Зиндагӣ ва осори Имоми Аъзам Абӯҳанифа» Муҳаммадшарифи Ҳимматзода дунёро бидруд гуфт. Баъди занги дӯстам дарёфтам, ки чаро ҳаво ин субҳ андӯҳзада аст. Ҳаво мотам дошт.
Ба кулли пайвандону наводагони ин марди фақиҳу фақид ҳамдардии худро баён медорем. Ба Раёсати ҲНИТ, куллаи аъзои ҲНИТ, алоқамандони ин марди ҷасуру вораста ва аҳли байти устод Ҳимматзода аз даргоҳи Рабби Ҷалил истидъои сабру таҳаммул мекунем.
Ҳарчанд дар ҳуввияти зист ва энсиклопедияи зиндагии устод Ҳимматзода бо ду по мелангем, салоҳ донистем навиштаи ҳамтоямон Абдуқаюми Қаюмзодро аз родиёи Озодӣ ин ҷо биёварем.
Худованд ин марди таҳамтани сёсати илоҳӣ ва дунявиро ғариқи раҳмат ва шоистаи ҷаннат бигардонад. Омин!

Даргузашти Муҳаммадшариф Ҳимматзода
Муҳаммадшариф Ҳимматзода, нахустин раис ва раҳбари маънавии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баъд аз бемории тӯлонӣ субҳи имрӯз дар синни 59-солагӣ аз ҷаҳон даргузашт.

Муҳаммадшариф Ҳимматзода яке аз бунёдгузорони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва аз афроди наздик ба Сайид Абдуллоҳи Нурӣ буд. Соли 1991 бо сабти номи расмии ҲНИТ ҷаноби Ҳимматзода нахустин нафаре буд, ки раёсати ҳизб ба дӯши ӯ вогузошта шуд.
Бо шурӯи муқовиматҳои дохилии солҳои 1992-1997 Муҳаммадшариф Ҳимматзода ҳамроҳ бо даҳҳо ҳазор ҳамватанон маҷбур ба тарки ватан шуд. Аз оғози соли 1993 ӯ бо дигар роҳбарони Наҳзати исломӣ дар Афғонистон Ҳаракати наҳзати исломиро таъсис дод ва дар симмати муовини раиси ин ҳаракат фаъолият кард.
Соли 1994 музокирот миёни Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик ва ҳукумати Тоҷикистон шурӯъ шуд ва оқои Ҳимматзода муовини раиси ҳайати музокиротӣ аз ҷониби Иттиҳоди нерӯҳои оппозисиюни тоҷик буд.
Баъди имзои Созишномаи умумии сулҳи ҷонибҳо ва бозгашти мухолифини аз муҳоҷират ба ватан, ӯ раиси зеркомиссияи ҳуқуқ дар Комиссияи оштии миллии Тоҷикистон ниҳоди муштарак аз нерӯҳои мухолиф ва ҳукумати Тоҷикистон буд.
Сипас чанд муддат ба ҳайси сафири супоришҳои хос дар Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Соли 1999 дар феҳрасти ҲНИТ барои интихоботи Маҷлиси намояндагон номи Муҳаммадшариф Ҳимматзода дар мақоми аввал қарор дошт. Ҳамчунин дар интихоботи соли 2005 низ ӯ намояндаи ин ҳизб дар парлумони Тоҷикистон буд.
Аммо аз соли 2006 ӯ мубтало ба бемории саратон шуд, ки дигар натавонист мустақим дар кори парлумон иштирок кунад. Дар оғози соли 2009 ба нишони эътироз аз қабули Қонуни нави дин дар Маҷлиси намояндагон, ки мавриди интиқоди рӯҳониюни кишвар ва ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифта буд, аз мақоми вакилӣ дар парлумон истеъфо дод.
Вай охирин бор дар соли гузашта бо радиои Озодӣ сӯҳбати пурмуҳтавое дар мавриди Қонуни нави дин, фаъолияти ҲНИТ ва фазои мазҳабӣ дар кишвар анҷом дода буд.
Баъди даргузашти Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар соли 2006 Анҷумани ин ҳизб ӯро роҳбар ё пешвои рӯҳонии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон интихоб кард. Муҳаммадшариф Ҳимматзода ба унвони як олим ва донишманди мумтози динӣ низ чандин кутуб ва рисолаҳои илмӣ таълиф ва ба нашр расонидааст.
Маросими видоъ бо Муҳаммадшариф Ҳимматзода- раҳбари маънавии ҲНИТ ва вакили пешини ҳизб дар Маҷлиси намояндагон сотаи 15 дар масҷиди Имом-ал-Бухорӣ дар шафати манзили зисташ доир хоҳад шуд.

Реклама

16.03.2010 - Posted by | Навидҳо, Сиёсат, Тоҷикистон

3 комментария »

  1. Дар вокеь рафтани чехрахои фарзона хамеша барои хар як миллату кишвари мутамаддин андуху кулфату сутургест.Мухаммадшариф Химматзода дар хакикат он чехраи фурузони миллат махсуб меёфт,ки нахустон шуда дар бунёди ХНИТ асос гузошт.
    Аз даргохи магфирати Худованд талаб мекунем,ки руху арвохи бузургу поки уро шод гардонад ва сояи маьрифату маьнавияту рухонии уро аз сари мо кам накунад.
    ОМИН!!!

    комментарий от Firdavsi A'zam | 16.03.2010

  2. Инна лиллохи ва инна илайхи рочиъун!
    Худоё Чаннатул Фирдавсро насибаш бигардони!
    Афсус ки, боз як Марди Бузурги Миллати Точик ин дунёи фониро тарк намуд, сад афсус… Ба хамаи дустону наздикону ахлу оилаи устод Мухаммадшарифи Химатзода хамдардии худро баён менамоям.
    Имруз, барои ман сиёхтарини рузи таи солхои ахир ба шумор меравад. Вой азин рузхои сахт, ээээээээээээ… Ду руз пай дар пай гушам чирингос мезаду овоз гирифта буд, дилам сиёх буду сахт гамгин шуда будам ки, ягон хабари нохуше ба гушам мерасад. Фавкулода, дируз аз сахар то бегох чанд маротиба устод Мухаммадшарифи Химатзодаро ёд мекардему аз У кисса мекардем. Афсус ки, акнун киссахои Мо ба гаму гусса табдил меёбанд!

    комментарий от Patriot | 16.03.2010

  3. Имомалиев Ахлиддин аз Хордараи Болои шахри Вахдат аст. У набераи усто Кара аст.

    комментарий от Имомалиев Ахлиддин | 13.04.2010


Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: