ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Қарор вагон-вагон, амал ягон-ягон

Набиюллоҳи Суннатӣ

Тибқи ваъдаи «Барқи тоҷик» аз забони дафтардори матбуотии ин ниҳод Нозирҷон Ёдгорӣ аз санаи 13 марти соли ҷорӣ дар навоҳии кишвар интиқоли барқ 14 соатро дар шаборӯзро мебоист дар мегирифт. Ин хабар, ки санаи 12 март дар пойгоҳи хабарии Азия Плюс мунташир шуд, ҳамагонро хушҳолӣ бахшид. Аммо хушҳолӣ рӯйи ин навишта монду бас.

Мардум дар ғами барқ ғарқанд

Мардум дар ғами барқ ғарқанд

Маълум шуд, ки дастандаркорони барқ дар навоҳӣ қарору фармони «Барқи тоҷик»-ро ба ду пули пучак баробар мекунанд. Аз он ки бояд субҳ соати 5:00 то ба 13:00-и нисфирӯз ва бегоҳӣ аз соати 17:00 то ба 23:00 барқ бояд мунтақил шавад, сад афсӯс, ки нашуд ва боз нашуд. Эътимоди мардум бо он ки ба ниҳоди барқу барқдиҳии кишвар хеле кам монда буд, инак боз умуман боваре ба ин ниҳод намонд. Суоли матраҳ ин аст, ки чаро «Боло» қарор ё фармоне мебарораду «Поён» онро иҷро намекунад?
Аксари коршиносон ба ин назаранд, ки худкомагиҳои мақомоти поёнӣ (манзур ниҳодҳои барқтақсимкуниву барқфурӯшии навоҳӣ) дар кишвар ба авҷи аълояш расида, ҳеҷ замоне нашудааст, ки аз пайи иҷроиши ин ё он қарор бошанд. Ба вижа ин ҳолро ба дараҷаи инфирот дар вилояти Суғд метавон дид.
Мардуми ин марз, ки ду зимистони ахирро умуман бидуни барқ паси сар карданд, намунаи олии камзарфӣ ва ё бемасъулиятии ниҳоди барқрасони шимоли Тоҷикистон аст. Аллакай зимистони гузашта дар фонди ҳақорат ва ё дуои бади мардуми шимоли Тоҷикистон боз як ҳақорат ва ё дуои баде зам гардид. Дуои бад ин аст: «Илоҳо, хонаат бебарқ монаду комфорти газат умуман газро набинад».
Инак, мавзӯъ сари «Чаро ваъдаи «Барқи тоҷик» дар вилояти Суғд иҷро намешавад?» аст. Шояд хонанда бипурсад, ки ман метавонистам, аз худи ин ниҳод посух бигирам. Аммо қаблан бидуни рафтану ба қавле интервью гирифтан ҳам медонам, ки посухи ишон чӣ хоҳад буд. Баҳонаву чағонаву тарона мехонанду бас. Ба амсоли «вақти кишоварзист ва обёрии заминҳо», «ҳанӯз мо бехабарем, ба мо чунин фармон нашуда», «ҳанӯз барқ ба таври кофӣ истеҳсол нашудааст», «ҳанӯз сатҳи об паст аст» ва … ғайра.
Ба гуфти Ёдгорӣ феълан дар обанбори Норак агар 866,3 метр об ба баландӣ захира шуда бошад, шаке нест, ки дар обанбори Қайроққум низ сатҳи об андак баланд шудааст ва гузашта аз ин хатти барқии баландшиддати ЛЕП-500 аз ҷануби Тоҷикистон ба шимол мунтақил шудааст аллакай. Агар дар натиҷаи рӯй овардан ба фурӯзонакҳои каммасраф ва мусоид омадани обу ҳавои фаслҳои ахир 1 млрд. кубометр об барои истеҳсоли барқ хеле рақами хубу сутуданист.
Пас ҳилаи ниҳодҳои барқрасон дар чӣ маҷмӯъ меёбад?
Ҳамсӯҳбатам аз ноҳияи Конибодом Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад, низ таъйид ба он мекунад, ки дар ин ноҳия низ субҳ 3-4 соат ва шомгоҳ низ тақрибан ҳамин гуна соат барқ интиқол медиҳанду халос.
Дар Исфара низ ҳолат бадтар аз он аст, ки дар ноҳияҳои дигар бошад.
Хабарнигори мо дар марзи Исфара Яҳёҷони Воҳид чунин амалкарди духӯраи масъулини барқрасони ноҳияи Исфараро лоиқи ситоиш намедонад ва таъкид мекунад, ки худкомагии масъулини барқи ноҳия боз ҳам метавонад эътимоди мардумро нисбат ба ҳукумату «Барқи тоҷик» бикоҳонад.
-Тасаввур кунед, мардум бо шунидани 14 соат барқ аз хурсандӣ тоқияшонро ба ҳаво партофтанд. Аммо тавре мебинед, имрӯз чун гузашта мардум бо мушкилоти барқ рӯ ба рӯянд. Наврӯз наздик аст, шояд баъди Наврӯз вазъи барқ андак беҳ шавад.
Коршиноси ҷавон Фирдавси Аъзам Тоҷикистонро дар баровардани қарору фармон ҷои якум ва дар иҷроиши он дар ҳама ҷои охирон мебинад.
-Бо таваллуд шудани боз як қарори барқ санаи12 март, ки гуфта мешуд минбаьд яъне аз санаи 13 март ин тараф барқ ба миқдори 14 соат зиёд карда мешавад, аммо боз мебинем, ки масъулини барқи тоҷик дар иқдоми хеш ноустуворанд ва ин дар ҳолест, ки дар ноҳияи Мастчоҳ субҳ ҳамагӣ 2-3 соат барқ асту шабона бошад 3-4 соат барқ медиҳанду халос, боқӣ ҳама ҷоро аллакай шабона садои дандоншикани пумпаҳои чинӣ (барқзо, движоки истеҳсоли Чин. Н.С) пур мекунад, ки бе ин ҳам мардуми хастаи деҳаро боз нигаронтар мекунад. Ҳукумати Тоҷикистон дар баровардани ҳар гуна қарору тасмим, ҷои аввалро мегирад, аммо дар ҷорӣ кардани он қарор ба таври амалӣ ҳеҷ ибтикоре намекунад ва он ҳама қарор мемонад рӯи коғаз. Ман ин гуна бемасьулиятиро заифии масъулини барқ медонам.
Шояд ин беҳтарин фурсатест барои онҳо, то барқро бифрӯшанд ва миқдори ками онро ба деҳот интиқол бидиҳанд.
Аз ноҳияи Спитамен низ дарак ёфтем, ки ҳол аз соати 5-и субҳ то 11 ва аз 18-и бегоҳ то 23-и шаб бароқ интиқол меёбаду бас. Ин ҳол дар тамоми ноҳия бадтар аз якдигар аст.
Пас чӣ бояд кард? Ё ба ҷои харидани саҳмияи Роғун дар бадали чунин муносибати масъулини барқрасони навоҳӣ барқзои чинӣ (движок) бояд харид?

Реклама

18.03.2010 - Posted by | Иқтисод, Навидҳо, Сиёсат, Тоҷикистон

1 комментарий »

  1. yek salam az iran be mardome aziz va khobe
    tajikestan.

    комментарий от palmina | 16.04.2010


Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: