ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Барфи Наврӯзӣ муборак, солшуморӣ Наврӯз аст, на…

Набиюллоҳи Суннатӣ
Шояд ин матлаб пештар дар ин торнигор баруз мешуд. Ба хотири он ки дур аз маркази вилоят будаму дар деҳа қарор доштам, натавонистам, ки пештар ба маърази хонандаи арҷманд онро ҳавола созам. Аммо беҳтар он аст, ки бигӯйем, аз он ки «дер шудааст»-гӯён нагӯйем.

Барфи Наврӯзӣ дар деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара

Барфи Наврӯзӣ дар деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара

Тахмин ҷашни соли нави милодии соли 1992 буд, ки дар ҳафтавори «Чароғи рӯз» зери унвони «Нӯшбоди талх» бо имзои Салими Айюбзод матлабе хонда будам, ки хонандагони сершумори рӯзномаро устод Айюбзод табрик накарда буд. Аз ростӣ, намедонам шояд нигориши мақола ба дараҷаи олӣ буд ва ё матлабу мавзӯъи миллӣ буд, тӯли даҳ сол-дар ҳар ҷашни соли нави милодӣ онро мехондам. Ҳанӯз аз ростӣ мехонам. Воқеан он ҷо низ интиқод аз ҷашни соли нави милодиву рӯй овардан ба соли нави миллӣ-Иди Наврӯз буд. (Ҳанӯз чор тарафи бастаҳои ин рӯзнома хӯрдаву зард шуда, баъзе даридаанд, шукри ширеҷселофан (скотчи чинӣ), ки онро бо ҳам васл кардаам).
Ахиран табиат ба миллати ғафлатзадаву аз худ бегонаи шудаи ман хитоб кард: Эй мардуми Аҷам, соли нав омад. Ин ки 80-90 сол аст, ки солшумории масеҳӣ ба тақвими миллии мо рахна задааст, ҳиҷ ҷойи ифтихор нест. Баръакс мо бояд хок ба сар кашида гиря кунем, ки миллати воқеии вориси Аҷам имрӯз соли нави хеш гум карда, дунболаи ҷашни соли нави дигар милал аст. Чун мо тоҷикон-миллати қариб ҳазмшуда ба анъаноти ғайр тӯли истисмори давлати шӯравӣ кӯр-кӯрона тақлид аз бобои Ленини «муаззам» ба ғайр аз он ки аз дину диёнат рӯй тофтем, ба русуми бисёрҳазорсолаамон низ лагад кӯфтему пушти пой задем. Зеби соли нав барф баҳона гуфта, мурем ҳам аз соли нави масеҳӣ 1 январ рӯ нагардонидем. Инак, соли 2010 дар соли нави миллӣ-Наврӯзи Аҷам барф ҳам борид. Ноҳияи Исфара ду шабу як рӯз барф бидуни таваққуф борид. Кӯдакон аз барф одамчаву бобои барфӣ низ сохтанд. Боз мо ҳанӯз аз соли нави масеҳӣ дастбардор нестем.
Дуруст аст, ки Наврӯз русуми динӣ нест, аммо набояд фаромӯш кард, миллате, ки даъвои варосату фаросати КАЁНИро мекунад, ҳайф аст, ки бо к…..и (манзурам каёнӣ аст) дигарон калонигапӣ мекунад. Охир Соли нави масеҳӣ таърихи 2010 сола дораду бас. Гузашта аз ин ба миллати тоҷик, ки худро даъвогари пешниҳодкунандаи Иди ҳамагонии Наврӯз ба созмони байнулмилалии ЮНЕСКО медонад, наход 80-90 солак таъсири амиқ гузошта бошад, ки аз соли нави масеҳӣ рӯй гардонидан намехоҳад? Дар қиёс ба Иди наврӯз бингарем, мебинем, ки аз давраи Ҷамшеду Каюмарс мо тоҷикон соли нав гуфта, маҳз оғози баҳор, моҳи ҳамалро мутобиқ ба 19-21 мартро медонистем.
Агар ба соли нави милодӣ назар кунем, мушкил нест пайхаси он ки дарахтон урёну безеб, ҳавои сарду зиндагии сангини бебарқу бегазӣ ҳиҷ ҷойи нишот буда ҳам наметавонад. Эй миллати Ҷамшеду Каюмарс, табиатро бингаред, чӣ қадр зебову дилнишин аст, табиат аз хоби гарон мехезад. Бедории табиати афсункор магар оғози сол нест? Рустани сабзаву раёҳин, ғарқи гул шудани дарахтон оё нишони СОЛИ НАВ нест?
Пас мо интизори чистем, ки рӯй ба Соли нави миллиямон-Наврӯз биёварем?

Реклама

24.03.2010 - Posted by | Сиёсат, Тоҷикистон, Фарҳанг

2 комментария »

  1. Вокеан навруз рузи офариниши ин олам аз чониби Худост.Навруз вокеан огози зиндаги ва огози соли нав аст,чун махз дар ана хамин фасли бахори Хуршед барои аввалин бор тулуь кард, рустанихо ба рустан шуруь карданд,шукуфахо сар заданд.Ва ин чи рамзист,ки Худованд чун ин оламро офарид ва вакте,ки офтоб тулуь кард фасли бахор буд ва бахор шуд огози бедории табиат.
    Аммо ин миллати моро чи мегуи!Хама гунги хобидаанд ва аслан сухане аз ки будану чи буданхо намезананд.
    Хеле шодам,ки Навруз иди чахони шуд,аммо шодтар аз он хохам буд агар Наврузи мо вокеан огози Соли нави мо бишавад.Яьне Мохи Январ нею мохи Фарвардин-Март.
    Дар зер чанд намуна аз ….манзур мешавад.
    Ин шердилон ба хоби харгуш
    Афтодаву гаштаанд бехуш.
    Ё хоби ачал рабуда эшон.
    Ё пунба ниходаанд бар гуш
    ()()()()()()()()()()
    Навруз

    Ба огуше пур аз атри бахорон
    Ба чашмони мунири нозанинон,
    Биё ай махзари рузи мухаббат,
    Биё ай иди гул ай иди дехкон.

    Биё , Навруз эй огози тавлид
    Гуле аз боги вахдат соз эхдо
    Биафрузон чароги сулху вахдат
    Даруни манзили торики дилхо

    Биё чун хадяе бахшо табассум,
    Бурун овар гам аз дилхои мардум,
    Бизан теша дарахти кинаву кибр
    Зи нав эхё бикун гулхои гандум

    Биё эй мурги субхи навбахорон
    Биё эй чашни чумла одамиён,
    Чадиде кун зи нав дунёи кухна,
    Биё ай шури ишку чуши имон.

    Ки то ин сабзгулшан човидона,
    Бувад кошонаи сулху амони,
    Хумои бахт бикшояд пару бол
    Ба авчи осмони зиндагони

    комментарий от Фирдавси Аъзам | 25.03.2010

  2. hichi nemitonam bekhonam.
    akhe dar morede chie ?
    man ke iraniam balad nistam in tori bekhonam.
    🙂

    комментарий от palmina | 15.04.2010


Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: