ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Ришханд-Пресс, Роҳи пулакӣ, Ислом Каримов ва баҳс бо Барак-ако Ҳусейнович Обама

Набиюллоҳи Суннатӣ (Ришханд-Пресс дар меҳмонии ЧР)

Воллоҳ биллоҳ хоҳ бовар кунед хоҳ не, унзайли як нақли аҷоиб мекунам. Ман гӯям шумо ба ҳеҷ кас нагӯед. Лекин гӯш ба қимор шуда гӯш кунед. Шарт ин ки ин гуфтаҳои моро ба ҳеҷ кас нагӯед. Тшшш, агар фаҳаманд, ҳам шуморо ва ҳам маро девона мегӯянд. Ба ҳамин хотир, ба ҳеҷ кас нагӯед. Лекин ман агар ба ҷои шумо мебудам, ба даҳонам қуфл занед ҳам камаш ба ҳазор одам мегуфтам. Гапа калтаву кӯтоҳаш ҳамин ки роҳ пулакӣ шуд. Кадом роҳ мегӯед. Роҳи Истарвашан-Хуҷанд «хар аз хар монад гӯшашро бур» гуфтагӣ барин тақлид ба акояш –яъне роҳи Хуҷанд –Душанбе карда пулакӣ шудааст.

Салому ҳавою гапу қадам…дар Тоҷикистон пулакӣ шавад!
Салому ҳавою гапу қадам…дар Тоҷикистон пулакӣ шавад!

Ҳамтоям Мадина Почоев нақл мекунад, ӯ рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта ба ноҳияи Истаравшан рафтааст. Дар таксӣ чор нафар будаанду ронандаи таксӣ бо роҳи пур аз чақару чуқурӣ онҳоро бурдааст. Пас он дар мошин будагон пурсидаанд, ки чаро бо роҳи ҳамвор нарафтаанд? Ронанда дар посух:
-Охир, агар бо роҳи рост равем, пул бояд бидиҳем,-гуфтааст.

-Анаю мана, -кампираке низ дар таксӣ будааст, зери лаб нимғурма ба худ хитоб кардааст,-барои ҳамин хари шавҳарам дар оғил ду ҳафта аст, ки чормех баста мондагӣ-де. ҳӯ мардаки бало-э, эконома мефаҳмед-де.
Доду войи мардуми Варзоб ва умуман ронандаҳои ба фалак печид, ки чаро роҳҳо пулакӣ шуд гуфта. Охир ин ҳиҷ ҷои бадӣ надорад. Дарвоқеъ салом ҳам пулакӣ шудааст. Бовар намекунед? Чӣ хел? Охир ба ҳамун сабилмондаи телефони мобилатон «салом, алло» гуфтед шараққос пулатонро мезанад-ку. ҳа, ана ҳамин тавр, вақте салом пулакӣ шуд, аз ҳиҷ чиз гиламанд нашавед. Дар ҳавои гарм дар бозори «Панҷшанбе» ба 30 дирам оби ташнашикан менӯшед. Аммо баъди 20 дақиқа об, ки ба даруни одам даромад, хоҳиши баромадан мекунад. Ана баъд ба мабразҳои пиромуни бозор мераведу 50 дирами дигар пардохт мекунед, то ки… ба назарам он сӯяшро фаҳмидед. Читать далее

26.05.2010 Posted by | Амният, Иқтисод, Навидҳо, Сиёсат, Тоҷикистон, Фарҳанг, Хабарҳои бурунмарзӣ | 1 комментарий