ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

«Торнадо» дар Хуҷанд

Бознашр аз нашрияи «Ҳамсояҳо»-и ОИТ «Варорӯд»

Натиҷаи ноадолатиҳо

Натиҷаи ноадолатиҳо

Баъзе солхӯрдагон ва рӯшанфикрони аҳли дин иброз медоранд, ки ҳар вақте дар ҷамъият адолат аз байн равад, шаҳодати бардурӯғ бештар шавад, зинокорӣ ва фасоду ришваситонӣ ба дараҷаи олӣ расад, арбобони давлатӣ ба раъият зулмро раво бинанд, он гаҳ хашми Худованд нузул мешудааст. Зеро аксари пирони рӯзгордида таъйид мекунанд, ки офатҳои табиии рӯзҳои ахир, аз қабили селу обхезиву шамолҳои сахти ваҳшатангез ин ҳамон хашми Худо аст, ки дар натиҷаи ноадолатиҳо ба ҳам омадааст.

Хашми худо  ё офати табиӣ?

Читать далее

Реклама

07.06.2010 Posted by | Амният, Иқтисод, Навидҳо, Тоҷикистон | 5 комментариев

Раъду барқ ҷони Маҳинаи 16 соларо рабуд

Мутриба БОБОҶОНОВА

Яке аз охирин аксҳои Маҳинаи ғӯрамарг

Чароғи рӯзгор

Раъду барқи рӯзи боронии 26-уми май фарзанди нахустини оила Маҳинаи 16-соларо абадан аз оила ҷудо

кард. Ҳамон рӯз Маҳина бо модараш ба коркарди ғӯзапоя, ки воқеъ дар колхози Саидхӯҷа Урунхоҷаев аст, рафта то чоштгоҳ кор карданд. Модараш барвақтар барои хӯрокпазӣ ба хона рафт. Ҳангоми ба хона раҳсипор

гаштани модар дили ӯ ким-чӣ хел ғулғулае пайдо кард. Бо худ мегуфт, ки «Маҳинаро чаро бо худ нагирифтам? Хайр ҳозир ҳамроҳи ҳамсоязан ба хона меомадагист,-гуён

худро таскин медод. Роҳ мерафту ҳар замон ба қафо менигарист, гӯё дилаш гувоҳӣ медод, ки дидори охирини модар бо фарзандаш бошад. Бо ҳамин фикру хаёл ба хона расида омаданашро нафаҳмида монд…

Борони сел ва шамоли сахт ҳафтаи гузашта чандин манзилро харобу валангор, чандин нафарро маҷрӯҳ ва дили чанде дигарро доғдор кард. Тавре пирони маҳалла нақл мекунанд, чунин ҳодисаи мудҳиш тахминан даҳ сол пеш рух дода будааст. Читать далее

07.06.2010 Posted by | Амният, Навидҳо, Тоҷикистон | Оставьте комментарий