ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

«Торнадо» дар Хуҷанд

Бознашр аз нашрияи «Ҳамсояҳо»-и ОИТ «Варорӯд»

Натиҷаи ноадолатиҳо

Натиҷаи ноадолатиҳо

Баъзе солхӯрдагон ва рӯшанфикрони аҳли дин иброз медоранд, ки ҳар вақте дар ҷамъият адолат аз байн равад, шаҳодати бардурӯғ бештар шавад, зинокорӣ ва фасоду ришваситонӣ ба дараҷаи олӣ расад, арбобони давлатӣ ба раъият зулмро раво бинанд, он гаҳ хашми Худованд нузул мешудааст. Зеро аксари пирони рӯзгордида таъйид мекунанд, ки офатҳои табиии рӯзҳои ахир, аз қабили селу обхезиву шамолҳои сахти ваҳшатангез ин ҳамон хашми Худо аст, ки дар натиҷаи ноадолатиҳо ба ҳам омадааст.

Хашми худо  ё офати табиӣ?

Санаи 27-уми майи соли ҷорӣ дар қисмати шимоли кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд ҳангоми боридани борони тез шамоли сахт вазид, ки ин гуна шамоли шадид дар таърихи шаҳри Хуҷанд бори аввал аст. Тибқи иттилои Ситоди шаҳрии ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ суръаташ дар ҳар сония 19 — 20 метрро ташкил дод. Бар асари он шаҳри Хуҷанд ҳисороти назаррас дид.

Мувофиқи маълумоти санҷишии саросарӣ зиёда аз 73 бех дарахтон, ки аксаран тануманд буданд, решакан шуданд. 39 бехи он дарахтони байни биноҳои микроноҳияҳои соҳили рост, 2 – тоашон дарахтони миёни хонаҳои истиқомотии соҳили чап, боқимонда дарахтони бари кӯчаҳо мебошанд, ки тӯъмаи шамоли даҳшатник, ки онро «ТОРНАДО» мегӯянд:

ТОРНАДО-ин шамоли сахтест, ки дар қитъаи Амрико ва биёбони Африқо пайдо шуда, хонаҳоро хароб, манзилҳоро валангор, дарахтонро решакан ва ҳатто инсонҳоро ба тӯъмаи марг мекашад.

Дар нитиҷаи решакан шудани дарахтони сари роҳ ноқилҳои барқдиҳанда канда шуданд, ки дар як қисми аҳолӣ ҳудуди 4-соат қувваи барқ қатъ гардид. Боз ҳангоми шикастани дарахтони калони сари роҳ як муддат фаъолияти ҳама гуна нақлиётро боз доштанд, ки ин ба мусофирон низ таъсири худро расонид.

Дар таърихи Хуҷанд бори аввал

Аз рӯи нақли як нафар шаҳрванд, ки худро Салим ном бурд, ин шамоли сахт бори аввал дар таърихи умри ӯст ва номбурда назирашро дар ҳаёташ надида будааст.

-Вақте ки субҳгоҳон бо хатсайри 8-12 ба бозор рафта истода будем, ногаҳон овози шикастани дарахт ба гӯшам расид, ва ҳамон лаҳза ронанда нақлиётро боз дошт. Ҳама дар ҳоли тарс будем, ки ронанда гуфт: Ҳеч кас аз ҷояш наҷунбад».

Дар ҳақиқат ин офат ба рӯҳи шахсон таъсири манфӣ расонидааст, шояд ҳангоми дучор шудан ба офатҳои табии бисёриҳо ёд аз марг мекунанд ва аз даргоҳи Илоҳӣ бахшиши гуноҳ мехоҳанд. Ҳатто садои шамол низ ба кӯдакони хурдсол таъсир карда, онҳоро аз хоби ширин бедор кардааст.

-Дар вақти бархостани шамоли тез ва баромадани садои ғурриши он фарзанди яксолаам ба гиря кардан оғоз кард, ки ӯро то як соат ором карда натавонистам.. Баъд аз ором шудани табиат, қатъ шудани шамоли шадид писарчаам низ аз гиряи тӯлонӣ боз истод,-мегӯяд Нигина Олимова ном зане.

Торнадоро кӯдаки ширхор пешгӯӣ кард?

Чӣ хеле ки мегӯянд кӯдаки ширхора аз ҳама гуна офатҳои табиӣ ва маргҳои ногаҳонӣ бохабар мешудааст. Шояд ин амали кӯдаки яксола беасос набошад? Ё ӯ аз омадани хабари мудҳиш ба модар иттилоъ додааст? Ва ё аз қаҳри Худо огоҳ шуда, ба ҳоли бандагони гунаҳгор раҳм кардааст?

Тибқи иттилои сомонаи расмии «Хуҷанд.тҷ» тахта — шиори 36 Х 6 метра дар соҳили рости дарё рӯ ба рӯи бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят насбшуда, ҳамчунин тахтаҳои рекламавӣ дар кӯчаи ба номи Раҳим Ҷалил, маҳаллаи «Бофанда», микроноҳияи 34 –ум канда шуданд.

200 метри мураббаъ тунукаи боми хонаи рақами 6-уми микроноҳияи 19-ум, қисман шифери боми беморхонаи клиникии вилоятӣ париданд, ҳамчунин   132 метри мураббаъ шишаи тирезаҳои ин беморхона шикааст.

Як нафар корманди беморхонаи мазкур, ки нахост номаш ифшо шавад иброз дошт, дар натиҷаи борону шамоли сахт беморхонаи вилоятӣ ҳудуди 200 ҳазор сомонӣ зарар дидааст.

-Хушбахтона аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд нисфи маблағи мазкур пардохт хоҳад шуд, ки  ин боз ҳам аз меҳрубониву ғамории раиси вилоят шаҳодат медиҳад. Аммо бадбахтӣ дар он аст, ки боқимонда таъмирҳо аз буҷаи беморхона ва кисаи кормандони он сомон дода хоҳад шуд.

Дар мактабҳои қаламрави шаҳр 1415 адад шифери бом канда шуд, 132 метри мураббаъ шишаи тирезаҳо шикаст. Ин офати табиӣ толибилмонро низ дар ҳайрат гузоштааст. Инчунин сабаби ба дарс иштирок накардани аксарият гардидааст.

Тоҳир ном толибилми синфи 3-юм иброз медорад, ки ӯ субҳгоҳӣ мехостааст ба мактаб равад, аммо аз тарс ба хонаашон баргаштааст. Сабабро пурсидем ӯ чунин посух дод

-Дар шафати бозори микроноҳияи 32-юм мунтазири мусофиркашон истода будам, ки нохост болопӯши металии боми бозор ба шиддат канда шуд ва рост парида як ваҷаб дуртар аз пеши гулӯям гузашт. Ва ин боис шуд, ки ман ба ваҳшат афтода, ба хона бар гаштам.

Шамоли сахт дар ивази гуноҳҳо

Баъзе солхӯрдагон ва рӯшанфикрони аҳли дин иброз медоранд, ки ҳар вақте дар ҷамъият адолат аз байн равад, шаҳодати бардурӯғ бештар шавад, зинокорӣ ва фасоду ришваситонӣ ба дараҷаи олӣ расад, арбобони давлатӣ ба раъият зулмро раво бинанд, он гаҳ хашми Худованд нузул мешудааст. Зеро аксари пирони рӯзгордида таъйид мекунанд, ки офатҳои табиии рӯзҳои ахир, аз қабили селу обхезиву шамолҳои сахти ваҳшатангез ин ҳамон хашми Худо аст, ки дар натиҷаи ноадолатиҳо ба ҳам омадааст.

Тавре сомонаи расмии ҳукумати шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад ситоди шаҳрии бартарафкунии оқибати офати табиӣ тамоми имконият ва воситаҳои техникии муассисаҳои хизматрасон ва сохторҳои дахлдор, аз ҷумла  ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳрро барои аз дарахтони решаканшуда, шохаҳои шикаста, тахтаҳои рекламавии кандашуда тоза кардани роҳу кӯчаҳо ва пиёдароҳу пайраҳаҳо, таъмини ҳаракати бемамонияти воситаҳои нақлиёт, дар  муассисаҳои дигар бошанд, барои ғундоштани шиферу шишаҳои шикаста ва умуман ба ҳолати муқаррарӣ овардани саросари шаҳр равона карда шудааст.

Алҳол мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин бартараф кардани хисороти бар асари шамоли сахт расида тадбирҳои мушаххасро амалӣ мегардонад.

Мо низ ба гуфтаи пирони рӯзгордида ҳамовозда мегӯем, маҳз ин гуна офатҳои табиӣ инсонҳоро ҳушдор месозад, ки аз ҳаромкориву исрофкорӣ ва гуноҳкорӣ худро боз доранд. Инчунин барои омода будан дар ҳама гуна ҳолатҳои фавқулодда водор мекунад.

07.06.2010 - Posted by | Амният, Иқтисод, Навидҳо, Тоҷикистон

5 комментариев »

  1. Саьдии бузургвор,оне,ки дар танури тачоруб пухта буд, гуфта буд:

    Раьият ба дасти касоне хатост
    Ки аз дасташон дастхо бар дуост.

    Дар хакикат хеч хаводиси табиатро наметавон бидуни сабаб унвон кард, чаро ,ки ХУдованд хеч гуна офат, бало ё мусибати табииро баори бандагонаш бидуни хеч сабабе намехохад.Ин хама аз худи мост,ки пойи беадолатиу мардумфиреби аз хад бар зиёд фаротар ниходаем ва хештанро аз ин хешдустихои худ махв кардаем.Ман аз ин гуна мухит метарсам, вокеан тарсам тарсонанда аст:

    Ман аз ин харзагуихо,
    Аз ин танхоибуданхо,
    Аз ин бохамчудоихо,
    Аз ин бемехриву беишкиву бекасбуданхо,
    Хаставу дилпораву афсурдаам

    Ман аз ин худпарастихо
    Аз ин агёрбозихо
    Аз ин бегонагиву душманиву кинатузихо
    Дилфигору дидаобу хастаам.

    Ман аз ин носипосихо
    Аз ин беэьтиноихо
    Аз ин ноошноиву аз ин носозгорихо
    Сокит андар гушае биншастаам

    Ман аз ин дустбозихо
    Аз ин якдидадиданхо
    Аз ин тарсуву буздилхову бединхо
    Синапурандуху дилбишкастаам.

    Ман аз ин пастфитратхо
    Аз ин бемехру шавкатхо
    Аз ин вайронасиратхо
    Аз ин бедину беимону бадхухо
    Хаставу танхо чудо биншастаам.
    Хаставу танхо чудо биншастаам

    Худо моро нигахбон бошад.

    комментарий от Firdavsi Azam | 07.06.2010

  2. Привет! у вас есть замечательный блог! Я рад посетить здесь!

    комментарий от Wangbu | 27.11.2010

  3. салом додари азиз. сахифаи орододаи шумо ба банда писанд афтод

    комментарий от Точик | 30.07.2011

  4. Мехмони вебсайти мо хам бошед. Ин сайт дар бораи фарханги муштараки ду кишвари дуст
    ва хамзабон, Эрону Точикистон мебошад. http://www.irantajik.org

    комментарий от admin | 20.04.2012

  5. Chi khele ki meguyand. Nishonai sust budani maqolaro nishon medihad.

    комментарий от Dilovarz | 07.12.2012


Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: