ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Раъду барқ ҷони Маҳинаи 16 соларо рабуд

Мутриба БОБОҶОНОВА

Яке аз охирин аксҳои Маҳинаи ғӯрамарг

Чароғи рӯзгор

Раъду барқи рӯзи боронии 26-уми май фарзанди нахустини оила Маҳинаи 16-соларо абадан аз оила ҷудо

кард. Ҳамон рӯз Маҳина бо модараш ба коркарди ғӯзапоя, ки воқеъ дар колхози Саидхӯҷа Урунхоҷаев аст, рафта то чоштгоҳ кор карданд. Модараш барвақтар барои хӯрокпазӣ ба хона рафт. Ҳангоми ба хона раҳсипор

гаштани модар дили ӯ ким-чӣ хел ғулғулае пайдо кард. Бо худ мегуфт, ки «Маҳинаро чаро бо худ нагирифтам? Хайр ҳозир ҳамроҳи ҳамсоязан ба хона меомадагист,-гуён

худро таскин медод. Роҳ мерафту ҳар замон ба қафо менигарист, гӯё дилаш гувоҳӣ медод, ки дидори охирини модар бо фарзандаш бошад. Бо ҳамин фикру хаёл ба хона расида омаданашро нафаҳмида монд…

Борони сел ва шамоли сахт ҳафтаи гузашта чандин манзилро харобу валангор, чандин нафарро маҷрӯҳ ва дили чанде дигарро доғдор кард. Тавре пирони маҳалла нақл мекунанд, чунин ҳодисаи мудҳиш тахминан даҳ сол пеш рух дода будааст.

Аз рӯи нақли мӯйсафедон чандин сол пеш раъду барқ дарахти сафедори калонҳаҷми дорозиаш 28-30 метраро аз поён тақрибан 1метр болотар аз замин дар як они вохид буридааст. Ҷои буридаи сафедор чунон суфта,

ки гӯё дуредгаре суфта карда бошад, мегӯянд пирони рӯзгордида. ҳодисае, ки ҳафтаи гузашта дар ҷамоати Овчӣ-қалъача ба вуқӯъ пайваст, зиндадагии орому осудаи оилаи Абдураҳмоновҳоро як умр доғдор намуд. Тақрибан соатхои 18 овози ваҳмангези раъду барқ калби Маҳинаву Дилором (ҳамсоя зан)-ро ба ваҳм овард. Вуҷуди Маҳинаро тарсу ҳарос фаро гирифту саросема куртаи сафеди дар тан доштаро кашида, ба дасташ печонид. Ва аз омадани борони сахт Дилоромро огоҳ кард. Ва ҳарду бо тамоми ҳастӣ ба сӯи манзил шитофтанд.

Аз рӯи нақли Дилором онҳо чунон медавиданд, ки гӯё раъду барқ таъкиб мекарда бошад. Ногоҳ гулдуроси раъду барқ ва садои дардолуди Маҳина ҳамовоз гардиду ба фалак печид. Ин садои хайрбоди Маҳина буд. Дилором дарди ҷонкоҳи пойро ҳис намуда, аз ҳуш рафт.

Модар аз ин ҳодисаи мудҳиш хабардор гардида, худро сарзанишкунон ба сӯи Маҳина медавид, ки «чаро фарзандамро ҳамроҳ ба хона наовардам?», афсӯс ки… Аллакай дер шуда буд.

Чи хеле, ки Дилором нақл мекунад, қувваи раъду барқ аввал ба Маҳина таъсир намудааст. Худи Дилором бошад сӯзиши пойяшро ҳис намудааст. Сонитар чашм кушода, худро дар беморхона мебинад. Аз ин ҳодиса дигар чизеро дар хотир надорад.

Бино ба ташхиси духтурон қувваи бошиддати раъду барқ ба дили Маҳина зарбаи ҷонкоҳ задааст. Бо ҳамин сабаб Маҳина дар ҷои ҳодиса ҳалок гардидааст.

Маҳинаи ғӯрамарг аз дунё доғе бо худ бурд. Дар қафаси синаи ӯ аломати доирашакл сиёҳтоб аз касири раъду барқ боқӣ монд, ки шояд нишони носер рафтанаш аз ин дунёст.

Реклама

07.06.2010 - Posted by | Амният, Навидҳо, Тоҷикистон

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: