ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Дар бораи мо

То ба имруз гуфтанд. Баъди мо низ хоҳанд гуфт. Алъон ки нафаскашй, ҳар лаҳзаи ширину гуворо ва талхии ин дунё насиби мост, мо низ мегуйем. Ҳамчунин ба дигарон низ ҳуқуқи гуфтанро таъмин мекунем. Бигзор дигарон низ дар ин сафҳа гуянд.

ЧАРОҒИ РУЗГОР чароғи хонадони шумост!

ЧАРОҒИ РУЗГОР равшаниовари маърифати мардуми точик хоҳад буд!

ЧАРОҒИ РУЗГОР баррасй ва чустани роҳҳои бурун частан аз ин гили буҳрон аст!

ЧАРОҒИ РУЗГОР минбари ҳамаи ҳақчую ҳақгуй аст!

Қойидаҳои тиллоии ин торнамо:

*Фикри хешро ба сари касе таҳмил намекунем;

*Ҳар чо ки ҳақиқат нест, ба он чо ин чароғи мо раҳнамун хоҳад буд;

*Мо хидматгори ягон хоча нестем;

*Бо маблағ моро аз роҳамон баргардонидан нашояд;

*Мо дар Точикистон ягон нақшаи ғаразнок надорем;

*Танҳо барои фардои дурахшони кишвар мегуйем;

*Чароғи мо ойинаи мо аст, ҳеч гоҳ кажеро рост нишон намедиҳем;

*Пешниҳоду дархости ҳамдиёронро бо чону дил қабул мекунем;

Реклама

13 комментариев »

  1. درود بر شما هم میهنان عزیز در تایجیکستان
    به شما برای این سایت تبریک میگویم و آرزومند موفقیت شما هستیم در ایران
    ما هم یک تیم ایرانشناسی در تهران داریم که حدود 10 نفر می باشیم .
    اگر مایل به همکاری و پیوند هستید لطفا با ما تماس بگیرد
    موفق و سربلند باشید
    پاینده اتحاد فلات ایران بزرگ
    http://www.ariarman.org

    комментарий от ارشام پارسی | 04.11.2008

  2. برگزيده مطالب شما به دبيره پارسي در اين سايت نهاده خواهد شد
    http://tajikestan.blogspot.com/

    комментарий от باقر كتابدار | 06.11.2008

  3. Шукргузор аз луфти Шумостам, бародари гиромй, Боқири Китобдор.
    Торнигори Шумо хеле қашанг аст, ҳамеша аз он Шумо дидан мекунам. Ман линки торнамои Шуморо ҳам дар «ЧР» ва ҳам дар рознигори Туфони ишқ чой додаам.
    Бо умеди ҳамкорй сардабири «ЧР» Набиюллоҳи Суннатй

    комментарий от tojikona | 07.11.2008

  4. Ассалому алайкум бародари гироми кадр!
    Ман ба наздикхо ин сомонахои шуморо дарёфтам ва хело хуша омад аз хамаи ин!
    Худро дар як дунёи дигаре хис кардам , ки дар он чо, хам адл хасту, хам, адолат хам , мехр асту хам , садокат хам ,ишк асту хам, мухабат.
    Ба шумо бародар Набиюллох барори кору рузгор ва баландтарин куллахои эчодиро бароятон аз Яздони пок таманно дорам.

    комментарий от Shahlo | 09.02.2009

  5. Дуруди худованд бар шумо Шахлобону Идиева!
    Ба ин даргохи хоксорона шуморо хайра макдам мегуям. Аз сафхаи шумо низ дидан кардам, сафхаи хубу хондание.
    Барори корро орзу дорам.
    Бо арч Набиюллох

    комментарий от tojikona | 09.02.2009

  6. Корномаи хокими собики «Точик-Эйр»

    Бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 20-уми ноябри соли 2008 Хокимшо Тиллоев, раиси ширкати хавопаймоии «ТочикЭйр» аз вазифааш сабукдуш гардид.
    Шояд бисёрихо фикр мекунанд, ки ин тасмими хукумат дар идомаи хамон сиёсати иваз кардани рохбарони идорахо ва вазоратхо сурат гирифтааст. Зеро маъмулан дар охир ё огози хар сол ин гуна тагйиротхои кадри дар сохторхои давлати ба амал меояд.Аммо дар мавриди Хокимшо Тиллоев мавзуъ факат бо тагйироти кодри дар сохторхои давлати ба поён намерасад. Ин чо амалхои гайриконуни ва дуздии миллионхо сомони пули давлат матрах аст,ки бо ширкати бевоситаи ин мансабдори собик анчом гирифтааст. Ба хотири тасдики ин гуфтахо холо танхо чанд сахифаи дафтари аъмоли ин шахсро варакгардон мекунем.

    Хокимшо Тиллоев билофосила пас аз таъин шудан ба вазифаи директори генералии КВДХ «Точик-Эйр» корро аз хусуси кардани баъзе аз иншоотхои вобаста ба ин корхонаи давлати огоз намуд ва бо ин максад чанд ширкати хусуси ташкил кард. Аз чумла ширкати хусусии «Ёвар» таъсис ёфт. Ин ширкат дар худуди фурудгохи шахри Душанбе бо нарххои баланд ба фуруши маводи гизои машгул буд. Неъмат Файзуллоев, ки аз хешовандони наздики Х.Тиллоев аст, рахбарии ин ширкатро бар ухда дошт. Ширкати дигар, таъмини Хадамоти озукавории КВДХ «Точик-Эйр»-ро анчом медод ва раиси он Чонмахмад Файзуллоев, хеши дигари Х.Тиллоев буд.
    Х.Тиллоев дар андешаи ёфтани роххои нави кумак ба ин ширкатхои таъсисдодаи худ буд. Бо ин максад худуди фурудгохро, ки ба толори расмии пешвози мусофирон пайваст мебошад, хамчуни истгохи хусусии мошинхоро ба ширкатхои хешовандонаш дод. Харчанд таъмиру бозсозии ин истгох аз хисоби маблагхои ширкати хавопаймоии Точикистон анчом шуд, даромади онро ширкати «Ёвар» ба киса мезанад.

    Маводи сухт ва равганхои молидани, аз чумла керосини ТС-1-ро X. Тиллоев аз ширкати «First Amerika» бо нарххои нихоят баланд ворид мекард. Хар тонна керосини авиатсиони барои хавопаймохо аз Русия бо нархи 1500 доллари ИМА харидори шуда ва бо киммати 1700 доллари ИМА ба фуруш мерасид. Хамчунин кормандони анбори маводи сухти ширкати «Точик-Эйр» ва ронандагони он ба аъмоли гайриконунии раиси «Точик-Эйр» хамрох шуда, як тоннаи ин керосинро ба ширкатхои дигари хавопаймои бо нархи 1900 доллари амрикои, албатта бо пули накд мефурухтанд ва ин доду гирифт дар ягон чо сабт намегардид.

    Раиси собики «Точик-Эйр» ба ин хам каноат накард ва соли 2007 дар шахри Маскави Русия ширкати хусусии худро бо номи ООО «Тилло» ташкил кард ва танхо дар се мохи аввали соли 2008 ба суратхисоби ин ширкат 38 хазор доллари ИМА гузаронд.
    Корхои таъмиру сохтмон дар иншоотхои вобаста ба КВДХ «Точик-Эйр» аз тарафи сардори шуъбаи сохтмони асоси (ОКС)-и ин корхона Рахимов Таварали ба ичро расонда мешуд. Нархи корхои сохтмони бамаротиб аз кимматхои вокеъи зиёд нишон дода мешуданд. Масалан, барои хар як манораи дидбони (6 то чунин манора сохта шудааст)12 хазор доллари ИМА харч карда шудааст, ки ин маблаг 7-8 маротиба аз нархи вокеъии корхои сохтмони зиёдтар мебошад. Ширкати «ТочикЭйр» дар нух мохи соли 2008 ба ширкатхои хусуси барои корхои таъмир ва сохтмон дар фурудгохи шахри Душанбе беш аз 12 миллион сомони чудо кардааст.
    Харчанд харидории кисмхои эхтиёти барои хавопаймохо аз Русия ва Чин ба воситаи шуъбаи таъминоти моли ва техникии КВДХ «Точик-Эйр» анчом мешуд, аммо Х.Тиллоев ин корро хам шахсан худаш назорат мекард.
    Маблагхое, ки Хокимшо Тиллоев бо роххои гайриконуни ба даст меовард, иштихои беинтихои уро боз хам бисёртар меовард. Акнун уро фикру андешахои нави пулёби ором намегузоштанд.
    Вай бо суйистифода аз вазифаи хизмати дар хамкори бо хешовандаш Файзуллоев Гулмахмад ва хамсари у Сковская Александра Александровна, директори генералии ширкати «Салют», ки дар сурогаи шахри Маскав, нохияи Царицыно, кучаи Луганского 4, хучраи 264 вокеъ аст, гурухи билет ё чиптафурушонро ташкил карданд. Ин гурух билети парвозхои ширкати «Точик-Эйр»-ро бо нарххои баланд ва дандоншикан ба мусофирон мефурухтанд.Онхо барои равнаки тичорати худ бо баъзе аз шахрвандони Озарбойчон, ки бо гурухи чинойии Маскав хамкори доштанд, забон як карда ва якчо ба фиреби мардум машгул буданд. Мухочирони мехнатии точик бештар «туъма»-и ин гурух мегаштанд. Онхо дар харидории билети парвоз барои бозгашт ба Точикистон бо мушкилоту мавонеъи зиёд ру ба ру мешуданд. Бидуни шак чунин вазъият нобоварии бисёре аз мухочирони точикро нисбат ба Хукумати Чумхури зиёдтар мекард.
    Акнун Хокимшо Тиллоев худро хокими мутлаки давру замон эхсос карда, дар пайи ёфтани «лукма»-хои калон ва муфт буд. Мохи январи соли 2008 у бо Сохибназаров В.С., Президенти ширкати хавопаймоии UMS (ИМА), ки шахрванди Узбакистон аст, бидуни мувофикаи вазорати корхои хоричаи ЧТ шартнома баст. Мувофики ин шартнома ду чархболи ширкати хавопаймоии Точикистон (МИ-8 МТВ № 25438 ва МИ-8 МТВ №25167) бояд дар худуди кишвари хамсояи Афгонистон ба хамлу накли борхои башардустона машгул мешуданд. Аммо дар асл ин чархболхо ба интиколи силоху мухимоти нерухои НАТО, ки дар каламрави Афгонистон чойгир хастанд, машгул буданд.Соати кори ин чархболхо 1300-1500 долари ИМА мукаррар шуда буд, дар асл бошад Х.Тиллоев аз ширкати UMS барои хар соати кори ин чархболхо 2200-2300 доллар меситонид ва маблаги зиёдатиро аз худ мекард.
    Дар ин амали Х.Тиллоев ду мавриди вайрон кардани конун чо дорад. Аввал ин ки вай супориши Раиси Чумхури Точикистонро (№ 226 аз 14 июни соли 2005) дагалона вайрон карда ва бе мувофикаи Вазорати корхои хоричаи ЧТ бо ширкати UMS шартнома имзо кардааст. Дуюм, тибки Конвенсияи Чикаго (аз соли 1944) истифодаи хавопаймохои мулки ва ё шахрванди дар амалиётхои низоми катъиян манъ аст.
    Амалхои манфиатчуёнаи Х.Тиллоев бо ин хотима намеёбанд. Вай мохи апрели соли 2008 бо ширкати хавопаймоии хусусии Чумхурии Исломии Эрон- «Тобон-Эйр» барои ба ичора додани як хавопаймои Ту-154М –и «Точик-Эйр», тахти раками 85631 карордод имзо кард. Ин хавопаймо дар масири «Техрон-Сурия-Шарча-Техрон» парвоз мекард ва маблаги ичораи он барои хар соати парвоз 1100-1200 доллари ИМА-ро ташкил медод. Аммо Х.Тиллоев барои хар соати парвози хавопаймо 2200-2300 доллар меситонид.
    Раиси собики ширкати хавопаймоии «Точик-Эйр» бо ширкати хавопаймоии «Вим авиа»-и Русия шартнома баста ва хатсайри «Душанбе-Маскав-Душанбе»-ро бо шумораи парвозхои 627 ва 628 ба ин ширкат фурухтааст.Ин парвозхоро хайати шахсии хавопаймои «Боинг 757-200», ки шахрвандони Русия мебошанд, анчом медоданд. Мувофики карордоди «Точик-Эйр» ва «Вим авиа» соати кори ин хавопаймо 2700-2800 доллари ИМА-ро ташкил мекард, аммо Х.Тиллоев аз ин ширкати руси 4500-5000 доллар барои хар соати парвози ин хавопаймо меситонид.
    Як «кахрамони»-и дигари Х.Тиллоев ва хамдастонашро бояд ба таваччухи тамоми мардуми Точикистон бирасонем. Солхои охир дар мавзуъи харидории хавопаймохои «Боинг» барои ширкати «Точик-Эйр» бисёр сухбат шудааст. Х.Тиллоев дар хамкори бо Точиддин Пиров, раиси чамъияти саххомии шакли кушодаи «Точиксодиротбонк» як хавопаймои «Боинг 757-200»-ро аз шахри Атлантаи ИМА ба ичора гирифтанд, ки дар холати бади техники карор дошт. Бо ин максад Х.Тиллоев аз Т.Пиров 5 миллион доллар гирифта ва ба ширкати амрикои додааст. Х.Тиллоев ният дошт, ки мувофики ин шартнома дар муддати 4 солу 7 мох ё 55 мох, хар мох аз тарики «Точиксодиротбонк» ба он ширкати амрикои 280 хазор доллар пардохт кунад. Яъне дар мачмуъ маблаги умумии ичораи ин хавопаймо 20 миллион долларро ташкил хохад дод. Аммо нуктаи чолиб ин чо хаст, ки фоидаи ба дастомада аз истифодаи ин хавопаймои ба ичора гирифта шударо Х.Тиллоев ва Т.Пиров бо хам таксим мекардаанд.
    Х.Тиллоев дар замони рахбариаш бо суиистифода аз макоми давлатиаш заминеро, ки ба КВДХ «Точик-Эйр», дурустараш ба Хадамоти таъмини маводи сухти фурудгохи Душанбе тааллук дошт, бо киммати 200 хазор сомони харидори карда ва хуччатхои онро ба номи яке аз хешовандони наздики сардори Хадамоти сузишвори ва равганхои молидании «Точик-Эйр» Файз Расулов тартиб додааст. Шохидони хол мегуянд, ки ин замин дар асл ба худи Хокимшо Тиллоев тааллук дорад.
    Х.Тиллоев дар давраи фаъолияти рахбариаш дар КВДХ «Точик-Эйр» фикри истирохату фарогати худро хам дошт. Вай дар худуди дехаи Бегари дараи Оби Чапари нохияи Варзоб дар масохати 70 сотих барои худ як фарогатгохи дакаданг сохт. Ин кори баде нест, бисёре аз мансабдорони мо аз ин гуна «фазенда»-хо доранд. Аммо афсус, ки ин истирохатгохро хам Х.Тиллоев аз хисоби маблагхои корхонаи давлатии «Точик-Эйр» сохтааст. Гузашта аз ин 2000 бех нихоле, ки замини ин фарогатгохро оро медиханд, дар чараёни сафархои кории Президенти Точикистон ба кишвархои Араб, Хинд ва шахри Сочи дастрас шуда ва пули онхо хам аз хазинаи ширкати давлатии «Точик-Эйр» пардохта шудааст. Неругохи хурдеро, ки ин истирохатгохи акои Хокимшоро 24 соат дар шабонаруз ва 366 руз дар тамоми фаслхои сол равшан нигох медорад, низомиёни фаронсави, хамон нафароне, ки дар худуди фурудгохи шахри Душанбе чойгир хастанд, ва коргарони чини сохтаанд.
    Сохтмони ин неругох боиси норозигии ахолии дехаи Бегари нохияи Варзоб гашт ва онхо аз тарики интернет ба Президенти кишвар шикоят бурда буданд. Охир дар фасли зимистон онхо хатто барои чанд соате хам аз истифодаи неруи барк махрум хастанд, аммо Хокимшо Тиллоев дар хучрахои гарму равшани фарогатгохи худ кайфу сафо мекунад. Ачаб дунёе!!!
    Х.Тиллоев дар замони раисиаш дар «Точик-Эйр» чи корхое ки накардааст! Дакиктараш даххо нафар аз зердастонаш дар хидмати раис «камари химмат» баста буданд. Масалан, сардори шуъбаи кадрхои ширкати «Точик-Эйр» Савлатби Нигмоновна ва сардори Хадамоти мехмондорон ё стюардессахои ин ширкат Назаршо Мамадносиров барои фуру нишондани эхсосоти шахвонии директори генералии худ зуд–зуд озмуни кабули чавондухтарон ба корро мегузаронданд. Акои Хокимшо аз миёни ин чавондухтарон нафаронеро барои «ишкварзи» интихоб мекард то нафси шахвонии худро ором бисозад. Чо доштани чунин ходисахоро баъзе аз ин духтарони фиребхурда ба воситаи интернет ба таваччухи Раиси Чумхури Точикистон расонда буданд.
    Х.Тиллоев дар муаррифии номуносиби чумхурии мо дар кишвархои хоричи хам «хизматхои хирсона»-и зиёде кардааст. Аз чумла вай дар хамдасти бо Калсов Ю.Ю., муовини Хадамоти танзим ва назорат дар сохаи наклиёти Вазорати наклиёт ва коммуниктсияи Точикистон 13 адад хавопаймохои ширкатхои хоричиро, аз чумла ду хавопаймои ИЛ-76, се хавопаймои АН-12, хафт адад хавопаймои Боинг 747-200-ро, ки ба ширкати хусусии «ИстЭйр»-и Киргизистон тааллук доштанд, аз нав дар чумхурии Точикистон сабти ном кард. Акнун ин хавопаймохо, ки хамаашон дар «руйхати сиёх»-и ширкатхои хавопаймоии чахон дохил буданд, аз номи Точикистон дар Ирок, Афгонистон, Африко, Аморати Муттахидаи Араби ва кишвархои дигари ноороми дунё фаъолият мекунанд. Яъне фоидаи ин амалро Х.Тиллоев ва Ю.Калсов медиданд, аммо зарару бадноми ба Точикистони бе ин хам бечораи мо!

    Биёед дар охир хисоб кунем, ки аз ин хама аъмоли манфиатчуёна Хокимшо Тиллоев ва хамтабакхояш чи фоида гирифтаанд. Дуруст аст, ки шумурдани пулу сарвати дигарон кори хубе нест, аммо маъзарат мехохам! Хамаи ин маблагхо моли давлат ва мардуми чумхури хаст, ки Х.Тиллоев бо роххои гайриконуни аз они худ кардааст.

    1. Бар асоси шартномае, ки Х.Тиллоев бо ширкати «Ёвар» (хамоне, ки раисаш аз хешовандони наздикаш хаст) бастааст, то соли 2012 барои хидматрасони ба мусофирон дар худуди минтакаи ба истилох «тичорати озод»-и фурудгох барои хар як мусофир ба «Ёвар»-аш 5 Евро мепардозад. Масалан, дар шаш мохи соли 2008 «Точик-Эйр» ба хисоби бонкии «Ёвар» 2 миллиону 862 хазор сомони маблаг интикол кардааст.
    2. Х.Тиллоев дар давоми ду соли кораш дар вазифаи раиси «ТочикЭйр» дар Маскав ду хонаи духучрадор харидори кардааст.( Кучаи Цветной Бульвар, гузаргохи Колобовский, бинои 9/2, хонаи 23 ва кучаи Осташевский, бинои 4, хонаи 55)
    3.Мохи декабри соли 2007 ба хисоби худ дар бонки «МДМ» 721 хазор доллари ИМА гузарондааст.
    4.Ба хисоби худ дар бонки «Россия» 420 хазор Евро ворид кардааст
    5.Ба «Алфабанк» 40 хазор доллари ИМА интикол кардааст
    6. Ба «АлфаКапитал» 33 хазор Евро гузарондааст. 20 июли соли 2007 32 хазор доллар ва 26 июли соли 2007 11 хазор доллар ворид кардааст.

    Амалиётхои зерини дигар то мохи декабри соли 2007 сурат гирифтааст:

    13 ноябри соли 2007-ба хисоб дар «Кафолатбонк»-и Душанбе 700 хазор доллари ИМА;
    14 ноябри соли 2007 интиколи ашё ба ЧСК «Трейдинг Ойл» ба маблаги 419 хазор доллари ИМА;
    16 ноябри соли 2007 интиколи ашё ба ЧШСК «Строй Самолёт» ба маблаги 54 хазор доллари ИМА;

    Маблаги Х.Тиллоев дар бонки «Алфа Капитал» то 21 августи соли 2008 321 хазор доллари ИМА буда ва мохи сентябри соли гузашта 123 хазор доллари дигар ба ин хисоб ворид карда шудааст.
    14 сентябри соли 2008 аз номи Х.Тиллоев 250 хазор доллари ИМАба Чумхурии Чех, ба номи Филипп Марко Антович гузаронда шудааст.
    5 сентябри соли 2008 ба хисоби бонкии Х.Тиллоев дар бонки «Россия» 119 хазор доллар ворид карда шудааст.
    17 сентябри соли 2008 ба ин хисоби бонки боз 83 хазор доллари ИМА дохил шудааст.
    18 сентябри соли 2008 боз 162 хазор доллари дигар ба хисоби Х.Тиллоев ворид гардидааст.

    Дар мачмуъ танхо дар мохи сентябри соли 2008 маблаги 1 миллиону 58 хазори доллари ИМА ба хисобхои бонкии Х.Тиллоев дар бонкхои дар боло зикршуда ворид шудааст.
    Ва 18 сентябри соли 2008 аз бонкхои ба истилох «офшори» (офшорный банк), ки дар чазирахои Конори (Канарские острова) вокеъ хастанд, аз номи як шахрванди славянитабор 375 хазор доллари ИМА ба хисоби бонкии Х.Тиллоев гузаронда шудааст.

    Достони «корнома»-хои Хокимшо Тиллоевро мехонеду хатман саволе дар зехни Шумо пайдо мешавад. Рохбарони Ожонси назорати моли ва мубориза бо коррупсия ва Додситонии кулли Чумхурии Точикистон аз ин аъмоли гайриконунии раиси собики ширкати хавопаймоии Точикистон –«Точик-Эйр» магар хабар надоштанд? Чаро онхо дидаю дониста аз рафторхои гайриконуни ва зидди давлатии чунин мансабдорон чашм мепушанд? Чаро бояд хамеша чилави амалхои гайриконунии чунин мансабдорони давлатиро Раиси Чумхури Точикистон бигирад?
    Ва мухимтар аз хама, агар худи Раиси Чумхури Точикистон ин шахси шумораи аввали арсаи хавопаймоии Точикистонро охири соли гузашта аз кор барканор намекард, садхо нафар мусофирони бегунох боз чанд соли дигар аз амалхои манфиатчуёнаи Х.Тиллоев зарар медиданд?
    Суолхое, ки посухи онхоро танхо дар додгох шунидан мумкин аст.

    Аз номи хайати шахсии «Точик-эйр»
    Султонов Бахриддин, 4 феврали соли 2009,
    шахри Душанбе

    комментарий от Султонов Бахриддин | 03.03.2009

  7. Хама доди ватанхохи зананд, аммо …

    Ба касе пушида нест, ки дар шароити хозира сатхи зиндагиву рузгори кисмие аз мардуми Точикистон аз маблагхои молии мухочирони точик, ки дар давлатхои хамсоя, аз чумла, Федератсияи Россия, кору фаъолият доранд, вобастаги дорад. Вобаста ба ин вактхои охир, хусусан дар шароити бухрони иктисодии чахони, аз тарафи давлату хукумати Точикистон ба хаёту рузгори мухочири точик таваччухи арзанда дода, кушиш менамоянд, ки хукукхои онро хаматарафа хифз намоянд.
    Сиёсати дархои кушода ва демократикунонии чомеа замина фарохам овардаанд, то хар як шахс фикру андешаи худро дар мавзуъхои гуногуни сиёси, ичтимои ва маънави тавассути васоити ахбороти омма иброз намоянд. Аммо, мутаассифона, на хама вакт дар рузномаю мачалахо маколахои вокеъи оиди фаъолияти мардуми точик, вокеоти сиёсию иктисодии чумхури ба нашр мерасанд. Дар баъзе мавридхо руйдодхои мусбии хаёти чомеъа арзёби нагардида, он аз нигохи манфиатхои махдуди ашхоси хусуматангез ба калам дода мешавад.
    Чунончи, интишори вокеоти мусби дар хаёти мухочирони точик метавонанд, ба дили модари точик, ки чигарбандонашонро бахри пайдо намудани маблаги рузгор ба давлати бегона равон намудаанд, дармон гардад. Аз чумла, таъсису гузаронидани Анчумани мухочирони точик дар ФР, ташкили иттиходияхои чамъиятии такони мусбие аст дар хаёти мухочирон, зеро ин гунна сохторхо дар баробари намояндагихои дипломатии Точикистон хукуку манфиатхои шахрвапндони Точикистонро дар Россия пуштибони хохад кард. Вале, аз тарафи ашхоси ватанфуруш ва бадбинии миллати точик ва халки Точикистон ингуна холатхои мусби дар хаёти мухочирони точик нашрбандони нашуда, баракс хама гуна зухурот аз нигохи манфи ва иртичои бахо дода мешавад, ки боиси изтирофи таассуфи мардуми Точикистон мешавад.
    Чунин як амали номатлуб бо коллективи корхонаи мо КМ ЧСП «Точик Азот»-и шахри Сарбанди вилояти Хатлон рох дод, ки боиси норозигии ахли корхона гардид. Холат ин аст, ки авалхои мохи феврали соли 2009 чанд адад рузномаи «Голос таджикистанцев» («Овози точикистонихо») ки гуе нашрияи Харакати чамъиятии умумироссиягии «Мухочирони мехнатии точик» мебошад, дастраси кормандони мо гардид. Вале, баъди мутолиаи маколахои ин рузнома дар байни коргарон нофахмию хисси изтироб пайдо шуд, зеро аз мухтавои аксари маколахоро буи хусумату душмани, игвоандозию махалгарои ва тафрикаандозихо бармеомад.
    Эхсос мегардад, ки боз кадом як кувваи гайре, ки ба миллату халки точик хисси бадбини дорад, мехохад бори дигар ба оромию сулху субботи точикони аз вартаи чанги шахрванди рахо гардида халал ворид намуда, манфиятхои гаразноки «хочагони»-и худро амали гардонанд.
    Бояд зикр намуд, ки маколахои дар шумораи №46-уми рузномаи «Голос Таджикистанцев» аз мохи январи соли 2009 нашргардида, саропо танкиди буда, бар зидди Хукумати конунии ЧТ ва намояндагии он дар ФР равона карда шудаанд. Хамчунин эхсос мегардад, ки рузномаи мазкур барои баланд бардоштани «имич»-и ким-кадом як Шарипов Каромат, бо истилох, раиси Харакати чамъияти умумируссиягии «мухочирони мехнатии точик», ба нашр расидааст. Аз мутолияи рузнома хулоса бароварда мешавад, ки тамоми маколахои он ба восита ва е бе восита аз «чонбози»-ву «кахрамонихо»-и Шарипов Каромат бахри «дифои хукуки мухочирони точик» эчод гардидаанд. Саволе ба миен меояд, ки ин «чонбозихо» ва «кахрамонихо» дар кадом амали нек барои халки азияткашидаи точик ва мухочирони берунмарзии он ифода ёфтаанд? Наход ягон нафар аз онхое, ки баъди ба даст овардани истиклолият дар вазифахои масъули намояндагихои дипломатии ЧТ да ФР фаъолият намудаанд ва ё сиесатмадорону зиёиёни точик, аз Шарипов Каромат дида, камтар гами точиконро мехуранд? Наход, ки хамаи онхо «хиенаткорони халки хеш» (ба истилохи ахли рузномаи «Голос Таджикистанцев») бошанду, танхо Шарипов Каромат «хакикатчуву ватандуст»?
    «Корнамоиву» «баромад»-хои Шарипов Кароматро мутолиа намуда, хонанда ба хулосае меояд, ки у аз тоифи «точикон»-ест, ки дар рухияи бадбинона ба миллати точик тарбият ефта, бо хар рох мехохад худро хамчун шахси миллатпараст ва ватандуст нишон дихад. Дар асл бошад, у танхо зодаи Точикистон буда, берун аз марзу буми кишвар ба воя расидааст ва хакикати рузгори мардуди Точикистонро намедонад, мушкилоти мухочирини точикро ба манфияти хеш ва «хочагонаш» истифода мебарад. Шарипов Каромат, ки худ бозичаи дасти душманони миллати точик мебошанд, ва арзишхои милли ва дастовардхои давраи истиклол, ки дар асари чонбозихои беназир ба даст оварда шудаанд, санги маломат мезанад. Исботи ин далел он аст, ки хайати эчодии рузномаи «Голос Таджикистанцев», аз чумла сардабири онро, нафарони гайриточик ташкил медиханд, ки аз вокеати хаету мушкилоти мухочирон, менталитет, анъана ва расму русуми мардуми точик тамоман вокиф нестанд ва вобаста ба ин хукук дар ин масоил суханрони намуданро надоранд.
    Ба чаноби ШАРИПОВ КАРОМАТ гуфтанием, ки «дар бадбахтии дигарон касе ба хеш хушбахти насохтааст!». Аз мухити «бадбинии кавмиву» «махалгарои»-и дар байни мухочирони точик ба вучудовардани шумо барин «хомиени миллат» махз точиконе зарар мебинанд, ки гуё «химояи манфиатхояшон»-ро мувофики оинномаи ташкилотатон «ба ухда» гирифтаед.
    Баъди мутолиаи рузнома фахмидем, ки маколаи «фароиши»-ву «рекламави»-и саропо дар васфи Шарипов К. эчод гардида, шаходат медихад, ки чаноби Каромат мехохад «обро лой намуда, мохи ба даст орад», яъне бо гумрохсозии «хамватанон», ва бо дастгирии бевоситаи «хочагони ачнаби»-и худ Каромати «бекаромот» орзуи ворид шуданро ба арсаи сиесии кишвар мепарварад. Вале «хести, ки хоби», ин «тиратон низ ( аз гумрохиатон) хок мехурад». Зеро, ба кавли шоир:

    Ман аз бекадрии хори сари девор донистам,
    Ки нокас кас намегардад, аз он боло париданхо!

    Агар чаноби Шарипов К. заррае мардонагию часорат ва чавонмарди медошт, фарсаххо дур аз Ватан дар паси мухочирони мехнатии точик сар панох накарда, ба Точикистон меомад ва чигунагии вазъи кишварро аз наздик медид, он гах шояд дигаргунихои сиеси, иктисоди ва ичтимоие, ки Точикистон дар муддати начандон тулони, баъди хомуш гардидани алангаи чанги шахрванди ба даст овардааст, бо чашми хакбин бахо медод. На, у хеч вакт аз руи тангбини, хасуди, бахил ива ночавонмардии худ ин корро карда наметавонад, чунки чанги шахрвандии миллати точикро низ, махз Каромат Шарипову ашхоси хамтои у афрухта буданд.
    Чаноби Каромат Шарипов, хеч гох фаромуш накунед, ки халки точик, аз мактаби сангини мардонаги ва сабру тахаммул тачриба андухааст ва кодир аст, ки фитнаангезихои сиесии пасипардаги ва ниятхои гаразноки «миллатдустона»-атонро сари вакт дарк намоянд ва нахоханд гузошт, ки «зогони бадмур»-и дур аз Ватан ва халк барои дигар миени мардум низоъ андохта, ба ором ива сулху суботи кишвар лакнат ворид созанд.
    Аз ин ру, мо макомоти дахлдори давлати ба мо дусти Федерасияи Россияро хушдор медихем, «шахсе, ки як бор Ватан ва миллати хешро фурухтааст, бори дигар низ мефурушад» ва зарур мешуморем, ки Шарипов К. аз каламрави ФР хамчун хоини миллати точик пеш карда шавад, чунки мо мутмаин хастем, Рузе мерасад, ки ин ватанфуруш ба нону намки давлати Россия, чи тавре, ки холо у нисбати миллати точик карда истодааст, хиенат карда, кодир аст таърих ва дастовардхои халки кабири русро низ зери шубха гузошта, ба дигарон фурушад.
    Таърих гувох аст, онхое, ки боре хам дар гаму шодии миллати хеш шарик набуда, пайваста аз дасти «хочагони ачнаби» ба мисли санг интизори устухон будаанд, ба гаму дарду миллат ва комебихои он бархурд надоранд. Ин «ватанхохию», «миллатдусти»-атон, чаноби Каромат Шарипов авомфиребии махз буда, муродатон як чиз аст «МАНСАБ»…, «МАНСАБ» ва танхо «МАНСАБ».
    Устод Лохути нисбати шумо барин шахсони миллатфуруш бисер худ гуфтаанд:

    Хама доди ватанхохи зананд, аммо намедонам,
    Ватанхохи ба гуфтор аст, ё кирдор, ё хар ду?!

    Ахли кормандони корхонаи «Точик Азот»- и
    ш. Сарбанди вилояти Хатлон

    комментарий от Султонов Бахриддин | 04.03.2009

  8. Тохири Абдулчаббор хам вафот кард. Чанд руз гузашт, вале шумо дар ин бора матлабе нашр накардед…

    комментарий от Мунаввар | 22.04.2009

  9. salam
    kasi bade shoma nemigoyad va agar goft
    be khodash badi kard.

    комментарий от palmina | 16.04.2010

  10. man nafamidam in internet digarchi menavisam injo digarchi mebaroayd

    комментарий от behruz | 28.10.2010

  11. салом Суннати! хохишмандам ба ман имейли худро равон кунед. Ба хамдехотии бемехр бобочонако хам як саломаки моро расонда монед

    комментарий от сони | 24.04.2011

  12. Салом, дӯсти азиз!

    Муддатест пайваста аз торнигори Шумо дидан мекунем ва матолиби онро бо шавқи зиёд мехонему гоҳе сари онҳо баҳс мекунем. Хеле хуб аст, ки Шумо бо ҳузур ва фаъолияти хеш олами блоги тоҷикӣ ва ба ин васила фазои иттилоотиро дар шабакаи ҷаҳони интернет рангин мекунед. Дар ин ҷода бароятон устуворӣ ва комёбиҳо орзумандем.

    Агар огаҳӣ доред, хуб, вагарна бо ин нома ба таваҷҷӯҳи Шумо мерасонем, ки дар торнамои Радиои Озодӣ гӯшаи “Блогистон” таъсис шудааст, ки беҳтарин матолиби блогнависонро ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мунташир карда, дар муаррифии ин блогҳо ва афзоиши теъдоди хонандагони онҳо саҳм мегирад.

    Ҳоло мехоҳем, Шуморо ба ширкат дар кори ин гӯшаи торнамои Озодӣ ҷалб намоем. Хоҳиши мо ин аст, ки агар имкон доред, ҳар моҳ яке аз навиштаҳои худро ҳамроҳ бо акси дилхоҳи хеш ва линки блоги худ ба гӯшаи “Блогистон”-и Озодӣ бифиристед. Мо матлаби Шуморо нашр мекунем.

    Ҳамчунин метавонем дар ҳамкорӣ Шуморо ба таҳияи видео-блогҳо даъват кунем, ки вақт ва нерӯи камтаре мегиранд. Агар компютери Шумо дурбин дорад, метавонем бо ҳам дар тамос шавем ва видео-блоги Шуморо мустақиман забту дар Блогистони Озодӣ пахш кунем.

    Шумо аз ҷумлаи пешгомони фанновариҳои нави иттилоотӣ ҳастед. Биёед бо ҳам ин пешсафиро идома диҳем ва блогосфераи тоҷикро ба сатҳи болотаре бардошта, ба доираҳои фарохтар муаррифӣ кунем.

    Бо дуруд ва эҳтиром
    Соҷидаи Мирзо,
    мудири Бахши Тоҷикии
    Радиои Озодӣ

    комментарий от Radioi Ozodi | 28.04.2011

  13. салом аз номи донишчу ба хамаи хамватанони азиз!!

    комментарий от Рачаб аз мугло | 21.02.2012


Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: