ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

«Торнадо» дар Хуҷанд

Бознашр аз нашрияи «Ҳамсояҳо»-и ОИТ «Варорӯд»

Натиҷаи ноадолатиҳо

Натиҷаи ноадолатиҳо

Баъзе солхӯрдагон ва рӯшанфикрони аҳли дин иброз медоранд, ки ҳар вақте дар ҷамъият адолат аз байн равад, шаҳодати бардурӯғ бештар шавад, зинокорӣ ва фасоду ришваситонӣ ба дараҷаи олӣ расад, арбобони давлатӣ ба раъият зулмро раво бинанд, он гаҳ хашми Худованд нузул мешудааст. Зеро аксари пирони рӯзгордида таъйид мекунанд, ки офатҳои табиии рӯзҳои ахир, аз қабили селу обхезиву шамолҳои сахти ваҳшатангез ин ҳамон хашми Худо аст, ки дар натиҷаи ноадолатиҳо ба ҳам омадааст.

Хашми худо  ё офати табиӣ?

Читать далее

Реклама

07.06.2010 Posted by | Амният, Иқтисод, Навидҳо, Тоҷикистон | 5 комментариев

Ришханд-Пресс, Роҳи пулакӣ, Ислом Каримов ва баҳс бо Барак-ако Ҳусейнович Обама

Набиюллоҳи Суннатӣ (Ришханд-Пресс дар меҳмонии ЧР)

Воллоҳ биллоҳ хоҳ бовар кунед хоҳ не, унзайли як нақли аҷоиб мекунам. Ман гӯям шумо ба ҳеҷ кас нагӯед. Лекин гӯш ба қимор шуда гӯш кунед. Шарт ин ки ин гуфтаҳои моро ба ҳеҷ кас нагӯед. Тшшш, агар фаҳаманд, ҳам шуморо ва ҳам маро девона мегӯянд. Ба ҳамин хотир, ба ҳеҷ кас нагӯед. Лекин ман агар ба ҷои шумо мебудам, ба даҳонам қуфл занед ҳам камаш ба ҳазор одам мегуфтам. Гапа калтаву кӯтоҳаш ҳамин ки роҳ пулакӣ шуд. Кадом роҳ мегӯед. Роҳи Истарвашан-Хуҷанд «хар аз хар монад гӯшашро бур» гуфтагӣ барин тақлид ба акояш –яъне роҳи Хуҷанд –Душанбе карда пулакӣ шудааст.

Салому ҳавою гапу қадам…дар Тоҷикистон пулакӣ шавад!
Салому ҳавою гапу қадам…дар Тоҷикистон пулакӣ шавад!

Ҳамтоям Мадина Почоев нақл мекунад, ӯ рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта ба ноҳияи Истаравшан рафтааст. Дар таксӣ чор нафар будаанду ронандаи таксӣ бо роҳи пур аз чақару чуқурӣ онҳоро бурдааст. Пас он дар мошин будагон пурсидаанд, ки чаро бо роҳи ҳамвор нарафтаанд? Ронанда дар посух:
-Охир, агар бо роҳи рост равем, пул бояд бидиҳем,-гуфтааст.

-Анаю мана, -кампираке низ дар таксӣ будааст, зери лаб нимғурма ба худ хитоб кардааст,-барои ҳамин хари шавҳарам дар оғил ду ҳафта аст, ки чормех баста мондагӣ-де. ҳӯ мардаки бало-э, эконома мефаҳмед-де.
Доду войи мардуми Варзоб ва умуман ронандаҳои ба фалак печид, ки чаро роҳҳо пулакӣ шуд гуфта. Охир ин ҳиҷ ҷои бадӣ надорад. Дарвоқеъ салом ҳам пулакӣ шудааст. Бовар намекунед? Чӣ хел? Охир ба ҳамун сабилмондаи телефони мобилатон «салом, алло» гуфтед шараққос пулатонро мезанад-ку. ҳа, ана ҳамин тавр, вақте салом пулакӣ шуд, аз ҳиҷ чиз гиламанд нашавед. Дар ҳавои гарм дар бозори «Панҷшанбе» ба 30 дирам оби ташнашикан менӯшед. Аммо баъди 20 дақиқа об, ки ба даруни одам даромад, хоҳиши баромадан мекунад. Ана баъд ба мабразҳои пиромуни бозор мераведу 50 дирами дигар пардохт мекунед, то ки… ба назарам он сӯяшро фаҳмидед. Читать далее

26.05.2010 Posted by | Амният, Иқтисод, Навидҳо, Сиёсат, Тоҷикистон, Фарҳанг, Хабарҳои бурунмарзӣ | 1 комментарий

Барканории раисони шаҳру навоҳӣ. Мавсими дилЗАНАКу гаронии доруворӣ

Набиюллоҳи Суннатӣ

Оқибати моддаи 69-и Сарқонун

Оқибати моддаи 69-и Сарқонун

Инак охири моҳи март мавсими дилзанаки ашхоси соҳибкурсӣ ба вижа руасои шаҳру навоҳӣ фаро расид. Ҳар шаб чашм ба телевизор медӯзанд, то бубинанд,

чӣ касе бо вазифа хайрбод гуфту чӣ касе маснаднишин шуд. Мабодо-ку….худи ишон аз вазифа барканор….ҳазор бор худо мегӯянд, ки фармони президент тибқи моддаи 69…

Пизишкони дилшинос бар он назаранд, ки аксари мубталоёни маризи дил соҳибманасабон буда, шабу рӯзи аз мансаб рафтан ва ё ки ба ягон курсӣ соҳиб шудан қайди чунин беморон меафзудааст. Читать далее

25.03.2010 Posted by | Иқтисод, Навидҳо, Сиёсат, Тоҷикистон | 8 комментариев

Қарор вагон-вагон, амал ягон-ягон

Набиюллоҳи Суннатӣ

Тибқи ваъдаи «Барқи тоҷик» аз забони дафтардори матбуотии ин ниҳод Нозирҷон Ёдгорӣ аз санаи 13 марти соли ҷорӣ дар навоҳии кишвар интиқоли барқ 14 соатро дар шаборӯзро мебоист дар мегирифт. Ин хабар, ки санаи 12 март дар пойгоҳи хабарии Азия Плюс мунташир шуд, ҳамагонро хушҳолӣ бахшид. Аммо хушҳолӣ рӯйи ин навишта монду бас.

Мардум дар ғами барқ ғарқанд

Мардум дар ғами барқ ғарқанд

Маълум шуд, ки дастандаркорони барқ дар навоҳӣ қарору фармони «Барқи тоҷик»-ро ба ду пули пучак баробар мекунанд. Аз он ки бояд субҳ соати 5:00 то ба 13:00-и нисфирӯз ва бегоҳӣ аз соати 17:00 то ба 23:00 барқ бояд мунтақил шавад, сад афсӯс, ки нашуд ва боз нашуд. Эътимоди мардум бо он ки ба ниҳоди барқу барқдиҳии кишвар хеле кам монда буд, инак боз умуман боваре ба ин ниҳод намонд. Суоли матраҳ ин аст, ки чаро «Боло» қарор ё фармоне мебарораду «Поён» онро иҷро намекунад? Читать далее

18.03.2010 Posted by | Иқтисод, Навидҳо, Сиёсат, Тоҷикистон | 1 комментарий

Модарони бебарқ дар шарқ

Набиюллоҳи Суннатӣ
Таҷлили иди модарон

Иди модари тоҷик бидуни барқ

Иди модари тоҷик бидуни барқ

бидуни ширкати рафиқ Барқ
Модарону хоҳарон тӯли 18 сол бори аввал аст, ки иди бонувонро бидуни барқ пешвоз мегиранд. Инро аксар мусоҳибон ба қадрношиносии кормандони соҳаи барқ нисбати модарон унвон мекунанд.

Барқ барои модар ҳайф аст?
Ин сол иди бонувон дар Тоҷикистон ба Иди модарон табдил ёфт, ки табааи сар то сари кишвар бо шукӯҳу шаҳомат пешвоз гирифтанд. Ҳаво низ чун дили модарон офтобӣ буду аммо… Барқ чун ҳар рӯз дар аксари навоҳӣ хомӯш шуд. Модарону хоҳарон интизор доштанд, ки дар рӯзи идашон чун идҳои соли нави масеҳиву идайни исломӣ (иди рамазон ва азҳо) барқ дода мешавад. Аммо ҳайҳот, умеди бонувон чун дуди сигор барбод шуд. Барқ субҳ соати 8:50 ва дар баъзе манотиқ 9:30 қатъ гардид ва чун рӯзҳои дигар соати 17:00 бегоҳ боз интиқол шуда он ҳам боз соати 21:00 хомӯш гашт.
Мусоҳибам аз ноҳияи Конибодом Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад низ таъкид медорад, ки дар ноҳияи эшон субҳ соати 8:30 барқро қатъ кардаанд. Салим ном мусоҳибам низ аз ноҳияи Ҷаббор Расулов ин амали кормандони соҳаи барқро худписандӣ ва қадрношиносӣ унвон кард. Читать далее

09.03.2010 Posted by | Иқтисод, Навидҳо, Сиёсат, Тоҷикистон | 1 комментарий

Истиқбол аз Истиқлол

Набиюллоҳи Суннатй
Истиқлоли рӯйизабонй ҳаст, аммо истиқлоли фикрй ку?

Ин сарлавҳаро шояд хонандаи азиз замоне дар як навиштаам, ки дар нашрияи «Ҳақиқати Ленинибод» (алъон «Ҳақиқати Суғд») хонда бошанд. Ва шояд анқариб тариқи телевизиони «Шабакаи аввал» низ таҳти ин унвон барномаеро дида бошанд.
Дар он навиштаи қаблиаму дар ин барномаи телевизионй мундаричаҳо як хела буданд. Сар то по болидан аз нишоту шукуҳи Иди Истиқлолият буд. Инак чомаи дигаре мехоҳам дар ин навишта бипушонам. Мазмун ин нест, ки инак, ба чойи болидан шикваву гилоя мекунам.
Аммо дар истиқлоли 18-умини кишвари азизам ман мехоҳам балоғатро бубинам. Ин синни 18 солагй барои инсоният синни булуғу камол аст, мехоҳам ин гуна камолотро дар миллату давлати хеш бубинам. Мо кишвари минбаъд тозабунёд нестем. Читать далее

08.09.2009 Posted by | Иқтисод, Сиёсат, Тоҷикистон | 1 комментарий