ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Ришханд-Пресс, Роҳи пулакӣ, Ислом Каримов ва баҳс бо Барак-ако Ҳусейнович Обама

Набиюллоҳи Суннатӣ (Ришханд-Пресс дар меҳмонии ЧР)

Воллоҳ биллоҳ хоҳ бовар кунед хоҳ не, унзайли як нақли аҷоиб мекунам. Ман гӯям шумо ба ҳеҷ кас нагӯед. Лекин гӯш ба қимор шуда гӯш кунед. Шарт ин ки ин гуфтаҳои моро ба ҳеҷ кас нагӯед. Тшшш, агар фаҳаманд, ҳам шуморо ва ҳам маро девона мегӯянд. Ба ҳамин хотир, ба ҳеҷ кас нагӯед. Лекин ман агар ба ҷои шумо мебудам, ба даҳонам қуфл занед ҳам камаш ба ҳазор одам мегуфтам. Гапа калтаву кӯтоҳаш ҳамин ки роҳ пулакӣ шуд. Кадом роҳ мегӯед. Роҳи Истарвашан-Хуҷанд «хар аз хар монад гӯшашро бур» гуфтагӣ барин тақлид ба акояш –яъне роҳи Хуҷанд –Душанбе карда пулакӣ шудааст.

Салому ҳавою гапу қадам…дар Тоҷикистон пулакӣ шавад!
Салому ҳавою гапу қадам…дар Тоҷикистон пулакӣ шавад!

Ҳамтоям Мадина Почоев нақл мекунад, ӯ рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта ба ноҳияи Истаравшан рафтааст. Дар таксӣ чор нафар будаанду ронандаи таксӣ бо роҳи пур аз чақару чуқурӣ онҳоро бурдааст. Пас он дар мошин будагон пурсидаанд, ки чаро бо роҳи ҳамвор нарафтаанд? Ронанда дар посух:
-Охир, агар бо роҳи рост равем, пул бояд бидиҳем,-гуфтааст.

-Анаю мана, -кампираке низ дар таксӣ будааст, зери лаб нимғурма ба худ хитоб кардааст,-барои ҳамин хари шавҳарам дар оғил ду ҳафта аст, ки чормех баста мондагӣ-де. ҳӯ мардаки бало-э, эконома мефаҳмед-де.
Доду войи мардуми Варзоб ва умуман ронандаҳои ба фалак печид, ки чаро роҳҳо пулакӣ шуд гуфта. Охир ин ҳиҷ ҷои бадӣ надорад. Дарвоқеъ салом ҳам пулакӣ шудааст. Бовар намекунед? Чӣ хел? Охир ба ҳамун сабилмондаи телефони мобилатон «салом, алло» гуфтед шараққос пулатонро мезанад-ку. ҳа, ана ҳамин тавр, вақте салом пулакӣ шуд, аз ҳиҷ чиз гиламанд нашавед. Дар ҳавои гарм дар бозори «Панҷшанбе» ба 30 дирам оби ташнашикан менӯшед. Аммо баъди 20 дақиқа об, ки ба даруни одам даромад, хоҳиши баромадан мекунад. Ана баъд ба мабразҳои пиромуни бозор мераведу 50 дирами дигар пардохт мекунед, то ки… ба назарам он сӯяшро фаҳмидед. Читать далее

Реклама

26.05.2010 Posted by | Амният, Иқтисод, Навидҳо, Сиёсат, Тоҷикистон, Фарҳанг, Хабарҳои бурунмарзӣ | 1 комментарий

Кризиси шавҳар ҳал шуд: Марҳамат шавҳари хитоӣ!

Назокати ИБРОҲИМ

Муҳоҷират бо вуҷуди он ки ба буҷаи кишвар ва ғанӣ гардонидани кисаи мардум муфид аст, манфиати иrтисодӣ низ дорад. Албатта яке аз ин «манфӣ»-ҳои мӯътариза боиси зиёд гардидани фоҳишагӣ ва бева мондани занҳо мегардад. Ин аст ки вақтҳои ахир дар Тоҷикистон тадриҷан кризиси шавҳарро мушоҳида кардан мушкил нест. Имрӯз шоҳиди он мегардем, ки духтарону занон ба чиниҳои бозорнишин ба амсоли бозори «Корвон», «Атуш» ва «Сомон» ба шавҳар мебароянд. Магар ин барои аз байн рафтани миллат сабаб намегардад? Магар ин оянда ба генофонди миллӣ таъсири манфӣ намерасонад?

Зан тоҷику шавҳар чиноӣ, фарзанд чӣ?
Гулнора барои хомӯш кардани гапу калочаҳои мардум, ба шаҳрванди давлати Чин ба шавҳар мебарояд. Чунки волидонаш низ аз шунидани суханҳои мардум гӯшашон кар гашта буду дигар тоrати дидори ҳамсоя ва хешу пайвандонро надоштанд. Онҳо розӣ шуданд, ки духтарашон ҳамсари чинӣ гардад. Тӯйи онҳо хоксорона бе rайди никоҳ гузашт. Зеро шавҳараш будпараст буду худи Гулнора яктопараст. Ин ҳолатро Гулнора ҳарчанд намехост, аммо чораи дигар надошт.
Зиндагии онҳо бо омӯхтани урфу одат ва забони чинӣ мегузашт. Онҳо бо ҳам ҳамагӣ се сол зиндагӣ карданд. Баъди оне, ки кӯдаки дуюм ба дунё омад шавҳараш бо баҳонаи дидорбинии волидонаш аз хона баромада рафта, се сол инҷониб бедарак гаштааст.
Гулнора дар чорсӯи зиндагӣ бо ду нафар кӯдак на он қадар забони тоҷикро медонанду симояшон мисли падарашон чашми танг дорад, сарсону саргардон мондаааст. Намедонад, ки ба куҷо муроҷиат кунаду ба кӣ дарди дил намояд. Аз рӯйи нақлаш бо маслиҳати пайвандон ба суд муроҷиат кард. Аммо онҳо чорае андешида наметавонистанд, чунки онҳо аз rайди никоҳи давлатӣ нагузашта буданд.
Бори гарони зиндагӣ ба дӯшаш афтодааст. Ба фарзандонаш менигараду дилаш реш реш мегардад. Барои ояндаи онҳо дилаш месӯзад. Фарзандони маро кӣ ба занӣ мегираду кӣ арӯс медиҳад. Чӣ илоҷ, замин сахт осмон баланд…

Кризиси шавҳар
Мисоли Гулнора занону духтарон кам нестанд. Имрӯз шавҳари аксарияти занон рӯ ба муҳоҷират ниҳодаанду бори гарони зиндагӣ ба дӯши зан афтодааст. Кулворрашонро бардошта, «Сарату равuанат» гӯён баромада меравад. Агар ба rавле корашон барор гираду меҳрашон ба сӯи ҳамсару фарзандон тофта монад, маблаu мефиристанд. Агар Худо нахоҳаду дар он ҷо дунболи зани дигар раванд, тамоман ҳамсару фарзандонро фаромӯш мекунанд. Зиндагӣ маҷбур кардааст, ки онҳо барои ба даст овардани маблаu ба кишвари бегона сафар кунанд. Аммо ба онҷо рафта зану фарзандонро аз хотир баровардан аз рӯи адолат нест.
Зане, ки худро Мавзуна муаррифӣ кард, ҳамсараш ҳафт сол аст, ки дар давлати Руссия барои кор рафта бе ному нишон гардидааст.. Зани бечора бо се кӯдак дар чорсӯи зиндагӣ бо умеди «рӯзе меояд» зиндагӣ дорад. Суоли фарзандон «Модарҷон падарам кай меоянд?» дили ӯро реш реш мекунад.
ӯ дар ҷавоб мегӯяд «рӯзҳои наздик меояд»
«Шумо доимо хамин хел мегӯед» он рӯз кай меомада бошад? мегуфт фарзанди калонӣ.
Аммо афсӯс, ки аз шавҳараш на хат асту на хабар. Баъзе дӯстону наздикон мегӯянд, ки шавҳараш дар он ҷо зани рус гирифтааст. Мавзуна кӯшиш мекунад, ки ба ин гуфтаҳо бовар накунад. ӯ мехост чанд соле бошад шавҳарашро дар хона интизор шавад, аммо хушдоманаш ӯро бадном нишон дода, аз хонааш меронад ва ба набераҳояш мегӯяд, ки кай падаратон ояд, шуморо ҳатман ба хона боз меорад. ӯ ҳамроҳи се фарзанд дар пайраҳаи зиндагӣ ҳайрон мондааст. Намедонад ба куҷо равад.
-Эй кош волидонам дар rайди ҳаёт мебуданду маро дилбардорӣ мекарданд. Акнун ба куҷо меравам ба назди додарам? ӯ маро чи гуна rабул мекарда бошад?-мегӯяд ҳини сӯҳбат оҳ кашида.
Дар кӯчаву бозор ҳатто дар дохили наrлиёт аксарияти мардумро занону мардони солхӯрда ташкил медиҳанд. Ин худ гувоҳӣ он аст, ки сафи ҷавонону мардон дар кишвар кам гадидааст. Акнун кори мардонро занон ба зимма гирифтаанд. Онҳо имрӯз мардикорӣ мекунанд, хишт мезананд, замин побел мекунанд, деҳrонӣ мекунанд, хонаро таъмир мекунанд, тоҷирӣ мекунанд ва…

Ояндаи зани тоҷик аломати суол
Магар ин аст, ояндаи зани тоҷик? Зан имрӯз бори гаронӣ зиндагиро кашад, фарзандонро хӯронаду пӯшонад, пас ӯ кай барои тарбияи фарзанд ваrт меёфта бошад?
Мисоли дигар зане, ки шавҳараш дар муҳоҷират буду як нафар писар дошт ва он фарзандаш барои ба даст овардани маблаu ба кашонидани нон машuул буд. Рӯзе аз роҳ мегузашт ва нохост автомашина ӯро зад. Кӯдаки ҳоло дунё нодида чи rадар орзуву умедҳои зиёдро бо худ бурд.
Воқеан бо ин рафти кор ояндаи зани тоҷик чӣ мешавад? Суолест, ки посух мехоҳад. Аммо кай?

19.05.2010 Posted by | Амният, Навидҳо, Сиёсат, Тоҷикистон, Фарҳанг | Оставьте комментарий

Барфи Наврӯзӣ муборак, солшуморӣ Наврӯз аст, на…

Набиюллоҳи Суннатӣ
Шояд ин матлаб пештар дар ин торнигор баруз мешуд. Ба хотири он ки дур аз маркази вилоят будаму дар деҳа қарор доштам, натавонистам, ки пештар ба маърази хонандаи арҷманд онро ҳавола созам. Аммо беҳтар он аст, ки бигӯйем, аз он ки «дер шудааст»-гӯён нагӯйем.

Барфи Наврӯзӣ дар деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара

Барфи Наврӯзӣ дар деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара

Тахмин ҷашни соли нави милодии соли 1992 буд, ки дар ҳафтавори «Чароғи рӯз» зери унвони «Нӯшбоди талх» бо имзои Салими Айюбзод матлабе хонда будам, ки Читать далее

24.03.2010 Posted by | Сиёсат, Тоҷикистон, Фарҳанг | 2 комментария

Парандаҳои қафасӣ баъд аз Фурӯғ

Набиюллоҳи Суннатӣ

Адибаи Азиз, идомаи шеърҳои Фурӯғ

Адибаи Азиз, идомаи шеърҳои Фурӯғ

Шоирони замони шӯравии тоҷик аз бузургманишии иттифоқи нависандагон менозиданду баъди интишори ҳар як китобашон бо ҳаққи қаламҳои ҳангуфт сарфароз ва ҳамзамон соле як маротиба ба осоишгоҳҳо (санатория)-и беҳтарин олам ба фароғат фиристода мешуданд.
Хушо ба ҳолашон, ки бахти эшон буланду толеъашон бегазанд будааст. Мо наслҳои навини даргоҳи ҚАЛАМ ба ин чиз ҳасодат намеварзем. Зеро бо он ки аз ҳеҷ гуна ғамхориву хонаву бӯстонсароҳо, ки қаблан адибони тоҷик аз ҷониби давлат сарфароз мешуданд, моён куллан ҳазорҳову милюнҳо килумтер дурем, ҳанӯз бо пешонии шӯру толеъи сарсони шоирону нависандагони ҷавон аз нигориш дурӣ наҷустаем. Читать далее

04.03.2010 Posted by | Навидҳо, Сиёсат, Тоҷикистон, Фарҳанг | 1 комментарий

инТИХОбод ТИХО буду ТИХО мемонад, аммо…

Набиюллоҳи Суннатӣ

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ

ҲНИТ дар раъсияти Муҳиддин Кабирӣ натиҷаи интихоботро намепазираду даст аз Шӯрои ҷамъиятӣ кашинданист. Читать далее

04.03.2010 Posted by | Амният, Навидҳо, Сиёсат, Тоҷикистон, Фарҳанг | Оставьте комментарий

Бозор Собир-бозори ормон

Ин матлаб дар нашрияи «Нигоҳ» низ интишор ёфтааст
Бозгашт ба мавзӯъ
Механдаму бо хандаи худ гирёнам,
Мегиряму бо гиряи худ хандонам.
Боронзада офтобро мемонам,
Боронзада офтоби намборонам.
(Бозор Собир)
Ҳар боре аз устод Бозор Собир меандешам, як зарбулмасали арабӣ ёдам меояд: «Ҳар гаҳе арбобони давлатӣ рўйи ниёз ба аҳли қаламу фарҳанг меоранд, бешак, он кишвар рушдкардатарин мамлакатест дар рўйи замин. Агар ин амал вожгуна аст, вой, бар ҳоли он миллату давлат».
Нўшбоди талх
71 сол қабл, айнан ҳамин рўз шоири номвару фарҳехтаи тоҷик, шоиртарин шоири тоҷик — Бозор Собир тифли ҳанўз милоднаёфта буд. Он лаҳза ў рўзи пагоҳро-яъне 20-уми ноябрро мунтазир буду то ба рўзи милодаш ҳамагӣ як рўз боқӣ монда буд. Он лаҳза ў намедонист, ки пас аз 71 сол зодрўзашро на дар Файзобод, на дар Душанбе, балки дар ғурбат пешвоз хоҳад гирифт. Он лаҳза ў, ҳатто, дарк намекард, ки замоне шоири маъруф мешаваду паси панҷара менишинад ва аз он ҷо рост сўйи Русияву Ирон ва баъдтар он суйи уқёнус зист ихтиёр мекунад. Ў намедонист, ки намедонист. Намедонист, ки замоне, яъне имрўз дар Тоҷикистон зодрўзи шоири машҳуртаринро ҷашн намегиранд. Читать далее

20.11.2009 Posted by | Тоҷикистон, Фарҳанг | Оставьте комментарий