ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Қарор вагон-вагон, амал ягон-ягон

Набиюллоҳи Суннатӣ

Тибқи ваъдаи «Барқи тоҷик» аз забони дафтардори матбуотии ин ниҳод Нозирҷон Ёдгорӣ аз санаи 13 марти соли ҷорӣ дар навоҳии кишвар интиқоли барқ 14 соатро дар шаборӯзро мебоист дар мегирифт. Ин хабар, ки санаи 12 март дар пойгоҳи хабарии Азия Плюс мунташир шуд, ҳамагонро хушҳолӣ бахшид. Аммо хушҳолӣ рӯйи ин навишта монду бас.

Мардум дар ғами барқ ғарқанд

Мардум дар ғами барқ ғарқанд

Маълум шуд, ки дастандаркорони барқ дар навоҳӣ қарору фармони «Барқи тоҷик»-ро ба ду пули пучак баробар мекунанд. Аз он ки бояд субҳ соати 5:00 то ба 13:00-и нисфирӯз ва бегоҳӣ аз соати 17:00 то ба 23:00 барқ бояд мунтақил шавад, сад афсӯс, ки нашуд ва боз нашуд. Эътимоди мардум бо он ки ба ниҳоди барқу барқдиҳии кишвар хеле кам монда буд, инак боз умуман боваре ба ин ниҳод намонд. Суоли матраҳ ин аст, ки чаро «Боло» қарор ё фармоне мебарораду «Поён» онро иҷро намекунад? Читать далее

Реклама

18.03.2010 Posted by | Иқтисод, Навидҳо, Сиёсат, Тоҷикистон | 1 комментарий

Садоқат кист муҳим нест, садоқат чист муҳим аст

Набиюллоҳи Суннатӣ
17-уми моҳи морс, чаҳоршанбе. Дар кутуби таърих дар ин рӯз аммо солҳои мухталиф ҳазорон духтарон таҷовузу ҳазорон шаҳрҳо вайрон гардидаанду ҳазорон ҷавонони ба ору номус аз дами теғи аҷнабиён гузаштаанд. Аммо айнан дар ҳамин рӯз ва он ҳам солҳои гуногун садҳо шаҳрҳо бунёд ёфтаву садҳо олимону чеҳраҳои ворастаи дунё милод ёфтаанд. Дар Википедия низ рӯйхати ҳазорон нафар аст, ки дар ин рӯз арзи ҳастӣ намудаанд.

Милоди Садоқат

Милоди Садоқат


Инак, ҳамин рӯз, чаҳоршанбе, 17 морси соли 2010 Садоқат милод ёфт. Гумон накунед, ки исми занона ва ё мардона аст. Ин унвони як торнамои рӯшангару зиёест, ки ҳамин рӯз, инак қудумашро ба остонаи торнигористон олам гузошта.
Дӯсти хубам ва ҳамтои ҳампоям Фирдавси Аъзам, яке аз соҳибвеблогони саршиноси шимоли Тоҷикистон субҳ ин линкро бароям ирсол дошт, то сар бизанам. Читать далее

16.03.2010 Posted by | Амният, Навидҳо, Сиёсат, Тоҷикистон | Оставьте комментарий

Сутуне шикаст, ислоҳнопазир

Набиюллоҳи Суннатӣ
Ин субҳ хестаму ба пешайвони хонаам баромадам. Ҳаво гирифтаву нолаву наҷвои фазои баҳорӣ ба гӯш мерасид. Чун ҳар субҳгоҳон ин бомдод ягон нишоте дар чеҳраи осмон наёфтам. Дилам лағзид андак. Ба худ гуфтам, ки ҳаворо чӣ шуда, ки ин қадр андӯҳзада метобад. Пас аз соате як дӯсти исфарагиам занг заду…

Яке аз охирин мусоҳибаи Муҳаммадширифи Ҳимматзода бо хабарнигори родиёи Озодӣ Каюмарси Ато

Яке аз охирин мусоҳибаи Муҳаммадширифи Ҳимматзода бо хабарнигори родиёи Озодӣ Каюмарси Ато

Худоё! Боз як сутуни миллат дори бақоро ба дори фано тарҷеҳ дод. Устоди фақиди исломшинос ва муаллифи китоби безаволи «Зиндагӣ ва осори Имоми Аъзам Абӯҳанифа» Муҳаммадшарифи Ҳимматзода дунёро бидруд гуфт. Баъди занги дӯстам дарёфтам, ки чаро ҳаво ин субҳ андӯҳзада аст. Ҳаво мотам дошт.
Ба кулли пайвандону наводагони ин марди фақиҳу фақид ҳамдардии худро баён медорем. Ба Раёсати ҲНИТ, куллаи аъзои ҲНИТ, алоқамандони ин марди ҷасуру вораста ва аҳли байти устод Ҳимматзода аз даргоҳи Рабби Ҷалил истидъои сабру таҳаммул мекунем. Читать далее

16.03.2010 Posted by | Навидҳо, Сиёсат, Тоҷикистон | 3 комментария

Нашрияҳои ғайридавлатӣ фарзандони ӯгаянд?

Набиюллоҳи Суннатӣ
Иди матбуот-нимбарқу бебарқ

Симои рӯзномаҳои тоҷикӣ

Симои рӯзномаҳои тоҷикӣ

11 март дар қасри ба номи Лоиқ Шералӣ (қаблан Маркази ҷавонон)-и Хуҷандшаҳр бахшида ба Рӯзи матбуот маросими оддии ҷамъомад баргузор гардид. Бо он ки Рӯзи матбуот аст, кормандони телевизиону родиёи ҳукуматӣ бо тӯҳфаҳои хотиравии ҳукуматӣ бархӯрдор шуда, ҳамзамон нашрияҳои ҳукуматӣ низ бо ифтихорномаву тӯҳфаҳо ва саҳмияҳо сарфароз гардиданд. Пас месазад, ки Рӯзи матуботи тоҷик неву ба қавли устод Салими Айюбзод Рӯзи журналистикаи тоҷик ном бубарем. Читать далее

11.03.2010 Posted by | Навидҳо, Сиёсат, Тоҷикистон | 1 комментарий

Модарони бебарқ дар шарқ

Набиюллоҳи Суннатӣ
Таҷлили иди модарон

Иди модари тоҷик бидуни барқ

Иди модари тоҷик бидуни барқ

бидуни ширкати рафиқ Барқ
Модарону хоҳарон тӯли 18 сол бори аввал аст, ки иди бонувонро бидуни барқ пешвоз мегиранд. Инро аксар мусоҳибон ба қадрношиносии кормандони соҳаи барқ нисбати модарон унвон мекунанд.

Барқ барои модар ҳайф аст?
Ин сол иди бонувон дар Тоҷикистон ба Иди модарон табдил ёфт, ки табааи сар то сари кишвар бо шукӯҳу шаҳомат пешвоз гирифтанд. Ҳаво низ чун дили модарон офтобӣ буду аммо… Барқ чун ҳар рӯз дар аксари навоҳӣ хомӯш шуд. Модарону хоҳарон интизор доштанд, ки дар рӯзи идашон чун идҳои соли нави масеҳиву идайни исломӣ (иди рамазон ва азҳо) барқ дода мешавад. Аммо ҳайҳот, умеди бонувон чун дуди сигор барбод шуд. Барқ субҳ соати 8:50 ва дар баъзе манотиқ 9:30 қатъ гардид ва чун рӯзҳои дигар соати 17:00 бегоҳ боз интиқол шуда он ҳам боз соати 21:00 хомӯш гашт.
Мусоҳибам аз ноҳияи Конибодом Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад низ таъкид медорад, ки дар ноҳияи эшон субҳ соати 8:30 барқро қатъ кардаанд. Салим ном мусоҳибам низ аз ноҳияи Ҷаббор Расулов ин амали кормандони соҳаи барқро худписандӣ ва қадрношиносӣ унвон кард. Читать далее

09.03.2010 Posted by | Иқтисод, Навидҳо, Сиёсат, Тоҷикистон | 1 комментарий

Парандаҳои қафасӣ баъд аз Фурӯғ

Набиюллоҳи Суннатӣ

Адибаи Азиз, идомаи шеърҳои Фурӯғ

Адибаи Азиз, идомаи шеърҳои Фурӯғ

Шоирони замони шӯравии тоҷик аз бузургманишии иттифоқи нависандагон менозиданду баъди интишори ҳар як китобашон бо ҳаққи қаламҳои ҳангуфт сарфароз ва ҳамзамон соле як маротиба ба осоишгоҳҳо (санатория)-и беҳтарин олам ба фароғат фиристода мешуданд.
Хушо ба ҳолашон, ки бахти эшон буланду толеъашон бегазанд будааст. Мо наслҳои навини даргоҳи ҚАЛАМ ба ин чиз ҳасодат намеварзем. Зеро бо он ки аз ҳеҷ гуна ғамхориву хонаву бӯстонсароҳо, ки қаблан адибони тоҷик аз ҷониби давлат сарфароз мешуданд, моён куллан ҳазорҳову милюнҳо килумтер дурем, ҳанӯз бо пешонии шӯру толеъи сарсони шоирону нависандагони ҷавон аз нигориш дурӣ наҷустаем. Читать далее

04.03.2010 Posted by | Навидҳо, Сиёсат, Тоҷикистон, Фарҳанг | 1 комментарий