ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Барканории раисони шаҳру навоҳӣ. Мавсими дилЗАНАКу гаронии доруворӣ

Набиюллоҳи Суннатӣ

Оқибати моддаи 69-и Сарқонун

Оқибати моддаи 69-и Сарқонун

Инак охири моҳи март мавсими дилзанаки ашхоси соҳибкурсӣ ба вижа руасои шаҳру навоҳӣ фаро расид. Ҳар шаб чашм ба телевизор медӯзанд, то бубинанд,

чӣ касе бо вазифа хайрбод гуфту чӣ касе маснаднишин шуд. Мабодо-ку….худи ишон аз вазифа барканор….ҳазор бор худо мегӯянд, ки фармони президент тибқи моддаи 69…

Пизишкони дилшинос бар он назаранд, ки аксари мубталоёни маризи дил соҳибманасабон буда, шабу рӯзи аз мансаб рафтан ва ё ки ба ягон курсӣ соҳиб шудан қайди чунин беморон меафзудааст. Ҳамчунин дар натиҷаи як пурсиши оддии кӯчагӣ маълум гардид, ки ҳар панҷ сол авохири моҳи март ва авоили моҳи апрел нархи дорувориҳои амсоли феназепан, диазепен, карвалол, дибазол, валидол, валерианка ва глитсин ба осмон дакка мехӯрад. Сабаб ҳамон аст, ки аксари харидорони ин намуди доруворӣ ашхоси соҳибмансабанд. Шояд шумо хонандаи азиз носкашҳоро дида бошед, ки чӣ гуна кафи носро ба даҳон мепартоянд. Завқшиносон таъйид мекунанд, ки айнан ба даҳон партофтани қабзаи доруҳои оромкунанда аз ҷониби ашхоси аз вазифа барканор шуда ин шабу рӯзҳо бештар ба чашм мерасад.

Бар замми ин бисёр соҳибназарон на фақат худи руасои шаҳру навоҳӣ ва ё вузарову кубароро дар ин рӯзу шабҳо ба каф-каф ба даҳон партофтани валерианка таъйид мекунанд, балки раисони ҷамоату колхозу дигар майда-чуйда вазифаҳои ноҳияву деҳотиро низ дар ин мавсим ба каррот дидаанд, ки яке аз харидорони ҳар рӯзаи ин гуна дорувории оромкунандаанд. Суоли матраҳ ин аст, ки холӣ ва ё ба вазифа пешниҳод шудани ин гуна афрод аз ҷониби президент тибқи моддаи 69-и Сарқонун сурат намегирад, пас чаро онҳо ба қавле «безобита»-анд? Посух ҳам рӯшан ва саҳл аст: Ин гуна соҳибкурсичаҳову соҳибмақомчаҳо пуштупаноҳашон ҳамон руасои шаҳру навоҳияшон аст, ки инак бо «паридан»-и муттакояшон эҳтимол аст, худи ишон низ аз мансабашон канор раванд. Зеро ҳар як сардор бо командаи худаш кор кардан мехоҳад.

Инак, «паридан» -у ба мақоми раисӣ расидан сар шуд. Раисҷумҳур бо судури як фармон раисони як қатор шаҳру навоҳии вилояти Суғдро аз вазифа барканор кард. Ҳамчунин бо қарори ҳукумати кишвар дар бархе аз вазоратхонаҳо низ тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст. Бо фармони раисиҷумҳур, Муҳиба Ёқубова аз вазифаи раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд озод карда шуд ва Субҳониддин Ашӯров иҷрокунандаи вазифаи раиси ин шаҳр таъин гардид. Ҳамчунин раиси шаҳри Конибодом Ҳилолиддин Шамсиддинов, ки дар нашрияи «Нигоҳ» «қаҳрамон»-и матбуот шуда буду снайпериаш (бе хато тир заданаш ба сӯйи говҳои мардум) ба таври силсила интишор шуда буд, аз вазифааш маҳрум гардид. Раиси ноҳияи Спитамен Аҳмадҷон Қобилов барканор ва Нумон Обидов ва Зулфия Узоқова ҷойгузини онҳо шуданд.

Инак вақт нишон медиҳад, ки барканоршудагон соҳиби курсиҳои дигари равғанин мешаванд ва ё…насиб! Ё қоидаи арифметикии «аз иваз кардани ҷойи ҷамъшаванда ҳосил ҷамъ тағйир намеёбад» рӯйи кор меояд?

25.03.2010 - Posted by | Иқтисод, Навидҳо, Сиёсат, Тоҷикистон

8 комментариев »

  1. салом бародар! умеди онро дорем, ки дар рохи ошно намудани миллати азиз ба фархангу ормонхои хақиқии худамон сабаланд ва пируз бошем
    агар хостед ин сайти точикиро хам дар пайвандохои худ бигзоред. мо хам шуморо линк намудем
    бо ташаккур масъули сайти http://tojikon.org /Sabra/

    комментарий от Sabra | 13.04.2010

  2. salam
    az tajikestan hastid ?
    az iran hastam ama aslan natonestam chizi bekhonam.
    intori neveshtam ta shoma ham betonid bekhonid.
    manam theme mesle shoma daram ajibe ha.
    age eftekhar dashtam linkam konid.
    khoshhal misham.
    nemidonam inja marbot be chi hast chon aslan intori nemitonam bekhonam.
    sepas

    комментарий от palmina | 15.04.2010

  3. ba eftekhar site shoma ro didam.
    az ashareton baram comment konid to irani ha bebinan va bashoma ashan shan.
    siteton ro comment konid ta hameye doatan bebinan.
    arezpye pirozi daram.
    merCi az shoma

    комментарий от palmina | 15.04.2010

  4. سلام
    افتخار دادید
    من ایرانی هستم و پارسی صحبت میکنم
    شعرتون رو خوندم
    و امیدوارم از نظرم استفاده ببرید.
    شاید نتونید دستخطم رو بخونید
    من در قسمت دست راست از سن و سالم گفتم و اینکه لیسانس میکروبیولوزی دارم و اهل دوستی با مردم کشور های دیگه هستم
    و با افتخار از آشنایی با شما آرزوی دیدن تاجیکستان رو دارم
    نمیدونم این سعادت رو دارم تا بتونید پستهام رو بخونید ؟
    البته به زبان محاره بیشتر نوشتم

    комментарий от palmina | 16.04.2010

  5. nazareton dar morede shere khabo sharab va ayene
    chie ?
    khodam goftam va shere bi ghafiye bayad abshe.

    комментарий от palmina | 16.04.2010

  6. من گرفتار سنگینی سکوتی هستم که گویا قبل از هر فریادی لازم است
    تقدیم به مردم تاجیکستان

    комментарий от palmina | 16.04.2010

  7. If only more than 65 people would hear this!

    комментарий от Vernon Lund | 28.05.2010

  8. Фахмо. Акнун Суннати ба фикрам ки ман дар хондани ин матлаб хеле дер кардам вале парво макун, рузхои парпарак боз дар мохи марти навбати баргузор мешаванд ва хатман сари ин мавзуь бармегардем! МО МЕТАВОНЕМ!

    комментарий от Шарифхони Тагоймурод | 23.11.2012


Оставьте комментарий