ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Ришханд-Пресс, Роҳи пулакӣ, Ислом Каримов ва баҳс бо Барак-ако Ҳусейнович Обама

Набиюллоҳи Суннатӣ (Ришханд-Пресс дар меҳмонии ЧР)

Воллоҳ биллоҳ хоҳ бовар кунед хоҳ не, унзайли як нақли аҷоиб мекунам. Ман гӯям шумо ба ҳеҷ кас нагӯед. Лекин гӯш ба қимор шуда гӯш кунед. Шарт ин ки ин гуфтаҳои моро ба ҳеҷ кас нагӯед. Тшшш, агар фаҳаманд, ҳам шуморо ва ҳам маро девона мегӯянд. Ба ҳамин хотир, ба ҳеҷ кас нагӯед. Лекин ман агар ба ҷои шумо мебудам, ба даҳонам қуфл занед ҳам камаш ба ҳазор одам мегуфтам. Гапа калтаву кӯтоҳаш ҳамин ки роҳ пулакӣ шуд. Кадом роҳ мегӯед. Роҳи Истарвашан-Хуҷанд «хар аз хар монад гӯшашро бур» гуфтагӣ барин тақлид ба акояш –яъне роҳи Хуҷанд –Душанбе карда пулакӣ шудааст.

Салому ҳавою гапу қадам…дар Тоҷикистон пулакӣ шавад!
Салому ҳавою гапу қадам…дар Тоҷикистон пулакӣ шавад!

Ҳамтоям Мадина Почоев нақл мекунад, ӯ рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта ба ноҳияи Истаравшан рафтааст. Дар таксӣ чор нафар будаанду ронандаи таксӣ бо роҳи пур аз чақару чуқурӣ онҳоро бурдааст. Пас он дар мошин будагон пурсидаанд, ки чаро бо роҳи ҳамвор нарафтаанд? Ронанда дар посух:
-Охир, агар бо роҳи рост равем, пул бояд бидиҳем,-гуфтааст.

-Анаю мана, -кампираке низ дар таксӣ будааст, зери лаб нимғурма ба худ хитоб кардааст,-барои ҳамин хари шавҳарам дар оғил ду ҳафта аст, ки чормех баста мондагӣ-де. ҳӯ мардаки бало-э, эконома мефаҳмед-де.
Доду войи мардуми Варзоб ва умуман ронандаҳои ба фалак печид, ки чаро роҳҳо пулакӣ шуд гуфта. Охир ин ҳиҷ ҷои бадӣ надорад. Дарвоқеъ салом ҳам пулакӣ шудааст. Бовар намекунед? Чӣ хел? Охир ба ҳамун сабилмондаи телефони мобилатон «салом, алло» гуфтед шараққос пулатонро мезанад-ку. ҳа, ана ҳамин тавр, вақте салом пулакӣ шуд, аз ҳиҷ чиз гиламанд нашавед. Дар ҳавои гарм дар бозори «Панҷшанбе» ба 30 дирам оби ташнашикан менӯшед. Аммо баъди 20 дақиқа об, ки ба даруни одам даромад, хоҳиши баромадан мекунад. Ана баъд ба мабразҳои пиромуни бозор мераведу 50 дирами дигар пардохт мекунед, то ки… ба назарам он сӯяшро фаҳмидед.
Хуш ки бошад, аз мавзӯъ камтар дур рафтем. Мавзӯъ чӣ буд? Гӯр пирӣ шавад, ҳамин ки гапа ғоз додӣ, мавзӯъи аслӣ аз ёдат мебарояд.
Ҳа, ҳа, роҳи пулакӣ. Аслан ин бадӣ надорад ва ҳиҷ ҷоий доду вайдоду фарёд нест. Ин албатта барои баланд бардоштани буҷаи кишвар кӯмак мерасонад. Мо барои боз ҳам бой кардани буҷа якчанд роҳҳоро пешниҳод мекунем.
Масалан гирем, дар квартираҳо ба лунҷи ҷумакҳои об ҳисобкунак часпониданд. Пешниҳоди мо ин аст, ки дар соҳили дарёи Сир ҳар ҷое ки оббозигоҳ ҳаст, қатор карда ҳисобкунак часпонанд. Ана ҳар касе омада оббозӣ кард, аз рӯйи нишондоди он ҳисобкунак маблағ ситонида шавад. Албатта аз ин пули кам не, балки хеле зиёд кор кардан мумкин.
Боз як фикри «гениально» ба сари ҳанӯз кал нашудаам омад. Ба бинии сокинон низ часпонидани ҳисобкунаки ҳавокашӣ аз фоида холӣ нест. Зеро аз ҳавои ватан нафас кашида ба буҷаи он маблағ пардохт накардан, аз рӯйи инсоф нест охир, бародарон. Як худатон «ӯй» кунед. Бо ин роҳ низ буҷет «анчаякак» боло меравад. Бо ин сабку равиш мешавад, ки ҳатто ба лунҷи одамон ҳисобкунаки гапченкунӣ часпонид. Зеро ҳар як соҳибзабони миллати бузургамон бояд ба ҳар як калимаи истифода мебурдагиаш муллоҷиринг, э узр, маблағ бояд пардохт кунад. Охир забони ғаниву серкалимаи форс-тоҷикӣ дар дунё яке аз забонҳои қадима аст. Барои ба қадри забони ниёгон расидан, бояд маблағ пардохт намуд. Вагарна ин ҳам қадрношиносӣ мешавад. Дар сурати ба ҳар калимаи истифода бурдамешуда пардохт кардани маблағ буҷаи кишварро ба осмон дакка мезанонад, ки дар дунё яке аз бойтарин мамлакат мешавем. Инашро ман «гарантия» медиҳам.
Оҳиста-оҳиста ин ибтикорҳоро пайгирӣ намуда, бояд коре кард, ки ҳама шаҳрвандон барои пиёда роҳ гаштан ҳам ҳуҷҷати ронандагӣ, э бубахшед хато шуд, ҳуҷҷати пиёдагардӣ ва ҳатман пойафзолҳо рақами давлатӣ бояд дошта бошанд. Чуноне ки мошиндорон мегӯянд ба пойафзолҳо спидометр-яъне ҳисобкунаки метри роҳ часпонидан зарур аст. Ҳар кӣ ҳар қадар роҳ рафт, бояд пойафзолаш аз рӯи мақомоти стандартӣ ба буҷет маблағ пардохт намояд.
Пешниҳодҳои зиёд дорем, ки дар оянда ба шумо хоҳем гуфт. Итак, яъне инак мегуфтагӣ будам, хӯш, ки бошад, гилаю ҷингиларо як сӯй монеду аз пайи дастгирии ин пешниҳодҳои бандаи ганда шавед.

Миш-миш-тАЙМС

Тоҷикистон якум ҷой дар ҷаҳон
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Тоҷикистонро дар феҳрасти кишварҳое ҷой дод, ки дар роҳи мубориза бо фақру нодорӣ аз ин кишвар ёрӣ хоҳанд гирифт.
ҳукумати ИМА барномаи мубориза бо гуруснагӣ ва дастгирии саросарии амният аз ҳисоби рушди кишоварзӣ дар мамолики рӯ ба тараққиро муаррифӣ кард, ки Тоҷикистон ҳам шомили он мебошад.
О, ҳамин Барак-акои мо танҳо камбағал будани моро ҳама ҷо мегӯянд. Фақат мегӯянд, ки гӯё мо аз ҳама давлати фақиру камбағалем. Не, не, як бор истед, Обама-амак, агар ҳамин ҷадвали сабилмондаи бою камбағалатонро аз тарафи поён ҳисоб кунем, шукри худо мо аз Амрикои шумо пештар, ҷои якум, охир. Хайр, ба шумо фарқаш чӣ, ки бой ё фақр. Охир ҷойи аввал бошем шуд-мӣ.

Фалонӣ бинти фалониро ба занӣ қабул кардед-мӣ? Не!
Омори расмӣ ҳокӣ аз он аст, ки дар Тоҷикистон шумори издивоҷҳо поин рафта ва баръакс теъдоди талоқи хонаводаҳо афзудааст. Шумораи талоқ дар Тоҷикистон 11,9 дарсад афзуда, дар 3 моҳи аввали соли ҷорӣ 1631 хонавода ҷудо шудаанд.
Аксари оилаҳои баҳамзада хонаводаҳои ҷавонанд, ки ҳамагӣ дар оғози ҳаёти оилавӣ қарор доштаанд. Ва аксари занҳои талоқгирифта пас аз ҷудоӣ танҳо сару либос ва тӯҳфаҳои хурди маросими хоандориро дарёфт карда, бидуни сармояи дигаре ба хонаи падар баргаштаанд.
Ин қадар воҳима мекунед, шумо журналистҳо воҳимаро дӯст медоред. О, бозори Атушу Сомона бинед. Шавҳари тоҷик нашуд-мӣ? Марҳамат шавҳари хитоӣ. Охир ин тарафашро ҳам бинетон, бародаро. Чандин нафар аллакай хонадор шудаану хушбахт ва шавҳари хитояшон партофта рафтааст. Э узр, худо хоҳад волидонашона ки хабар гирифтанд, меомадагистанд охир? Агар шавҳар дар тоҷикҳо набошад, ҳаминро ҳам сенсатсия кардан зарур-мӣ. «Сари зулфи ту нашуд, сари зулфи дигаре», так что, масъалаи шавҳар кризис не, худо хайри ҳамин хитой-акомона диҳад.

Кофе-брекашба акош
Бо гузашти наздик ба бист сол аз замони касби истиқлол, ташкилотҳои ғайридавлатии (ТҒД) Тоҷикистон дар ҳаёти ҷомеаи кишвар нақши андак доранд. Аз 2000 созмони ғайриҳукуматии сабтиномшуда дар Тоҷикистон танҳо 200-тои он фаъол аст. Мушоҳидаҳо ҳокист, ки институтҳои ҷомеаи маданӣ метавонанд дар амри барқарории иртибот миёни мардум бо ҳукумат ва низ дар ҷиҳати коҳиши шиддати мушкилоти ҷомеа нақши муассире бозанд.
Аз беамакӣ хар амак гуфтаанд, ҳамин ташкилотҳои ғайридавлатӣ бошанд ҳам ҳамон, набошанд ҳам. Хайр, монетон ҳамин навис-нависа, ҳамон сабилмондаи грант-мрант нависта, чор танга пул ёфта, бачаҳакошона нигоҳу бин кунанд, шуд-де. Як та-ним та семинар гузаронида, донишҷӯякҳоя дилашона ёфта, кофе брек ташкил карда истодаанд, ба ҳаминаш ҳам ташаккур.

Ислом-ака вагонҳоро манъ карданд
Тибқи иттилоъи масъулони ширкати Роҳи Оҳани Тоҷикистон, Узбакистон аз таърихи 22 май бори дигар ҳаракати вагонҳои ҳомили бори мухталиф ба қаламрави вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистонро қатъ кардааст.
Ин масъулон мегӯянд, ҳамакнун дар қаламрави Узбакситон ҳудуди ҳазор вагон, ки бояд ба самти Хатлон ҳаракат кунанд, боздошт шудаанд.
Бародарон, ин бори аввал нест-ку. Ҳазорон маротиба бастаанду кушодаанд. Расми ҳамсоядорӣ чунин аст, имрӯз қаҳрӣ, пагоҳ оштӣ. Аммо ростӣ гап ҳамин позитсияи Ислом-ака Каримовро ҳеҷ нафаҳмидам, ки нафаҳмидам. Ё умуман баста партоед, ки хотирамон ҷамъ шавад, ё умуман илтимос монед, ки халқи тоҷику ӯзбек равуои чандасраи худро давом диҳанд.
Хабарҳои Миш-миш-ТАЙМС истинод аз родиёи «Озодӣ»

26.05.2010 - Posted by | Амният, Иқтисод, Навидҳо, Сиёсат, Тоҷикистон, Фарҳанг, Хабарҳои бурунмарзӣ

1 комментарий »

  1. Маколахои хело ачоибу хонданибоб. Интизори дигар маколахои Шумоем.

    комментарий от икром | 07.11.2010


Оставьте комментарий