ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Ғарибшо & компания: «Президент гуфтанд, ки танқидро аз ман сар кун»

Фитрати Ҳикмат, Абдуқодири Челонй

Суҳбати ихтисосии «ЧР» бо роҳбари гуруҳ Ғарибшо&компания-Бахтиёр Раҳимов

Ғарибшо минбаъд танқидро аз президент оғоз мекунад

-Пеш аз ҳама ташрифи Шуморо ба вилояти Суғд  хайрамақдам мегуем ва гуфтанй ҳастем, ки ин ташрифи шумо ба вилояти Суғд аз чй иборат буд? Ин ташрифи шумо қаблан тарҳрезй шуда буд ё тасодуфй?

-Ташаккур! Ин ташрифи мо ба вилояти Суғд сафари ҳунарй набуда, балки сафари корй мебошад. Байни сафари корй аз сафари ҳунарй фарқияти зиёд аст. Сафари навбатй, ки мо як гуруҳ ҳунармандон ва кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Чумҳурии Точикистон дар вилояти Суғд ин 6 моҳ пештар тарҳрезй шуда буд ва имруз он чомаи амал пушид. Ва мо имрузҳо дар ноҳияҳои вилоят, ки асосан сафари мо ба он чойҳо пешбинй шуда буд, бо мардуми касбу корҳои гуногун, донишчуён аз наздик суҳбат доштем. Мақсади омадан аз чй иборат буд? Мо инчо барои рақсу суруд наомадем, барои хандондани мардум наомадем, балки барои мардумро чамъ карда ва роҳҳои зарари нашъаю нашъамандиро ба онҳо фаҳмонданй омадем.

-Мардуми навоҳии вилоят чй гуна барномаҳои шуморо  қабул карданд?

-Вақте ки моро ба ноҳияҳои вилояти Суғд сафарбар мекарданд, пеш аз ҳама мутахассисон муҳтавои сафарро ба мо фаҳмонданд ва дар мавриди намоишҳо ба мо низ як суҳбате доштанд. Ва ман кунчковиам боло гирифту  то кадом андоза мо ба ҳадафи худ мерасем ё на, ба худ меандешидам. Вақте ки омадем аз наздик бо мардум шинос шудем, онҳо моро хуш қабул карданд ва хушҳол низ буданд, ки мо ҳунармандон омадем.

-Савияи дониши мардуми новоҳии вилоят дар мавриди қабули ҳачв нисбат ба мардуми шаҳр чй гуна буд?

-Мо набояд фаромуш кунем, ки дар Точикистони азизи мо вилояти Бадахшон аст, вилояти Суғд аст, вилояти Хатлон аст. Ин се  вилоят бо забони ба худ хос, дар назар дорам лаҳчаро, байни худ гуфтугу мекунанд. Дар ҳақиқат барои ҳунарманд мушкиласт, ки бо ин се гуна мардум чунон бояд гуфтугу кунад, ки ба онҳо ҳам наздик бошад ва ҳам онҳо гуфтаҳои ҳанармандро дарк кунанд. Ва имруз, ки мо меҳмони мардуми вилояти Суғд ҳастем, рости гап то андозае ман дар дил ҳарос доштам, ки чй хел мешуда бошад. Ва чун ба ноҳияҳои куҳистон рафтем, мардуми ончо бо лаҳчаи хеле дилнавоз моро пешвоз гирифтанд ва тарс дар дили ман гум шуд. Вақте ки ба ноҳияи Мастчоҳ рафтем мардуми ончо мегуфтанд, ки «…Додо шумо имруз баромад намекунед?», яъне ки мардуми куҳистон додо ё боборо баъзан вақт ба маънои бародар истифода мекунанд. Ва вақте намоиши мо сар шуд кудакон хеле ва хеле зиёд чамъ омаданд, ки синру соли онҳо тахминан се сола буд. Мо аз ин хеле хурсанд будем, ки ҳатто кудакони куҳистон моро низ мешинохтаанд. Аз ин маълум мешавад, ки мардум моро дуст медоранд. Ва боз як бори дигар ба хулосае омадем, ки ин ҳама хизмати мо зоеъ нарафтааст ва кушиш мекунем, ки дар навбати оянда як намоишҳое пешкаши мардум кунем, ки писанди ҳамагон бошад. Масалан, мо дар ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Ашт, Айнй ва Мастчоҳ будем, ки моро хеле хуб пазируфтанд. Бурди мо дар он буд, ки пиру барно вақте ки намоиш  оғоз меёфт, бо як эҳсосот моро қабул мекарданд. Ва аз ин ру ман ба хулосае омадам, ки бояд дар чунин ҳайати корие, ки барои аз байн бурдани нашъаю нашъамандй ва зарари он ба чомеа,  бо мардум аз наздик будан даркор аст ва дар ҳақиқат фаҳмидем, ки мардум муҳточи фаҳмондадиҳй аст. Хеле хуб мешуд, ки агар дар ин намоишҳои мо раисони маҳалҳову чамоатҳо иштирок мекарданд, зеро ки намоиш ба тамоми қишри чомеа тааллуқ дошт, ки ин низ ба манфиати кор буд.

-Масалан шумо дар бобати қабули танқид ва ҳачви и шумо аз чониби масъулини баландмақом ягон хавфро эҳсос мекунед? Оё боре шудааст, ки масъуле ба шумо таҳдид карда бошад?

-Бовар кунед, ман дар давлати демократй зиста, бори дигар қоил ба арзишҳои озодии он шудам. ҳатто Президенти кишвар баъди тамошои як барномаи мо,  маро дар анбуҳи мардум хитоб карда пурсиданд, ки «чаро ту вақтҳои охир дар телевизион камтар менамой, кушиш кунед бачаҳо, камбудии чомеаро гуед, бигзор ин танқид аз ман сар шавад». Бори дигар бовар мекунам, ки танқиди моро масъулини баландпоя хуш қабул хоҳанд кард. Танҳо барои рафъи камбудии чомеа.

-Дар кадом ноҳияҳо асосан намоишҳои худро гузарондед?

 Мо қариб дар панч ноҳияҳои вилояти Суғд  намоиш гузарондем.

Консерт-намоиши мо сараввал дар ноҳияи Айнй гузаронида шуд. Баъдан дар ноҳия Ашт ва сипас дар ноҳияҳои Мастчоҳ, Конибодом ва Исфара гузашт. М Мардуми ин ноҳияҳо моро хуб қабул карданд. Лекин шумораи одамон кам буд.

-Чанде қабл дар матбуот маводе бо номи «Ғарибшо дар Хучанд ғариб шуд» нашр шуд, ки гумон мерафт кормандони фурудгоҳ ин дафъа аз шумо қасос мегиранд ва шумо аз кормандони фурудгоҳи вилояти Суғд чиро интизор будед?

— Воқеан, журналисти маъруф Набиюллоҳи Суннатй дар бобати омадану дармондан ва чй гуна сарсон шудани гуруҳи Ғарибшо матлаби хуби таҳлилие навишта буд. Вақте ки ба сафар тайёр мешудем ба вилояти Суғд чиптаҳоро гирифтем ва дар фурудгоҳи шаҳри Душанде дар ҳавопаймо нишастам ва ба худ мегуфтам ки  чй гуна мешуда бошад. Вақте ки ба вилояти Суғд расидам он шербачае, ки монеа шуда буд дидам, ки шиму кастюм пушида, мисли шаҳбача барин ду се меҳмононро қабул мекард. Маро низ хеле хуб пазируфт. Хидмати журналистика дар чомеаро ман кунун дарк кардам, ки дар ҳузури чомеа хеле боиси арчгузорист.

Ва ман гуфтанй ҳастам, ки ман ҳунармандам. Вазифаи ман дар байни мардум будан аст. Новобаста, ки у дар кадом минтақаи чумҳурй зиндагй мекунад. Модоме ки ман ҳунарманд шудам ва аз боду ҳавои ин кишвар нафас мегирам, бояд дар байни мардум бошам. Ва як мақоли хеле хубро ман шиори худ кардам, ки «барои як кайк пустинро сухтан лозим нест». Аз ин хотир ман тамоми мардуми кишварамро дуст медорам. Новобаста аз он маро замоне ғам додаанд.

-Барои суҳбататон ташаккур мегуем  ва умед дорем, ки «Ғарибшо-компания» дар корҳои минбаъда ба  мувафаққиятҳои нав ба нав ноил мегардад.

Саломат бошед! Ва ман низ ба аҳли эчоди «ЧР» қалами буро таманно дорам.

22.10.2008 - Posted by | Фарҳанг

1 комментарий »

  1. салом бародар албата халки вилояти сугд хуб хаст барои шумо сахначаи хубе дорам аммо намедонам чи тавр расонам агар сайт бошад мархамат чантое махкулбоша шербачаи точик москва можайск

    комментарий от Hasan Gadoev | 16.02.2012


Оставьте комментарий