ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Ришханд-Пресс, Роҳи пулакӣ, Ислом Каримов ва баҳс бо Барак-ако Ҳусейнович Обама

Набиюллоҳи Суннатӣ (Ришханд-Пресс дар меҳмонии ЧР)

Воллоҳ биллоҳ хоҳ бовар кунед хоҳ не, унзайли як нақли аҷоиб мекунам. Ман гӯям шумо ба ҳеҷ кас нагӯед. Лекин гӯш ба қимор шуда гӯш кунед. Шарт ин ки ин гуфтаҳои моро ба ҳеҷ кас нагӯед. Тшшш, агар фаҳаманд, ҳам шуморо ва ҳам маро девона мегӯянд. Ба ҳамин хотир, ба ҳеҷ кас нагӯед. Лекин ман агар ба ҷои шумо мебудам, ба даҳонам қуфл занед ҳам камаш ба ҳазор одам мегуфтам. Гапа калтаву кӯтоҳаш ҳамин ки роҳ пулакӣ шуд. Кадом роҳ мегӯед. Роҳи Истарвашан-Хуҷанд «хар аз хар монад гӯшашро бур» гуфтагӣ барин тақлид ба акояш –яъне роҳи Хуҷанд –Душанбе карда пулакӣ шудааст.

Салому ҳавою гапу қадам…дар Тоҷикистон пулакӣ шавад!
Салому ҳавою гапу қадам…дар Тоҷикистон пулакӣ шавад!

Ҳамтоям Мадина Почоев нақл мекунад, ӯ рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта ба ноҳияи Истаравшан рафтааст. Дар таксӣ чор нафар будаанду ронандаи таксӣ бо роҳи пур аз чақару чуқурӣ онҳоро бурдааст. Пас он дар мошин будагон пурсидаанд, ки чаро бо роҳи ҳамвор нарафтаанд? Ронанда дар посух:
-Охир, агар бо роҳи рост равем, пул бояд бидиҳем,-гуфтааст.

-Анаю мана, -кампираке низ дар таксӣ будааст, зери лаб нимғурма ба худ хитоб кардааст,-барои ҳамин хари шавҳарам дар оғил ду ҳафта аст, ки чормех баста мондагӣ-де. ҳӯ мардаки бало-э, эконома мефаҳмед-де.
Доду войи мардуми Варзоб ва умуман ронандаҳои ба фалак печид, ки чаро роҳҳо пулакӣ шуд гуфта. Охир ин ҳиҷ ҷои бадӣ надорад. Дарвоқеъ салом ҳам пулакӣ шудааст. Бовар намекунед? Чӣ хел? Охир ба ҳамун сабилмондаи телефони мобилатон «салом, алло» гуфтед шараққос пулатонро мезанад-ку. ҳа, ана ҳамин тавр, вақте салом пулакӣ шуд, аз ҳиҷ чиз гиламанд нашавед. Дар ҳавои гарм дар бозори «Панҷшанбе» ба 30 дирам оби ташнашикан менӯшед. Аммо баъди 20 дақиқа об, ки ба даруни одам даромад, хоҳиши баромадан мекунад. Ана баъд ба мабразҳои пиромуни бозор мераведу 50 дирами дигар пардохт мекунед, то ки… ба назарам он сӯяшро фаҳмидед. Читать далее

26.05.2010 Posted by | Амният, Иқтисод, Навидҳо, Сиёсат, Тоҷикистон, Фарҳанг, Хабарҳои бурунмарзӣ | 1 комментарий

Мӯъҷизаи ахирзамон, ояти Қуръон дар бадани кӯдак

Оят дар бадани кудак

Оят дар бадани кудак

Падидаҳои Ояти Қуръон дар бадани кӯдак Дар Доғистон дар минтақае маъруф ба Кизляри Октубари Сурх (Красно-Октябрьском) кӯдаке бо номи Алӣ ба дунё омад, ки дар бадани ҳар рӯзи душанбе ва ҷумъа гуфтаҳои Худованд аз Қуръони беназир падид меояд. Алӣ ҳамакнун нӯҳмоҳа буда, мӯҷиби ба ислом гаравидани волидонаш ва аксари шоҳидони ҳол шудааст.
Аз рӯйи гуфтаи модари Алӣ Мадина Ёқубова ҳар шаби якшанбе ба душанбе ва панҷшанбе ба ҷумъа ҳарорати бадани кӯдак то ба 40 дараҷа гармӣ расида, кӯдак бетоқат мешудааст ва то ба рӯз гиряю наҷво мебаровардааст. То замоне, ки дар баданаш оятҳои Қуръон падид наояд, кӯдак аз гиря боз намемондааст. Аввалан дар бадани кӯдак нақшҳои кабудчатобу сархчаранги баланд пайдо шуда, исми «Аллоҳ» ва баъдан оятҳои Каломуллоҳ куллан падид ва ба ҳадди воқеан хонданӣ намудор мешудааст. Читать далее

15.10.2009 Posted by | Навидҳо, Хабарҳои бурунмарзӣ | 3 комментария

Исфарамарз нотинч аст! Чоркуҳ куҳ надорад!

Набиюллоҳи Суннатй, баргирифта аз «Фараж»
«Где кончается асфальт, там и начинается Таджикистан»
Қиссаи «қирғизга салом бердим…»
Ба таваччуҳи Мачлиси намояндагони Мачлиси Миллии Мачлиси олии Чумҳурии Точикистон.
Ба назар чунин мерасад, ки ҳукумати Точикистону Қирғизистон гуиё мушкилоти манотиқи наздисарҳадии табааи хештанро нодида мегиранд. Инро метавон дар мисоли сарҳади Исфараи Точикистон ва Ботканди Қирғизистон мушоҳида кард, ки шуруъ аз соли 1989 то ин чониб баҳси обу замин ва куҳ идома дорад. Рушан аст, ки масъалаи манотиқи баҳсй бидуни сари як мизи музокирот нишастани сарони ду кишвар бо занозаниву муноқиша ва каландчанги мардуми оддии ҳамсоясарҳадҳо ҳалли худро намеёбад. Бар замми ин вакили мардумй дар порлумони кишвар аз ҳавзаи Исфарамарз муҳтарам Муҳаммадшариф Исломаддинов, ки дар арафаи интихобот тамоми маҳаллоти Исфараро охурча карда буданд, пас аз ба даст овардани раъйи мардум, «сарату равғанат»-гуён як бор ҳам омада аз ҳоли мардум напурсидаанд. ҳатто дар ду зимистони ахир, ки мушкилбортарин бебарқй буд, боре ҳам нашуда, ки вакили муҳтарам аз ҳоли интихобкунандагони хеш хабар гирифта бошанд. Болои сухта намакоб, дар барномаи пешазинтихоботии вакили муҳтарам Исломаддинов айнан ҳалли масъалаи марзҳои баҳсии Исафра-Ботканд буд ва дар арафаи интихобот вагон-вагон ваъда шуда буд, ки ба ҳалли ин қазияҳо дар сатҳҳои болои ҳукумат масъалагузорй менамоянд. Аммо… Читать далее

02.09.2009 Posted by | Амният, Иқтисод, Сиёсат, Тоҷикистон, Хабарҳои бурунмарзӣ | Оставьте комментарий

Оғози чанги забонии Русия ва Точикистон

Фурсате даррасида, ки бояд бидонем, оё ин забоне, ки дар даҳони мост, аз мо аст ё не? Агар «ҳа», ихтиёри гуйиш низ ба мо ҳаст ва ё хочагонаш дигаронанд?

Бо хабаргузории очонсии иттилоотии Интерфакс Алексей Островский – раиси кумитаи умури кишварҳои муштаракулманофеъ дар Думаи Давлатй навиштааст, ки дар чавоб ба ин иқдоми ҳукумати Точикистон, Русия дар оянда водор хоҳад шуд, пазируфтани коргаронеро маҳдуд намояд, ки забони русиро намедонанд, ки зоҳиран ишорае ба муҳочирони точик аст. Метавон инро чанги забонии Русияву Точикистон унвон кард. Читать далее

06.08.2009 Posted by | Иқтисод, Сиёсат, Тоҷикистон, Хабарҳои бурунмарзӣ | Оставьте комментарий

ПРЕЗИДЕНТРО ЧАРИМА МЕКУНАНД?


Фернандо Луго, итоаткори конун

Фернандо Луго, итоаткори конун


Дарачахои хушомаду чоплучй моро пеш мебаранад? Читать далее

19.05.2009 Posted by | Навидҳо, Сиёсат, Тоҷикистон, Хабарҳои бурунмарзӣ | Оставьте комментарий

Миш-Миш ТАЙМС №3

Набиюллоҳи Суннатй

Вазир кори М.Аҳмадовро чазир мекунад?

Тафтиши қазияи куштори Олег Захарченко, фармондеҳи пешини неруҳои таъиноти вижаи Вазорати умури дохилаи Точикистон мучаддадан шуруъ шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар пайи сафари президент Эмомалй Раҳмон дар моҳи октябри соли гузашта ба навоҳии водии Рашт ва дидору мулоқотҳояш аз чумла бо сарҳанг Мирзохуча Аҳмадов, у мавриди бахшиши шифоҳии сардори давлат қарор гирифта буд.

Инак, кори чаноби М.Аҳмадов аз чониби вазири умури дохила чазир шуд. Афви шифоҳй бо парвандаи чадид рост наомад. Тавре мегуянд гапи куча бо гапи бозор муқобил баромад. Тоқат кунед бачам, зиндагй ҳамин. Дигар хел шуданаш ҳам мумкин не. Баъзе қарорҳо қонунро писанд намекунанд, хайр як бор авфи шифоҳиро ҳам парванда фуругузор кунад, ҳеч гап набудагист.

Ширкатҳои мобилй, нархро паст кунед, вагарна…

Рузи 10-уми апрел аз дарёи Душанбе ду часади дасту даҳонбастаро пайдо кардаанд. Хабаргузориҳои маҳаллй, аз чумла, хабаргузории расмии «Ховар» бо такя ба мақомоти интизомии Точикистон навиштаанд, пас аз шиносоии ҳуввияти часадҳо, маълум шудааст, ки яке Насиба Алидодоваи 28-сола, корманди ширкати «Вавилон-М» мебошад.

Инак, ҳучум ба ширкатҳои мобилй ин тавр шуруъ шуд. Агар тарифҳоро паст карда, нархҳои «исходящий»-ро 0 сент накунанд, фардо даҳону дасташон бастагй дар дарё ёфт мешаванд. Э не, аз даҳонат шамол барад, чй мегуйй? Ин тамоман дигар мавзуъ-ку.

-Миш-миш гуфта ҳама гапро навистан мегиред-мй Ришханд-тағо?

-Охир кор худаш ба ҳамин рост омад-ку бачем.

ҲНИТ чй хоб дид?

Ширкаткунандагони ҳамоиши баргузоркардаи Ҳизби наҳзати исломии Точикистон дар Душанбе, қонуни нави дини Точикистонро муғойир ба Қонуни асосии кишвар, бархе аз қонунҳои дохилй ва асноду созишномаҳои зиёди байнулмилалй унвон карданд. Ин ҳамоиш бо ҳадафи тавзеҳоти бандҳои қонуни Точикистон дар бораи озодии вичдон ва иттиҳодияҳои динй аз суи муаллифони қонун доир шуда буд, вале дар ҳамоиш ҳеч кадоме аз намояндагони парлумон, вазорати фарҳанг ва ҳукумати кишвар ҳозир нашуданд.

Хобатонро ба об гуед. Намояндагони порлумон магар дигар кор надоранд, дар ҳар гуна нишасту пишаст омада иштирок кунанд. Хестед, ки хобатон. Боз ин дафъа ҲНИТ чй хоб дид, ки порлумонро айбдор мекунад. О ин парлумони чонончони мо ҳа гуфта, ба нишасту ҳамоишҳо иштирок кунад, зиёфата кй мехураду кори давлата кй мекунад?

Об дар кузаву мо ташналабон…

Намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар чараёни сафарашон ба Душанбе бо вазири корҳои хоричии Точикистон ҳамроҳхон Зарифй мулоқот анчом дода, масоили марбут ба ҳамкориҳои Точикистон ва Иттиҳоди Аврупоро баррасй карданд. Дар ин мулоқот масоили меҳварй вазъи Афғонистон, кумакҳои Иттиҳоди Аврупо дар чилавгирй аз таъсири амиқи буҳрони чаҳонии иқтисод ба Точикистон ва ширкати ИА дар ҳалли мушкилоти об дар Осиёи Марказй буд.

Об аз мо, хок аз мо, куҳ аз мо, ачиб ки дигарон омада масъаларо ҳаллу фасл мекунанд. Охир, чаноби Зарифй, ба меҳмонҳо нагуфтед, ки бе ин ҳам мо бебарқ шишта обро ба ҳамсояҳо медиҳем. Ман мисоли оддй се агрегати НБО Қайроққумро баст, ба узбек-ако об додем нагуфтед-ми? Ана «доказать»-и гуфтаи болост, ки об аз мову хучаин дигарон.

Ҳимматзода ва ангури порлумон

Муҳаммадшариф Ҳимматзода вакилии худ дар Мачлиси намояндагонро бозпас гирифт. Муҳаммадшариф Ҳимматзода вакили ҲНИТ дар Мачлиси намояндагон 14-уми апрел, бо пешниҳоди як ариза ба порлумон аз намояндагии худ дар Мачлиси намояндагон даст кашид.

Бародарон, мебахшетону, шумо як зарбулмасали русиро медонед «Меньше народ, больше кислород»? Намедонед? Аввал ба ин зарбулмасали гаронмояи бародари кабирамон диққат диҳед, он гоҳ хулоса бароред. Хайр, як то вакил рафтааст, рафтаст. Шояд «ангур аз ангур бигирад ранг» баъди ин ҳамаи вакилон раванд. Ачаб не.

14.04.2009 Posted by | Иқтисод, Навидҳо, Сиёсат, Тоҷикистон, Хабарҳои бурунмарзӣ | Оставьте комментарий