ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Кризиси шавҳар ҳал шуд: Марҳамат шавҳари хитоӣ!

Назокати ИБРОҲИМ

Муҳоҷират бо вуҷуди он ки ба буҷаи кишвар ва ғанӣ гардонидани кисаи мардум муфид аст, манфиати иrтисодӣ низ дорад. Албатта яке аз ин «манфӣ»-ҳои мӯътариза боиси зиёд гардидани фоҳишагӣ ва бева мондани занҳо мегардад. Ин аст ки вақтҳои ахир дар Тоҷикистон тадриҷан кризиси шавҳарро мушоҳида кардан мушкил нест. Имрӯз шоҳиди он мегардем, ки духтарону занон ба чиниҳои бозорнишин ба амсоли бозори «Корвон», «Атуш» ва «Сомон» ба шавҳар мебароянд. Магар ин барои аз байн рафтани миллат сабаб намегардад? Магар ин оянда ба генофонди миллӣ таъсири манфӣ намерасонад?

Зан тоҷику шавҳар чиноӣ, фарзанд чӣ?
Гулнора барои хомӯш кардани гапу калочаҳои мардум, ба шаҳрванди давлати Чин ба шавҳар мебарояд. Чунки волидонаш низ аз шунидани суханҳои мардум гӯшашон кар гашта буду дигар тоrати дидори ҳамсоя ва хешу пайвандонро надоштанд. Онҳо розӣ шуданд, ки духтарашон ҳамсари чинӣ гардад. Тӯйи онҳо хоксорона бе rайди никоҳ гузашт. Зеро шавҳараш будпараст буду худи Гулнора яктопараст. Ин ҳолатро Гулнора ҳарчанд намехост, аммо чораи дигар надошт.
Зиндагии онҳо бо омӯхтани урфу одат ва забони чинӣ мегузашт. Онҳо бо ҳам ҳамагӣ се сол зиндагӣ карданд. Баъди оне, ки кӯдаки дуюм ба дунё омад шавҳараш бо баҳонаи дидорбинии волидонаш аз хона баромада рафта, се сол инҷониб бедарак гаштааст.
Гулнора дар чорсӯи зиндагӣ бо ду нафар кӯдак на он қадар забони тоҷикро медонанду симояшон мисли падарашон чашми танг дорад, сарсону саргардон мондаааст. Намедонад, ки ба куҷо муроҷиат кунаду ба кӣ дарди дил намояд. Аз рӯйи нақлаш бо маслиҳати пайвандон ба суд муроҷиат кард. Аммо онҳо чорае андешида наметавонистанд, чунки онҳо аз rайди никоҳи давлатӣ нагузашта буданд.
Бори гарони зиндагӣ ба дӯшаш афтодааст. Ба фарзандонаш менигараду дилаш реш реш мегардад. Барои ояндаи онҳо дилаш месӯзад. Фарзандони маро кӣ ба занӣ мегираду кӣ арӯс медиҳад. Чӣ илоҷ, замин сахт осмон баланд…

Кризиси шавҳар
Мисоли Гулнора занону духтарон кам нестанд. Имрӯз шавҳари аксарияти занон рӯ ба муҳоҷират ниҳодаанду бори гарони зиндагӣ ба дӯши зан афтодааст. Кулворрашонро бардошта, «Сарату равuанат» гӯён баромада меравад. Агар ба rавле корашон барор гираду меҳрашон ба сӯи ҳамсару фарзандон тофта монад, маблаu мефиристанд. Агар Худо нахоҳаду дар он ҷо дунболи зани дигар раванд, тамоман ҳамсару фарзандонро фаромӯш мекунанд. Зиндагӣ маҷбур кардааст, ки онҳо барои ба даст овардани маблаu ба кишвари бегона сафар кунанд. Аммо ба онҷо рафта зану фарзандонро аз хотир баровардан аз рӯи адолат нест.
Зане, ки худро Мавзуна муаррифӣ кард, ҳамсараш ҳафт сол аст, ки дар давлати Руссия барои кор рафта бе ному нишон гардидааст.. Зани бечора бо се кӯдак дар чорсӯи зиндагӣ бо умеди «рӯзе меояд» зиндагӣ дорад. Суоли фарзандон «Модарҷон падарам кай меоянд?» дили ӯро реш реш мекунад.
ӯ дар ҷавоб мегӯяд «рӯзҳои наздик меояд»
«Шумо доимо хамин хел мегӯед» он рӯз кай меомада бошад? мегуфт фарзанди калонӣ.
Аммо афсӯс, ки аз шавҳараш на хат асту на хабар. Баъзе дӯстону наздикон мегӯянд, ки шавҳараш дар он ҷо зани рус гирифтааст. Мавзуна кӯшиш мекунад, ки ба ин гуфтаҳо бовар накунад. ӯ мехост чанд соле бошад шавҳарашро дар хона интизор шавад, аммо хушдоманаш ӯро бадном нишон дода, аз хонааш меронад ва ба набераҳояш мегӯяд, ки кай падаратон ояд, шуморо ҳатман ба хона боз меорад. ӯ ҳамроҳи се фарзанд дар пайраҳаи зиндагӣ ҳайрон мондааст. Намедонад ба куҷо равад.
-Эй кош волидонам дар rайди ҳаёт мебуданду маро дилбардорӣ мекарданд. Акнун ба куҷо меравам ба назди додарам? ӯ маро чи гуна rабул мекарда бошад?-мегӯяд ҳини сӯҳбат оҳ кашида.
Дар кӯчаву бозор ҳатто дар дохили наrлиёт аксарияти мардумро занону мардони солхӯрда ташкил медиҳанд. Ин худ гувоҳӣ он аст, ки сафи ҷавонону мардон дар кишвар кам гадидааст. Акнун кори мардонро занон ба зимма гирифтаанд. Онҳо имрӯз мардикорӣ мекунанд, хишт мезананд, замин побел мекунанд, деҳrонӣ мекунанд, хонаро таъмир мекунанд, тоҷирӣ мекунанд ва…

Ояндаи зани тоҷик аломати суол
Магар ин аст, ояндаи зани тоҷик? Зан имрӯз бори гаронӣ зиндагиро кашад, фарзандонро хӯронаду пӯшонад, пас ӯ кай барои тарбияи фарзанд ваrт меёфта бошад?
Мисоли дигар зане, ки шавҳараш дар муҳоҷират буду як нафар писар дошт ва он фарзандаш барои ба даст овардани маблаu ба кашонидани нон машuул буд. Рӯзе аз роҳ мегузашт ва нохост автомашина ӯро зад. Кӯдаки ҳоло дунё нодида чи rадар орзуву умедҳои зиёдро бо худ бурд.
Воқеан бо ин рафти кор ояндаи зани тоҷик чӣ мешавад? Суолест, ки посух мехоҳад. Аммо кай?

19.05.2010 - Posted by | Амният, Навидҳо, Сиёсат, Тоҷикистон, Фарҳанг

Комментариев нет.

Оставьте комментарий