ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Насли бесаводон ва туъмаи лошахурон

Тилав Расулзода

Аввалсухан аз сартарошидаҳои каллабур

"Мо насли хушбахти замон"Ахиран, тоссарҳои фашистмаоби кишвари шарики стратегй амалиётҳои густурдае чиҳати ваҳшиёна ба қатл  расонидани мардуми мую руйсиёҳ ба роҳ монда, «ба натичаҳои назаррас» ноил гардида истодаанд. Азчумла, яке аз сайдҳои ахири он лошахурон  Салоҳиддин Азизови 20-сола аст. Уро вақти бозгашт аз кор тоссарҳо аввал мавриди тирборон қарор дода, баъд сари уро бурида, ба ахлотпарто партофтаанд. Масъулияти куштори Салоҳиддинро гуруҳи “Созмони низомии миллатгароҳои рус” бар душ гирифтааст.  Чисми бечони Салоҳиддин чанд руз қабл ба Ватан интиқол дода шуд.

Окибати кори мардикори точик

Окибати кори мардикори точик

 

 Анна Жукова, ёвари додситони вилояти Маскав аз чониби мақомоти додситонй бозпурсй шудани Дмитрий Демушкин ва Александр Белов, раҳбарони ду гуруҳи қавмгарои рус, мавсум ба Иттиҳоди славянй  ва чунбиши зидди муҳочирати ғайриқонуниро тасдиқ кардааст.

Сангро ба болои боми худат бипарто!

 Вазорати хоричаи Точикистон дар иртиботи ҳодисаҳои номатлуби ҳамла ба ҳамватанони муҳочири мо ба унвони сарварони кишвари шарики  стратегй нотаи эътирозй ирсол дошт. Сафорати  Русия дар Точикистон баёнияе пахш намуда, ҳодисаи бегонаситезии гуруҳҳои миллатгарои кишварашонро маҳкум кард.

Шаҳрванди 20-солаи Точикистон Салоҳиддин Азизов замоне чунин густохона ва намоишкорона кушта шуд, ки қарор буд, додгоҳи Маскав рузи 15 декабр ҳукми аъзои гуруҳи пурсарусадои Артур Риноро, ки дар 20 куштор ва 12 қасди куштори афроди ғайрирус, бо шумули шаҳрванди 26-солаи точик Хайруллоҳ Содиқов муттаҳам мешаванд, эълон кунад, -навиштаааст хабарнигори «Озодй».

Тибқи талаботи журналистикаи муосир журналист алҳол ҳақ надорад, ки андешаи худро перомуни ин ва ё он ҳодиса иброз дорад ва вай бояд нисбати ҳодисаи рухдода ва ё рухдиҳанда  фикру назари дигаронро баён дорад. Аз ин ру, банда ҳарчанд ҳамчун шаҳрванд ҳақ дорам дар робитаи точиккушии кишвари шарики стратегй ва мавқеи раҳбарияти сиёсии он кишвар  чизе чанд бигуям, вале бо сабабҳои маълум ин корро намекунам. Бигзор шаҳрвандони дигар, ба вижа хосону нухбагон андешаҳои хешро перомуни он кушторҳо иброз бидоранд. Зеро ду сол қабл банда як чунин мақолае навишта будам. Дар гуфта мешуд, ки як нафар намояндаи халқи кабир, ки дар кишвари Узбекистон таваллуд шуда, дар кишварҳои Қазоқистону Украина ва Туркманистон зиндагй кардааст, ахирин аз чониби мақомоти интизомии ин кишвар аз қаламрави Туркманистон берун карда шудааст. Вай мебоист ё дар Русия, ё дар Қазоқистон ё дар вилояти Андичони кишвари ҳамсояи мо паноҳ  мебурд. Вале на Русия, на Қазоқистон , на Узбекистон ин шахсро бо ду нафар кудаки ноболиғаш қабул накардаанд ва вай ба Точикистон омадааст. Ин шахсро точикон хуш қабул карда,ба вай ,ки ғайр аз паспорти шуравй дигар ҳуччате надошт, ҳуччатҳои шахсй омода намудаанд. Ба у шиносномаи бидуни шаҳрвандй тайёр карда, дар вазъияти тантанавй супоридаанд. Мо дар он мақола, аз омори расмии интишоркардаи Вазорати корҳои дохилаи кишвар дар мавриди тайи се соли ахир аз кишвари шарики стратегй  ронда шудани 50 ҳазор точикон иқтибос оварда будем. Гуё тавассути мақолаи хеш ба мақомоти расмии кишвари шарики стратегй гуфтанй будем, ки бубинед, барои мо ҳамватани таърихии Шумо то чй андоза азиз аст ва хоҳишмандем нисбати точикон аз зовияи башардустй нигоҳ кунед. Ва точикон  танҳо бинобар эҳтиёчотузарурати рузгор Ватани худро тарк карда, ру ба кишварҳои ачнабй овардаанд. Ва точикон беватан нестанд ва ҳамин,  ки вазъият каме хубтар шуд, ҳатман ҳама ба Ватан бармегарданд.   Вале навиштаи мо на ба ҳама писанд омад. Аксар мегуфтанд, ки дар ҳама он депортатсияҳо, яъне берун ронданҳо на чониби Русия, балки чониби Точикистон муқассир аст. Ва сангро на ба болои боми ҳамсоя, балки балки болои боми худат бипарто.

Меҳнати гарону пардохти арзон

Аз ин ру, танҳо ба чанд омили ру ба кишвари шарики стратегй овардани муҳочирони точик ва мавриди таҳқиру озор ва куштор қарор гирифтани ҳамватанони худ ҳарф мезанем. Ин ҳам бошад, бекорй, бесаводй миёни чавонон ва ба болои сухта намакоб- фасодзадагии мактабҳои миёнаю олй  ва умуман чомеа точик  аст.

Назар ба маълумоти расмии Кумитаи давлатии омори Чумҳурии Точикистон дар соли таҳсили 1990/1991 ба синфи якуми мактабҳои таҳсилоти умумии мамлакат 165495 нафар толибилмони 6-7-сола фаро гирифта шудаанд. Онҳо соли таваллудашон 1983-1984 мебошанд. Он толибилмон соли 1998 мактаби миёнаи нопурраро, яъне синфи 9-ро бояд хатм менамуданд. Аз чумлаи он толибилмон  мактаби миёнаи нопурраро 54100 нафар хатм кардаанд. Яъне 111395 нафар толибилмони соли 1990 ба мактаб рафта натавонистаанд  ҳатто маълумоти  миёнаи ҳатмии нопурраро ба даст оваранд.  Дар ҳоли ҳозир ин чавонон 23-24-сола мебошанд.

  Ин як маълумоти расмй аст ва вазъ имруз шояд андак дигар шуда бошад. Зеро мутаассифона, кудакию наврасии он шаҳрвандон ба айёми пурошубу мусибатбор –чанги шаҳрвандй рост омадааст.

Тайи 17 соли истиқлолият ҳамасола ба мактабҳои олии кишвар дар ҳудуди 69 то 79 ҳазор чавонон шомил шудаанд. Онҳо кучостанд, ки мактабҳои кишвар ба беш аз 10 ҳазор муаллимон, муассисаҳои тандурустй  шояд ба ҳамин қадар духтурону пизишкёрон муҳточ ҳастанд?  Маълум аст, ки теъдоди зиёди онҳо бо ба даст гирифтани дипломи мактаби олию коллечҳо барои мардикорй ба кишварҳои пулдор, яъне Русияю Қазоқистон рахти сафар барбастаанд.  Дар Қазоқистон чашм нарасад, вазъ нисбатан хуб аст ва қазоқҳо дар мачмуъ нисбати точикон муносибати ҳасана доранд. Вале кишвари шарики стратегй, бавижа тоссарҳои фашистмаоби он, ки бешубҳа дар мақомоти  болоии идораи давлат ҳамдилу ҳамрайъ ва пуштибон доранд, аз ҳузури точикон чандон хуш нестанд. Агар чанд нафар нашъачаллоб ва шурапуштро сарфи назар кунем, аксарияти мутлақи точикон дар он кишвар ба кори бунёдкорию созандагй ва офарандагй машғул ҳастанд. Ва бар ивази неруи чавонй  ва шираи чони хеш, бо таҳаммули ҳазор хорию зорй ва таҳқиру озор чаҳор танга пул кор мекунанд ва ба Ватани хеш меоранд. Агар точик корношоям мебуд, ниёзҳои чисмонию ақлонии соҳибватанонро қаноатманд намекард, шояд ҳаргиз  ба у ичозати як қадам мондан ба хокашро намедод…

Шарики стратегй ва точики ҳаммолу кучаруб

Агар ниёзи моддй намебуд, точик ҳаргиз аз Ватанаш як қадам  берун пой намемонд. Зеро муҳаққиқон собит сохтаанд, ки ин мардум ба Меҳани хеш ишқу алоқаи беандоза доранд ва ин ишқ дар тору пуди онҳо азалан чой гирифтааст.

 Точикон дар Русия асосан ба корҳои сиёҳ, чун ҳаммолй, кучарубй, коргари ҳамакорагй , ронандагй машғуланд. Зеро аввал одамони беҳуқуқ ва дуввум бесавод ҳастанд. Кореро, ки мардуми таҳчойй шояд ба миллионҳо рубл ичро кардан нахоҳад, точик ба чанд тин розй аст ичро бикунад. Чойи хобу зисти  точик иморатҳои нимабунёд, таҳхонаҳо, хонаҳои бесоҳиб, истгоҳҳо аст. Тоссарҳои фашистмаоби он кишвар ҳар қадами мондаи точиконро мешуморанд ва медонанд. Ва медонанд, ки ин мардум билкулл бепушту паноҳ ҳастанд. Ҳаргиз нашудааст, ки точикон таври муташаккилонаю дастчамъона дар он кишвар изҳори норизоият карда бошанд. Зеро Ватан Ватани онҳо нест ва  соҳибватанон зуд кафши онҳоро ба пеши пояшон хоҳанд гузошт.

Куштори ваҳшиёнаи точикон дар кишвари шарики стратегй (бубахшед,ки ин ибораро бисёр истифода кардем,зеро хосону нухбагон  истифодаи мукаррари  ин ибораро хуш доранд) то кай идома пайдо хоҳад кард, касе намедонад. Зеро чунончи мушоҳида мешавад, он тоссарҳо аз кардаи худ пушаймон нестанд. Баръакс, чунончи чанде қабл  зимни як гузориш аз рафти мурофиаи судии чанд тан тоссарҳо аён гардид,  онҳо худро чун қаҳрамон эҳсос мекунанд ва ба ҳукмномаи қабулкардаи судяҳо бо тамасхур менигаранд.

Чй бояд кард?

Чунончи коршиносони мустақил иброз медоранд, дар кишвар  корхонаҳои нав бунёд бояд кард ва маоши коргаронро дучанду сечанд зиёд бояд намуд. Чунончи, дар кишварҳои ҳамсоя, азчумла Узбекистон роич аст, ба воридоти як силсила  молу маҳсулот маҳдудият эчод бояд кард, то мардум битавонанд аз пайи тавлиду истеъмоли маводи худй шаванд. Молҳои билкулл бесифати хитой мардуми моро ҳам танбал мекунанд ва ҳам ахмақ. Таври мисол,  попушҳои чиниро одамон харидорй намуда, аввал рост ба назди устоҳои музадуз мераванд. Чаро истеҳсоли  пойафзори ватаниро наметавон ба роҳ монд? Кормандони сохторҳои  давлатию ҳукуматиро аксар намояндагони як сулолаю оила ташкил мекунанд. Донишчу баъди хатми Донишгоҳ дар чаҳорроҳаи ҳайронй мемонад ва намедонад ба кучо раваду кор бикунад. Дар ҳар кучо дарахтон решапайванд шудаанд. Саноат ланг ва кишоварзй билкулл фалач шудааст. Аз ин ру, камтар касоне ҳастанд, ки ба хондан дилгармй доранд. Зеро дар  чомеа  дарахти андешаи бадбунёде чун: «Ҳамаро пул ҳал хоҳад кард» реша давондааст. Ба болои ин ҳама, чунончи, иброз доштем, фасодкорй  ҳоли аҳли чомеаро табоҳ кардааст. Чойе нест, ки мушкили кас бе пул ҳаллу фасл шавад.

Дар филми мустанади «Моска равон шудем» аз тақдири фочиабори Шуҳрат ном чавоне сухан меравад, ки дар яке аз бозорҳои Челябинск ҳаммолй мекунад. Вай  бо сабабҳои номаълум ба ҳалокат расида, дар як теппаи барфзада зери хок хоб аст ва модари раҳинтизор ба умеди бозгашти фарзанди дилбандаш аст…

Агар Шуҳрат ва Салоҳиддин саводи комилу зиндагии хуб медоштанд, ҳаргиз дар кишвари бегона аробакашй намекарданд.

Агар мардуми мо босавод мебуданд, ҳаргиз «Чамшуд» намешуданд.

Агар баъзе наттоқон андак инсоф медоштанд, тавассути чаҳоннамоҳо ба таърифи раванди муҳорат намепардохтанд, муҳочирати точиконро як кори манфиатбахш тафсир намекарданд.

Агар бачагони нухбагону болонишинҳо мисли Шуҳрату Салоҳиддин бинобар бесаводию ночорй дар кишвари бегона  ҳаммолй ва аробакашй мекарданд, шояд назараи хешро нисбат ба раванди фочеабори точикон андак дигар мекарданд.

Назар ба иттилоъи радиои «Озодй» ҳамсола садҳо ҳазор аз шаҳрвандони Точикистон ба хотири пайдо кардани рузии хонаводаҳои худ озими Русия мешаванд. Бино ба омори расмй , тайи танҳо 10 моҳи аввали соли 2008 часади 322 муҳочири точик аз Русия ба Точикистон фиристода шудааст. Теъдоди ононеро, ки ба гуна-гуна сабаҳои номаълум, шарафи баргаштан ба Ватан барояшон муяссар нагардида,  дар қабристонҳои бесоҳиби Русия руйи замини яхин хобанд, касе намедонад…

22.12.2008 Posted by | Амният, Иқтисод, Сиёсат, Тоҷикистон, Хабарҳои бурунмарзӣ | Оставьте комментарий